Қосим ибни Ҳабиби Аздӣ
Номи комил | Қосим ибни Ҳабиб ибни Абубишри Аздӣ |
---|---|
Насаб | қабилаи Азд |
Санаи шаҳодат | соли 61ҳ.қ. |
Маҳалли шаҳодат | Карбало |
Маҳалли дафн | Ҳарами Имом Ҳусайн (а) |
Аз ëрони | Имом Ҳусайн (а) |
Қосим ибни Ҳабиб ибни Абубишри Аздӣ (арабӣ:قاسم بن حَبیب بن اَبیبشر اَزْدی) аз шуҳадои Карбалост. Шайхи Тусӣ дар риҷоли худ вайро аз асҳоби Имом Ҳусайн (а) ном бурдааст.[1]
Муҳаммади Самовӣ дар Ибсор-ул-айн, Қосимро аз шиаёни ҷанговари Кӯфа муаррифӣ кардааст.[2] Ба нақли Самовӣ, ӯ бо Умар ибни Саъд ба самти Карбало хориҷ шуд, аммо ҳангоме, ки ба Карбало расид ба Имом Ҳусайн (а) мулҳақ шуду ҳамвора бо ӯ буд то ин ки дар рӯзи Ошуро дар ҳамлаи нахуст ба шаҳодат расид.[3] Замони мулҳақ шудани Қосим ба Имом Ҳусайн (а)-ро панҷум ё шашуми муҳаррам донистаанд.[4] Сини ӯ ҳангоми шаҳодат, чиҳил сол зикр шудааст.[5]
Дар Зиёрат-уш-шуҳадо[6] ва зиёрати Раҷабияи Имом Ҳусайн (а)[7] бо иборати «ассалому ала Қосим ибни Ҳабиб ал-Аздӣ» ба ӯ салом дода шудааст.
Қосим аз қабилаи Азд буд.[8] Дар зиёрати Раҷабия[9] аз шахсе ба номи Қосим ибни Ҳориси Коҳилӣ ном бурда шудааст, ки эҳтимол дода шудааст ҳамон Қосим ибни Ҳабиб бошад.[10] Ҳамчунин дар Тасмияту ман қутила маъа-л-Ҳусайн, (навишташуда дар қарни 2ҳ.қ.) аз шахсе ба номи Қосим ибни Бишр, ба унвони яке аз шуҳадои Карбало ном бурда шудааст,[11] ки гуфта шудааст, манзур ҳамон Қосим ибни Ҳабиб аст.[12] Номи вай Қосим ибни Бишр низ зикр шудааст.[13]
Эзоҳ
- ↑ Тусӣ, Риҷол-ут-Тусӣ, 1373ҳ.ш., саҳ.104.
- ↑ Самовӣ, Ибсор-ул-айн, 1384ҳ.ш., саҳ.161.
- ↑ Самовӣ, Ибсор-ул-айн, 1384ҳ.ш., саҳ.161.
- ↑ Сангарӣ, Оинадорони офтоб, 1390ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.418.
- ↑ Сангарӣ, Оинадорони офтоб, 1390ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.418.
- ↑ Ибни Машҳадӣ, ал-Мазор-ул-кабир, 1419ҳ.қ., саҳ.494; Сайид ибни Товус, ал-Иқбол, 1376ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.79.
- ↑ Сайид ибни Товус, ал-Иқбол, 1376ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.346.
- ↑ Самовӣ, Ибсор-ул-айн, 1384ҳ.ш., саҳ.161.
- ↑ Сайид ибни Товус, ал-Иқбол, 1376ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.345.
- ↑ Шамсиддин, Ансор-ул-Ҳусайн (а), 1429ҳ.қ., саҳ.121; Сангарӣ, Оинадорони офтоб, 1390ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.418.
- ↑ Ибни Зубайри Кӯфӣ, Тасмияту ман қутила маъа-л-Ҳусайн (а), 1406ҳ.қ., саҳ.156.
- ↑ Ҷамъе аз нависандагон, Пажӯҳише перомуни шуҳадои Карбало, 1385ҳ.ш., саҳ.310 ва 311.
- ↑ Сангарӣ, Оинадорони офтоб, 1390ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.418.
Сарчашма
- Ибни Зубайри Кӯфӣ, Фузайл, Тасмияту ман қутила маъа-л-Ҳусайн (а), таҳқиқ: Муҳаммадризо Ҳусайнии Ҷалолӣ, Қум, муассисаи Олулбайт, 1406ҳ.қ.
- Ибни Машҳадӣ, Муҳаммад ибни Ҷаъфар, ал-Мазор-ул-кабир, таҳқиқи Ҷавод Қайюмии Исфаҳонӣ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи аввал, 1419ҳ.қ.
- Сайид ибни Товус, Алӣ ибни Мусо, ал-Иқбол би-л-аъмол-ил-ҳасана фимо юъмалу марратан фи-с-сана, таҳқиқ: Ҷавод Қайюмии Исфаҳонӣ, Қум, Дафтари таблиғоти исломӣ, чопи аввал, 1376ҳ.ш.
- Самовӣ, Муҳаммад ибни Тоҳир, Ибсор-ул-айн фи ансор-ил-Ҳусайн (а), таҳқиқ: Муҳаммадҷаъфар Табасӣ, Қум, Замзами ҳидоят, 1384ҳ.ш.
- Сангарӣ, Муҳаммадризо, Оинадорони офтоб: пажуҳиш ва нигориши нав аз зиндагӣ ва шаҳодати ёрони Абоабдиллоҳи-л-Ҳусайн (а), Теҳрон, Созмони таблиғоти исломии ширкати чоп ва нашри байналмилал, чопи чаҳорум, 1390ҳ.ш.
- Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Риҷол-ут-Тусӣ, таҳқиқ: Ҷавод Қайюмии Исфаҳонӣ, Қум, Дафтари нашри исломӣ (ҷомеъаи мударрисин), чопи сеюм, 1373ҳ.ш.
- Ҷамъе аз нависандагон, Пажуҳише перомуни шуҳадои Карбало, Қум, Замзами ҳидоят, чопи дувум, 1385ҳ.ш.
- Шамсиддин, Муҳаммадмаҳдӣ, Ансор-ул-Ҳусайн (а), Қум, Дорул-китобил-исломӣ, 1429ҳ.қ.