Соли 2 ҳиҷрии қамарӣ
(Тағйири масир аз Соли 2 қамарӣ)
Соли 2 ҳиҷрии қамарӣ, дуюмин сол аз солшумории ҳиҷрии қамарӣ аст. Аввалин рӯзи ин сол; яъне 1 муҳаррам, мутобиқ аст бо сешанбе 16 тири соли 2 шамсӣ ва 8 июли 623 мелодӣ. Ва рӯзи поёни он; яъне 30 зилҳаҷҷа мутобиқ аст бо шанбеи 5 тири соли 3 шамсӣ ва 26 июни 624 мелодӣ.[1]
Пирӯзии мусулмонон дар ғазваи Бадр, тағйири қибла аз Масҷидулақсо ба Каъба ва издивоҷи Имом Алӣ (а) бо ҳазрати Фотима (с) аз ҷумлаи рухдодҳои ин сол дониста шудааст.
Рӯйдодҳо
- Тағйири қибла аз Масҷидулақсо ба Каъба дар 15 раҷаб[2] ё 15 шаъбон.[3]
- Оғози вуҷуби рӯза (28 шаъбон).[4]
- Оғози вуҷуби хумс (17 рамазон) ва закот. [Ниёзманди манбаъ]
- Издивоҷи Имом Алӣ (а) ва ҳазрати Фотима (с). (1 зилҳаҷҷа).[5]
- Эътои лақаби Абутуроб ба Имом Алӣ (а) тавассути Расули Худо (с).[6]
- Ислом овардани Хузайма ибни Собит аз саҳобаи Пайғамбар ва аз ёрони Имом Алӣ (а).[7]
Воқеаҳои ҷангӣ
- Ғазваи Абво, нахустин ғазваи Пайғамбар (с) ки бо қарордоди сулҳ бо қабилаи Замра беҷанг ба поён расид.[8]
- Сарияи Абдуллоҳ ибни Ҷаҳш, ҳамлаи мусулмонон бе иҷозати Пайғамбар (с) ба корвони тиҷории мушрикони Макка.[9]
- Сарияи Ҳамза ибни Абдулмуталлиб алайҳи мушрикон, ки бе задухурд хотима ёфт.[10]
- Пирӯзии мусулмонон бар мушрикони Макка дар ғазваи Бадр. (17 рамазон)[11]
- Ғазваи Банӣ Қақнуқоъ, аввалин ҷанги Пайғамбар (с) бо яҳудиёни Мадина. (15 шаввол).[12]
- Сарияи Убайда ибни Ҳорис ибни Матлаб барои муқобила бо мушриконе, ки эҳтимол дода мешуд ба атрофи Мадина ҳамла кунанд.[13] Табарӣ ин сарияро дар соли аввали қамарӣ донистааст.[14]
- Ғазваи Савиқ барои таъқиби мушриконе, ки баъд аз ғазваи Бадр барои интиқом ба атрофи Мадина ҳамла карданд. (4 зилҳаҷҷа)[15]
Вилодатҳо ва вафотҳо
- Вилодати Амр ибни Ҳариси Махзумӣ, аз коргузорони Умавӣ дар Кӯфа.[16]
- Вафоти Руқайя духтари Пайғамбар (с). (17 рамазон).[17]
- Вафоти Усмон ибни Мазъун, саҳобаи Пайғамбар (с).[18]
- Вафоти Абулаҳаб (24 рамазон), аз душманони сарсахти Ислом.[19]
- Вафоти Толиб ибни Абутолиб, бародари Имом Алӣ (а).[20]
Эзоҳ
- ↑ Сайти табдили санаи ҳиҷрӣ
- ↑ Ибни Исҳоқ, Сираи Ибни Исҳоқ, 1398ҳ.қ., саҳ.299; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.331.
- ↑ Табарӣ, Таърихи ал-Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.416.
- ↑ Яъқубӣ, Таърихи Яъқубӣ, Бейрут, ҷ.2, саҳ.42; Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1959м., ҷ.1, саҳ.272.
- ↑ Ибни Шаҳрошуб, Маноқибу оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.357.
- ↑ Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дорул-маърифат, ҷ.1, саҳ.600.
- ↑ Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.488.
- ↑ Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дорул-маърифат, ҷ.1, саҳ.591.
- ↑ Табарӣ, Таърихи ал-Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.410.
- ↑ Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.371.
- ↑ Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дорул-маърифат, ҷ.1, саҳ.240; Табарӣ, Таърихи ал-Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.418 - 420.
- ↑ Воқидӣ, ал-Мағозӣ, ал-АълАмӣ, ҷ.1, саҳ.176
- ↑ Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дорул-маърифат, ҷ.1, саҳ.591.
- ↑ Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.402.
- ↑ Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дорул-маърифат, ҷ.2, саҳ.44.
- ↑ Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.510.
- ↑ Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.1038.
- ↑ Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.1053; Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.382.
- ↑ Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, Дорусодир, ҷ.4, саҳ.73; Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1959м., ҷ.1, саҳ.131.
- ↑ Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1959м., ҷ.2, саҳ.42.
Сарчашма
- Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф, ба кӯшиши Муҳаммад Ҳамидуллоҳ, Қоҳира, 1959м.
- Воқидӣ, Муҳаммад ибни Умар, ал-Мағозӣ, ал-Аъламӣ, бе то.
- Ибни Абдулбарр, Юсуф ибни Абдуллоҳ, ал-Истиъоб фи маърифат-ил-асҳоб, таҳқиқи Алӣ Муҳаммад Баҷовӣ, Бейрут, Дорулҷил, 1412ҳ.қ.
- Ибни Исҳоқ, Муҳаммад ибни Исҳоқ ибни Ясир, Сираи Ибни Исҳоқ (китоб-ус-сайри ва-л-мағозӣ ), таҳқиқи Суҳайл Заккор, Бейрут, Дорул-фикр, чопи аввал, 1398ҳ.қ.
- Ибни Саъд, Муҳаммад, ат-Табақот-ул-кубро, тасҳеҳи Мустафо ас-Саққо ва дигарон, Бейрут, Дорусодир, бе то.
- Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Исоба фи тамйиз-ис-саҳоба, таҳқиқи Одил Аҳмад Абдулмавҷуд ва Алӣ Муҳаммад Муъавваз, Бейрут, Дорул-кутубил-илмия, 1415ҳ.қ. - 1995м.
- Ибни Ҳишом, Абдулмалик ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, тасҳеҳи Мустафо Саққо ва дигарон, Бейрут, Дорул-маърифат, бе то.
- Ибни Шаҳрошуб, Муҳаммад ибни Алӣ, Маноқибу оли Абитолиб, Қум, интишороти Аллома, 1379ҳ.қ.
- Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих ал-Табарӣ (Таърих-ул-умами ва-л-мулук), Бейрут, Дорул-турос, 1387ҳ.қ.
- Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ, чопи дувум, 1390ҳ.қ.
- Яъқубӣ, Аҳмад ибни Исҳоқ, Таърихи Яъқубӣ, Бейрут, Дорусодир, бе то.