Хоҷа Насируддини Тӯсӣ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Хоҷа Насир)
Хоҷа Насируддини Тӯсӣ
Номи комилМуҳаммад ибни Муҳаммад ибни Ҳасани Тӯсӣ
ЛақабУстодулбашар, Ақли ҳодӣ ашар
Маҳалли зиндагӣНишобур, қалъаҳои Исмоилиён
Санаи таваллуд11 ҷамодиюлаввали соли 598ҳ.қ.
Санаи вафот18 зилҳаҷҷаи соли 672ҳ.қ.
Маҳалли дафнИроқ, Козимайн
ТаълифотАсос-ул-иқтибос, Таҷрид-ул-эътиқод, Шарҳи Ишорот, Қавоид-ул-ақоид, Таҳрири усули уқлидус, Ахлоқи носирӣ, ...


Хоҷа Насируддини Тусӣ (форсӣ: خواجه نصیرالدین طوسی) (597 - 672ҳ.қ.) ҳаким ва мутакаллими шиъии қарни ҳафтуми ҳиҷрии қамарӣ аст. Хоҷа Насир ҳамчун эҳёгари фалсафа ва мубтакири равиши фалсафӣ дар каломи шиа маъруф аст. Бархе аз уламои шиа ҳамчун Аллома Ҳиллӣ, Ибни Майсами Баҳронӣ ва Қутбиддини Шерозӣ аз шогирдони ӯ будаанд.

Насируддини Тусӣ нависандаи китоб ва рисолаҳои зиёде дар улуми ахлоқ, мантиқ, фалсафа, илоҳиёт, риёзиёт ва нуҷум мебошад. Ахлоқи Носирӣ, Авсоф-ул-ашроф, Асос-ул-иқтибос, Шарҳ-ул-ишорот, Таҷрид-ул-эътиқод, Ҷомеъ-ул-ҳисоб ва китоби машҳури Зиҷи Илхонӣ ва Тазкиратун фи илми-л-ҳайат дар илми нуҷум аз осори муҳим ва машҳури ӯ ҳастанд. Ӯ инчунин расадхонаи Мароға ва дар канори он китобхонаи Мароғаро бо зиёда аз 400 000 китоб сохт.

Гуфта мешавад, ки Хоҷа Насир маҷбур шуд, ки бо бархе аз ҳокимони замони худ ҳамроҳӣ кунад, вале тавонист дар ин ҳамроҳиҳо осор ва таълифоте дошта бошад; ба унвони мисол дар ҳамроҳӣ бо Ҳелоку талош кард, мероси исломиеро, ки дар хатари нобудшавӣ қарор дошт, ҳифз кунад ва ба сабаби иқдомоти ӯ, баъд аз муддате муғулҳо Исломро қабул карданд. Ҳамчунин ҳузури ӯ дар ҷараёни фатҳи Бағдод ба дасти муғулон, омиле барои коҳиши ғорат ва куштори мардум ва наҷот ёфтани бисёре аз олимон аз марг дониста шудааст.

Хоҷа Насир дар Бағдод вафот кард ва тибқи васияташ дар Ҳарами Козимайн ба хок супорида шуд. Рӯзи панҷуми исфандмоҳ (24-уми феврал) - зодрӯзи Хоҷа Насир, ба ёди ин донишманд ҳамчун Рӯзи муҳандис сабт шудааст.

Зиндагӣ

Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Ҳасан, машҳур ба Хоҷа Насируддини Тусӣ дар 11 ҷамодиюлаввали соли 597 қамарӣ дар Тус ба дунё омад.[1] Ӯ дар кӯдакӣ Қуръони Карим, сарф, наҳв ва одобро фаро гирифт. Сипас бо роҳнамоии падараш, муқаддамоти риёзиётро назди Камолиддини Муҳаммад[Ёддошт 1] омухт. Ҳамчунин фиқҳ ва ҳадисро назди падар ва бобояш, ки худ аз фақеҳон ва муҳаддисони он аср будаанд, ёд гирифт.[2] Устоди дигари ӯ тағояш - Нуриддин Алӣ ибни Муҳаммади шиъӣ буд, ки мантиқу ҳикматро ба ӯ омухтааст.[3]

Тусӣ пас аз вафоти падараш, аз Тус ба Нишобур рафт, ки дар он замон маҳали иҷтимои уламо ва донишпажуҳон буд.[4] Ӯ китоби Ишороти Абуалӣ Сино дар фалсафаро назди Фаридуддини Домод [Ёддошт 2] ва китоби Қонуни ӯ дар тибро назди Қутбиддини Мисрӣ фаро гирифт[5] ва дар ҷаласоти дарси Сироҷиддини Қамарӣ, Абуссаъодот Исфаҳонӣ ва дигарон ширкат кард.[6] Ҳамчунин бо Фаридуддини Аттор дар ин шаҳр мулоқот кард.[7] Ӯ ҳамчунин назди Камолиддин ибни Юнуси Мавсилӣ низ шогирдӣ кард, ки дар аксари улум, махсусан улуми риёзӣ саромад буд. Аз Солим ибни Бадрони Мозании Мисрӣ, ки аз бузургони фуқаҳои имомия буд ҳам қисмате аз китоби ал-Ғуния асари Ибни Зуҳраро фаро гирифт.[8]

Ҳузур дар қалъаҳои Исмоилиён

Хоҷа Насируддини Тусӣ, баъд аз ҳамлаи муғулон ба Эрон ва бурузи нооромӣ хусусан дар минтақаи Хуросон, муддате дар шаҳрҳои мухталиф саргардон буд то онки ба даъвати Носириддин - фармонравои қалъаҳои Исмоилиён дар Хуросон, ба Қуҳистон рафт[9] ва дар он ҷо ба дархости Носириддин, китоби Таҳзиб-ул-ахлоқ ва татҳир-ул-аъроқ, навиштаи Абуалӣ Мискавайҳи Розиро ба форсӣ тарҷума кард, матолибе ба он афзуд ва онро ба номи Носириддин, Ахлоқи Носирӣ номид.[10] Таърихи таълифи ин китоб, 630 то 632 қамарӣ будааст.[11] Ӯ ҳамчунин дар он ҷо китобе дар илми ҳайъат ба номи ал-Рисолат-ул-муъинийя, ба номи Муинуддин, фарзанди Носириддин, таълиф кард.[12] Қалъаҳои Исмоилиён, танҳо нерӯи муқовим дар баробари ҳамалоти муғулон дониста шудааст. Дар вазъияте, ки шаҳрҳои Хуросону Нишобур ба таври комил ба дасти муғулон афтода буд, ин қалъаҳо солҳои тӯлонӣ муқовимат карданд ва таслими муғулон нашуданд.[13]

Алоуддин Муҳаммад - раҳбари Исмоилиён, баъд аз он ки хабари ҳузури Хоҷа Насири Тусӣ назд Носириддинро дарёфт кард, Хоҷа Насирро ба назди худ хонд ва ӯ ба ҳамроҳи Носириддин, ба қалъаи Маймун диз рафт ва раҳбари Исмоилиён истиқболи вижае аз ӯ кард. Хоҷа Насируддини Тусӣ то ҳангоме, ки фарзанди Алоуддин Муҳаммад - Рукниддин дар ҳамлаи дувуми муғул таслими онҳо шуд, дар қалъаи Аламут назди ӯ монд.[14]

Тамбри ёдбуди Хоҷа Насируддини Тусӣ дар Эрон

Бархе аз муаррихон бар ин боваранд, ки ҳузури Хоҷа Насир ва иқомати ӯ дар қалъаҳои Исмоилиён аз рӯи ихтиёр набудааст, балки ӯро ба ин кор маҷбур кардаанд;[15] бо ин ҳол, Оқсароӣ дар Мусомират-ул-ахбор бар ин бовар аст, ки Хоҷаи Тусӣ назди Исмоилиён вазорати мутлақ дошта ва ба чунон ҷойгоҳе даст пайдо карда буд, ки ба ӯ лақаби Хоҷаи коинот дода будаанд.[16] Касоне ки муътақиданд, Хоҷа Насири Тусӣ маҷбур ба ҳузур назди Исмоилиён шуда ва дар қалъаҳои онон зиндонӣ будааст, ба ҷумалоти шикваомези ӯ дар поёни шарҳи Ишорот истинод мекунанд, ки аз вазъияти рӯзгор ва зиндагии худ нолидааст.[17]

Хоҷа ва Ҳулокухони муғул

Хоҷа Насир, баъд аз ҳамлаи дувуми муғулон ба фармондеҳии Ҳулоку ва таслим шудани қалъаҳои Исмоилиён, ба дарбори Ҳулоку роҳ ёфт.[18] Ба гуфтаи Сайид Муҳсини Амин, Хоҷаи Тусӣ бе он ки қудрати интихоб дошта бошад, бо Ҳулоку ҳамроҳ шуд ва дар ҳолате, ки муқовимат дар баробари нерӯи муҳоҷим, на аз сӯи мардум ва на аз сӯи ҳукумат имконпазир набуд, талош кард аз мероси исломие, ки дар маърази нобудӣ буд муҳофизат кунад ва ба сабаби иқдомоти ӯ буд, ки дар ниҳоят баъд аз муддате, муғулон ба Ислом гаравиданд.[19] Хоҷаи Тусӣ дар ҳамлаи Ҳулоку ба Бағдод дар соли 655 қамарӣ ҳамроҳи ӯ будааст.[20]

Таъсиси расадхона ва китобхонаи Мароға

Хоҷа Насируддини Тусӣ баъд аз фатҳи Бағдод тавассути Ҳулоку, сохти як расадхонаро ба Ҳулоку пешниҳод кард; бо ин тавҷеҳ, ки ӯ бо тавваҷуҳ ба илме, ки дар нуҷум дорад, метавонад бо кумаки расади ситорагон, султонро аз вақоеъи оянда, муддати умр ва насли ӯ огоҳ созад.[21] Ин пешниҳод, мавриди писанди Ҳулоку қарор гирифт ва сохти он аз соли 657 қамарӣ оғоз шуд.[22] Ба гуфтаи Сайид Муҳсини Амин, Хоҷа Насир, расадхонаи Мароғаро маҳалле барои ҷамъ кардани теъдоди зиёде аз донишмандони он замон қарор дод ва ба ин гуна онҳоро аз кушта шудан раҳоӣ бахшид ва низ талоши зиёде барои ҷамъоварии теъдоди зиёде аз китобҳо ва ҳифзи онҳо кард.[23] Кори сохти расадхона то поёни умри Хоҷа ба тӯл анҷомид ва зиҷи ба даст омада аз ин расадхона, Зиҷи Илхонӣ ном гирифт.[24] [Ёддошт 3]

Хоҷа Насир ҳамчунин китобхонаи бузурге дар маҳали расадхонаи Мароға сохт ва ба фармони Ҳулоку бисёре аз китобҳои нафису сӯдманде, ки аз Бағдод, Димишқ, Мусил ва Хуросон ғорат шуда буд, ба он интиқол ёфт. Худи Хоҷа низ маъмуроне ба атрофи билод мефиристод, ки ҳарҷо китобҳои илмие биёбанд харидорӣ карда барои ӯ бифиристанд ва худ ҳар куҷо ба китоби муфиду нафисе бар мехӯрд, онро мехарид.[25] Ба ақидаи бархе аз муаррихон, ҳудуди 400 ҳазор китоб дар китобхонаи Мароға ҷамъ шуда буд.[26] Дар китобхонаи расадхонаи Мароға, анвоъи китоб аз забонҳои чинӣ, муғулӣ, санскрит, ошӯрӣ ва арабӣ ба забони форсӣ тарҷума шуд ва дар дастраси толибони илм ва донишмандони расадхона қарор гирифт. Ин расадхона дар ҳақиқат маркази илмие буд, ки дар он, улуми мухталифи замон, монанди риёзиёт, нуҷум ва улуми табиъӣ, таҳқиқ ва тадрис мешуд.[27]

Ҳузур дар фатҳи Бағдод

Ибни Таймийя (661 - 728ҳ.қ.) – олими аҳли суннат, муддаӣ шудааст, ки халифаи Бағдод, ба дастури Хоҷа Насируддини Тусӣ ба қатл расидааст,[28] аммо бархе бо истинод ба баррасии манобеи қабл аз ӯ ва мушоҳида накардани чунин матлабе дар онҳо, ин матлабро нодуруст ва туҳмат донистаанд ва эҳтимол додаанд, ки манобеи баъд аз Ибни Таймийя ба пайравӣ аз ӯ чунин матлаберо овардаанд.[29] Бархе муҳаққиқон муътақиданд, ҳузури Насируддини Тусӣ дар ҷараёни фатҳи Бағдод ба дасти муғулон, омиле барои коҳиши ғорат ва куштори мардум буда ва бо ҳимояти ӯ, бисёре аз олимон аз марг наҷот ёфтаанд.[30]

Вафот

Хоҷа Насир дар ҳоле дар 18 зилҳаҷҷаи соли 672 қамарӣ вафот ёфт, ки барои сомон додан ба умури авқоф ва донишмандон, дар Бағдод ба сар мебурд. Ӯ бино ба васияти худ дар Ҳарами Козимайн дафн шуд.[31] Ӯ ҳамчунин васият карда буд, ки бар қабраш ишорае ба вижагиҳои илмиаш нашавад ва фақат иборати «و کَلبُهُم باسِطٌ ذِراعَییهِ بِالوَصید»[32] бар санги қабраш навишта шавад.[33]

Мазҳаб

Шавоҳиди зиёде мабнӣ бар шиаи исноашарӣ будани Хоҷа Насируддини Тусӣ дар даст аст; аз ҷумла ӯ дар ағлаби китобҳои каломии худ ҳамчун Таҷрид-ул-эътиқод, ба дувоздаҳ имом ва вуҷуби исмати онҳо ишора кардааст.[34] Ҳамчунин рисолаҳои вижае дар ин бора нигоштааст, ки аз он ҷумла метавон рисолаи «ал-Фирқат-ун-ноҷия» ва «Рисолатун фи ҳаср-ил-ҳақ би мақолат-ил-имомийя» ва низ «ал-Исноъашарийя» ва «Рисолатун фи-л-имомат»-ро ном бурд.[35] Бо ин ҳол, дар феҳристи осори Хоҷа Насир, китобҳо ва рисолаҳое мансуб ба ӯ вуҷуд дорад, ки мутобиқ бо таълимоти исмоилиён аст.[36]

Уламои шиаи исноашарӣ ағлаб, асли интисоби ин осор ба Хоҷаро рад кардаанд, аммо бархе муҳаққиқон ва исломшиносони ғарбӣ, муътақид ба навъе таҳаввули мазҳабӣ дар Хоҷа дар замони ҳузур дар миёни Исмоилиён ҳастанд.[37] Бархе бар пояи ин осор бар ин боваранд, ки ӯ баъд аз паноҳ бурдан ба қалъаҳои исмоилиён муваққатан ба мазҳаби онҳо гаравида ва баъд аз он ба мазҳаби шиаи исноашарӣ бозгаштааст.[38]

Бархе нависандагон ҳам бар ин боваранд, ки Тусӣ ба унвони як шиаи дувоздаҳимомӣ, тақия ба кор баста ва барои ҳифзи ҷони худ, дар қалъаҳои исмоилӣ ба таълифи кутуб ва рисолоташ машғул шудааст.[39] Абдуллоҳ Неъмат ин матлабро, ки Тусӣ ба маҳзи хароб шудани қалъаҳои исмоилиён, шиаи исноашарӣ будани худро эълом намудааст, таъйиде бар ин назар гирифтааст.[40]

Ҷойгоҳи илмӣ

«Ин шайх [Хоҷа Насир] беҳтарини замонаи худ дар улуми ақлӣ буд ... ва боахлоқтарин фарде буд, ки ман дида будам.»

Хоҷа Насири Тусиро дар илм, ҳамтои Ибни Сино донистаанд; бо ин фарқ, ки Ибни Сино дар тиб саромад буд ва Хоҷа Насир дар риёзиёт.[Ниёзманди манбаъ] Бархе муътақиданд, дифои Хоҷа Насируддини Тусӣ аз Ибни Сино дар баробари интиқодоти Фахри Розӣ, дар китоби Шарҳи ишорот, мӯҷиби эҳёи фалсафа дар он аср шудааст.[42] Ҳамчунин Хоҷа Насирро мубтакири равиши фалсафӣ дар каломи шиа донистаанд.[43] Ба бовари Муртазо Мутаҳҳарӣ, тамоми осори каломии баъд аз Хоҷа Насир, аз китоби Таҷрид-ул-эътиқод таъсир пазируфтаанд.[44] Бар асоси бархе пажуҳишҳои муосир, Хоҷа Насири Тусӣ, аз як сӯ шореҳ ва мукаммили файласуфону донишмандони пеш аз худ буда, ва аз сӯи дигар сармашқи донишмандони баъд аз худ шудааст.[45]

Бисёре аз донишмандони мусулмон ва ҳамчунин исломшиносони ғарбӣ, аз ӯ ситоиш кардаанд.[46] Таъбирҳои мухталифе, ки дар бораи Хоҷаи Тусӣ шудааст, нишонгари ҷойгоҳи илмии ӯст, бархе аз онҳо иборатанд аз: «афзалул-мутааххирин ал-аллома ал-Тусӣ/ أفضل المتأخرين العلامة الطوسي»[47] султонул-муҳаққиқин[48] фахрул-ҳукамо ва муаййидул-фузало, насирул-милтати вад-дин[49] муҳаққиқи мудаққиқи Тусӣ ва ҳакими азими қуддусӣ[50] афзалул-мутааххирин ва акмалул-мутақаддимин.[51]

5-уми исфандмоҳ (24 феврал) солрӯзи таваллуди Хоҷа Насир, ба ёди ин донишманди бузург ба унвони Рӯзи муҳандис ба сабт расидааст ва ҳар сол ҳамзамон бо ин рӯз ҳамоишҳо ва маросими мухталифе баргузор мешавад.[52] Шеърҳоеро низ ба Хоҷа Насири Тусӣ нисбат додаанд, аз ҷумла дар номаи донишварон ин рубоиро ба ӯ мансуб кардаанд:

چون در سفریم ای پسر هیچ مگوی
احوال حضر در این سفر هیچ مگوی‌‌
ما هیچ و جهان هیچ و غم و شادی هیچ
می‌‌دان که نِه‌‌ای هیچ دگر هیچ مگوی‌‌
Чун дар сафарем эй писар ҳеҷ магӯй
Аҳволи ҳазар дар ин сафар ҳеҷ магӯй
Мо ҳеҷу ҷаҳон ҳеҷу ғаму шодӣ ҳеҷ
Медон ки наӣ ҳеҷ дигар ҳеҷ магӯй[53]

Шогирдон

Бархе аз шогирдони бузурги Хоҷа Насири Тусӣ иборатанд аз:

  1. Аллома Ҳиллӣ фақеҳ ва мутакаллими бузурги шиъӣ (ваф.726ҳ.қ.), ҳикматро назди Хоҷаи Тусӣ фаро гирифт[54] ва шарҳи китоби Таҷрид-ул-эътиқоди Хоҷа Насирро бо унвони Кашф-ул-мурод навишт. Ин китоб аз машҳуртарин шарҳҳои Таҷрид аст.[55]
  2. Ибни Майсами Баҳронӣ, нависандаи китоби Мисбоҳ-ус-соликин (шарҳи Наҳҷ-ул-балоға), ҳаким, риёзидон, мутакаллим ва фақеҳ, ки дар ҳикмат шогирди Хоҷа Насир ва дар фиқҳ устодаш буд.[56]
  3. Қутбиддини Шерозӣ (ваф.710ҳ.қ.), замоне, ки Хоҷа ба ҳамроҳи Ҳулоку ба Қазвин рафт, бо Хоҷа ҳамроҳ шуд, бо ӯ ба Мароға рафт ва шогирди Хоҷа Насир дар илми ҳайат, риёзӣ, фалсафа ва тиб шуд. Хоҷа ӯро қутби фалакул-вуҷуд мехонд.[57]
  4. Сайид Рукниддин (Ҳасан ибни Муҳаммад ибни Шарафшоҳи Алавӣ), аз шогирдон Хоҷа буда ва бархе аз осори ӯро шарҳ додааст.[58]
  5. Камолиддин Абдурразоқ Шайбонии Бағдодӣ (642–723ҳ.қ.) маъруф ба Ибни ал-Фуватӣ, аз таърихнависони қарни ҳафтум аст ва китобҳои «Муъҷам-ул-одоб» ва «ал-Ҳаводис-ул-ҷомеъа» аз осори ӯст. Ӯ китобдории китобхонаи расадхонаи Мароға ва дар авохири умр, китобхонаи Мустансарияро бар ӯҳда дошт.[59]
  6. Имодиддин Ҳарбавӣ маъруф ба Ибни ал-Хаввом (643-728ҳ.қ.), дар ҳисобу тиб саромади замони худ буда ва китобҳои «Фавоидун баҳоия фи қавоидин ҳисобия» ва «Муқаддимае дар тиб» аз ӯ бар ҷой мондааст.[60]

Осор

Мақолаи аслӣ: Феҳристи осори Хоҷа Насириддини Тусӣ

Маҷмӯаи китобҳо ва рисолаҳои илмии Хоҷа Насируддини Тусӣ (ваф. 672ҳ.қ.)-ро беш аз 184 унвон донистаанд.[61] Хоҷа Насир дар заминаҳои мухталифе ҳамчун риёзиёту ҳайат, ақоид, фалсафаю ирфон, мантиқ, фиқҳ, тиб, улуми ғариба ва тафсири Қуръон таълиф намуда ва бештари осори ӯ ба забони арабӣ аст. Хоҷа Насир, дар муқаддимаи Шарҳи ишорот, аз ранҷи фаровон ва ғами рӯзафзӯнаш ҳангоми таълифи китоб навиштааст.[62]

Бархе аз осори ӯ:

Эзоҳ

  1. Неъмат, Фалосифат-уш-шиъа, 1987м., саҳ.535.
  2. Ал-Амин, ал-Исмоъилийюн ва-л-муғул ва Насируддин ал-Тусӣ, 2005м., саҳ.16–20.
  3. Ал-Амин, ал-Исмоъилийюн ва-л-муғул ва Насируддин ал-Тусӣ, 2005м., саҳ.20.
  4. Амин, Аъён-уш-шиъа, 1986м., ҷ.9, саҳ.415.
  5. Насируддини Тусӣ, Тансухномаи Илхонӣ, 1363ҳ.ш., муқаддимаи мусаҳҳеҳ, саҳ.15.
  6. Амин, Аъён-уш-шиъа, 1986м., ҷ.9, саҳ.415.
  7. Амин, Аъён-уш-шиъа, 1986м., ҷ.9, саҳ.415.
  8. Насируддини Тусӣ, Тансухномаи Илхонӣ, 1363ҳ.ш., саҳ.16.
  9. Насируддини Тусӣ, Тансухномаи Илхонӣ, 1363ҳ.ш., саҳ.17.
  10. Барои намуна, ниг.: Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1389ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.380 - 381; Амин, Аъён-уш-шиъа, 1403ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.415.
  11. Мударрисии Разавӣ, Аҳвол ва осори Хоҷа Насируддин, 1354ҳ.ш., саҳ.9.
  12. Мударрисии Разавӣ, Аҳвол ва осори Хоҷа Насируддин, 1354ҳ.ш., саҳ.9.
  13. Амин, Аъён-уш-шиъа, 1986м., ҷ.9, саҳ.415.
  14. Амин, Аъён-уш-шиъа, 1986м., ҷ.9, саҳ.415.
  15. Руҷӯъ кунед: “Хоҷа Насируддини Тусӣ ва нақши ӯ дар густариши ташайюъ ва ҳифзи осори исломӣ”, саҳ.71
  16. Оқсароӣ, Мусомират-ул-ахбор, 1362ҳ.ш., саҳ.47
  17. Амин, Аъён-уш-шиъа, 1986м., ҷ.9, саҳ.415-416.
  18. Амин, Аъён-уш-шиъа, 1986м., ҷ.9, саҳ.416.
  19. Амин, Аъён-уш-шиъа, 1986м., ҷ.9, саҳ.416-417.
  20. Неъмат, Фалосифат-уш-шиъа, 1987м., саҳ.540.
  21. Ҳасанзода Омулӣ, Ҳазору як калима, 1381ҳ.ш., саҳ.329.
  22. Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1997м., ҷ.17, саҳ.387.
  23. Амин, Аъён-уш-шиъа, 1986м., ҷ.9, саҳ.416-417.
  24. Амин, Аъён-уш-шиъа, 1986м., ҷ.9, саҳ.417.
  25. Мударрисии Разавӣ, Аҳвол ва осори Хоҷа Насируддин, 1354ҳ.ш., саҳ.50.
  26. Катбӣ, Фавот-ул-вафаёт, 1974м., ҷ.3, саҳ.246–252; Зайдон, Таърих-ут-тамаддун-ил-исломӣ, 1914м., ҷ.3, саҳ.214.
  27. Ожанд, “Коркарди ду сӯяи китобхона дар давраи муғулони Эрон китобороӣ ва китобдорӣ”, саҳ.10.
  28. Ибни Таймийя, Минҳоҷ-ус-суннат, ҷ.3, саҳ.445-446.
  29. Ниг.: Солеҳӣ ва Идрисӣ, “Хоҷа Насируддини Тусӣ ва фатҳи Бағдод”, саҳ.115 то 120
  30. Мударрисии Разавӣ, Аҳвол ва осори Хоҷа Насируддин, 1354ҳ.ш., саҳ.27.
  31. Неъмат, Фалосифат-уш-шиъа: ҳаётуҳум ва ороуҳум, 1987м., саҳ.531; Амин, Аъён-уш-шиъа, 1986м., ҷ.9, саҳ.418; албатта Ибни Касир дар ал-Бидоя ва-н-ниҳояи рӯзи вафоти ӯро дувоздаҳуми зилҳаҷҷа навиштааст (ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1997м., ҷ.17, саҳ.514).
  32. Тарҷума: Ва сагашон бар остонаи [ғор] ду дасти худро дароз карда [буд] (сураи Каҳф, ояти 18).
  33. Азизӣ, Фазоил ва сираи чаҳордаҳ маъсум (а) дар осори устод Аллома Ҳасанзода Омулӣ, 1381ҳ.ш., саҳ.402.
  34. Тусӣ, Таҷрид-ул-эътиқод, 1407ҳ.қ., саҳ.293
  35. Неъмат, Фалосифат-уш-шиъа, 1987м., саҳ.534.
  36. Эзадӣ ва Аҳмадпаноҳ, “Мазҳаби Хоҷа Насируддини Тусӣ ва таъсири он бар таъомули вай бо исмоилиёни назорӣ”, саҳ.30 ва 33.
  37. Эзадӣ ва Аҳмадпаноҳ, “Мазҳаби Хоҷа Насируддини Тусӣ ва таъсири он бар таъомули вай бо исмоилиёни назорӣ”, саҳ.36.
  38. Нигоҳ кунед: Дафтарӣ, Фарҳод, “Насируддини Тусӣ ва исмоилиёни давраи Аламут” дар маҷмӯаи мақолоти устод Башар, маркази пажуҳишии Мероси мактуб, 1391ҳ.ш.
  39. Эзадӣ ва Аҳмадпаноҳ, “Мазҳаби Хоҷа Насируддини Тусӣ ва таъсири он бар таъомули вай бо исмоилиёни назорӣ”, саҳ.36.
  40. Неъмат, Фалосифат-уш-шиъа, 1987м., саҳ.535.
  41. Лоҳиҷӣ, Гавҳари мурод, 1383ҳ.ш., саҳ.702.
  42. Иброҳимии Динонӣ, “Суханронӣ дар сарои аҳли қалам”, саҳ.11
  43. Ниг.: Хисравпаноҳ, “Хоҷа Насир муассиси каломи фалсафӣ” [1] ва ал-Аъсам ва Имодӣ, “Хоҷа Насир, мубтакири равиши фалсафӣ дар каломи шиа” [2]
  44. Мутаҳҳарӣ, Ошноӣ бо улуми исломӣ, ҷ.2, саҳ.57.
  45. Маъсумии Ҳамадонӣ, Устоди башар, 1391ҳ.ш., саҳ.12.
  46. Нигоҳ кунед: Фараҳот, Андешаҳои фалсафӣ ва каломии Хоҷа Насируддини Тусӣ, 1389ҳ.ш., саҳ.97.
  47. Муллосадро, Асфор, 1981м., ҷ.2, саҳ.149.
  48. Теҳронӣ, Оқобузург, аз-Зариъа ило тасониф-иш-шиъа, 1389ҳ.қ., ҷ.37, саҳ.392.
  49. Сайти Ганҷур, Ризоқулихони Ҳидоят, Тазкирату риёз-ил-орифинhttps: //ganjoor. net/rhedayat/riazolarefin/rowze2/sh95
  50. Хумайнӣ, Рӯҳуллоҳ, Шарҳи арбаъин ҳадис, ҷ.1, саҳ.271.
  51. Хумайнӣ, Рӯҳуллоҳ, Шарҳи арбаъин ҳадис, ҷ.1, саҳ.661.
  52. «Панҷуми исфанд; рӯзи муҳандисӣ, ёдбуди Хоҷа Насируддини Тусӣ», вебгоҳи Офтоб онлайн.
  53. Мутаҳҳарӣ, Ёддоштҳо, ҷ.15, саҳ.205. https: //lms. motahari. ir/book - page/151/ёддошт‏ҳо, % 20ҷ.15и ?и page=204
  54. Мударрисии Разавӣ, Аҳвол ва осори Хоҷа Насируддин, 1354ҳ.ш., саҳ.238.
  55. Садроии Хуӣ, Китобшиносии Таҷрид-ул-эътиқод, 1382ҳ.ш., саҳ.35.
  56. Хонсорӣ, Равзот-ул-ҷаннот, 1390ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.302.
  57. Мударрисии Разавӣ, Аҳвол ва осори Хоҷа Насируддин, 1354ҳ.ш., саҳ.241 ва 242.
  58. Мударрисии Разавӣ, Аҳвол ва осори Хоҷа Насируддин, 1354ҳ.ш., саҳ.249.
  59. Мударрисии Разавӣ, Аҳвол ва осори Хоҷа Насируддин, 1354ҳ.ш., саҳ.252 то 257.
  60. Мударрисии Разавӣ, Аҳвол ва осори Хоҷа Насируддин, 1354ҳ.ш., саҳ.257 то 261.
  61. Фараҳот, Андешаҳои фалсафӣ ва каломии Хоҷа Насируддини Тусӣ, 1389ҳ.ш., саҳ.71
  62. Насируддини Тусӣ, Шарҳи ишорот, ҷ.2, саҳ.146.
  63. Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1413ҳ.қ., муқаддимаи мусаҳҳеҳ, саҳ.5.
  64. Насируддини Тусӣ, Таҷрид-ул-эътиқод, 1407ҳ.қ., муқаддимаи муҳаққиқ, саҳ.71.
  65. Мударрисии Разавӣ, Аҳвол ва осори Хоҷа Насируддин, 1354ҳ.ш., саҳ.420.
  66. Мударрисии Разавӣ, Аҳвол ва осори Хоҷа Насируддин, 1354ҳ.ш., саҳ.420.
  67. Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1413ҳ.қ., муқаддимаи мусаҳҳеҳ, саҳ.5.
  68. Мударрисии Разавӣ, Аҳвол ва осори Хоҷа Насируддин, 1354ҳ.ш., саҳ.9.

Ёддошт

  1. Камолиддн Муҳаммад Ҳосиб, аз донишварони номӣ дар риёзиёт ва шогирди Афзалуддини Кошонӣ
  2. Фаридуддин Домоди Нишобурӣ, аз шогирдони имом Фахри Розӣ
  3. Зиҷ, муарраби калимаи зиг ба маънои китобе аст, ки мунаҷҷимон аҳвол ва ҳаракоти афлок ва кавокибро аз он маълум кунанд. Ва низ номи илме аст дар усули аҳкоми илми нуҷуму ҳайат, ки тақвим аз он истихроҷ кунанд. Деҳхудо, Луғатнома, зайли зиҷ.

Сарчашма

  • Ал-Амин, Ҳасан, ал-Исмоъилийюн ва-л-муғул ва Насируддин ал-Тусӣ, Қум, муассисаи Доиратулмаорифи ал-Фиқҳ-ул-исломӣ, 1426ҳ.қ./2005м.
  • Ал-Аъсам, Абдуламир ва Абдурасул Имодӣ, “Хоҷа Насир, мубтакири равиши фалсафӣ дар каломи шиа”, Фарҳанг, № 61 ва 62, соли 1386.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Кашф-ул-мурод фи шарҳи Таҷрид-ул-эътиқод, таҳқиқи Ҳасан Ҳасанзода Омулӣ, Қум, муассисаи Нашри исломӣ, чопи чаҳорум, 1413ҳ.қ.
  • Амин, Сайидмуҳсин, Аъён-уш-шиъа, таҳқиқи Ҳасан ал-Амин, Бейрут, Дорул-таъоруф, 1986м.
  • Амин, Сайидҳасан, “Хоҷа Насируддини Тусӣ ва нақши ӯ дар густариши ташайюъ ва ҳифзи осори исломӣ”, тарҷумаи Маҳдии Зандия, Шиашиносӣ, № 5, баҳори 1383ҳ.ш.
  • Бахши фалсафа ва каломи доиратулмаорифи бузурги исломӣ, «оғоз ва анҷом», дар доиратулмаорифи бузурги исломӣ, ҷ.1, Теҳрон, Нашри маркази доиратулмаорифи бузурги исломӣ, 1367ҳ.ш.
  • Видаҳон, Оелҳорд, «Хоҷа Насируддини Тусӣ», тарҷумаи Соро Ҳоҷҳусайнӣ, дар Маҷмӯаи мақолоти Устоди башар: пажуҳишҳое дар зиндагӣ, рӯзгор, фалсафа ва илми Хоҷа Насируддини Тусӣ, Теҳрон, Маркази пажуҳишии мероси мактуб, 1391ҳ.ш.
  • Дафтарӣ, Фарҳод, “Насируддини Тусӣ ва исмоилиёни давраи Аламут”, тарҷумаи Фотима Раҳимӣ, дар маҷмӯаи мақолоти Устоди башар: пажуҳишҳое дар зиндагӣ, рӯзгор, фалсафа ва илми Хоҷа Насируддини Тусӣ, Теҳрон, Маркази пажӯҳишии мероси мактуб, 1391ҳ.ш.
  • Зайдон, Ҷурҷӣ, Таърих-ут-тамаддун-ил-исломӣ, Миср, 1914м.
  • Ибни Касир, Исмоил ибни Умар, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, таҳқиқи Доктор Абдуллоҳ ибни Абдулмуҳсин ат-Туркӣ, Миср, Ҳиҷр лил-табоъати ван-нашри ват-тавзиъи вал-эълон, 1997м.
  • Ибни Таймийя, Аҳмад ибни Абдулҳалим, Минҳоҷ-ус-суннат-ин-набавийя фи нақзи калом-иш-шиъат-ил-қадарийя, ал-Саъудия, Ҷомеъатул-имом Муҳаммад ибни Сауд ал-исломийя, 1406ҳ.қ.
  • Иброҳимии Динонӣ, Ғуломҳусайн, “Суханронӣ дар сарои аҳли қалам”, рӯзномаи Ҷоми ҷам, 6 баҳмани 1389, саҳифаи 11
  • Катбӣ, Муҳаммад ибни Шокир, Фавот-ул-вафаёт, ба кӯшиши Эҳсон Аббос, Бейрут, 1974м.
  • Лоҳиҷӣ, Файёз, Гавҳари мурод, Теҳрон, Соя, 1383ҳ.ш.
  • Маъсумии Ҳамадонӣ, Ҳусайн, Устоди башар: пажуҳишҳое дар зиндагӣ, рӯзгор, фалсафа ва илми Хоҷа Насируддини Тусӣ, Теҳрон, Маркази пажуҳишии мероси мактуб, 1391ҳ.ш.
  • Мударрисии Разавӣ, Муҳаммадтақӣ, Аҳвол ва осори Хоҷа Насируддин, Бунёди фарҳанги Эрон, 1354ҳ.ш.
  • Муллосадро, Муҳаммад ибни Иброҳим, Асфор, ношир: Дору эҳёил-туросил-арабӣ, бо ҳошияи Аллома Таботабоӣ, Бейрут, чопи сеюм, 1981м.
  • Муттақӣ, Ҳусайн, «Китобшиносии усули ҳандасаи Уқлидус, бо таъкид бар таҳрири Хоҷа Насируддини Тусӣ» дар Хоҷапажуҳишӣ, Теҳрон, хонаи китоб, 1390ҳ.ш.
  • Насируддини Тусӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни-л-Ҳасан, Таҷрид-ул-эътиқод, Теҳрон: Мактабул-эъломил-исломӣ - маркази ал-нашр, 1407ҳ.қ.
  • Насируддини Тусӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Тансухномаи Илхонӣ, тасҳеҳи Муҳаммадтақии Мударриси Разавӣ, Теҳрон, Иттилоот, чопи дувум, 1363ҳ.ш.
  • Насируддини Тусӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Таҷрид-ул-эътиқод, таҳқиқи Муҳаммадҷавод Ҳусайнии Ҷалолӣ, Теҳрон, Мактабул-эъломил-исломӣ, чопи аввал, 1407ҳ.қ.
  • Неъмат, Абдуллоҳ, Фалосифат-уш-шиъа, ҳётуҳум ва ороуҳум, Бейрут, Дорул-фикрил-лубнонӣ, 1987м.
  • Ожанд, Яъқуб, “Коркарди ду сӯяи китобхона дар давраи муғулони Эрон китобороӣ ва китобдорӣ”, таҳқиқоти Китобдорӣ ва итилоърасонии донишгоҳӣ, № 38, баҳори 1381ҳ.ш.
  • Оқсароӣ, Маҳмуд ибни Маҳмуд, Мусомират-ул-ахбор, Теҳрон, Асотир, 1362ҳ.ш.
  • Рамазонӣ, Ҳасан, Муруре бар осор ва таълифоти Аллома Ҳасанзода Омулӣ, Ниҳоди намояндагии мақоми муаззами раҳбарӣ дар донишгоҳҳои Теҳрон ва улуми пизишкӣ, 1374ҳ.ш.
  • Садроии Хуӣ, Алӣ, Китобшиносии Таҷрид-ул-эътиқод, ба кӯшиши Сайидмаҳмуд Маръашии Наҷафӣ, Қум, китобхонаи бузурги ҳазрати Оятуллоҳилъузмо Маръашии Наҷафӣ, 1382ҳ.ш./1424ҳ.қ./2003м.
  • Солеҳӣ, Розия ва Муҳаммадҳасан Идрисӣ, “Хоҷа Насируддини Тусӣ ва фатҳи Бағдод”, Таърихи Ислом, № 36, меҳри 1387ҳ.ш.
  • Фараҳот, Ҳонӣ, Андешаҳои фалсафӣ ва каломии Хоҷа Насируддини Тусӣ, тарҷумаи Ғуломризо Ҷамшеднжод, Теҳрон, Маркази пажӯҳишии мероси мактуб, 1389ҳ.ш.
  • Хисравпаноҳ, Абдулҳусайн, “Хоҷа Насир муассиси каломи фалсафӣ”, дар пойгоҳи муассисаи ҳикмат ва фалсафаи Эрон
  • Хонсорӣ, Муҳаммадбоқир, Равзот-ул-ҷаннот, Қум, Деҳқонӣ (Исмоилиён), 1390ҳ.қ.
  • Ҳасанзода Омулӣ, Ҳасан, Ҳазору як калима, Қум, Бустони китоб, чопи сеюм, 1381ҳ.ш.
  • Эзадӣ, Ҳусайн ва Мутаҳҳарасодот Аҳмадпаноҳ, “Мазҳаби Хоҷа Насируддини Тусӣ ва таъсири он бар таъомули вай бо исмоилиёни назорӣ”, Таърихи Ислом, № 41 ва 42, баҳор ва тобистони 1389ҳ.ш.