Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға (Ибни Абилҳадид)
Хато дар эҷоди ангуштдона: | |
Нависанда | Ибни Абилҳадиди Муътазилӣ |
---|---|
Мавзуъ | Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға |
Забон | арабӣ |
Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға (форсӣ: شرح نهجالبلاغه) китобест навиштаи Ибни Абилҳадид аз уламои аҳли суннат дар қарни ҳафтум, ки аз муҳимтарин шарҳҳои Наҳҷ-ул-балоға ба шумор меояд. Истифода аз манобеи шиаву суннӣ ва ҳамчунин чандҷониба будан (таърихӣ, адабӣ ва каломӣ) аз вижагиҳои ин шарҳ дониста шудааст.
Ибни Абилҳадид дар муқаддамае ки бар ин шарҳи навишта, бархе аз назароти худро зикр кардааст. Ӯ Имом Алӣ (а)-ро бартар аз хулафои сегона дониста, аммо гуфтааст ҳадисе аз ҷониби Паёмбар (с) дар бораи хилофат ӯ вуҷуд надорад. Ба бовари ӯ хавориҷ, асҳоби ҷамал ва лашкарёни шом, ки дар ҷанг бо Алӣ (а) ширкат доштанд, аҳл дӯзаханд.
Дар ин китоби матолибе омадааст, ки бо эътиқодоти шиа, ки Алӣ (а)-ро нахустин имом худ медонанд, созгор нест. Аз ин рӯ китобҳое дар мухолифат бо он навишта шудааст. Ин китоб бист «ҷузъ» ё бахш дорад ва дар маҷмуаҳои дуҷилдӣ, чорҷилдӣ ва бистҷилдӣ мунташир шудааст.
Муаллиф
- Навиштори аслӣ: Ибни Абилҳадид
Абдулҳамид ибни Ҳибатуллоҳ маъруф ба Ибни Абилҳадид (586 - 656ҳ.қ.),[1] дар Мадоин таваллуд ёфт.[2] Таҳсилоти аввалияро дар зодгоҳаш гузаронад ва сипас ба Бағдод рафт ва ба фарогирии дониш идома дод.[3]
Ибни Абилҳадид дар фиқҳ шофеӣ[4] ва дар эътиқодот мӯътазилӣ буд.[5] Ӯ осоре дар калом, мантиқ, таърих ва шеър дорад.[6] Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға ва Қасоиди сабъи алавиёт аз ҷумлаи осори ӯст. Умдаи шӯҳраташро ба хотири шарҳи Наҳҷ-ул-балоға донистаанд.[7] Гуфта шуда мабоҳиси ӯ дар шарҳи Наҳҷ-ул-балоға ҳокӣ аз иҳотаи вай бар адабиёт, калом, мабонии ахлоқ, таърихи садри Ислом ва шеъри араб аст.[8]
Иттилооти куллӣ
Чунонки Ибни Абилҳадид дар поёни китоби шарҳи Наҳҷ-ул-балоға оварда, нигориши ин асар чаҳор солу ҳашт моҳ тӯл кашида ки онро бо муддати хилофати ҳазрати Алӣ (а) баробар донистааст.[9] Ибни Абилҳадид нигориши ин асарро дар аввали моҳи раҷаби 644ҳ.қ. оғоз кард ва дар охири моҳи сафари 649ҳ.қ. ба поёни расонд.[10]
Ибни Абилҳадиди шарҳи Наҳҷ-ул-балоғаро ба Ибни Алқамӣ (591 - 656ҳ.қ.) вазири шиъаи аббосиён тақдим кард ва дар баробари он ҳадоёи гаронқимате аз ӯ дарёфт намуд.[11]
Вижагиҳо
Бархе аз вижагиҳои шарҳи ибни Абилҳадид иборатанд аз:
- Истифода аз манобеи шиъа ва суннӣ: Ибни Абилҳадид дар нигориши шарҳи Наҳҷ-ул-балоға аз китобҳои шиъа ва суннӣ истифода кардааст.[12] Ба унвони намуна дар радди дифоиёти Қозӣ Абдулҷаббори Муътазилӣ аз Усмони ибни Аффон, бахше аз посухҳои Сайиди Муртазо ба Қозӣ Абдулҷабборро овардааст.[13] Гуфта шуда чун Ибни Абилҳадид сарпарасти китобхонаҳои Бағдод буда, имконоти бисёре дар ихтиёр дошта ва китобхонаи даҳҳазорҷилдии Ибни Алқамӣ ҳам дар ихтиёраш будааст. Аз ин рӯ аз китобҳое истифода карда ки бархе аз онҳо дар ихтиёри Муҳамад ибни Ҷарири Табарӣ, муаррихи қарни сеюми қамарӣ, набудааст.[14]
- Ҷомеъият: шарҳи Ибни Абилҳадид доиратулмаъорифе аз улуми адаб, калом, фиқҳ, ахлоқ, таърихи садри Ислом, ансобу фарҳанги оммаи араб дониста шудааст.[15] Ба гуфта Маҳдавии Домғонӣ - мутарҷими Наҳҷ-ул-балоға, ҳарчанд шарҳи мазкур иттилооти гуногуне дорад, аммо се ҷанбаи адабӣ, таърихӣ - иҷтимоӣ ва каломии он бар дигар ҷанбаҳояш бартарӣ дорад.[16] Ин китоб, таърихи исломӣ аз замони Паёмбар (с) то соли 623ҳ.қ., яъне 13 сол қабл аз суқути Бағдод ба дасти муғулонро дар бар дорад.[17] Тақрибан ниме аз китоб ба матолибе дар бораи авзоъу аҳволи иҷтимоӣ ва умӯри торихии нимаи аввали қарни нахусти қамарӣ ихтисос дорад.[18] Ҳамчунин дар ин китоб ҳудуди ҳашт ҳазор байт шеър мавриди истифодаи қарор гирифтааст.[19] Ибни Абилҳадид ба эродоти касоне ки бар вуҷуди саҷъ дар Наҳҷ-ул-балоға хурда гирифтаанд посух додааст.[20] Ӯ сухани касоне ки гуфтаанд Наҳҷ-ул-балоға ё бахшҳое аз он ба нодурустӣ ба Имом Алӣ (а) нисбат дода шударо низ рад кардааст.[21] Ӯ суханони Алӣ (а)-ро ба ҷисми басите ташбиҳ карда, ки қисматҳои гуногуни он дар моҳият бо якдигар ихтилофе надоранд.[22]
- Тавзеҳи калимоти душвор: Ибни Абилҳадид ибтидо қисмате аз матни Наҳҷ-ул-балоғаро таҳти унвон «Асл» нақл мекунад, сипас таҳти унвон «Шарҳ» тавзеҳоте медиҳад.[23] Ӯ дар зайли шарҳ, ба тавзеҳи луғоти душвор ва шарҳи матн мепардозад.[24]
- Гузориши авзоъи замонаи нависанда: Ибни Абилҳадид аз он ҷо ки муосир муғулон будааст,[25] гузорише аз ибтидои зуҳури муғул ва фатҳи Мовароуннаҳру Хуросону Ироқ ва дигар навоҳӣ ва ҳуҷуми онон ба Бағдод ироа кардааст.[26] Шарҳи Наҳҷ-ул-балоғаи Ибни Абилҳадид ба ҳамин далел яке аз сарчашмаҳои муҳими таърихӣ дар ин замина дониста мешавад.[27]
- Шарҳи ҳоли Сайиди Разӣ: Ибни Абилҳадид дар муқаддамаи китоб, насаби Имом Алӣ (а), насаби Сайиди Разӣ (гирдоварандаи Наҳҷ-ул-балоға) ва низ мухтасаре аз зиндагӣ ва шарҳи ҳоли ӯро зикр кардааст.[28]
Орои нависанда дар муқаддама
Ибни Абилҳадид дар муқаддамае ки бар шарҳи Наҳҷ-ул-балоға навишта, орои муътазила дар бораи имомат, бартарии Имом Алӣ (а), қиёмкунандагон дар муқобил ӯ ва хавориҷро зикр мекунад.[29]
Бартарии Имом Алӣ (а) бар хулафои сегона: ба гуфта Ибни Абилҳадид, орои муътазила дар бораи бартарии хулафо се даста аст; бархе Имом Алӣ (а)-ро бартар медонанд, бархе дигар Абубакр ва бархе низ дар ин масъала таваққуф карда ва қизовате накардаанд.[30] Ибни Абилҳадид ба пайравӣ аз муътазилаи Бағдод қоил ба бартарии Имом Алӣ (а) бар хулафои сегона аст; чаро ки савоби вай бештар аст ва сифоти писандидаи бештаре дорад.[31] Бо ин ҳол Ибни Абилҳадид муътақид буд насс ва дастури сариҳе аз ҷониби Паёмбар (с) бар хилофати ҳазрати Алӣ (а) вуҷуд надорад.[32] Аҳли дузах будани асҳоби Ҷамал: ба бовари Ибни Абилҳадид, барпокунандагони ҷанги Ҷамал аҳли дузаханд ба ҷузи Оиша, Талҳа ва Зубайр ки тавба карданд.[33] Ҳамчунин лашкарёни Шом дар ҷанги Сиффин ва хавориҷ дузахианд, чароки бар бағй пофишорӣ карданд.[34]
Назари Имом Алӣ (а) устувортарин назар ва тадбираш дурусттарин тадбир буд: аз назари Ибни Абилҳадид Имом Алӣ (а) ҳангоми рафтани Умар ибни Хаттоб ба ҷанг бо рӯмён ва эрониён ба вай машварат дод[35] ва ба Усмон низ нукоте гуфт, ки салоҳаш дар онҳо буд ва агар мепазируфт он иттифоқот барояш намеафтод.[36]
Тақайюди Имом Алӣ ба дин: ба бовари Ибни Абилҳадид, Имом Алӣ муқайяд ба дин буд ва бар хилофи он амал намекард, аммо дигар хулафо тибқи масолеҳашон амал мекарданд; хоҳ мутобиқи шаръ буд ё набуд. Ибни Абилҳадид муътақид буд касе ки тибқи иҷтиҳодаш амал мекунад ва гирифтори қайду банде ки ӯро аз маслиҳат дур кунад, набошад барномаҳои дунявиаш беҳтар сомон меёбад. [37]
Китобҳо
Китобҳое дар нақд, талхис ва тарҷумаи шарҳи Наҳҷ-ул-балоғаи ибни Абилҳадиди навишта шудааст. Ба гуфта Ризо Устодӣ ҳудуди 20 китоб дар шарҳ, тарҷума, ҳошия ва дар мухолифат бо он навишта шудааст.[38]
Раддияҳо
Уламои шиа радияҳое бар шарҳи Наҳҷ-ул-балоғаи ибни Абилҳадид навишта ва ба мухолифат бо он пардохтаанд; чароки дар ин асари матолибе зикр шуда ки бо ақоиди шиъа дар бораи имомату масоили таърихии марбут ба он созгор нест.[39] Аз ҷумла: Салосил-ул-ҳадиди ли тақйиди Ибни Абилҳадид, навиштаи Шайх Юсуфи Баҳронӣ (ваф. 1186ҳ.қ./1772м ),[40] ар-Рӯҳу фи-н-нақзи мо абрамаҳу Ибни Абилҳадид, аз Аҳмад ибни Товуси Ҳиллӣ (ваф. 673қ/1274м ), ар-Радду ало Ибни Абилҳадид, аз Алӣ ибни Ҳасани Билодии Баҳронӣ (ваф. 1340ҳ.қ./1922м ), Салосил-ул-ҳадиди фи-р-радди ало Ибни Абилҳадид, шайхи Юсуфи Кӯфӣ ва ан-Нақд-ус-садиди ли шарҳ-ил-хутбат-иш-Шиқшиқийяти ли Ибни Абилҳадид.[41]
Тарҷумаҳо
Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға ба форсӣ тарҷума шудааст; Муллошамсиддин ибни Муҳаммад ибни Мурод (ваф. 1013ҳ.қ.) ва Насруллоҳ ибни Фатҳуллоҳи Дизфулӣ онро ба форсӣ тарҷума кардаанд.[42] Китобҳои «Ҷилваи таърих дар шарҳи Наҳҷ-ул-балоғаи Ибни Абилҳадид» бо тарҷума ва ҳошияи Маҳмуд Маҳдавии Домғонӣ дар ҳашт ҷилд ва Тарҷумаи Шарҳи Наҳҷ-ул-балоғаи ибни Абилҳадид дар бист ҷилд асари Ғуломризои Лоиқӣ аз дигари тарҷумаҳои он ба форсӣ аст. Ҳамчунин китоби «Имом Алӣ алайҳиссалом аз дидгоҳи Ибни Абилҳадиди муътазилӣ» асари Ҳусайни Тайибиён баргирифта аз Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға аст.[43]
Талхисҳо
Талхисҳои шарҳи Наҳҷ-ул-балоғаи иборатанд аз:
- ал-Ақд-ун-назид-ил-мустахраҷи мин Шарҳи ибни Абилҳадиди Фахриддини Абдуллоҳи Алмуаййади биллоҳ[44]
- Султон Маҳмуди Табасӣ низ онро талхис карда ва Шайх Муҳаммади Қанбаралии Козимӣ китоби Илтиқот-уд-дурар-ил-мунтахабро аз он истихроҷ кардааст.[45]
Ҳамчунин ал-Узайқ-ин-назиди би масодири Ибни Абилҳадиди фи Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға асари Аҳмади Рабиӣ, дар бораи манобеъ ва маъхазҳое аст, ки Ибни Абилҳадид аз онҳо истифода кардааст.[46] Дар ин китоб теъдоди манобеи Ибни Абилҳадид 222 адад зикр шудааст.[47]
Интишор
Шарҳи ибни Абилҳадид дар бист ҷузъ таълиф шудааст.[48] Ба гуфтаи Ризо Устодӣ ин китоб дар давраҳои дуҷилдӣ, чаҳорҷилдӣ ва бистҷилдӣ чоп шудааст.[49] Ҳамчунин дар Теҳрон (дар солҳои 1271, 1302 - 1304ҳ.қ.), Қоҳира (1329ҳ.қ.) ва Бейрут (1378ҳ.қ.) мунташир шудааст.[50]
Нусхае аз ин асар дар китобхонаи Остони Қудси Разавӣ нигаҳдорӣ мешавад[51] ки эҳтимол дода шуда дар замони ҳаёти нависанда китобат шуда бошад.[52]
Ин китоб ба тасҳеҳи Муҳаммад Абулфазли Иброҳим бар асоси тақсимбандии Ибни Абилҳадид дар бист ҷилд ва 6460 сафҳа мунташир шудааст.[53] Ҳамчунин бо тасҳеҳи Абдукарим Намарӣ дар ёздаҳ ҷилд тавассути интишороти Дор-ул-кутуб-ил-илмияи Бейрут мунташир шудааст.[54]
Эзоҳ
- ↑ Ибни Фуватӣ, Маҷмаъ-ул-одоби фи муъҷам-ил-алқоб, 1374ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.214
- ↑ Ибни Касир, ал-Бидояту ва-н-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.199
- ↑ Маҳдавии Домғонӣ, Ҷилваи таърих дар шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, 1379ҳ.ш., Муқаддимаи мутарҷим, саҳифаи ҳафт
- ↑ Ибни Халликон, Вафаёт-ул-аъён, 1994, ҷ.7, саҳ.342
- ↑ Фикрат, «Ибни Абилҳадид», саҳ.642 - 641
- ↑ Ниг.: Ибни Халликон, Вафаёт-ул-аъён, 1994м, ҷ.7, саҳ.342
- ↑ Фикрат, «Ибни Абилҳадид», саҳ.642 - 641
- ↑ Маҳдавии Домғонӣ, Ҷилваи таърих дар шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, 1379ҳ.ш., Муқаддамаи мутарҷим, саҳифаи дувоздаҳ
- ↑ Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, 1404ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.349
- ↑ Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, 1404ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.349
- ↑ Ҳиндушоҳ, Таҷоруб-ус-салаф дар таворихи хулафо ва вузарои эшон, 1357ҳ.ш., саҳ.349
- ↑ Маҳдавии Домғонӣ, Ҷилваи таърих дар шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, 1379ҳ.ш., Муқаддамаи мутарҷим, саҳифаи понздаҳ
- ↑ Субҳониниё, «Шарҳи Наҳҷ-ул-балоғаи Ибни Абилҳадид», саҳ.59
- ↑ Маҳдавии Домғонӣ, Ҷилваи таърих дар шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, 1379ҳ.ш., Муқаддимаи мутарҷим, саҳифаи понздаҳ
- ↑ Маҳдавии Домғонӣ, Ҷилваи таърих дар шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, 1379ҳ.ш., Муқаддамаи мутарҷим, саҳифаи ҳафдаҳ
- ↑ Маҳдавии Домғонӣ, Ҷилваи таърих дар шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, 1379ҳ.ш., Муқаддамаи мутарҷим, саҳифаи чаҳордаҳ
- ↑ Ҳусайнӣ, Масодири Наҳҷ-ул-балоға, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.233
- ↑ Маҳдавии Домғонӣ, Ҷилваи таърих дар шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, 1379ҳ.ш., Муқаддамаи мутарҷим, саҳифаи чаҳордаҳ
- ↑ Маҳдавии Домғонӣ, Ҷилваи таърих дар шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, 1379ҳ.ш., Муқаддамаи мутарҷим, саҳифаи ҳаждаҳ
- ↑ Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.126 - 130
- ↑ Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, 1404ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.128 ва 129
- ↑ Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, 1404ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.128 ва 129
- ↑ Барои намуна ниг.: Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.57 - 58
- ↑ Ҳусайнӣ, Масодири Наҳҷ-ул-балоға, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.234
- ↑ Ҳусайнӣ, Масодири Наҳҷ-ул-балоға, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.233
- ↑ Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, 1404ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.219 - 243
- ↑ Фикрат, «Ибни Абилҳадид», саҳ.641
- ↑ Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.11 - 42
- ↑ Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.6 - 11
- ↑ Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.7 - 8
- ↑ Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.9
- ↑ Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.59
- ↑ Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.9
- ↑ Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.9
- ↑ Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.28
- ↑ Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.28
- ↑ Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.28
- ↑ Устодӣ, Китобномаи Наҳҷ-ул-балоға, 1359ҳ.ш., саҳ.37 - 39
- ↑ Барои намуна ниг.: Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, ҷ.2, саҳ.59
- ↑ Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1408ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.210
- ↑ Ҳусайнӣ, Масодири Наҳҷ-ул-балоға, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.237 - 238 ; Устодӣ, Китобномаи Наҳҷ-ул-балоға, 1359ҳ.ш., саҳ.37 - 39
- ↑ Ҳусайнӣ, Масодири Наҳҷ-ул-балоға, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.238
- ↑ «Имом Алӣ алайҳиссалом аз дидгоҳи Ибни Абилҳадиди Муътазилӣ/ нигоранда Ҳусайни Тайибиён.»
- ↑ Ҳусайнӣ, Масодири Наҳҷ-ул-балоға, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.238
- ↑ Ҳусайнӣ, Масодири Наҳҷ-ул-балоға, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.238
- ↑ Рабиъӣ, ал-Узайқ-ин-назиди би масодири Ибни Абилҳадиди фи Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, Муқаддима, 1407ҳ.қ., саҳифаи 5 - 6
- ↑ Субҳониниё, «Шарҳи Наҳҷ-ул-балоғаи Ибни Абилҳадид», саҳ.59
- ↑ Ибни Касир, ал-Бидояту ва-н-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.199
- ↑ Устодӣ, Китобномаи Наҳҷ-ул-балоға, 1359ҳ.ш., саҳ.37
- ↑ Фикрат, «Ибни Абилҳадид», саҳ.642
- ↑ Остони Қудс, Феҳрист, ҷ.5, саҳ.112 - 113: ба нақл аз Фикрат, «Ибни Абилҳадид», саҳ.642
- ↑ Фикрат, «Ибни Абилҳадид», саҳ.642
- ↑ Маҳдавии Домғонӣ, Ҷилваи таърих дар шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, 1379ҳ.ш., Муқаддамаи мутарҷим, саҳифаи ҳафдаҳ
- ↑ «Шарҳу Наҳҷ-ул-балоғати 1 - 11 маъалфаҳорис»
Сарчашма
- «Имом Алӣ алайҳиссалом аз дидгоҳи Ибни Абилҳадиди Муътазилӣ/нигоранда Ҳусайни Таййибиён.», Созмони аснод ва китобхонаи Эрон, мушоҳидаи 30 дайи 1398ҳ.ш.
- Ибни Абилҳадид, Абдулҳамид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, тасҳеҳи Муҳаммадабулфазли Иброҳим, Қум, 1404ҳ.қ.
- Ибни Касири Димишқӣ, Исмоил ибни Умар, ал-Бидояту ва-н-ниҳоя, Бейрут, 1407ҳ.қ./1986
- Ибни Фавтӣ, Абдуроззоқ ибни Аҳмад, Маҷмаъ-ул-одоби фи муъҷам-ил-алқоб, таҳқиқи Муҳаммад ал-Козим, Теҳрон, Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, 1435ҳ.қ./1374ҳ.ш.
- Ибни Халликон, Шамсиддин Аҳмад ибни Муҳаммад, Вафаёт-ул-аъён ва анбо-уз-замон, Бейрут, Дору содир, 1994
- Маҳдавии Домғонӣ, Маҳмуд, Ҷилваи таърих дар шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, Теҳрон, нашри Най, 1379ҳ.ш.
- Оқобзрги Теҳронӣ, Муҳаммадмҳсн, аз-Зариати илои тасониф-иш-шиа, Қуму Теҳрон, Исмоилиён ва китобхонаи исломия, 1408ҳ.қ.
- Рабиъӣ, Аҳмад, алъзиқи алнзиди бмсодри Ибни Абилҳадиди фии Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, Бағдод, 1407ҳ.қ.
- Субҳониниё, Муҳаммадтақӣ, «Шарҳи Наҳҷ-ул-балоғаи Ибни Абилҳадид», дуфаслномаи Ҳадиси андеша, №6, пойизу зимистони 1387ҳ.ш.
- Устодӣ, Ризо, Китобномаи Наҳҷ-ул-балоға, Теҳрон, Бунёди Наҳҷ-ул-балоға, 1359ҳ.ш.
- Фикрат, Муҳаммадосиф, Ибни Абилҳадид, дар Доират-ул-маорифи бузурги исломӣ, ҷ.2, Теҳрон, Маркази Доират-ул-маорифи бузурги исломӣ, 1374ҳ.ш.
- Ҳиндушоҳ ибни Санҷар, Таҷориб-ис-салаф, ба кӯшиши Аббос Иқболи Оштиёнӣ, Теҳрон, 1357ҳ.ш.
- Ҳусайнӣ, Абдуззаҳро, Масодиру Наҳҷ-ул-лбалоға ва асонидиҳ, Бейрут, Дор-уз-Заҳро, 1409ҳ.қ./1988