Ояти 157 сураи Нисо
| Маълумот дар бораи оят | |
|---|---|
| Воқеъ дар сураи | сураи Нисо |
| Шумораи оят | 157 |
| Ҷузъ | 6 |
| Макони нузул | Мадина |
| Мавзуъ | сарнавишти ҳазрати Исо (а) |
Ояти 157 сураи Нисо (форсӣ: آیه ۱۵۷ سوره نساء) даъвои яҳудиён дар бораи куштан ва ба салиб кашидани ҳазрати Исо (а)-ро рад мекунад ва онро ҳамроҳи бо баъзе рафторҳои дигар, аз омилҳои азоби онон медонад. Ба гуфтаи муфассирони шиа, дар ин воқеа шахсе, ки ба Исо (а) шабоҳат дошт, ба ҷои ӯ кушта ва ба салиб кашида шуд ва дар ояти 158, аз боло бурдани Исо (а) ба сӯи Худо ва раҳоии ӯ аз дасти душманон сухан мегӯяд.
Бар асоси тафсирҳо, оёти 157 ва 158 сураи Нисо ифодагари ихтилофи дидгоҳи яҳудиён ва масеҳиён дар бораи сарнавишти Исо (а) аст. Дар ин оёт, Худованд, дидгоҳҳо дар бораи Исоро беасос ва аз рӯи ҳадсу гумони бидуни илму яқин донистааст.
Инкори бовар ба кушта шудани Исо (а)
Ояти 157 сураи Нисо, даъвои яҳудиён дар бораи куштан ва ба салиб кашидани ҳазрати Исо (а)-ро рад мекунад.[1] Ба гуфтаи Шайхи Тӯсӣ, ин оят ҳамроҳи оёти 155 ва 156-уми сураи Нисо, баъзе гуноҳони аҳли китоб ва аъмолеро, ки боиси азоби онон шуда, баён мекунанд.[2] Дар идома дар ояти 158 сураи Нисо низ аз уруҷи Исо (а) ба сӯи Худо ва раҳоии ӯ аз дасти душманон сухан мегӯяд.[3]
Ба гуфтаи Ҷаводии Омулӣ, аз муфассирони шиа, бо таваҷҷӯҳ ба собиқаи Банӣ Исроил дар куштани пайғамбарон ва омодагии онон барои ин кор, даъвои куштани Исо (а) низ аз боварҳои куфромези онон будааст.[4] Баъзе муфассирон, инкори ҳамзамони куштан ва ба салиб кашидани Исо (а)-ро таъкиде бар радди ин даъво донистаанд.[5] Ҳамчунин гурӯҳе аз муфассирон таъбири «Расулуллоҳ» дар сухани нақлшуда аз яҳудиёнро нишонаи масхара ё таҳқири пайғамбарии Исо (а) донистаанд.[6]
| “ | Ва гуфтаи эшон, ки мо Масеҳ Исо ибни Марям, паёмбари Худоро куштем ва ҳол он ки онон ӯро накуштанд ва маслубаш накарданд, балки амр бар онон муштабаҳ шуд ва касоне, ки дар бораи ӯ ихтилоф карданд, ҳатман дар мавриди он гирифтори шак шудаанд ва ҳеҷ илме ба он надоранд, магар он ки аз гумон пайравӣ мекунанд ва яқинан ӯро накуштаанд. (Нисо, 157) |
” |
Ба гуфтаи Содиқии Теҳронӣ, аз муфассирони шиа, дидгоҳи Қуръон дар бораи кушта нашудани Исо (а) дар миёни баъзе уламо ва гурӯҳҳои масеҳӣ низ тарафдорон доштааст.[7]
Шахсе монанди Исо
Бештари муфассирон, ибораи «Валокин шуббиҳа лаҳум»-ро ба маънои кушта ё маслуб шудани шахсе ба ҷои Исо (а) донистаанд; ба гунае, ки ӯ бо Исо (а) иштибоҳ гирифта шуд.[8] Баъзе муфассирон эҳтимол додаанд, ки сарбозони румӣ ба далели ноошноӣ бо чеҳраи Исо (а), шахси дигареро бо ӯ монанд карда бошанд.[9] Аллома Таботабоӣ эҳтимоли дигаре низ нақл кардааст, ки бар асоси он, ду шахс бо номи Исо, ки тақрибан 500 сол бо якдигар фосила доштаанд, бо ҳам иштибоҳ шудаанд; яке пайғамбаре барҳақ буд ва кушта нашуд ва дигаре даъвогари дурӯғин буд, ки ба салиб кашида шуд.[10]
Ба гуфтаи Шайхи Табарсӣ, баъзе, гузоришҳои яҳудиён ва масеҳиён дар бораи маслуб шудани Исо (а)-ро мутавотир ва далеле бар вуқуи ҳодиса донистаанд; вале Табарсӣ эътиқод дорад, ки эҳтимоли иштибоҳ дар ташхиси фарди маслуб вуҷуд дорад.[11] Ҷаводии Омулӣ низ тавотури ин гузоришҳоро ба далели маҳдуд будани шоҳидони айнӣ напазируфтааст.[12]
Дар ривояте аз Имом Боқир (а) омадааст, ки дар шаби уруҷи Исо (а), яке аз ёрони ӯ ба хоҳиши вай чеҳрае шабеҳи Исо (а) ёфт ва пас аз уруҷи Исо, яҳудиён ӯро кушта ва ба салиб кашиданд.[13]
Ихтилоф дар бораи Масеҳ (а)
Ояти 157 сураи Нисо пас аз инуори кушта ва ба салиб кашида шудани Исо (а), аз ихтилоф дар бораи ӯ ва беэътибории боварҳои беасос сухан мегӯяд.[14] Муфассирон дар бораи мавзуи ин ихтилоф ду дидгоҳ матраҳ кардаанд: бар асоси дидгоҳи нахуст, ихтилоф ба ҷойгоҳи Исо (а) марбут аст; яҳудиён пайғамбарии ӯро напазируфтанд ва масеҳиён дар бораи ҷойгоҳи ӯ ғулув карданд. Бар асоси дидгоҳи дувум, ихтилоф дар бораи кушта шудани Исо (а) аст; баъзе ӯро кушташуда медонистанд ва баъзе дигар ин боварро намепазируфтанд. Оят ин дидгоҳҳоро мубтанӣ бар гумон ва холӣ аз илму яқин муаррифӣ мекунад.[15]
Эзоҳ
- ↑ Ҷаводии Омулӣ, Тасним, ҷ.21, саҳ.305-306; Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.4, саҳ.198.
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, ат-Тибён, ҷ.3, саҳ.382.
- ↑ Муғния, Тафсири кошиф, ҷ.2, саҳ.485.
- ↑ Ҷаводии Омулӣ, Тасним, ҷ.21, саҳ.308 - 309.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.5, саҳ.132.
- ↑ Муғния, Тафсири кошиф, ҷ.2, саҳ.484 - 485; Содиқии Теҳронӣ, ал-Фурқон, ҷ.7, саҳ.424.
- ↑ Содиқии Теҳронӣ, ал-Фурқон, ҷ.7, саҳ.428 - 429.
- ↑ Ҷаводии Омулӣ, Тасним, ҷ.21, саҳ.306; Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.4, саҳ.198.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.5, саҳ.132.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.5, саҳ.133.
- ↑ Табарсӣ, Маҷма-ул-баён, ҷ.3, саҳ.234 - 235.
- ↑ Ҷаводии Омулӣ, Тасним, ҷ.21, саҳ.313.
- ↑ Ҳувайзӣ, Нур-ус-сақалайн, ҷ.1, саҳ.569.
- ↑ Ҷаводии Омулӣ, Тасним, ҷ.21, саҳ.310 - 311.
- ↑ Ризоии Исфаҳонӣ, Тафсири Қуръони Меҳр, ҷ.4, саҳ.367.
Сарчашма
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1374ҳ.ш.
- Муғния, Муҳаммадҷавод, ат-Тафсир-ул-кошиф, Эрон, Дор-ул-китоб-ил-исломӣ, 1424ҳ.қ.
- Ризоии Исфаҳонӣ, Муҳаммадалӣ, Тафсири Қуръони Меҳр, Қум, Асри зуҳур, чопи аввал, 1387ҳ.ш.
- Содиқии Теҳронӣ, Муҳаммад, ал-Фурқон фи тафсир-ил-Қуръон би-л-Қуръон ва-с-сунна, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуот, 1406ҳ.қ.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷма-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуот, 1415ҳ.қ.
- Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуот, 1352ҳ.ш.
- Ҳувайзӣ, Абдуалӣ ибни Ҷумъа, Нур-ус-сақалайн, Қум, Исмоилиён, 1373ҳ.ш.
- Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, бетаърих.
- Ҷаводии Омулӣ, Абдуллоҳ, Тафсири тасним, ҷ.21, Қум, Маркази нашри Асро, 1394ҳ.ш.