Одоб-ул-мутааллимин (китоб)
Нависанда | Хоҷа Насируддини Тӯсӣ |
---|---|
Санаи таълиф | қарни ҳафтуми ҳиҷрӣ |
Мавзуъ | Таълиму тарбият |
Забон | арабӣ |
Ношир | Муассисаи таҳқиқот ва нашри маорифи Аҳли Байт (а) |
Одоб-ул-мутааллимин (арабӣ: آدابُ المُتَعَلِّمین) китобии машҳур дар бораи одоби илмомӯзӣ, мансуб ба Хоҷа Насируддини Тӯсӣ, мутакаллими шиа. Одоб-ул-мутааллимин ҳамвора мавриди таваҷҷуҳ ва иқболи аҳли илм қарор гирифта ва борҳо дар маҷмуаи машҳури Ҷомеъ-ул-муқаддамот аз китобҳои дарсии ҳавзаи илмия чоп шудааст. Бархе пажӯҳишгарон бо истинод ба шавоҳиде, дар нисбати китоб ба Хоҷа Насири Тӯсӣ эрод гирифта ва бархе низ асли китобро китоби Таълим-ул-мутааллим асари олими суннии қарни ҳафтум, Бурҳонуддин Зарнуҷии ҳанафӣ донистаанд.
Дар ин китоб, дар дувоздаҳ фасл, ба мабоҳисе монанди фазилати илм ва нияти донишандӯзӣ, чигунагии интихоби риштаи илмӣ ва устод ва ҳамдарс, таваккул ва шеваи истифода аз устод пардохта шудааст.
Шарҳҳо ва тарҷумаҳое бар Одоб-ул-мутааллимин навишта шуда, ки аз он ҷумла аст: ал-Луълуъ-ус-самини фи шарҳи Одоб-ул-мутааллимин - навиштаи Сулаймон ибни Абдуллоҳи Моҳузӣ ва тарҷумаи Анис-ут-толибин ба форсӣ асари Сайид Муҳаммадҷавод Зеҳнии Теҳронӣ. Нусхаҳои чоппӣ ва хаттии фаровоне аз китоб дар китобхонаҳои Эрон, Покистон, Миср ва ғайра вуҷуд дорад.
Аҳамияти китоб
Китобчаи Одоб-ул-мутааллимин, ба рағми ихтисор, аз машҳуртарин осор дар заминаи одоби илмомӯзӣ ба шумор меравад.[1] Ин рисола аз ҳамон айёми таълиф, бо истиқболи аҳли илм ба сурати китоби дарсӣ, дар мадрасаҳо ва ҳавзаҳои илмӣ даромада ва борҳо дар маҷмӯъаи машҳури Ҷомеъ-ул-муқаддамот, аз кутуби муқаддамотии ҳавзаҳои илмия, ба чоп расидааст.[2] Гуфта шуда мансуб будани китоб ба Хоҷа Насируддини Тӯсӣ, баёни содаву равон ва дарбар доштани аксари матолиби муҳим худ аз омилҳои тавваҷуҳу иқболи донишандӯзон ба Одоб-ул-мутааллимин будааст.[3]
Нависандаи китоб
Ба гузориши Оқобузурги Теҳронӣ, китобшиноси шиа, бинобар назари машҳур, Хоҷа Насируддини Тӯсӣ (ваф.692ҳ.қ.) нависандаи китоби Одоб-ул-мутааллимин аст.[4] Бештари муаллифон монанди Аллома Маҷлисӣ дар Биҳор-ул-анвор,[5] Сайид Муҳаммадбоқири Хонсорӣ дар Равзот-ул-ҷаннот[6] ва Мударриси Табрезӣ дар Райҳонат-ул-адаб[7] китобро асари Хоҷа Насири Тӯсӣ донистаанд. Аммо бархе пажӯҳишгарон, бо истинод ба шавоҳиде, дар нисбати китоб ба Хоҷа Насири Тӯсӣ ишкол карда ва бархе низ асли китобро китоби Таълим-ул-мутааллимин асари олими суннии қарни ҳафтум, Бурҳонуддин Зарнуҷии ҳанафӣ донистаанд.[8] Онҳо баёни ҳурмати илми нуҷум дар фасли аввали китоб бо вуҷуди мунаҷҷим будани Хоҷа ва набудани номи вай дар нусхаҳои хаттии китобро аз қаринаҳои нодурустии интисоби он ба Хоҷа шумурдаанд.[9] Гуфта шуда муаллиф ба лиҳози муҳтаво муҳимтарин матолиби китоби Зарнуҷиро оварда ва ҳатто унвони фаслҳоро тағйир надодааст; вале бештари ашъор, ҳикоёт ва тавзеҳоти китоби Зарнуҷӣ ҳазф шудааст.[10] Сайид Муҳаммадризо Ҳусайнии Ҷалолӣ, нусхашиноси муосир, дар таҳқиқи худ баргузидае аз матолиби Зарнуҷиро овардааст.[11]
Муҳтавои китоб
Нависандаи Одоб-ул-мутааллимин, дар оғози рисола тасреҳ карда, ки ба далели баҳраи андак барои донишандӯзон дар бисёре аз маворид ва душвории таҳсили илм, талош намуда роҳу равиши илмомӯзиро чунон ки аз устодон хеш шунида ё дар китобҳо хонда мухтасар баён кунад.[12] Китоб дар дувоздаҳ фасл танзим шудааст:
- Фасли аввал: ин фасл ба баҳс дар моҳияти илм ва бартарии он нисбат ба дигари корҳо бахшида шуда ва илм бо такя бар аҳодис ва зарурати ақлӣ, василаи расидан ба саодати абадӣ дониста шудааст.[13]
- Фасли дувум: фасли дувум дар бораи нияти донишҷӯ аст, ки бояд дар масири тааллум, ризои Худо, нобудии ҷаҳл ва ибқои Исломро дар назар бигирад.[14]
- Фасли сеюм: фасли сеюм ба баҳс дар бораи чигунагии интихоби риштаи илмӣ, устод, ҳамдарс ва сабру сабот дар онҳо пардохтааст. Муаллиф таъкид карда ки лозим аст донишҷӯ беҳтарин риштаҳои илмиро ки ба кори дин ва ояндааш меояд, баргузинад ва аз миёни устодон парҳезкорон ва донишмандону куҳансолтаринашонро интихоб кунад.[15]
- Фасли чорум: фасли чорум дар бораи ҷиддият, мувозибат ва ҳиммат дар таҳсил аст. Дар ин ҷо, пурхӯрӣ ва пурхобӣ мӯҷиби сустӣ ва танбалӣ дониста шудааст.[16]
- Фасли панҷум: фасли панҷум дар бораи вақту миқдору тартиби аввалин дарсе аст ки донишҷӯ меомӯзад. Ба гуфта нависанда, мубтадӣ дар оғози таҳсил, бояд ба андозае дарс бигирад, ки битавонад пас аз ду бор муроҷиа ва хондан, ба тадриҷ онро бафаҳмад ва ёд бигирад. Ҳамчунин дар нахустин ҷаласаи дарс, бояд ба тадриси матлабе иктифо шавад ки осонтар ва ба фаҳму дараки толибилм наздик бошад.[17]
- Фасли шашум: фасли шашум дар бораи таваккул аст ва ин ки донишҷӯ набояд ҳиммати худро машғӯли таъмини ризқу рӯзӣ кунад; балки бояд дар таҳсили илм сабр кунад, то ба лаззате болотар аз лиззатҳои дунявӣ даст ёбад.[18]
- Фасли ҳафтум: унвони ин фасл, замони таҳсили илм аст. Ба гуфта нависанда, беҳтарини давра барои касби илм рӯзгори ҷавонӣ ва муносибтарин авқот, саҳар ва миёни намози шом ва намози хуфтан аст.[19]
- Фасли ҳаштум: фасли ҳаштум дар бораи дилсӯзӣ ва хайрхоҳии устод ва шогирд аст. Олим бояд меҳрубону хайрхоҳ ва дур аз ҳасодат бошад ва донишҷӯ низ бояд аз ҳар гуна низоу душманӣ парҳез кунад.[20]
- Фасли нуҳум: ин фасл дар бораи шеваи истифодаи шогирд аз устод аст. Ӯ бояд дар ҳамаи авқоти машғули омӯхтан бошад ва ҳамвора абзори навиштан ба ҳамроҳ дошта бошад то ҳарчи аз донишмандон мешунавад ёддошт кунад.[21]
- Фасли даҳум: фасли даҳум дар риояти парҳезкорӣ дар амри ёдгирӣ аст. Ҳарчи шогирд парҳезкортар бошад, донишандӯзӣ барояш содатару фоидааш бештар аст.[22]
- Фасли ёздаҳум: фасли ёздаҳум дар бораи он чи сабаби ҳифз ё мӯҷиби фаромӯшӣ мешавад, аст. Дар ин фасл, муҳимтарин омилҳои тақвияти ҳофиза инҳо шумурда шудаанд: ҷиддият дар ёдгирӣ, камхӯрӣ, хондани намози шаб (таҳаҷҷуд) ва қироати Қуръон. Ҳамчунин гуноҳи бисёр ва зиёд ғами дунё хӯрдан мӯҷиби фаромӯшӣ ва заъфи ҳофиза дониста шудааст.[23]
- Фасли дувоздаҳум: фасли поёнӣ дар бораи омилҳои кам ё зиёд шудани ризқу рӯзӣ ва кӯтоҳӣ ё дарозии умр аст. Нависанда пас аз зикри ҳадисе аз Паёмбар (с) дар ин бора ки дуо ризқу рӯзиро ва некии умрро афзоиш медиҳад, навиштааст анҷом додани гуноҳ, ба вижаи дурӯғгӯӣ, мӯҷиби фақру тангдастӣ мешавад.[24]
Шарҳҳо ва тарҷумаҳо
Ба гузориши Оқобузурги Теҳронӣ, китобшиноси шиа дар қарни чордаҳум, бар китоби Одоб-ул-мутааллимин шарҳҳое нигошта шудааст:
- "Баён-ул-одоб", асари Муҳаммадмуъмин ибни Муҳаммадқосими Ҷазоирии Шерозӣ (тав.1074ҳ.қ.);[25]
- "ал-Луълуъ-ус-самини фи шарҳи Одоб-ул-мутааллимин", асари Абулҳасан Сулаймон ибни Абдуллоҳи Моҳузӣ (ваф.1121ҳ.қ.);[26]
- "Ҳидоят-ут-толибина фи шарҳи Одоб-ул-мутааллимин", асари Сайид Маҳмуд Мӯсавии Деҳсурхии Исфаҳонӣ.[27]
Ҳамчунин тарҷумаҳое аз китоби Одоб-ул-мутааллимин бо унвонҳои зер нақл шудаанд:
- "Тазкират-ут-толибина фи назми Одоб-ул-мутааллимин", ба забони форсӣ асари Сайид Муҳаммадтақӣ Мӯсавии Аҳмадободии Исфаҳонӣ,[28] нависандаи китоби Микёл-ул-макорим. Ӯ тарҷумаро дар 200 байт ва дар қолаби маснавӣ сурӯдааст;[29]
- "Тарҷумаи Одоб-ул-мутааллимин", ба форсӣ, аз Сайид Алӣ ат-Табиб ибни Муҳаммад ибни Иброҳим Ҳусайнии Маръашии Табрезӣ ки назди наберааш - Сайид Шаҳобуддин Маръашии Наҷафӣ, дар Қум мавҷуд будааст;[30]
- "Анис-ут-толибин", ба форсӣ, аз Сайид Муҳаммадҷавод Зеҳнии Теҳронӣ (ваф.1381ҳ.ш.);[31]
- "Тарҷумаи Одоб-ул-мутааллимин", ба форсӣ, аз Абдурасул Чаманхоҳ.[32]
Чопу нашр
Одоб-ул-мутааллимин дар зимни маҷмӯъаи китоби Ҷомеъ-ул-муқаддамот ба чопи расида ва дорои нусхаҳои чоппӣ ва хаттии фаровоне дар китобхонаҳои Эрон (Теҳрон, Машҳад, Қум ва Ҳамадон), Покистон, Миср ва ғайра аст.[33] нусхае аз китоб бо таҳқиқи Яҳёи Хашоб, пажӯҳишгари мисрӣ, дар маҷаллаи «Маъҳад-ул-махтутот-ил-ъарабия» дар соли 1376ҳ.қ. дар Қоҳира ба чоп расидааст.[34] Сайид Муҳаммадризо Ҳусайнии Ҷалолӣ бо истинод ва ишора ба маҷмуае аз нусхаҳои хаттӣ ва чоппӣ, дар соли 1416ҳ.қ., китобро ба сурати мустақил аз Ҷомеъ-ул-муқаддамот ба чоп рисондааст.[35]
Эзоҳ
- ↑ Атоии Назарӣ, «Нигоҳе иҷмолӣ бар Одоб-ул-мутааллиминҳо ва ҷойгоҳи он дар низоми ахлоқии ҳавза», ҷ.21, саҳ.8
- ↑ Мирӣ, «Нигоҳе ба китобҳои ахлоқии вижаи ҳавзавиён», саҳ.297; Мавлавӣ, «Одоб-ул-мутааллимин», саҳ.165
- ↑ Атоии Назарӣ, «Нигоҳе иҷмолӣ бар Одоб-ул-мутааллиминҳо ва ҷойгоҳи он дар низоми ахлоқии ҳавза», ҷ.21, саҳ.8
- ↑ Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.27
- ↑ Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.42
- ↑ Мӯсавии Хонсорӣ, Равзот-ул-ҷаннот, 1390ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.304
- ↑ Мударрис, Райҳонат-ул-адаб, 1395ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.91
- ↑ Ҷаҳонбахш, «Диранге дигар дар интисоби Одоб-ул-мутааллимин ба Устозулбашар», саҳ.179 - 181
- ↑ Китобӣ, «Мулоҳизоте дар бораи рисолаи Одоб-ул-мутааллимин ва муаллифи он», саҳ.189
- ↑ «کتاب آداب المتعلمین», сайти Дарсгуфтор
- ↑ Ҳусайнии Ҷалолӣ, «Муқаддама бар Одоб-ул-мутааллимин», саҳ.25
- ↑ Насируддини Тӯсӣ, «Одоб-ул-мутааллимин», саҳ.49
- ↑ Насируддини Тӯсӣ, «Одоб-ул-мутааллимин», саҳ.49 - 50
- ↑ Насируддини Тӯсӣ, «Одоб-ул-мутааллимин», саҳ.50
- ↑ Насируддини Тӯсӣ, «Одоб-ул-мутааллимин», саҳ.51
- ↑ Насируддини Тӯсӣ, «Одоб-ул-мутааллимин», саҳ.53
- ↑ Насируддини Тӯсӣ, «Одоб-ул-мутааллимин», саҳ.53 - 54
- ↑ Насируддини Тӯсӣ, «Одоб-ул-мутааллимин», саҳ.55
- ↑ Насируддини Тӯсӣ, «Одоб-ул-мутааллимин», саҳ.56
- ↑ Насируддини Тӯсӣ, «Одоб-ул-мутааллимин», саҳ.56
- ↑ Насируддини Тӯсӣ, «Одоб-ул-мутааллимин», саҳ.57
- ↑ Насируддини Тӯсӣ, «Одоб-ул-мутааллимин», саҳ.57
- ↑ Насируддини Тӯсӣ, «Одоб-ул-мутааллимин», саҳ.58 - 59
- ↑ Насируддини Тӯсӣ, «Одоб-ул-мутааллимин», саҳ.59
- ↑ Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷи 3, саҳ.175
- ↑ Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.382
- ↑ Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷи 25, саҳ.182
- ↑ Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.39
- ↑ «تقدیم», сайти Мавъуд
- ↑ Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.73
- ↑ Зеҳнии Теҳронӣ, Анис-ут-толибин, 1370ҳ.ш., саҳ.4
- ↑ «کتاب آداب المتعلمین», сайти Эронкитоб.
- ↑ Мирӣ, «Нигоҳе ба китобҳои ахлоқии вижаи ҳавзавиён», саҳ.297; Мавлавӣ, «Одоб-ул-мутааллимин», саҳ.165
- ↑ Ҳусайнии Ҷалолӣ, «Муқаддама бар Одоб-ул-мутааллимин», саҳ.24
- ↑ Ҳусайнии Ҷалолӣ, «Муқаддама бар Одоб-ул-мутааллимин», саҳ.22
Сарчашма
- «کتاب آداب المتعلمین», сайти дарси гуфтор, санаи боздид: 23 меҳри 1402ҳ.ш.
- «تقدیم», сайти мавъуд, санаи боздид: 17 меҳри 1402ҳ.ш.
- «کتاب آداب المتعلمین», сайти Эрони китоб, санаи боздид: 22 меҳри 1402ҳ.ш.
- Аллома Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Теҳрон, Муассисаи Вафо, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
- Атоии Назарӣ, ҳамид, «Нигоҳе иҷмолӣ бар Одоб-ул-мутааллиминҳо ва ҷойгоҳи он дар низоми ахлоқии ҳавза», дар фаслномаи Ахлоқ, №21, поизи 1389ҳ.ш.
- Зеҳнии Теҳронӣ, Сайид Муҳаммадҷавод, Анис-ут-толибин, Қум, Ҳозиқ, 1370ҳ.ш.
- Китобӣ, Бадруддин, «Мулоҳизоте дар бораи рисолаи Одоб-ул-мутааллимин ва муаллифи он», дар маҷаллаи Номаи фарҳанг, №28, зимистони 1376ҳ.ш.
- Мавлавӣ, Муҳаммадалӣ, «Одоб-ул-мутааллимин», дар Доират-ул-маорифи бузурги исломӣ, Теҳрон, маркази Доират-ул-маорифи бузурги исломӣ, чопи дувум, 1369ҳ.ш.
- Мирӣ, Сайид Аббос, «Нигоҳе ба китобҳои ахлоқии вижаи ҳавзавиён», дар маҷаллаи Ҳавза, №68-69, хурдод, тир, мурдод ва шаҳривари 1374ҳ.ш.
- Мударрис, Муҳаммадалӣ, Райҳонат-ул-адаб, Қум, муассисаи Имом Содиқ (а), 1395ҳ.ш.
- Мӯсавии Хонсорӣ, Муҳаммадбоқир, Равзот-ул-ҷанноти фи аҳвол-ил-ъуламои ва-с-содот, Қум, Исмоилён, чопи аввал, 1390ҳ.ш.
- Насируддини Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, «Одоб-ул-мутааллимин», дар Ҷомеъ-ул-муқаддамот, тасҳеҳи Мударриси Афғонӣ, ҷилди дувум, Қум, муассисаи интишороти Ҳиҷрат, бе то.
- Оқобузурги Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсин, аз-Зариъату ило тасониф-иш-шиа, Бейрут, Дор-ул-азво, 1403ҳ.қ.
- Ҳусайнии Ҷалолӣ, Сайид Муҳаммадризо, «Муқаддама бар Одоб-ул-мутааллимин», дар Одоб-ул-мутааллимин, таҳқиқи Муҳаммадризо Ҳусайнии Ҷалолӣ, Шероз, китобхонаи Мадрисаи илмияи Имоми Аср (аҷ), чопи аввал, 1416ҳ.қ.
- Ҷаҳонбахш, Ҷӯё, «Диранге дигар дар интисоби Одоб-ул-мутааллимин ба Устозулбашар», дар фаслномаи Ахлоқ, №1, пойизи 1384ҳ.ш.