Ахлоқи носирӣ (китоб)
Нависанда | Хоҷа Насируддини Тӯсӣ |
---|---|
Мавзуъ | Ахлоқ |
Забон | Форсӣ |
Ахлоқи носирӣ (форсӣ: اخلاق ناصری) китобест дар бораи ахлоқи шахсӣ, иҷтимоӣ ва хонаводагӣ асари Хоҷа Насируддин Тӯсӣ (597 - 672ҳ.қ.). Забони ин китоб форсӣ ва бахшҳое аз он тарҷума ва таҳрири китоби Таҳзиб-ул-ахлоқ навиштаи Абӯалӣ Мискавайҳ аст. Насри китоб барои форсизабонони ошно бо истилоҳоти илмӣ-фалсафӣ, равон дониста шудааст.
Равиши китоб дар пардохтан ба масоили ахлоқӣ, равиши ақлӣ-таҳлилӣ аст ва аз ҷойгоҳи табиб, барои саломати ҷон ва дур кардани бемориҳои рӯҳӣ аз он, сухан мегӯяд. Роҳҳои ҳифзи саломати нафас ва муолиҷаи амрози он, баёни маротиби саодат, тадбири амволу авлод, фазилати муҳаббату садоқат ва низ одоби ҳукуматдорӣ ва муошират бо мардум, бахшҳое аз матолиби китоби Ахлоқ носирӣ аст.
Ин китоб ки қадимитарин асари дар дастрас аз Хоҷа Насируддин Тӯсӣ дониста шудааст, дар соли 633 қамарӣ ба дархости Носириддин Муҳташам, ҳокими назориёни исмоъилӣ навишта шудааст. Хоҷа Насир дар муқаддимаи китоб ба мадҳу ситоиши ҳокимони исмоъилия пардохтааст. Вай пас аз раҳоӣ аз ҳукумати исмоъилӣ, мадҳу ситоиши мазкурро ҳазф кард ва онро ношӣ аз изтирор донист.
Хоҷа Насируддин Тӯсӣ, худ хулосае аз китоби Ахлоқи носириро бо унвони Авсоф-ул-ашроф, таълиф кардааст. Ҳамчунин шарҳҳое монанди Мифтоҳ-ул-ахлоқ ва Тавзеҳ-ул-ахлоқ бар Ахлоқи носирӣ навишта шудааст. Ахлоқи носирӣ аз соли 1269 қамарӣ борҳо дар Эрон ва Ҳинд чоп шуда ва Муҷтабо Минавӣ ба ҳамроҳи Алиризо Ҳайдарӣ, нусхаи таҳқиқшудае аз онро дар соли 1356ҳ.ш. интишор додаанд.
Нависанда
- Мақолаи аслӣ: Хоҷа Насируддини Тӯсӣ
Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Ҳасани Тӯсӣ, машҳур ба Хоҷа Насируддин Тӯсӣ дар соли 597ҳ.қ. зода шуд.[1] Вай китоби Ахлоқи носириро дар 36-солагӣ навишт.[2] Хоҷа Насири Тӯсӣ, дар ҳукумати Ҳалокухони муғул, вазир буд ва ҷилавгирӣ аз нобудии китобҳо дар ҷараёни фатҳи Бағдод, ва ҳамчунин эҷоди расадхонаи Мароға ва китобхонаи он, аз иқдомоти ӯ дониста шудааст.[3] Китоби Таҷрид-ул-эътиқод, дар илми калом, Тазкираи насирия дар илми ҳайат, Асос-ул-иқтибос дар мантиқ ва Шарҳи Ишорот дар мантиқ ва ҳикмат, аз муҳимтарин осори ӯст.[4]
Муҳтаво
Китоби Ахлоқи носирӣ, ба забони форсӣ,[5] мавзуъоте аз ҷумла ахлоқи шахсӣ, ахлоқи иҷтимоӣ ва ахлоқи хонаводагиро дарбар мегирад ва камтар ба ахлоқи бандагӣ мепардозад.[6] Хоҷа Насируддин Тӯсӣ, дар бахшҳои муҳиммӣ аз асари худ, аз китоби Таҳзиб-ул-ахлоқи Абӯалӣ Мискавайҳ баҳра ҷуста[7] ва ба ҳамин сабаб, Ахлоқи носирӣ, тарҷумае аз китоби Мискавайҳ ба ҳамроҳи изофот дониста шудааст.[8]
Ахлоқи носирӣ, пас аз муқаддимаи кӯтоҳе дар таърифи ҳикмат ва ҳикмати амалӣ, дар қолаби се мақола нигошта шудааст;
- Мақолаи аввал, тарҷума ва хулосае аз китоби Таҳзиб-ул-ахлоқи Мискавайҳ аст ва ба таърифи нафсу қувои нафсонӣ мепардозад. Баёни фазоилу разоили ҳар як аз қувои инсонӣ ва ҳамчунин баёни маротиби саодат, ҳифзи саломати нафс ва муолиҷаи амрози он, матолиби дигари ин мақола аст.[9] Хоҷа Насири Тӯсӣ, дар ин бахш танҳо ба тарҷума иктифо накарда ва дар мавориде, тавзеҳоти мухтасар, ҳикоятҳо ва шавоҳиде ба матни аслӣ афзудааст.[10]
- Мақолаи дувум, дар бораи сабаби эҳтиёҷ ба манзил ва аркони он, тадбири амвол, тадбири авлод ва низ тадбири умури ходимон аст.[11] Бахши тадбири авлод дар ин мақола, тарҷумаи озод аз китоби Таҳзиб-ул-ахлоқ дониста шудааст.[12]
- Мақолаи сеюм, дар бораи сиёсати мудун навишта шуда ки шомили ҳашт фасл аст; аз ҷумла баёни эҳтиёҷ ба тамаддун, фазилати муҳаббат, ақсоми иҷтимоъот (Мадинаи фозила, ғайрифозила, ҷоҳила ва...), одоби подшоҳон, фазилати садоқат, чигунагии муошират бо мардум ва ҳамчунин васиятҳои Афлотун.[13] Ду бахш аз ин мақола, яъне фазилати муҳаббат ва фазилати садоқат, умдатан тарҷумаи мақолаи панҷуми Таҳзиб-ул-ахлоқи Мискавайҳ аст.[14]
Моҷарои нигориш
Хоҷа Насири Тӯсӣ (ваф.672ҳ.қ.), Ахлоқи носириро дар ҳаволии соли 633 қамарӣ,[15] ба дархости Носириддин Абдурраҳим ибни Абимансури Муҳташам, ҳокими назориёни исмоъилӣ дар Қуҳистон[Ёддошт 1] навишт ва аз ҳамин рӯ онро Ахлоқи носирӣ номид.[16] Хоҷа Насири Тӯсӣ дар муқаддимаи китоб, ба таҷлил аз Алоуддин Муҳаммад ва Носириддин Муҳташам пардохта ва Носириддинро подшоҳи подшоҳони арабу аҷам дониста буд.[17]
Вай пас аз раҳоӣ аз ҳукумати Исмоилиён, мадҳу ситоиши ҳокимони исмоъилияро аз муқаддимаи китоб ҳазф кард ва онро ношӣ аз изтирори худ дар даврони ҳукумати Исмоилиён донист.[18] Вай ба тавсияи Абдулазиз Нишобурӣ, дар соли 663 қамарӣ, матолибе дар бораи ҳуқуқи волидайн ба китоб афзуд.[19]
Ахлоқи носирӣ, қадимитарин асари Хоҷа Насируддин Тӯсӣ дониста шуда ки дар дастрас аст.[20]
Вижагиҳо
Матни Ахлоқи носирӣ, илмӣ ва мутқан дониста шуда, ки барои форсизабонони ошно бо истилоҳоти илмӣ-фалсафӣ ва низ мутуни куҳани форсӣ, равон асту вожаҳои ғариб камтар дар он ба чашм мехӯрд.[21] Ин китоб, равиши фалсафӣ дорад ва аз ҳамин рӯ, истинод ба оёт ва ривоёт дар он бисёр кам аст.[22] Бо ин ҳол, Хоҷа Насируддин Тӯсӣ, дар мавориди андаке, оят ё ривоятеро бар матни аслӣ ки мутаъаллиқ ба Абӯалӣ Мискавайҳ буда, афзудааст.[23]
Равишу сабки китоби Ахлоқи носирӣ, комилани ҳамсон бо Таҳзиб-ул-ахлоқи Мискавайҳ дониста шуда[24] ки бар ин асос, Ахлоқи носирӣ, асаре ақлӣ-таҳлилӣ аст ва муаллиф дар садади табйини мафоҳими ахлоқист.[25] Ахлоқи носирӣ, дунболаи осори ахлоқие дониста шуда, ки нигоҳи пизишкӣ ба ахлоқ доранд ва аз ҷойгоҳи табиб, барои саломати ҷон ва дур кардани бемориҳои рӯҳӣ сухан мегӯяд.[26]
Муҳимтарин нақди муҳтавоӣ бар Ахлоқи носирӣ, ба воситаи матолибе аст, ки дар бораи одоби майгусорӣ дар он баён шуда ва ноҳамсоз бо шаъни илмӣ ва динии Хоҷа Насируддин Тӯсӣ дониста шудааст.[27]
Нусхаҳо ва чопҳо
Нусхаҳои хаттии фаровоне аз Ахлоқи носирӣ дар китобхонаҳои Эрон, Тоҷикистон ва нуқоти дигар дар дастрас аст;[28] яке аз қадимитарин нусхаҳо ки дар соли 676 қамарӣ нигошта шуда, дар китобхонаи шахсии Маҳмадалии Хонсорӣ дар Наҷаф нигаҳдорӣ мешудааст.[29] Нусхаҳои дигар дар китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ ва китобхонаи миллии Ҷумҳурии исломии Эрон нигаҳдорӣ мешавад.[30] Нусхае ҳам таҳти рақами инвентарии 1048 дар шуъбаи Дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфуз аст.[31]
Ахлоқи носирӣ, борҳо дар Эрон ва Ҳинд ба чоп расидааст.[32] аз ҷумла аз соли 1269 қамарӣ, борҳо дар Лакнаҳу, Бомбай ва Лоҳур, аз шаҳрҳои Ҳинд чоп шудааст.[33] Ба илова дар соли 1320 шамсӣ ба тасҳеҳи Ҷалоли Ҳумоӣ ва ҳамчунин дар Табрез ба замимаи китоби Авсоф-ул-ашроф мунташир шуд.[34] Нусхаи таҳқиқии Муҷтабо Минавӣ ва Алиризо Ҳайдарӣ дар соли 1356ҳ.ш. ки дар Теҳрон чоп шуд ва чопи ҳамроҳ бо муқаддимаи Бузурги Алавӣ, намунаи дигаре аз чопҳои мухталифи Ахлоқи носирӣ аст.[35]
Шарҳҳо ва талхисҳо
Ахлоқи носирӣ, шарҳҳо ва хулосаҳои гуногуне дорад; аз ҷумла Авсоф-ул-ашроф ки хулосаи китоб аст ва тавассути Хоҷа Насируддин Тӯсӣ, нависандаи Ахлоқи носирӣ навишта шудааст.[36] Бархе аз ин шарҳҳо ва талхисҳо иборатанд аз:
Авсоф-ул-ашроф, хулосаи Ахлоқи носирӣ, навиштаи Хоҷа Насируддин Тӯсӣ ба забони форсӣ.[37] Ин китоб борҳо дар Эрон[38] ва Ҳиндустон чоп шудааст.[39]
Мифтоҳ-ул-ахлоқ, шарҳест бар китоби Ахлоқи носирӣ ки тавассути Амир Алоуддин Ҳусайни Омулӣ навишта шудааст.[40]
Тавзеҳ-ул-ахлоқ, шарҳ дигарест аз Амир Алоуддин Ҳусайни Омулӣ ки ба дастури Шоҳ Сафӣ дар соли 1051 қамарӣ навишта шуда ва матни равшантаре дар муқоиса бо Мифтоҳ-ул-ахлоқ дорад.[41]
Китоби Ахлоқи носирӣ, тавассути шарқшиноси англисӣ-канадаӣ, Ҷорҷ Майкл Викенз (ваф.2006) тарҷума ва дар соли 1964 дар Лондон ба чоп расид.[42]
Эзоҳ
- ↑ Аҳмадпур, Китобшинохти ахлоқи исломӣ, 1385ҳ.ш., саҳ.143
- ↑ Аҳмадпур, Китобшинохти ахлоқи исломӣ, 1385ҳ.ш., саҳ.143
- ↑ Аҳмадпур, Китобшинохти ахлоқи исломӣ, 1385ҳ.ш., саҳ.143
- ↑ Аҳмадпур, Китобшинохти ахлоқи исломӣ, 1385ҳ.ш., саҳ.143 - 144
- ↑ Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1355ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.380; Аҳмадпур, Китобшинохти ахлоқи исломӣ, 1385ҳ.ш., саҳ.144
- ↑ Аҳмадпур, Китобшинохти ахлоқи исломӣ, 1385ҳ.ш., саҳ.146
- ↑ Аҳмадпур, Китобшинохти ахлоқи исломӣ, 1385ҳ.ш., саҳ.147 - 148
- ↑ Маръашӣ, Китобшиносии дастнавиштаҳои осори Аллома Хоҷа Насируддин Муҳаммади Тӯсӣ, саҳ.43; Аҳмадпур, Китобшинохти ахлоқи исломӣ, 1385ҳ.ш., саҳ.149
- ↑ Аҳмадпур, Китобшинохти ахлоқи исломӣ, 1385ҳ.ш., саҳ.147
- ↑ Аҳмадпур, Китобшинохти ахлоқи исломӣ, 1385ҳ.ш., саҳ.147
- ↑ Аҳмадпур, Китобшинохти ахлоқи исломӣ, 1385ҳ.ш., саҳ.147
- ↑ Аҳмадпур, Китобшинохти ахлоқи исломӣ, 1385ҳ.ш., саҳ.148
- ↑ Аҳмадпур, Китобшинохти ахлоқи исломӣ, 1385ҳ.ш., саҳ.148
- ↑ Аҳмадпур, Китобшинохти ахлоқи исломӣ, 1385ҳ.ш., саҳ.148
- ↑ Аҳмадпур, Китобшинохти ахлоқи исломӣ, 1385ҳ.ш., саҳ.144
- ↑ Маръашӣ, Китобшиносии дастнавиштаҳои осори Аллома Хоҷа Насируддин Муҳаммади Тӯсӣ, саҳ.43; Хоҷа Насируддин Тӯсӣ, Ахлоқи носирӣ, 1413ҳ.қ., саҳ.4
- ↑ Маръашӣ, Китобшиносии дастнавиштаҳои осори Аллома Хоҷа Насируддин Муҳаммади Тӯсӣ, саҳ.44
- ↑ Хоҷа Насируддин Тӯсӣ, Ахлоқи носирӣ, 1413ҳ.қ., саҳ.3; Аҳмадпур, Китобшинохти ахлоқи исломӣ, 1385ҳ.ш., саҳ.144; Маръашӣ, Китобшиносии дастнавиштаҳои осори Аллома Хоҷа Насируддин Муҳаммади Тӯсӣ, саҳ.44
- ↑ Маръашӣ, Китобшиносии дастнавиштаҳои осори Аллома Хоҷа Насируддин Муҳаммади Тӯсӣ, саҳ.44
- ↑ Аҳмадпур, Китобшинохти ахлоқи исломӣ, 1385ҳ.ш., саҳ.148
- ↑ Аҳмадпур, Китобшинохти ахлоқи исломӣ, 1385ҳ.ш., саҳ.148
- ↑ Аҳмадпур, Китобшинохти ахлоқи исломӣ, 1385ҳ.ш., саҳ.148
- ↑ Аҳмадпур, Китобшинохти ахлоқи исломӣ, 1385ҳ.ш., саҳ.148
- ↑ Аҳмадпур, Китобшинохти ахлоқи исломӣ, 1385ҳ.ш., саҳ.148
- ↑ Аҳмадпур, Китобшинохти ахлоқи исломӣ, 1385ҳ.ш., саҳ.132
- ↑ Аҳмадпур, Китобшинохти ахлоқи исломӣ, 1385ҳ.ш., саҳ.132
- ↑ Аҳмадпур, Китобшинохти ахлоқи исломӣ, 1385ҳ.ш., саҳ.149
- ↑ Аҳмадпур, Китобшинохти ахлоқи исломӣ, 1385ҳ.ш., саҳ.144
- ↑ Аҳмадпур, Китобшинохти ахлоқи исломӣ, 1385ҳ.ш., саҳ.144
- ↑ Аҳмадпур, Китобшинохти ахлоқи исломӣ, 1385ҳ.ш., саҳ.144
- ↑ Дастхатҳои нодир. “Ахлоқи Носирӣ”, сомонаи расмии Китобхонаи миллии Тоҷикистон
- ↑ Маръашӣ, Китобшиносии дастнавиштаҳои осори Аллома Хоҷа Насируддин Муҳаммади Тӯсӣ, саҳ.45
- ↑ Маръашӣ, Китобшиносии дастнавиштаҳои осори Аллома Хоҷа Насируддин Муҳаммади Тӯсӣ, саҳ.45
- ↑ Маръашӣ, Китобшиносии дастнавиштаҳои осори Аллома Хоҷа Насируддин Муҳаммади Тӯсӣ, саҳ.45; Аҳмадпур, Китобшинохти ахлоқи исломӣ, 1385ҳ.ш., саҳ.144
- ↑ Аҳмадпур, Китобшинохти ахлоқи исломӣ, 1385ҳ.ш., саҳ.144
- ↑ Аҳмадпур, Китобшинохти ахлоқи исломӣ, 1385ҳ.ш., саҳ.145
- ↑ Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1356ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.477; Аҳмадпур, Китобшинохти ахлоқи исломӣ, 1385ҳ.ш., саҳ.145
- ↑ Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1356ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.477
- ↑ Аҳмадпур, Китобшинохти ахлоқи исломӣ, 1385ҳ.ш., саҳ.145
- ↑ Аҳмадпур, Китобшинохти ахлоқи исломӣ, 1385ҳ.ш., саҳ.145
- ↑ Аҳмадпур, Китобшинохти ахлоқи исломӣ, 1385ҳ.ш., саҳ.145
- ↑ Аҳмадпур, Китобшинохти ахлоқи исломӣ, 1385ҳ.ш., саҳ.145
Ёддошт
- ↑ Сарзамине дар маркази фалоти Эрон дар ҷануби Хуросон
Сарчашма
- Оқобузурги Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсин, аз-Зариъаи ило тасониф-иш-шиа, ҷ.1, Бейрут, Дор-ул-азво, 1355ҳ.қ.
- Оқобузурги Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсин, аз-Зариъаи ило тасониф-иш-шиа, ҷ.2, Бейрут, Дор-ул-азво, 1356ҳ.қ.
- Аҳмадпур, Маҳдӣ ва Муҳаммадтақии исломӣ ва Муҳаммади олами зодаи нурӣ ва Маҳдӣ ализода, Китобшинохти ахлоқи исломӣ, Қум, пажӯҳишгоҳи улуму фарҳанги исломӣ, 1385ҳ.ш.
- Хоҷа Насируддин Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Ҳасан, Ахлоқи носирӣ, Теҳрон, Интишороти илмияи исломия, 1413ҳ.қ.
- Маръашӣ, Маҳмуд, ктобшносии дасти навиштаҳои осори алломаи Хоҷа Насируддин Муҳаммади Тӯсӣ, Қум, Китобхонаи бузурги ҳазрати Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, 1387ҳ.ш./1430ҳ.қ./2009м.