Айёмуллоҳ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Рузҳои Худо)

Айёмуллоҳ (арабӣ: ایامُ الله) ба маънои рӯзҳои Худо, ба замонҳое ишора дорад, ки иттифоқҳои муҳимме дар онҳо рух дода ва қудрати Худо бештар ошкор шудааст. Муфассирон зайли оёте аз Қуръон, ки ин калима дар онҳо омада, онро ба рӯзҳои наҷот ва неъмат додани Худо ба муъминон, рӯзҳои азоби мушрикон ва низ рӯзҳои неъмат ва азоб тафсир карда, ҳадаф аз ёдоварии онҳоро пандгирӣ ва ҳӯшёрии инсонҳо донистаанд.

Бар пояи ривояте аз Имом Боқир (а), рӯзҳои қиёми Имом Маҳдӣ (аҷ), раҷъат ва қиёмат аз намунаҳои айёмуллоҳ ҳастанд. Дар бархе ривоёт рӯзи Ошӯро низ аз айёмуллоҳ дониста шудааст.

Имом Хумайнӣ - бунёнгузори Ҷумҳурии исломии Эрон, бархе аз рӯзҳои муҳим дар Инқилоби исломии Эрон монанди 22 баҳмани соли 1357 шамсӣ, рӯзи пирӯзии Инқилоби исломиро айёмуллоҳ медонист. Аз назари вай ҳодисаҳое ки дар айёмуллоҳ рух додааст, барои инсонҳо дар тӯли таърих омӯзандаю бедоркунандааст; ба ҳамин далел бояд зинда нигаҳ дошта шавад.

Мафҳумшиносӣ

Айёмуллоҳ ба рӯзҳое ишора дорад, ки дар онҳо ҳодисаҳои муҳимме рӯй додааст.[1] Ва қудрати Худо дар он рӯзҳо бештар ошкор шудааст.[2] Ин калима ду бор дар Қуръон ба кор рафтааст.[3] Дар сураи Иброҳим аз ҳазрати Мӯсо хоста шудааст, ки айёмуллоҳро ба қавмаш ёдоварӣ кунад, зеро дар ин ёдоварӣ ибратҳое аст.[4]

Ҳамчунин дар сураи Ҷосия низ аз касоне ки имон овардаанд, хоста шудааст аз касоне ки ба айёмуллоҳ умед надоранд, даргузаранд, то ин ки Худо ҳар қавмеро ба сабаби он чи анҷом дода, муҷозот кунад.[5] Аллома Таботабоӣ рӯзи мурдан, барзах, рӯзи қиёмат ва рӯзи таҳаққуқи азоби истисолро[Ёддошт 1] аз мисдоқҳои айёмуллоҳ донистааст.[6]

Дар Тафсири Намуна ҳадаф аз ёдоварии айёмуллоҳ ва нақли воқеҳои марбут ба он, пандгирӣ ва ҳушёрии миллатҳо дониста шудааст.[7] Ҳазрати Алӣ (а) дар номае ба Қусам ибни Аббос, ки коргузораш дар Макка буд, аз ӯ хостааст, ки дар маросими ҳаҷ, айёмуллоҳро ба мардум ёдоварӣ кунад.[8]

Тафсир

Муфассирон дар тафсири айёмуллоҳ дидгоҳҳои мухталифе баён доштаанд:

  • Рӯзҳои неъмат: рӯзҳое, ки дар онҳо неъматҳои Илоҳӣ шомили ҳоли пайғамбарон ва пайравони онҳо шудааст; монанди раҳоии қавми ҳазрати Мусо (а) аз дасти фиръавниён, берун омадани қавми ҳазрати Нӯҳ (а) аз киштӣ ва раҳоии ҳазрати Иброҳим (а) аз оташ.[9]
  • Рӯзҳои азоб: рӯзҳое, ки бар ақвоми саркаше монанди қавми Од ва Самуд азоб нозил шудааст.[10]
  • Рӯзҳои азоб ва рӯзҳои неъмат: ҳар рӯзе, ки яке аз фармонҳои Худо дар он чунон дурахшида, ки бақияи умурро таҳтушшуъои худ қарор додааст.[11] Дар Тафсири Намуна омадааст, ки ҳар рӯзе, ки дар он фасли тозае дар зиндагии инсонҳо кушода ва дарси ибрате ба онҳо дода шудааст, монанди зуҳури як пайғамбар ё нобудии як подшоҳи золиму мушрик, ҷузъи айёмуллоҳ аст.[12] Ҳамчунин бар пояи ривояте, ки Амолии Шайхи Тӯсӣ аз Пайғамбар (с) нақл шудааст, мурод аз рӯзҳои Худованд, рӯзи нузули неъматҳо, балоҳо ва азобҳои Худованд аст.[13]

Ба гуфтаи Файзи Кошонӣ байни ин дидгоҳҳо ихтилофе нест; чароки неъмат додан ба муъмин дар ҳукми азоб додани кофир аст ва ин айём барои як қавме неъмат ва барои қавми дигаре азоб аст.[14]

Намунаҳо

Дар ривоёт намунаҳое барои айёмуллоҳ зикр шудааст. Бар пояи ривояте, ки аз Имом Боқир (а) нақл шудааст, айёмуллоҳ се рӯз аст: рӯзи қиёми Қоим (аҷ), рӯзи раҷъат ва рӯзи қиёмат.[15] Албатта Алӣ ибни Иброҳим ибни Ҳошими Қумӣ ба ҷои рӯзи раҷъат, рӯзи маргро овардааст.[16] Дар бархе ривоёт рӯзи Ошӯро низ аз айёмуллоҳ дониста шудааст.[17]

Ҳамчунин Имом Хумайнӣ рӯзи ҳиҷрати Пайғамбар, рӯзи Фатҳи Макка, рӯзи ҷанги Сиффин ва рӯзҳои зилзила, сел ё монанди инҳо, ки дар он танбеҳи инсонҳо рух медиҳадро аз айёмуллоҳ медонист.[18] Бо ин ҳол гуфта шудааст, ки айёмуллоҳ фақат ин маворид нест ва намунаҳои дигаре низ дорад.[19]

Айёмуллоҳи Инқилоби исломии Эрон

Имом Хумайнӣ - бунёнгузори Ҷумҳурии исломии Эрон, аз бархе рӯзҳо дар таърихи Ҷумҳурии исломии Эрон ба унвони айёмуллоҳ ёд мекард. Рӯзи 22 баҳмани соли 1357 ки инқилоби исломӣ ба пирӯзӣ расид,[20] 17 шаҳривари 1357 шамсӣ, рӯйдоде, ки ба инқилоби 1357 Эрон анҷомид ва рӯзи 15 хурдод, ки қиёми 15 хурдод рух дод, аз ҷумлаи ин рӯзҳо буд.[21] Ба гуфта имом Хумайнӣ ҳодисаҳое, ки дар айёмуллоҳ рух додааст, барои инсонҳо дар тӯли таърих омӯзанда ва бедоркунанда аст. Аз ин рӯ, вай муътақид буд, ки айёмуллоҳ бояд зинда нигаҳ дошта шавад.[22]

Эзоҳ

  1. Шаъронӣ, Насри Тубо, 1380, ҷ.2, саҳ.604.
  2. Қурашӣ Банноӣ, Қомуси Қуръон, 1412ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.281.
  3. Нигоҳ кунед ба сураи Иброҳим, ояти 5; сураи Ҷосия, ояти 14.
  4. Сураи Иброҳим, ояти 5.
  5. Сураи Ҷосия, ояти 14.
  6. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1393ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.164.
  7. Макорим, Тафсири Намуна, 1377ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.275.
  8. Наҳҷулбалоға, таҳқиқи Субҳии Солеҳ, номаи 67, ҷ.1, саҳ.457.
  9. Табарӣ, Ҷомеъ-ул-баён, 1420ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.239; Тӯсӣ, Тибён, Бейрут, ҷ.6, саҳ.274.
  10. Табарӣ, Ҷомеъ-ул-баён, 1420ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.227; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1408ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.209.
  11. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1408ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.467; Аллома Таботабоӣ, ал-Мизон, 1394ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.18.
  12. Макорим, Тафсири Намуна, 1377ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.272.
  13. Шайхи Тӯсӣ, ал-Амолӣ, 1414ҳ.қ., саҳ.491.
  14. Файзи Кошонӣ, Тафсири Софӣ, 1373ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.80.
  15. Шайхи Садуқ, ал-Хисол, 1362ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.108, ҳадиси 75.
  16. Қумӣ, Тафсири Қумӣ, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.397.
  17. Ибни Абиҷумҳур, Аволи-юл-лаоли-юл-азизия, 1405ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.138.
  18. Имом Хумайнӣ, Саҳифаи нур, 1369ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.63.
  19. Қурашии Банноӣ, Қомуси Қуръон, 1412ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.281.
  20. Имом Хумайнӣ, Саҳифаи нур, 1369ҳ.ш., ҷ.19, саҳ.101.
  21. Имом Хумайнӣ, Саҳифаи нур, 1369ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.65.
  22. Имом Хумайнӣ, Саҳифаи нур, 1369ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.11.

Ёддошт


Сарчашма

  • Аллома Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, муассисаи Аъламӣ, Бейрут, 1394ҳ.қ.
  • Ибни Абиҷумҳур, Муҳаммад ибни Алӣ, Аволӣ-л-лаолӣ-л-азизия фи-л-аҳодис-ид-диния, тасҳеҳи Муҷтабо Ироқӣ, Қум, Дору сайидушшуҳадо, 1405ҳ.қ.
  • Имом Хумайнӣ, Сайидрӯҳуллоҳ, Саҳифаи нур, Теҳрон, интишороти Суруш, 1369ҳ.ш.
  • Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, Тафсир-ул-Қумӣ, Қум, Дорулкитоб, 1404ҳ.қ.
  • Қурашии Банноӣ, Алиакбар, Қомуси Қуръон, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1412ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1373ҳ.ш.
  • Наҳҷулбалоға, таҳқиқи Субҳӣ Солеҳ, Бейрут, Дор-ул-китоб-ил-лубнонӣ, бе то.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Ҷомеъ-ул-баён фи таъвил-ил-Қуръон, муассисат-ур-рисолат, 1420ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи-т-тафсир-ил-Қуръон, Дор-ул-маърифат, Бейрут, 1408ҳ.қ.
  • Файзи Кошонӣ, Муҳаммад, Тафсир-ус-софӣ, Теҳрон, мактабат-ул-садр, 1373ҳ.ш.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Хисол, Қум, Ҷомеъаи мударрисин, 1362ҳ.ш.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, бе то.
  • Шаъронӣ, Абулҳасан, Насри Тубо, гирдоваранда Муҳаммад Қариб, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1380.


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found