Саъсъаъа ибни Савҳон

Аз wikishia

Саъсаъа ибни Савҳон аз ёрони Имом Алӣ (а) буд, ки дар ҷангҳои Ҷамал, Сиффайн ва Наҳравон иштирок кард. Саъсаъа дар суханварӣ маҳорат дошт ва аз ин маҳорат дар дифоъ аз Имом Алӣ (а) ва интиқод ба Муовия истифода мекард. Имом Алӣ (а) Саъсаъаро аз асҳоби бузурги худ муаррифӣ кардааст. Имом Содиқ (а) ҳам ӯро аз маъдуд афроде донистааст, ки Имом Алӣ (а)-ро он гуна ки шоистааст, шинохт. Масҷиди Саъсаъа дар Кӯфа ба ӯ мансуб аст.

Насаб

Саъсаъа бин Савҳон аз қабилаи Абдулқайс буд. Ӯ дар наздикии Қатиф ба дунё омад ва пас аз муддате дар Кӯфа сокин шуд. Ба ҳамин хотир ӯро «Кӯфӣ» низ хондаанд. Кунияи Саъсаъа «Аботалҳа» будааст. Бародарони ӯ Зайд ва Сайҳон аз шиаёни Имом Алӣ (а) буданд.

Дар замони хулафо

Саъсаъа дар замони Пайғамбари Ислом, ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) мусулмон шуд, вале он ҳазратро надид. Дар замони Умар ибни Хатоб, халифаи дувум, Абумусои Ашъарӣ молеро назди халифа фиристод. Халифа онро тақсим кард ва миқдоре боқӣ монд. Ӯ назари мусулмононро дар мавриди бақияи он мол пурсид. Саъсаъа гуфт: «Дар масоиле бо мардум машварат кун, ки Худованд дар Қуръон роҷеъ ба он чизе нагуфта бошад. Аммо ончи Худованд дар мавриди он ҳукме додааст, ба ҳамон амал кун!».

Саъсаъа аз мухолифони халифаи сеюм дар Кӯфа буд. Халифа, ӯро бо теъдоде, аз ҷумла бародараш Зайд ибни Савҳон ва Молики Аштар ба Шом табъид кард. Манобеи таърихӣ гуфтугӯи интиқодие аз ӯ бо Усмон гузориш кардаанд.

Саҳобии Имом Алӣ (а)

Имом Содиқ (а): «Касе бо Имом Алӣ (а) набуд, ки эшонро он гуна ки шоистааш аст, бишиносад, магар Саъсаъа ва асҳобаш». Ба гуфтаи Шайх Муфид, Саъсаъа аз асҳоби бузурги Имом Алӣ (а) будааст. Ибни Қутайбаи Динурӣ, донишманди қарни сеюми қамарӣ низ номи Саъсаъаро дар гурӯҳи афроди машҳури шиа оварда аст. Ба гузориши Масъудӣ дар китоби «Муруҷ ал-заҳаб», Имом Алӣ (а) Саъсаъаро аз бузургони араб ва руасои асҳоби худ муаррифӣ кардааст. Бар асоси ривояте аз Кулайнӣ, Имом Алӣ (а) ӯро бар васияти худ шоҳид гирифт.

Саъсаъа дар ташйиъи ҷинозаи Имом Алӣ (а) ширкат дошт ва пас аз дафни ӯ бар сари қабраш омад ва дар ҳоле ки хок бар сараш мерехту гиря мекард, суханонеро ба забон овард, ки дар онҳо зимни баёни фазоили Имом Алӣ (а), аз Худо мехост ӯро аз дӯстони Имом Алӣ (а) қарор диҳад ва ба ӯ кумак кунад роҳи ӯро идома диҳад.

Саъсаъа, Имом Алӣ (а)-ро зинатдиҳандаи хилофат медонист ва муътақид буд ӯ ба хилофат арзиш ва мақом дод ва ниёзи хилофат ба Имом Алӣ (а) беш аз ниёзи ӯ ба хилофат аст.

Ҳузур дар ҷанги Ҷамал, Сиффайн ва Наҳравон

Саъсаъа дар ҷангҳои замони ҳукумати Имом Алӣ (а), ширкат кард. Дар ҷанги Ҷамал бародараши Сайҳон, парчамдори қабилаи Абдулқайс буд. Пас аз шаҳодати Сайҳон, бародари дигараш Зайд парчамдор шуд ва пас аз шаҳодати Зайд, Саъсаъа худ парчамро ба даст гирифт.

Дар ҷанги Сиффайн, Саъсаъа фармондеҳи қабилаи Абдулқайси Кӯфа буд. Пеш аз оғози ҷанг, сипоҳи Муовия бар об мусаллат шуда буд ва иҷозати дастрасии сипоҳи Имом Алӣ (а) ба обро намедод. Имом Алӣ (а) Саъсаъаро барои музокира назди Муовия фиристод.

Пеш аз оғози ҷанги Наҳравон ҳам Имом Алӣ (а) Саъсаъаро барои музокира ва насиҳати хавориҷ ба миёни онон фиристод. Ӯ дар ин гуфтугӯ ба пайравӣ аз Имом Алӣ (а) таъкид кард. Матни гуфтугӯи Саъсаъа бо хавориҷ, дар китоби «ал-Ихтисос» навиштаи Шайх Муфид омадааст.

Шафоати Мунзир ибни Ҷоруд

Масҷиди Саъсаъа дар Кӯфа

Ба гузориши китоби «Биҳорул-анвор», Мунзир ибни Ҷоруд, ки аз сӯи Имом Алӣ (а) ба раёсати минтақае фиристода шуда буд, молеро аз байтулмол бардошт. Имом Алӣ ӯро зиндонӣ кард, аммо бо воситагарии Саъсаъа, Мунзирро озод кард. Бар асоси гузориши китои «ал-Ғорот», Саъсаъа ба Имом Алӣ гуфт: хоҳари Мунзир ибни Ҷоруд ҳар рӯз барои бародараш гиря мекунад. Ӯро озод кун ва ман ончӣ бардоштаро замонат мекунам. Имом Алӣ (а) посух дод: ниёзе ба замонат нест. Ӯ қасам бихӯрад, ки молеро барнадоштааст, озодаш мекунам.

Мухолифат бо Муовия

Ба гуфтаи Кашшӣ дар китоби «Маърифатул-риҷол», дар сулҳи Имом Ҳасан (а) бо Муовия, Саъсаъа аз касоне буд, ки Имом Ҳасан (а) барои ӯ амон гирифт. Пас аз сулҳи Имом Ҳасан (а), Муовия дар Кӯфа Саъсаъаро дид ва ба ӯ гуфт: ба Худо савганд, дӯст надоштам ту дар амони ман бошӣ!.

Саъсаъа дар посухи ӯ гуфт, ба Худо савганд, ман низ дӯст надоштам туро бо ин ном садо кунам! Сипас ба Муовия бо унвони халифа салом кард. Муовия гуфт агар (дар халифа донистани ман) содиқ ҳастӣ, бар минбар бирав ва Алӣ (а)-ро лаън кун!

Саъсаъа бар минбар рафт ва пас аз ҳамду санои илоҳӣ дар суханоне дупаҳлӯ гуфт: эй мардум, ман аз назди фарде (Муовия) меоям, ки ба ман фармон дода, Алӣ (а)-ро лаън кунам. Пас ӯ (худаш)-ро лаън кунед ва манзураш лаън бар Муовия буд.

(وأنَّه أمرني أن ألعن علياً, فالعنوه)

Ибни Аъсами Кӯфӣ гузориш кардааст, ки замоне, Муовия ба бузургони Кӯфа гуфт: назаратон чист, ки шуморо бо вуҷуди нодониҳоятон бахшидам, дар ҳоле ки мустаҳаққи муҷозот будед? Худованд раҳмат кунад Абӯсуфиёнро, ки инсони сабуре буд ва агар ҳамаи мардум аз авлоди ӯ буданд, ҳама сабур мегаштанд. Саъсаъа гуфт: ба Худо савганд, эй Муовия, ки ин афрод, фарзандони мардумоне беҳтар аз Абӯсуфиён ҳастанд ва афроди сафиҳу ҷоҳил аз насли Абӯсуфиён бештар аз сабурони онҳо ҳастанд!.

Маҳорат дар суханварӣ

Саъсаъа дар суханварӣ маҳорат дошт. Манобеи торихӣ ва ҳадисӣ, ӯро шахси фасеҳу балиғ муаррифӣ кардаанд. Имом Алӣ (а) Саъсаъаро «ал-хатибуш-шаҳшаҳ» (суханрони забардаст) тавсиф кардааст. Муовия ва Муғайра ибни Шуъба ҳам аз фасоҳату балоғати ӯ сухан гуфтаанд. Муовия ӯро дорои забони тунду тез донист.

Ба гуфтаи Кашшӣ, ӯ аз маҳорати суханвариаш барои муаррифӣ ва дифоъ аз ҳазрати Алӣ (а) истифода мекард.

Вафот

Масҷид ва қабри мансуб ба Саъсаъа дар Баҳрайн

Вафоти Саъсаъаро дар замони хилофати Муовия ва дар Кӯфа донистаанд. Албатта дар бархе манобеъ омадааст, ки Муғайра ба фармони Муовия, Саъсаъаро ба ҷазирае дар Баҳрайн табъид кард ва ӯ дар ҳудуди соли 70 қамарӣ дар онҷо даргузашт. Дар шаҳри Аскар дар Баҳрайн, қабре ба Саъсаъа мансуб аст, ки онҷоро масҷиди Саъсаъатибни Савҳон меноманд. Ҳамчунин дар наздикии масҷиди Саҳла дар Кӯфа, масҷиде ба номи Масҷиди Саъсаъа ба ӯ мансуб аст.

Такнигорӣ

Китоби «Зайд ва Саъсаъа, писарони Савҳон» навиштаи Комрони Муҳаммадҳусайнӣ, ки дар соли 1395 ш. ва дар 136 саҳифа аз сӯи нашри Машъар чоп ва мунташир шуда, ба зиндагӣ ва амалкарди Саъсаъа ибни Савҳон ва бародараш Зайд ибни Савҳон пардохтааст.