Ояти Таассӣ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ояти 21 Аҳзоб)
Хушнивисии ояти Таассӣ ба хатти муалло

Ояти Таассӣ (арабӣ: آية التأسي) (Аҳзоб: 21) Пайғамбар (с)-ро ба унвони намунаи некӯ муаррифӣ карда ва аз мусулмонон мехоҳад аз ӯ пайравӣ карда, аз мухолифати бо ӯ бипарҳезанд.

Ин оят дар мобайни оёти ҷанги Аҳзоб нозил шудааст. Бинобар назари бархе аз муфассирон намуна будани Пайғамбар (с) хоси ин ҷанг нест ва шомили тамоми замонҳову маконҳо ва тамоми афъол, гуфтор ва суннати Пайғамбар (с) мешавад. Ин як вазифаи доимӣ ва ҳамеша собит барои тамом мусулмонон аст, аммо касоне метавонанд аз ин улгӯ истифода кунанд, ки ба раҳмати Худованд ва рӯзи қиёмат имон дошта ва лаҳзае аз ёди Худо ғофил намешаванд

Иддае аз муфассирони таассӣ ба Пайғамбар (с)-ро фарз ва бархеи дигар мустаҳаб медонанд; чунонки бархеи дигар қоил ба тафсил шуда ва таассӣ дар умури диниро фарз ва дар умури дунявиро мустаҳаб донистаанд.

Матн ва тарҷумаи оят

Муаррифӣ

Ояти 21 сураи Аҳзоб ояти Таассӣ ном гирифтааст.[2] Худованд баъд аз тавбихи мунофиқин дар оёти қабл[3] ва қабл аз зикри бархе аз вижагиҳои муъминони ҳақиқӣ, дар ин оят Пайғамбари Акрам (с)-ро ба унвони пешво ва намуна барои муъминон муаррифӣ карда ва аз мусулмонон ё мукаллафин[4] ва ё касоне, ки аз Пайғамбар (с) табаият накарда ва ба мухолифати бо ӯ мепардохтанд,[5] мехоҳад, ки аз Пайғамбар (с) пайравӣ карда, аз мухолифати ӯ бипарҳезанд.[6] Ин оят мусулмони ҳақиқиро касе донистааст, ки ба Пайғамбар (с) иқтидо карда ва бо ҳеҷ кадом аз дастуроти ӯ мухолифат накунад.[7] Қуръон дар оёти 4 ва 6 сураи Мумтаҳана низ ҳазрати Иброҳим (а)-ро дар бароат аз ширку мушрикин ба унвони усва муаррифӣ кардааст.[8] [Ёддошт 1]

Маъношиносии усва

Усва дар луғат ба маънои пешво[9] ва ба маънои ҳолате аст, ки инсон ҳангоми пайравӣ аз дигарӣ ба худ мегирад;[10] яъне ҳамон ҳолати пайравӣ кардану иқтидо намудан аст[11] ва ё дар мавриди таассӣ ва пайравӣ кардан аз дигарон дар корҳои хуб ба кор меравад[12] ва дар оят ба маънои иқтидо кардан ба Пайғамбари Худо (с) омадааст;[13] ба ин гуна, ки Пайғамбар (с), барои инсон беҳтарин намуна барои таассию пайравӣ аст ва бо иқтидо кардан ба ӯ метавонад худро ислоҳ ва дар роҳи саодат қарор бигирад.[14]

Дар иртибот бо маъно ва тафсири оят, ривоёти фаровоне дар бархе аз китобҳои тафсирӣ зикр шудааст;[15] чунонки манзур аз усваи ҳасана, бо истинод ба ривояте аз Ибни Аббос, суннати Пайғамбар (с) дониста шудааст.[16] Иддае аз муфассирон дар ҳақиқати маънои оят ду қавлро матраҳ кардаанд: аввал он ки худи Пайғамбар (с) усваи ҳасана аст; ва ё он ки худи он ҳазрат усва нест, балки дар ӯ сифате аст, ки он сифат, шоистаи иқтидо намудан аст.[17]

Шароити пайравӣ аз усва

Худованд дар ин оят, Пайғамбар (с)-ро беҳтарин сармашқ барои касоне муаррифӣ мекунад, ки ба раҳмати Худованд ва рӯзи қиёмат имон дошта[18] ва умедвор ба савоби дунявӣ ва ухравӣ[19] ки самараи амали солеҳ аст,[20] бошанд; касоне ки лаҳзае аз ёди Худо ғофил набуда ва доимо ёди Худоро ба забон меоваранд[21] [Ёддошт 2] ва дар ҳар шароите, чи дар сахтӣ ва чи дар роҳатӣ аз ёди Худованд ғофил нашуда[22] ва умедро бо итоатҳои бисёр ҳамроҳ мекунанд;[23] ҳарчанд бархе манзур аз зикри касирро, намозҳои панҷгона донистаанд.[24] Бинобар ин бо тавваҷуҳ ба идомаи оят метавон гуфт, ки имон ба мабдаъ ва маод ва зикри доими Худованд, ангезае барои таассӣ ба Пайғамбар (с) аст.[25]

Маҳдудаи таассӣ ба Пайғамбар

Бо тавваҷуҳ ба итлоқи оят улгӯ будани Пайғамбар (с) дар ҳамаи заминаҳои ҷангӣ ва ғайри онро шомил мешавад.[26] Таассӣ ба Пайғамбар (с) ҳам дар гуфтор ва ҳам, дар рафтор[27] ва ба иборати дигар дар тамомии афъол, аҳвол ва ахлоқ дониста шудааст;[28] чунонки Макорими Шерозӣ дар китоби Тафсири Намуна муътақид аст, Пайғамбари Акрам (с) дар рӯҳиёти олӣ, истиқомат ва сабр, ҳушёрӣ, дироят, ихлос, тавваҷуҳ ба Худо ва зону назадан дар баробари сахтиҳову мушкилот, беҳтарин сармашқ барои ҳамаи мусулмонон аст.[29] Бархеи дигар доираи таассӣ ба Пайғамбар (с)-ро маҳдуд ба сабр[30] ё амали Пайғамбар (с) дар ҷангҳо ва таҳаммули ҷароҳот ва сахтиҳои фаровон донистаанд[31] ва таассӣ ба дигар афъоли Пайғамбар (с)-ро агарчи шоиста медонанд,[32] вале воҷиб намедонанд.[33]

Ояти Таассӣ дар қатори оёти марбут ба ҷанги Аҳзоб нозил шуд. Бархе бо тавваҷуҳ ба иборати «лакум», мухотаби оятро ҳозирон дар ҷанги Аҳзоб дониста, ки Пайғамбар (с)-ро дар ҳангоми сахтӣ раҳо карданд,[34] вале иддае дигар аз муфассирон мухотаби оятро фақат ҳозирони дар ҷанги Аҳзоб намедонанд ва муътақиданд, Пайғамбар (с) дар ҳамаи заминаҳо беҳтарин сармашқ барои тамоми муъминон аст[35] ва таассӣ аз ӯ, як вазифаи доимӣ ва ҳамеша собит барои тамоми мусулмонон аст.[36]

Ҳукми таассӣ

Дар вуҷуб ва ё истиҳбоби таассӣ ба Пайғамбар (с) байни уламо ихтилоф вуҷуд дорад; иддае таассӣ ба Пайғамбар (с)-ро воҷиб дониста [Ёддошт 3] ва бархеи дигар асл дар ин ҳукмро мустаҳаб медонанд, магар ин ки далеле бар вуҷуби он вуҷуд дошта бошад ва бархеи дигар қоил ба тафсил шудаанд; ба ин гуна, ки таассӣ ба Пайғамбар (с) дар умури динӣ воҷиб ва дар умури дунявӣ мустаҳаб аст.[37]

Паёмҳои оят

Муҳсини Қироатӣ дар китоби Тафсири Нур паёмҳоеро аз ин оят бардошт кардааст; аз ҷумла он ки муаррифии сармашқи зиндагӣ яке аз шеваҳои тарбият аст ва муаррифии пешвои хуб метавонад сабаби ҳидояти мардум шавад ва аз дунбол кардани усваҳои нобоб ҷилавгирӣ кунад.[38] Ҳамчунин нависандаи китоби Тафсири Қуръони Меҳр, дар бардоште аз ин оят, илова бар лузуми улгӯ барои тамоми инсонҳо, раҳбари Исломро беҳтарини усва барои ҳама донистааст.[39]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. тарҷумаи Муҳаммадмаҳдии Фулодванд
  2. Ҷамъе аз пажӯҳишгарон, Фарҳанги фиқҳ, 1426ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.168.
  3. Низом ал-Аъраҷ, Ғароиб-ул-Қуръон, 1416ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.455.
  4. Тӯсӣ, ат-Тибён, Бейрут, ҷ.8, саҳ.328; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.548; Сабзаворӣ, Иршод-ул-азҳон, 1419ҳ.қ., саҳ.425.
  5. Қуртубӣ, ал-Ҷомеъу ли аҳком-ил-Қуръон, 1364ҳ.ш., ҷ.14, саҳ.155, Табарӣ, Ҷомеъ-ул-баён, 1412ҳ.қ., ҷ.21, саҳ.91.
  6. Саълабӣ, ал-Кашф ва-л-баён, 1422ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.22; Табарӣ, Ҷомеъ-ул-баён, 1412ҳ.қ., ҷ.21, саҳ.91.
  7. Муғния, ат-Тафсир-ул-кошиф, 1424ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.205.
  8. Сураи Мумтаҳана, ояти 4, 6.
  9. Ибни Манзур, Лисон-ул-араб, Бейрут, ҷ.14, саҳ.35.
  10. Роғиби Исфаҳонӣ, Муфрадоту алфоз-ил-Қуръон, Бейрут, саҳ.76.
  11. Ибни Атия, ал-Муҳарирр-ул-ваҷиз, 1422ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.377; Ризоии Исфаҳонӣ, Тафсири Қуръони Меҳр, 1387ҳ.ш., ҷ.16, саҳ.330.
  12. Қироатӣ, Тафсири Нур, 1388ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.344.
  13. Самарқандӣ, Баҳр-ул-улум, 1416ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.53; Ҷурҷонӣ, Дарҷ-уд-дурар, 1430ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.456.
  14. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.243.
  15. Суютӣ, ад-Дур-ул-мансур, 1404ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.189; Қумии Машҳадӣ, Канз-уд-дақоиқ, 1368ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.349.
  16. Мотуридӣ, Таъвилоту аҳл-ис-суннат, 1426ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.368.
  17. Замахшарӣ, ал-Кашшоф, 1407ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.531; Қурашии Бунобӣ, Тафсири Аҳсан-ул-ҳадис, 1375ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.335.
  18. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.241.
  19. Табаронӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 2008м., ҷ.5, саҳ.179.
  20. Ибни Атия, ал-Муҳарирр-ул-ваҷиз, 1422ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.377.
  21. Самарқандӣ, Баҳр-ул-улум, 1416ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.53.
  22. Саълабӣ, ал-Кашф ва-л-баён, ҷ.8, саҳ.22; Табарӣ, Ҷомеъ-ул-баён, 1412ҳ.қ., ҷ.21, саҳ.91.
  23. Табарсӣ, Ҷавомеъ-ул-ҷомеъ, 1412ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.308.
  24. Муғния, ат-Тафсир-ул-кошиф, 1424ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.205.
  25. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.243.
  26. Ризоии Исфаҳонӣ, Тафсири Қуръони Меҳр, 1387ҳ.ш., ҷ.16, саҳ.331.
  27. Тӯсӣ, ат-Тибён, Бейрут, ҷ.8, саҳ.328; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.ш., ҷ.16, саҳ.288.
  28. Қуртубӣ, ал-Ҷомеъу ли аҳком-ил-Қуръон, 1364ҳ.ш., ҷ.14, саҳ.155; Файзи Кошонӣ, Тафсир-ус-софӣ, 1416ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.180; Шакурӣ, тафсири Шарифи Лоҳиҷӣ, 1373ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.622.
  29. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.242.
  30. Ибни Ҷавзӣ, Зод-ул-масир, 1422ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.455; Саъолибӣ, Тафсир-ус-Саолибӣ, 1418ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.340.
  31. Ибни Сулаймон, Тафсири Мақотил ибни Сулаймон, 1423ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.483; Табаронӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1008м., ҷ.5, саҳ.179; Абулфутуҳ Розӣ, Равз-ул-ҷанон, 1408ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.379.
  32. Табарсӣ, Ҷавомеъ-ул-ҷомеъ, 1412ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.308; Тӯсӣ, ат-Тибён, Бейрут, ҷ.8, саҳ.328.
  33. Тӯсӣ, ат-Тибён, Бейрут, ҷ.8, саҳ.328.
  34. Муғния, ат-Тафсир-ул-кошиф, 1424ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.205; Динаварӣ, ал-Возеҳ, 1424ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.174.
  35. Ризо Исфаҳонӣ, Тафсири Қуръони Меҳр, 1387ҳ.ш., ҷ.16, саҳ.331; Қироатӣ, Тафсири Нур, 1388ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.344.
  36. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.ш., ҷ.16, саҳ.288.
  37. Қуртубӣ, ал-Ҷомеъу ли аҳком-ил-Қуръон, 1364ҳ.ш., ҷ.14, саҳ.156.
  38. Қироатӣ, Тафсири Нур, 1388ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.345.
  39. Ризо Исфаҳонӣ, Тафсири Қуръони Меҳр, 1387ҳ.ш., ҷ.16, саҳ.332 - 333.

Ёддошт


Сарчашма

  • Абулфутуҳи Розӣ, Ҳусайн ибни Алӣ, Равз-ул-ҷанон ва равҳ-ул-ҷанон фи тафсир-ил-Қуръон, Машҳад, остони Қудси Разавӣ, 1408ҳ.қ.
  • Байзовӣ, Абдуллоҳ ибни Умар, Анвор-ут-танзил ва асрор-ут-таъвил, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1418ҳ.қ.
  • Динаварӣ, Абдуллоҳ ибни Муҳаммад, ал-Возеҳ фи тафсир-ил-Қуръон-ил-карим, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1424ҳ.қ.
  • Замахшарӣ, Маҳмуд ибни Умар, ал-Кашшоф ан ҳақоиқи ғавомиз-ит-танзил ва уюн-ул-ақовил фи вуҷуҳ-ит-таъвил, Бейрут, Дор-ул-китоб-ил-арабӣ, чопи сеюм, 1407ҳ.қ.
  • Ибни Атия, Абдулҳақ ибни Ғолиб, ал-Муҳарирр-ул-ваҷиз фи тафсир-ил-китоб-ил-азиз, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1422ҳ.қ.
  • Ибни Манзур, Муҳаммад ибни Муккарам, Лисон-ул-араб, Бейрут, Дорусодир, чопи сеюм, бе то.
  • Ибни Сулаймон, Мақотил, Тафсири Мақотили Ибни Сулаймон, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1423ҳ.қ.
  • Ибни Ҷавзӣ, Абдурраҳмон ибни Алӣ, Зод-ул-масир фи илм-ит-тафсир, Бейрут, Дор-ул-китоб-ил-арабӣ, 1422ҳ.қ.
  • Комёбӣ, Муҳаммадмаҳдӣ, Тааммуле дар маъношиносии вожаи усва дар Қуръон ва ҳадис, маҷаллаи Улуми ҳадис, соли бисту сеюм, шумораи дуввум, 1397ҳ.ш.
  • Қироатӣ, Муҳсин, Қироатӣ, Тафсири Нур, Теҳрон, маркази фарҳангии дарсҳое аз Қуръон, 1388ҳ.ш.
  • Қумии Машҳадӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммадризо, тафсири Канз-уд-дақоиқ ва баҳр-ул-ғароиб, Теҳрон, Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, 1368ҳ.ш.
  • Қурашии Бунобӣ, Алиакбар, Тафсири Аҳсан-ул-ҳадис, Теҳрон, бунёди беъсат, чопи дуввум, 1375ҳ.ш.
  • Қуртубӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, ал-Ҷомеъу ли аҳком-ил-Қуръон, Теҳрон, Носири Хусрав, 1364ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, чопи даҳум, 1371ҳ.ш.
  • Мотуридӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Таъвилоту аҳл-ис-суннат, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, Бейрут, маншуроти Муҳаммад Алӣ Байзун, 1426ҳ.қ.
  • Муғния, Муҳаммадҷавод, Муғния, ат-Тафсир-ул-кошиф, 1424ҳ.ш., Қум, Дор-ул-китоб-ил-исломӣ, 1424ҳ.қ.
  • Низом ал-Аъраҷ, Ҳасан ибни Муҳаммад, тафсири Ғароиб-ул-Қуръон ва рағоиб-ул-фурқон, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1416ҳ.қ.
  • Ризо Исфаҳонӣ, Муҳаммадалӣ, Тафсири Қуръони Меҳр, Қум, пажӯҳишҳои тафсир ва улуми Қуръон, 1387ҳ.ш.
  • Роғиби Исфаҳонӣ, Ҳусайн ибни Муҳаммад, Муфрадоту алфоз-ил-Қуръон, Бейрут, Дор-ул-қалам, бе то.
  • Сабзаворӣ, Муҳаммад, Иршод-ул-азҳон ило тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дор-ут-таъоруф ли-л-матбуъот, 1419ҳ.қ.
  • Самарқандӣ, Наср ибни Муҳаммад, Тафсир-ус-Самарқандӣ ал-мусаммо Баҳр-ул-улум, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1416ҳ.қ.
  • Саълабӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, ал-Кашф ва-л-баён ал-маъруф тафсир-ус-Саълабӣ, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1422ҳ.қ.
  • Саъолибӣ, Абдурраҳмон ибни Муҳаммад, Тафсир-ус-Саъолибӣ ал-мусаммо би-л-Ҷавоҳир-ул-ҳисон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1418ҳ.қ.
  • Суютӣ, Абдурраҳмон ибни Абибакр, ад-Дур-ул-мансур фи-т-тафсири би-л-маъсур, Қум, Китобхонаи умумии Оятуллоҳилъузмо Маръашии Наҷафӣ (раҳ), 1404ҳ.қ.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Ҷомеъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дор-ул-маърифат, 1412ҳ.қ.
  • Табаронӣ, Сулаймон ибни Аҳмад, ат-Тафсир-ул-кабир: тафсир-ул-Қуръон-ил-азим, Арбадӣ Урдун, Дор-ул-китоб-ис-сақофӣ, 2008м.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Носир Хусрав, чопи сеюм, 1372ҳ.ш.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, тафсири Ҷавомеъ-ул-ҷомеъ, Қум, ҳавзаи илмияи Қум, маркази мудирият, 1412ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Муассисат-ул-Аъламӣ ли-л-матбуъот, чопи дуввум, 1390ҳ.қ.
  • Таййиб, Абдулҳусайн, Атяб-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, интишороти Ислом, чопи дуввум, 1369ҳ.ш.
  • Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, бе то.
  • Файзи Кошонӣ, Муҳаммад ибни Шоҳ Муртазо, Тафсир-ус-Софӣ, Теҳрон, мактабат-ус-садр, чопи дуввум, 1415ҳ.қ.
  • Ҷамъе аз пажӯҳишгарон, зери назари Сайид Маҳмуд Ҳошимии Шоҳрудӣ, Фарҳанги фиқҳи мутобиқи мазҳаби Аҳли Байт (а), Қум, Муассисаи доират-ул-маъорифи фиқҳи исломӣ, 1426ҳ.қ.
  • Ҷурҷонӣ, Абдулқоҳир ибни Абдурраҳмон, Дарҷ-уд-дурар фи тафсир-ил-Қуръон-ил-азим, Аммон, Дор-ул-фикр, 1430ҳ.қ.
  • Шакурӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, Тафсири Шарифи Лоҳиҷӣ, Теҳрон, дафтари нашри Дод, 1373ҳ.ш.


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found