Нуввоби арбаа

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ноибони хосси Имоми Замон)

Нуввоби арбаа (ҷонишинони чаҳоргона) (арабӣ: النواب الأربعة) ба чаҳор намоянда ё ҷонишини хосси Имом Маҳдӣ (аҷ) дар даврони ғайбати суғро гуфта мешавад, ки робити байни шиаён ва Имом буданд:

  1. Усмон ибни Саид,
  2. Муҳаммад ибни Усмон,
  3. Ҳусайн ибни Рӯҳ,
  4. Алӣ ибни Муҳаммади Самарӣ.

Нуввоби арбаъа аз асҳоби бособиқа ва мавриди эътимоди имомон буданд, ки яке пас аз дигарӣ аз тарафи Имоми Замон ва бо муаррифии ноиби пеш аз худ шинохта мешуданд. Ин чаҳор нафар ба муддати ҳафтод сол, ҷонишинии Имомро ӯҳдадор буданд ва бо доштани вакилоне дар дуртарин шаҳрҳои исломӣ, паёмҳо ва хостаҳои шиаёнро ба Имом ва посухҳои Имомро ба онон мерасонданд. Аз дигар вазоифи ноибон ва ҷонишинони хос, ин буд, ки шакку тардидҳоро дар бораи ҳазрати Маҳдӣ аз байн бибаранд ва маҳалли зиндагии Имом ва мушаххасоти ӯро пинҳон нигоҳ доранд.

Ниёбати хосса

Навиштори аслӣ: Ниёбати хосса

Истилоҳи ниёбати хосса ба маънои ҷонишинии шахсе аз сӯи Имом (а) барои барқарории иртиботи мардум бо ӯ, дар мавориде, ки иртиботи бевосита мумкин нест, мебошад. Имом дар ин шароит, афроди хоссеро ҷонишини худ қарор медиҳад, ки аввалинашонро, худ бояд ба мардум муаррифӣ кунад ва дар идома, ҷонишини навро ҷонишини қаблӣ ба мардум муаррифӣ мекунад.[1]

Ноибон ва муддати ҷонишиниашон

Фаъолияти ноибони хосси Имоми Замон (аҷ) аз соли 260 то 329 ҳиҷрии қамарӣ (тақрибан 70 сол); яъне дар даврони ғайбати суғро, буд. Дар ин солҳо чаҳор нафар аз шиаён, ки баъзе аз онҳо асҳоби Имоми даҳум ва Имоми ёздаҳум ва аз чеҳраҳои шинохташуда буданд, вазифаи ниёбат ва намояндагии Имоми Замонро бар ӯҳда доштанд ва робити Имом ва шиаён буданд. Дар ин солҳо вакилони дигаре ҳам дар шаҳрҳо ва сарзаминҳои исломӣ ҳузур доштанд, ки намояндаи ин чаҳор нафар буданд.[2]

  • Усмон ибни Саиди Амрӣ (ваф. пеш аз 267ҳ.қ.) аввалин ҷонишини хосси Имоми Замон (аҷ) аст. Дар ривоёт омадааст Имом Аскарӣ (а) фарзандаш, Имом Маҳдӣ (аҷ)-ро ба чиҳил нафар аз асҳоби худ нишон дод ва ба онон гуфт дар тӯли ғайбати Имоми дувоздаҳум, аз Усмон ибни Саид итоат кунанд.[3] Ҳамчунин Имоми Замон дар дидор бо аҳли Қум, ба ниёбати Усмон ибни Саид ишора кард ва ононро ба ӯ ирҷоъ дод.[4] Усмон ибни Саид то поёни умр (дар ҳудуди 6 сол) ниёбати Имоми Замонро бар ӯҳда дошт.
  • Муҳаммад ибни Усмон ибни Саиди Амрӣ (ваф. 305ҳ.қ.), писари ноиби аввал, дуюмин ноиби хосси Имоми Замон аст. Вақте ноиби аввал вафот кард, Имоми Замон (аҷ) номае ба писари ӯ Муҳаммад ибни Усмон навишт ва зимни таслият ба ӯ, вайро ҷонишини падар кард.[5] Пеш аз он низ, Имом Ҳасани Аскарӣ (а) Муҳаммад ибни Усмонро вакили Имоми Замон муаррифӣ карда буд.[6] Муҳаммад ибни Усмони Амрӣ ҳудуди чиҳил сол ниёбати Имомро бар ӯҳда дошт.[7]
  • Ҳусайн ибни Рӯҳи Навбахтӣ (ваф. 326ҳ.қ.), сеюмин ноиби Имом Маҳдӣ (аҷ), аз муътамидони Муҳаммад ибни Усмон ва наздикони ӯ дар Бағдод будааст. Муҳаммад ибни Усмон дар вопасин рӯзҳои ҳаёт, ӯро ба дастури Имоми Замон, ҷонишини худ муаррифӣ кард.[8] Ӯ ибтидо дар ҳукумати Аббосӣ дорои мавқеият ва эҳтироми хос буд, аммо баъдҳо дучори мушкил шуд, то ҷое ки муддате зиндагии махфиёна дошт ва сипас ба муддати панҷ сол дар зиндон, ҳабс шуд.[9] Ӯ ҳудуди 21 сол ноиби Имоми Замон буд.
Тавқиъи Имоми Аср ба Самурӣ

«Худованд дар вафоти ту ба бародаронат аҷр иноят фармояд. Ту то шаш рӯзи дигар вафот хоҳӣ кард. Пас корҳоятро тамом кун ва ҳеч касро ҷонишини худ қарор надеҳ; зеро акнун ғайбати дуввум оғоз шуда ва то замони тӯлоние, ки Худованд иҷоза фармояд, зуҳуре нахоҳад буд, то қалбҳои (мардум) аз қасоват, ва ҷаҳон аз беадолатӣ машҳун гардад ва касоне ба сӯи ҳаводорон (шиаён)-и ман оянд ва муддаӣ шаванд, ки маро руъят кардаанд! Локин огоҳ бош, ҳар кас қабл аз қиёми Суфёнӣ ва сайҳаи осмонӣ иддаои руъяти маро кунад, ифтирозанандаи дурӯғгӯ аст!».

Садуқ, Камол-уд-дин ва тамом-ун-неъмат, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.516.
  • Алӣ ибни Муҳаммади Самурӣ (ваф. 329ҳ.қ.), чаҳорумин ноиби Имоми Замон (аҷ), ки муддати се сол (326 – 329ҳ.қ.) ӯҳдадори мақоми ниёбат шуд. Даврони ниёбати Самурӣ бо сахтгирии ҳукумат ва шиддати хафақон ҳамроҳ буд ва ҳамин ӯро аз фаъолиятҳои густарда дар созмони ваколат боз медошт.[10] Тавқеи Имоми Замон (аҷ) ба Алӣ ибни Муҳаммади Самурӣ дар бораи хабари вафоти ӯ ва поён ёфтани давраи ниёбати хосса ва оғози ғайбати кубро аз муҳимтарин иттифоқоти ҳаёти охирин ноиб аст.[11]

Иқдомот ва фаъолиятҳо

Ҳамаи иқдомоти ноибони хос, бо дастури Имоми Замон анҷом мегирифт.[12] Ин фаъолиятҳоро дар чанд даста метавон ҷой дод:

Махфӣ нигаҳ доштани фаъолиятҳо

Бо шаҳодати Имом Аскарӣ ва ғайбати Имоми дувоздаҳум, ноибони чаҳоргона танҳо марҷаи расидагӣ ба масоили шиаён буданд. Бо тавваҷуҳ ба замона, ки асри ҳукумати Аббосӣ буд, ниҳонкорӣ ва тақия хусусан дар давраи ноиби дувум, сеюм ва чаҳорум ба авҷ расид,[13][14] то ҷое ки Ҳусайн ибни Рӯҳ бо ҳифзи равияи пинҳонкорӣ, муддате ба таври пинҳонӣ зиндагӣ кард ва панҷ сол ҳам дар зиндон ҳабс шуд. Натиҷаи ин мавзеъгирӣ он буд, ки шиаёни Имоме дар маркази хилофати Аббосӣ, ҳузури хешро ҳифз кунанд ва ба унвони як ақаллияти расмӣ ва шинохташуда, худро бар ҳукумати Аббосӣ ва сунниҳои ифротии соҳибнуфуз дар Бағдод, таҳмил намоянд.[15]

Иртибот бо дастгоҳи хилофат

Яке аз сиёсатҳои хоссе, ки дар он давра, бархе аз шиаён ва ба таври махсус ноибони хос дар пеш гирифтанд ва аз пуштибонии Имомони маъсум низ бархӯрдор буд, нуфуз дар дастгоҳи хилофати Аббосӣ ва ҳатто ӯҳдадории мақоми вазорати онон буд.[16] Ҳусайн ибни Рӯҳи Навбахтӣ дар ибтидои ниёбати худ дар замони Муқтадир - халифаи Аббосӣ, ба иллати нуфузи хонадони Навбахтӣ ва хонадони Ибни Фурот, ки ӯҳдадори мақоми вазорати Муқтадири Аббосӣ ва аз ҳаводорони шиаён буданд, дар дастгоҳи Аббосиён нуфуз дошт ва мавриди эҳтиром буд.[17][18]

Мубориза бо ғолиён

Масаълаи ғулув яке аз масоили муҳим дар даврони ноибони чаҳоргона буд, ба гунае ки бархе аз фарзандони имомон, монанди Ҷаъфар фарзанди Имом Ҳодӣ (а), мулаққаб ба Ҷаъфари каззоб (дурӯғгӯ), бо ғолиён ҳамроҳ буданд ва бархе аз шахсиятҳои сиёсии шиа аз ғолиён ҳимоят мекарданд.[19]

Яке аз вазоифи ноибони чаҳоргона талош дар ҷиҳати расвосозии ин муддаиёни дурӯғин ва иблоғи паёми Имоми Замон (а) ба шиаён дар заминаи лаъну табаррӣ аз ин афрод буд.[20] Барои намуна, Муҳаммад ибни Нусайр, муассиси фирқаи Нусайрия аз ғолиён буд ва эътиқод ба рубубияти имомон (а) дошт ва ҷоиз будани никоҳ бо маҳоримро ривоҷ медод. Муҳаммад ибни Усмон ӯро лаъну нафрин карда аз ӯ безорӣ ҷуст.[21]

Шалмағонӣ, яке дигар аз вакилони имомон буд, ки бо вуҷуди мақоме, ки дар давраи Ҳусайн ибни Рӯҳ дошт, аммо ба далели ҷоҳталабона аз мавқеияти худ сӯистифода кард ва ба самти ғулув кашида шуд. Ҳусайн ибни Рӯҳ ӯро аз худ ронд ва тавқеъе аз Имоми Замон (аҷ) дар лаъни ӯ содир шуд.[22]

Аз байн бурдани шакку тардидҳо дар бораи ҳазрати Маҳдӣ (аҷ)

Ба нақл аз Шайхи Тусӣ, байни Ибни Абиғоними Қазвинӣ ва ҷамоате аз шиаён дар бораи фарзанд доштан ё надоштани Имом Аскарӣ баҳс даргирифт; аз ин рӯ, шиаён номаҳое барои Имом Маҳдӣ (аҷ) фиристоданд ва аз ӯ хостанд, то ба ҷадал дар ин мавзӯъ хотима диҳад. Имом ҳам дар ҷавоб, таъкид кард, Худо пас аз Имоми ёздаҳум, динашро ботил насохта ва робитаи худ байни худ ва мардумро қатъ накардааст ва то қиёмат низ чунин нахоҳад буд.[23]

Тавқеъи дигаре низ аз Имом Маҳдӣ (аҷ) дар ривоёт омадааст. Ин тавқеъ ҳангоме содир шуд, ки Ҷаъфари Каззоб иддаои ҷонишинии Имом Аскарӣ (а)-ро кард. Имоми Замон дар ин нома зимни ишора ба масъалаи имомати имомон ва илму исмати онон, ба ноогоҳии Ҷаъфар аз ҳалолу ҳаром ва ташхис надодани ҳақ аз ботил ва ғайра ишора кардааст. Имом дар ин тавқеъ мепурсад, ӯ бо чунин шароите чӣ гуна муддаии имомат шудааст.[24] Тардиди Муҳаммад ибни Иброҳим ибни Маҳзиёр низ, ки падараш аз вакилони Имоми ёздаҳум (а) буд, пас аз дарёфти номаҳое аз Имоми Замон (аҷ) бартараф шуд.[25] Ҳамчунин тавқеъе аз Имом Маҳдӣ (аҷ) нақл шудааст, ки дар он, Имом зимни исботи вуҷуди худ дар баробари шаккокон, ба баъзе масоили фиқҳӣ посух гуфтааст.[26]

Созмондеҳии вакилон

Навиштори аслӣ: Созмони ваколат

Таъйини вакил бо ҳадафи идораи умури ноҳияҳои гуногун ва эҷоди робита байни шиаёну имомон, ҳаддиақал аз замони Имом Козим (а) ба баъд маъмул буд. Пас аз оғози ғайбат, тамоси мустақими вакилон бо Имом Маҳдӣ (а) қатъ шуд ва меҳвари иртибот бо шиаён, ноибони хоссе буданд, ки аз сӯи Имоми дувоздаҳум, таъйин мешуданд. Вакилҳо, амволеро, ки бобати вуҷуҳи шаръӣ аз мардум мегирифтанд, ба роҳҳои гуногун назд ноиби хос дар Бағдод мефиристоданд ва онҳо низ вуҷуҳи расидаро тибқи дастури Имом дар мавориди муайян харҷ мекарданд.[27]

Вакилоне дар Аҳвоз, Сомирро, Миср, Ҳиҷоз, Яман ва низ дар манотиқе аз Эрон, монанди Хуросон, Рай ва Қум буданд, ки ахбори онон, каму беш дар мутуни ривоӣ омадааст.[28]

Махфӣ нигоҳ доштани Имом Маҳдӣ (аҷ)

Пинҳон нигоҳ доштани Имом ва мушаххасоти ӯ, яке аз вазифаҳои асосии ноибони хос будааст. Аз гузоришҳои таърихӣ ва ривоёт чунин бармеояд, ки Имом дар Ироқ, Макка ва Мадина буда ва ба наҳве зиндагӣ мекардааст, ки ноиби хос метавонистааст бо ӯ мулоқот кунад.[29] Ҳангоме ки Ҳусайн ибни Рӯҳи Навбахтӣ ба мақоми ниёбати Имом расид, Абӯсаҳли Навбахтӣ дар бораи ҷойгоҳ ва мақоми Ибни Рӯҳ мегӯяд: Агар ман макони Имоми ғоибро чунон, ки Абулқосим медонад, медонистам, шояд дар тангнои баҳсу ҷадал ӯро ба хасм нишон медодам; дар сурате, ки агар Абӯлқосим Имомро зери абои худ пинҳон дошта бошад, ҳаргиз ӯро ба касе нишон намедиҳад, ҳатто агар бо қайчӣ қитъа-қитъааш кунанд.[30]

Ноибони хос бо ин ки бар исботи вуҷуди Имоми дувоздаҳум исрор доштанд, аз шиаён мехостанд, ки дар бораи шинохти мушаххасоти Имоми Замон исрор наварзанд ва ин равия, ба далели ҳифзи амнияти ӯ дониста шудааст.[31]

Посухгӯӣ ба суолҳои фиқҳӣ ва эътиқодӣ

Ноибони чаҳоргона суолҳои фиқҳӣ ва шаръии шиаёнро барои Имом Маҳдӣ (а) баён мекарданд ва пас аз дарёфти посух, ба мардум мерасонданд. Ин фаъолиятҳо ба масоили шаръӣ маҳдуд намешуд ва ноибон барои ҳалли мушкилоти илмӣ ва эътиқодӣ ва роҳнамои умуми мардум дар баҳсҳо ва манозирот иштирок мекарданд.[32]

Тавқеъи Исҳоқ ибни Яъқуб[33] ва ҳамчунин тавқеъи Муҳаммад ибни Ҷаъфари Асадӣ,[34] ки шомили масоили муҳими фиқҳӣ ва шаръӣ аст ва ҳузури Ҳусайн ибни Рӯҳ дар мунозироти илмӣ ва эътиқодӣ нишон аз фаъолиятҳои ноибони чаҳоргона дар ин маворид дорад.[35]

Зиёратномаи нуввоб

Сайид ибни Товус дар китоби “Мисбоҳ-уз-зоир”, зиёратномае нақл мекунад, ки метавон барои ҳар як аз чаҳор ноиби Имоми Замон (а) хонд. Ӯ матни зиёратномаро мансуб ба падари Ҳусайн ибни Рӯҳи Навбахтӣ медонад.[36]

Ҳамчунин Алломаи Маҷлисӣ дар китоби “Биҳор-ул-анвор”, зиёратномае барои Усмон ибни Саид нақл карда, мегӯяд, онро дар нусхаи қадимие аз як олими шиа дидааст.[37]

Такнигорӣ

“Пажӯҳише перомуни зиндагонии нуввоби хосси Имоми Замон (аҷ)”,навиштаи Алии Ғаффорзода, китоби мустақилле дар заминаи шинохти ноибони чаҳоргона аст, ки Оятуллоҳ Ҷаъфари Субҳонӣ бар он муқаддима навишта ва интишороти Нубуғ, онро барои аввалин бор дар соли 1375 ҳиҷрии шамсӣ мунташир кардааст.[38]

Ёддошт


Эзоҳ

  1. Аҳмадӣ, Нуввоби арбаъа ва шахсияти иҷтимоии онон, 1390ҳ.ш.
  2. Аҳмадӣ, Нуввоби арбаъа ва шахсияти иҷтимоии онон, 1390ҳ.ш.
  3. Тусӣ, ал-Ғайбат, 1411ҳ.қ., саҳ.231 - 232, Садуқ, Камол-уд-дин ва тамом-ун-неъмат, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.435.
  4. Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.476.
  5. Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.510.
  6. Тусӣ, ал-Ғайбат, 1411ҳ.қ., саҳ.356.
  7. Садр, Таърих-ул-Ғайбат, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.404.
  8. Тусӣ, ал-Ғайбат, 1411ҳ.қ., саҳ.371.
  9. Ҷаъфариён, Ҳаёти фикрӣ ва сиёсии имомони шиа, 1381ҳ.ш., саҳ.583.
  10. Ҷабборӣ, Созмони ваколат, 1382ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.480.
  11. Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.516.
  12. Ғаффорзода, Пажӯҳише перомуни зиндагонии нуввоби хосси Имоми Замон, саҳ.85.
  13. Тусӣ, ал-Ғайбат, 1411ҳ.қ., саҳ.112.
  14. Ғаффорзода, Зиндагонии нуввоби хоси Имоми Замон, 1375ҳ.ш., саҳ.304.
  15. Ҷаъфариён, Ҳаёти фикрӣ ва сиёсии имомони шиа, 1381ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.580.
  16. Тусӣ, ал-Ғайбат, 1411ҳ.қ., саҳ.109.
  17. Ҷосим Ҳусайн, Таърихи сиёсии ғайбати Имоми дуавоздаҳум, 1385ҳ.ш., саҳ.198.
  18. Ҷаъфариён, Ҳаёти фикрӣ ва сиёсии имомони шиа, 1381ҳ.ш., саҳ.583.
  19. Ҷаъфариён, Ҳаёти фикрӣ ва сиёсии имомони шиа, 1381ҳ.ш., саҳ.585.
  20. Ҷабборӣ, Созмони ваколат, 1382ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.688.
  21. Тусӣ, ал-Ғайбат, 1411ҳ.қ., саҳ.398.
  22. Тусӣ, ал-Ғайбат, 1411ҳ.қ., саҳ.187, 252 ва 253.
  23. Тусӣ, ал-Ғайбат, 1411ҳ.қ., саҳ.285 ва 286.
  24. Тусӣ, ал-Ғайбат, 1411ҳ.қ., саҳ.287 - 289.
  25. Кулайнӣ, Кофӣ, 1362ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.518.
  26. Кулайнӣ, Кофӣ, 1362ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.176.
  27. Ҷаъфариён, Ҳаёти фикрӣ ва сиёсии имомони шиа, 1381ҳ.ш., саҳ.588.
  28. Ҷаъфариён, Ҳаёти фикрӣ ва сиёсии имомони шиа, 1381ҳ.ш., саҳ.588.
  29. Ҷосими Ҳусайн, Таърихи сиёсии ғайбати Имоми дувоздаҳум, 1385ҳ.ш., саҳ.166.
  30. Тусӣ, ал-Ғайбат, 1411ҳ.қ., саҳ.391.
  31. Ҷаъфариён, Ҳаёти фикрӣ ва сиёсии имомони шиа, 1381ҳ.ш., саҳ.588.
  32. Ғаффорзода, Зиндагонии нуввоби хоси Имоми Замон, 1379ҳ.ш., саҳ.86 ва 87.
  33. Тусӣ, ал-Ғайбат, 1411ҳ.қ., саҳ.290.
  34. Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.520.
  35. Тусӣ, ал-Ғайбат, 1411ҳ.қ., саҳ.324, 373, 378, 388, 390; Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.519; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403, ҷ.53, саҳ.192.
  36. Ибни Товус, Мисбоҳ-уз-зоир, 1416ҳ.қ., саҳ.514.
  37. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.99, саҳ.293.
  38. Пажӯҳише перомуни зиндагонии нуввоби хосси Имоми Замон (аҷ), китобхонаи диҷитали Нур.

Сарчашма

  • Аҳмадӣ, Муҳаммд Ҳусайн, «Нуввоби арбаъа ва шахсияти иҷтимоии онон», маҷаллаи Симои таърих, тобистони 1390, № 4.
  • Ғаффорзода, Алӣ, Зиндагонии нуввоби хоси Имоми Замон, Қум, интишороти Нубуғ, 1379ҳ.ш.
  • Ибни Товус, Алӣ ибни Мусо, Мисбоҳ-уз-зоир, Қум, Олулбайт, 1375ҳ.ш.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, Усули Кофӣ, таҳқиқи Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, 1388ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор-ил-ҷомеъа лидурари абор-ил-аиммат-ил-атҳор, Теҳрон, исломия, 1363ҳ.ш.
  • Пажӯҳише перомуни зиндагонии нуввоби хосси Имоми Замон (аҷ) ], китобхонаи диҷитали Нур.
  • Садр, Сайид Муҳаммад, Таърих-ул-Ғайбат, Бейрут, Дорул-таъоруф, 1412ҳ.қ.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Камол-уд-дин ва тамом-ун-неъмат, Теҳрон, исломия, 1395ҳ.қ.
  • Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Ғайбат, Қум, Дорул-маъорифил-иломия, 1411ҳ.қ.
  • Ҳусайн, Ҷосим, Таърихи сиёсии ғайбати Имоми дувоздаҳум (аҷ), мутарҷим: Сайид Муҳаммадтақӣ Оятуллоҳӣ, Теҳрон, Амиркабир, 1385ҳ.ш.
  • Ҷабборӣ, Муҳаммадризо, Созмони ваколат ва нақши он дар асри аимма алайҳимус-салом, Қум, муассисаи омӯзишӣ- пажӯҳишии имом Хумайнӣ, ‏1382ҳ.ш.
  • Ҷаъфариён, Расул, Ҳаёти фикрӣ ва сиёсии имомони шиа, Қум, Ансориён, 1381ҳ.ш.