Умра

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Умрагузор)

Умра маҷмуае аз аъмол аст монанди маносики ҳаҷ ки дар зиёрати каъба анҷом мешавад. Анҷом додани умра дар сурати вуҷуди шароиташ, як бор дар умр, воҷиб ва бештар аз он мустаҳаб аст. Умра ду навъ аст: умраи таматтуъ ва умраи муфрада. Умраи таматтуъ бахше аз аъмоли ҳаҷ аст ва дар моҳҳои ҳаҷ анҷом мешавад.

Умра монанди ҳаҷ, бо чаҳор шарти ақл, булӯғ, озод будан (барда набудан) ва иститоат, воҷиб мешавад. Эҳром, тавоф, намози тавоф, саъйи байни Сафоу Марва ва тақсир аз маносик умраанд. Умраи муфрада ва умраи таматтуъ дар бархе маносик бо ҳам тафовут доранд.

Бар пояи аҳодис, умраи моҳи раҷаб, аз умраи дигар моҳҳо бофазилаттар аст.

Таърифи фиқҳӣ ва ақсом

Умра ба аъмоли шаръии хосе гуфта мешавад, ки дар Макка ва миқот[1] ба манзури зиёрати хонаи Худо анҷом мешавад.[2] Умра ба ду навъи умраи таматтуъ ва умраи муфрада тақсим мешавад.[3]

Умраи таматтуъ, умраест, ки ҳамроҳ бо ҳаҷҷи таматтуъ анҷом мешавад ва аз аҷзои он аст.[4] Умраи муфрада ҳам ба умрае мегӯянд ки ба сурати ҷудо аз ҳаҷ анҷом мешавад.[5]

Ҳукми фиқҳӣ

Ба фатвои фақиҳон, анҷом додани умра, монанди ҳаҷ, бар ҳар мусулмоне ки шароиташро дошта бошад, як бор дар тӯли умр, воҷиб аст.[6] Вуҷуби умра аз навъи воҷиб фаврӣ аст.[7] Анҷом додани умра беш аз як бор, мустаҳаб аст.[8]

Соҳиби Ҷавоҳир навиштааст, ки фақиҳон бар воҷиб будани умра иҷмоъ доранд.[9] Ба гуфта вай вуҷуби умра ҳам дар аҳодис ва ҳам дар Қуръон баён шудааст, ки аз он миён, ояи 196 сураи Бақара аст: «Ва барои Худо ҳаҷ ва умраро ба поён расонед.»[10]

Бар касе ки ҳаҷҷи таматтуъ анҷом дода, ки ҳамроҳи он умраи таматтуъ низ анҷом мешавад, воҷиб нест, ки умраи муфрада ҳам анҷом диҳад.[11]

Шароити вуҷуби умра

Шароити вуҷуби умра, монанди шароити вуҷуби ҳаҷ аст;[12] яъне умра замоне воҷиб мешавад ки инсон оқил, болиғ ва озод бошад (барда набошад), ва ҳамчунин иститоат дошта бошад.[13] Иститоат, яъне бархӯрдорӣ аз тавоноии ҷисмӣ ва молӣ, доштани замони кофӣ ва боз будани роҳҳо.[14]

Маносики умра

Умраи муфрада ва умраи таматтуъ дар бархе маносик муштараканд ва дар бархе дигар бо ҳам тафовут доранд. Дар ҳар ду умра ба тартиб ин аъмол анҷом мешаванд: эҳром, тавоф, намози тавоф, саъйи байни Сафоу Марва ва тақсир.[15] Тафовутҳои онҳо ҳам ба шарҳ зераст:

Дар умраи муфрада баъд аз мавориди фавқ, тавофи нисо ва намози тавофи нисо ҳам бояд анҷом шавад. Эҳром дар умраи таматтуъ танҳо дар моҳҳои махсуси ҳаҷ (шаввол, зилқаъда, зилҳиҷҷа) анҷом мешавад, вале дар умраи муфрада замони хосе надорад. Дар умраи муфрада, метавон ба ҷои тақсир (чидани миқдоре аз мӯ ё нохун) амали ҳалқ(тарошидани сар)-ро анҷом дод; аммо дар умраи таматтуъ фақат бояд тақсир анҷом дод.[16] Миқоти умраи таматтуъ бояд яке аз миқотҳои панҷгона аст; аммо миқоти умраи муфрада, илова бар миқотҳои панҷгона метавонад «адналҳил» (яъне, наздиктарин маҳал дар хориҷ аз ҳарам) бошад.[17]

Умраи моҳи раҷаб

Ба гуфта фақиҳон, умраи моҳи раҷаб нисбат ба умра дар моҳҳои дигар фазилати бештарӣ дорад.[18] Ривоёт ҳам дар ин заминаи нақл шудааст; аз ҷумла дар Васоил-уш-шиа, ба нақл аз Паёмбар (с) ва Имом Содиқ (а) омадааст, ки бофазилаттарин умра, умраи моҳи раҷаб аст.[19]

Истилоҳшиносии умра

Умратулислом, умраи таҳаллил ё фавот, умраи мабтула, умраи қирон ва умраи ифрод аз ҷумла истилоҳот дар бора умраанд, ки тавзеҳашон дар зер меояд:

Умратулислом: умраи бори аввалро ки ба худии худ воҷиб аст, умратулислом мегӯянд. Ин умра дар муқобили умраи мустаҳаб ва ҳамчунин умрае қарор дорад ки бо назр ва монанди он воҷиб мешавад.[20] Умраи таҳаллил ё фавот: умрае аст ки дар он ҳаҷҷгузор пас аз эҳром бастан бинобар иллате наметавонад, ҳаҷҷашро тамом кунад. Барои ҳамин, анҷом додани аъмоли ҳаҷ аз ӯҳда ӯ бардошта мешавад ва бояд бо гузордан ин умра аз эҳром хориҷ шавад.[21] Умраи мабтула: номи дигари умра муфрада аст. Ба иллати он ки умраи муфрада ҷудо аз аъмоли ҳаҷ аст, ба он мабтула (буридашуда) мегӯянд.[22] Умраи қирон: умра касест, ки вазифааш ҳаҷҷи қирон аст.[23] Умраи ифрод: ба умра касе мегӯянд ки бояд ҳаҷҷи ифрод анҷом диҳад.[24]

Эзоҳ

  1. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, Бейрут, ҷ.20, саҳ.441
  2. Шайхи Тӯсӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.296; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, Бейрут, ҷ.20, саҳ.441
  3. Муассисаи Доирҳот-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ, 1392ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.479
  4. Муассисаи Доирҳот-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ, 1392ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.481
  5. Муассисаи Доирҳот-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ, 1392ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.485
  6. Барои намуна ниг.: Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.274; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, Бейрут, ҷ.20, саҳ.441
  7. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.277
  8. Шайхи Тӯсӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.297; Гурӯҳи пажӯҳиши Беъсаи Мақоми муаззами Раҳбарӣ, Мунтахаби маносики ҳаҷ, 1426ҳ.қ., саҳ.59
  9. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, Бейрут, ҷ.20, саҳ.441
  10. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, Бейрут, ҷ.20, саҳ.441
  11. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, Бейрут, ҷ.20, саҳ.449
  12. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.274
  13. Маҳмудӣ, Маносики ҳаҷ, 1387ҳ.ш., саҳ.20
  14. Гурӯҳи пажӯҳиши Беъсаи Мақоми муаззами Раҳбарӣ, Мунтахаби маносики ҳаҷ, 1426ҳ.қ., саҳ.21
  15. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.275
  16. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.275-276
  17. Муассисаи Доирҳот-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ, 1392ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.488
  18. Барои намуна ниг.: Шаҳиди Аввал, ад-Дурус-уш-шаръийя, 1417ҳ.қ. ҷ.1, саҳ.337; Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.276
  19. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1409ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.302
  20. Муассисаи Доирҳот-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ, 1392ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.480
  21. Муассисаи Доирҳот-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ, 1392ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.480
  22. Муассисаи Доирҳот-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ, 1392ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.485
  23. Муассисаи Доирҳот-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ, 1392ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.485
  24. Муассисаи Доирҳот-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ, 1392ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.485

Сарчашма

  • Гурӯҳи пажӯҳиши Беъсаи Мақоми муаззами Раҳбарӣ, Мунтахаби маносики ҳаҷ, Теҳрон, нашри Машъар, чопи дуввум, 1426ҳ.қ.
  • Маҳмудӣ, Муҳаммадризо, Маносики ҳаҷ мутобиқ бо фатовои Имом Хумайнӣ ва мароҷеи муаззами тақлид, Теҳрон, нашри Машъар, чопи чаҳорум, 1387ҳ.ш.
  • Муассисаи Доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ мутобиқи мазҳаби Аҳли Байт алайҳимуссалом, Қум, Муассисаи Доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, чопи аввал, 1392ҳ.ш.
  • Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳасан, Шароеъ-ул-Ислом фи масоил-ил-ҳалоли ва-л-ҳаром, таҳқиқ ва тасҳеҳи Абдулҳусайн Маҳмадалии Баққол, Қум, Исмоилён, чопи дуввум, 1408ҳ.қ.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи Шароеъ-ул-Ислом, Бейрут, дор-ул-эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи ҳафтум, 1404ҳ.қ.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳамад ибни Ҳасан, Тафсилу васоил-иш-шиа ило таҳсили масоил-иш-шаръийя, Қум, муассисаи Ол-ул-байт, чопи аввал, 1409ҳ.қ.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳамад ибни Ҳасан, ал-Мабсуту фи-л-фиқҳ-ил-имомийя, таҳқиқ ва тасҳеҳи Сайид Муҳаммадтақии Кашфӣ, Теҳрон, ал-Мактабат-ул-муртазавияту ли иҳё-ил-осор-ил-ҷаъфарийя, чопи сеюм, 1387ҳ.қ.
  • Шаҳиди Аввал, Муҳамад ибни Маккии Омилӣ, ад-Дурус-уш-шаръийяту фи-л-фиқҳ-ил-имомийя, Қум, нашри исломӣ, чопи дуввум, 1417ҳ.қ.