Назарияи инсони 250-сола

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Назарияи инсони 250 сола)
Ин мақола дар бораи назарияи инсони 250-сола аст. Барои ошноӣ бо китобе бо ҳамин унвон, мадхали инсони 250-сола (китоб)-ро бибинед.

Назарияи инсони 250-сола, назарияе, ки бо такя ба якпорчагии шева ва сираи сиёсӣ ва муборизотии имомони шиа дар даврони ҳукумати Банӣ Умайя ва Банӣ Аббос, ононро як инсони 250-сола қаламдод мекунад.

Ин назарияро Сайид Алӣ Хоманаӣ - Раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон, қабл аз Инқилоби исломӣ матраҳ намуда ва бар ин бовар аст, ки зиндагии сиёсии имомони шиаи бо вуҷуди тафовутҳои зоҳирӣ, дар маҷмуъ ҳаракати бардавом ва тӯлоние аст, ки 250 сол идома пайдо карда ва ҳамаи онон дар ростои таҳаққуқи ҳадафи мушаххасе, яъне рушд ва таолии инсоният ва эҷоди ҷомеаи Исломӣ, аммо бо шеваҳои гуногун дар ҳоли мубориза бо душманони замонаи хеш будаанд.

Бар асоси ин назария, 250 сол зиндагии маъсумон ба чаҳор давра тақсим мешавад: 1. Даврони сабру сукути 25-сола; 2. Давраи кӯтоҳи ҳукумати аимма; 3. Давраи бистсолаи фаъолиятҳои махфӣ ва ташкилотӣ; 4. Давраи эҳёи мабонии фикрии Ислом аз оғози имомати Имом Саҷҷод (а).

Табйини назария

Тибқи назарияи инсони 250-сола, маъсумон (а) пас аз Расули Худо (с) ба манзалаи як инсони воҳид маҳсуб мешаванд, ки аз соли 11 то 260ҳ.қ., ҳамвора дар ҳоли ҷиҳод ва муборизаи сиёсии пайваста бо зулму инҳирофи тоғутҳои замон будаанд.

Тибқи ин назария, ҳамаи Аҳли Байт (а) як инсон будаанд, ки 250 сол бо фикр ва ҳадафи мушаххас ба мубориза дар ҷиҳати таҳаққуқи он ҳадаф, машғул будаанд. Ин инсон барои расондани ҳамаи афроди ҷомеа ба мактаби ҳақиқии Ислом, аз шохисаҳои гуногуне баҳра бурдааст; шохисаҳое чун исмат, илҳом гирифтан аз Қуръон ва суханони Пайғамбар (с), огоҳии амиқ аз вазъи иҷтимоӣ ва мактаби Ислом. Бар ин асос, онҳо аз он ҳадаф инҳироф пайдо накарда, балки асосан инҳирофи онон - ба ҷиҳати расондани ҷомеа ба Исломи ҳақиқӣ - имконпазир нест.

Муборизаи сиёсии сахту шадид ба унвони муҳимтарин вижагии зиндагии имомони шиа дар тӯли ин 250 сол, ваҳдати шахсияти маъсумон (а)-ро дар амри ҷиҳод табйин мекунад.

Тибқи ин назария ҳамаи аимма пас аз Имом Ҳусайн (а), дар воқеъ ҳамразмони ӯ будаанд ва бо ҳамон душмане мубориза карданд, ки Имом Ҳусайн (а) ҷангиду ба шаҳодат расид, аммо шакли ҷиҳоди онҳо ба иқтизои шароит тағйир мекард.

Далоил

Ба гуфтаи Алиризо Аърофӣ, мабонии ин назарияро метавон дар ин нукта дид, ки аз назари шиа, имомони шиа ҳама нури воҳид ҳастанд, чунон ки дар зиёрати Ҷомеа низ бар ин нукта тасреҳ шудааст, ки тинати эшон воҳид аст.

Ӯ ҳамчунин ривояте аз Имом Содиқ (а)-ро нақл мекунад, ки илм ва фазоили имомонро воҳид ва ҳамаро як ҳақиқат муаррифӣ мекунад.

Ибдоъкунанда ва пешина

Назарияи инсони 250-соларо Сайид Алии Хоманаӣ - раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон, пеш аз инқилоби Исломӣ дар соли 1350ҳ.ш., матраҳ кард. Ба бовари ӯ як хатти пайвастаи сиёсӣ, бо равишҳои гуногун, дар фикр ва амали Аҳли Байт (а) дар тӯли ин 250 сол дида мешавад ва ҳаракату зиндагии ӯ дар тамоми ин муддат як ҷиҳат дошта ва аз як ҷо - Қуръону суннат - илҳом мегирифтааст.

Бо ин вуҷуд бархе муътақиданд пеш аз ӯ Сайид Муҳаммадбоқири Садр - мутафаккири шиаи аҳли Ироқ (1313 – 1359ҳ.ш.) низ, ҳамин дидгоҳро дар бораи зиндагии имомони шиа (а) доштааст, вале мутобиқи ин дидгоҳ, назарияи ироашуда тавассути Сайид Алии Хоманаӣ аз назари муҳтавоӣ, «сиёситар» ва «халлоқонатар» аст.

Алиризо Аърофӣ низ ҳамин назарияро ба унвони ваҳдати шахсияти аимма матраҳ кардааст ва муътақид аст ин бовар аз мафрузоти иҷтиҳоди шиъӣ ва ҷузви пояҳо ва бунмояҳои фиқҳи шиа аст.

Вижагиҳои даврони 250-сола

Хутути куллии ҳаракати имомони шиа

Бар асоси назарияи ваҳдати шахсияти аимма ва ба гуфтаи Аърофӣ хутут ва ҷабҳаҳои мухталифи ҳузури имомонро метавон дар чаҳор ҷиҳат тасвир кард:

  • Мувоҷиҳаи фикрӣ, илмӣ ва фарҳангӣ бо хатти илҳод;
  • Мувоҷиҳа бо андешаҳои каломӣ ва фиқҳии дигар мазоҳиби исломӣ бо тавваҷуҳ ба ду нуктаи ҳифзи ваҳдати исломӣ дар баробари бегонагон ва сиёнат аз марзҳои эътиқодии ташайюъ ба унвони Исломи ноб;
  • Мувоҷиҳа бо каҷравиҳо ва инҳирофоти даруни ташайюъ;
  • Мувоҷиҳаи сиёсӣ ва иҷтимоӣ бо хулафо.

Тақсимбандии чаҳормарҳалаӣ

Назарияи инсони 250-сола, даврони зиндагии сиёсии имомон (а)-ро бо тафовутҳои зоҳирие, ки доранд, ба чаҳор давраи мухталиф тақсим намудааст.

  1. Давраи аввал: давраи 25-солаи оғози аҳди хилофат (даврони ҳазрати Алӣ (а) дар замони хулафои нахустин), ки аз он бо унвони даврони сабр ёд мешавад.
  2. Давраи дувум: давраи шурӯи ҳукумати аимма (а) ки оғози он замони хилофати Имом Алӣ (а) ва давраи кӯтоҳи хилофати Имом Ҳасан (а) аст. Муҳимтарин вижагии ин давра расидани ҳақ ба ҳақдор ва эҷоди ҳукумати инқилобӣ ҳамонанди ҳукумати Расули Худо (с) аст.
  3. Давраи сеюм: давраи фаъолиятҳои махфӣ ва ташкилотии аимма (а) аз соли 41 то соли 61ҳ.қ., аст. Муҳимтарин вижагии ин даврон, эҷоди заминаи фикрӣ дар миёни ҷомеа ба воситаи сарбозони муҷоҳид ва тарбият намудани афроде аст, ки битавонанд Имом Ҳусайн (а)-ро ёрӣ намуда ва кори ӯро барои расидан ба ҳадаф, ба сомон бирасонанд.
  4. Давраи чаҳорум: ҳамзамон бо оғози имомати Имом Саҷҷод (а) шурӯъ ва то соли 250 қ, идома пайдо кард. Дар ин давра ду иқдоми муҳим анҷом шуд:
  • Эҳёи Ислом: ҷомеаи исломӣ дар тӯли муддати мазкур тағйир шакл дода буд ва мабонии фикрии Исломи ноби муҳаммадӣ (с) бо нуфӯз ва асаргузории ҳукумати тӯлонимуддати Банӣ Умайя ва қабл аз он, ба фаромӯшӣ супурда шуда буд. Ба ҳамин ҷиҳат имомон (а) ба эҳёи мабонии фикрии Ислом пардохта ва талош мекарданд усули зиддиисломии пайдошуда дар ин солҳоро аз байн бибаранд.
  • Ташкил шудани як ҳизби сиёсии мазҳабӣ ва махфӣ бо ҳадафи «ҳифзи ҷараёни фикри асили Исломи ноб», «эҷоди ҷараёни сиёсии муназзам» ва «эҷоди иртибот байни вобастагон ба тарзи фикри исломӣ, бо он ҷараёни сиёсии муназзам» аз корҳои муҳими ин давра шуморида мешавад; чароки агар Имом (а) дар вақти лозим, қасди ҳаракат ва даргирӣ бо дастгоҳи ҳокимро дошт, ба иддае сарбози муҷоҳид ниёз пайдо мекард, ки аз қабл ба ин манзур тарбият шуда бошанд.

Тақсимибандии ҳаштмарҳалаӣ

Аърофӣ дар муқаддимаи китоби худ тақобули хилофат бо имоматро дар ҳашт марҳала табйин кардааст:

  1. Даврони имомати ҳазрати Алӣ (а)
  2. Даврони имомати ҳазрати Имом Ҳасан (а)
  3. Даврони қиёми Ошӯро
  4. Даврони имомати Имом Саҷҷод (а)
  5. Даврони имомати Имом Боқир (а) ва Имом Содиқ (а)
  6. Даврони имомати Имом Мусо ибни Ҷаъфар (а)
  7. Даврони имомати Имом Ризо (а)
  8. Даврони хафақон ва қатъи умед аз пирӯзии ҷабҳаи ҳақ, ки аз даврони имомати Имоми нуҳум, Имом Ҷавод (а) шурӯъ шуда ва ба асри Ғайбат мунтаҳӣ мешавад.

Китоби инсони 250-сола

Навиштори аслӣ: Инсони 250-сола (китоб)

Китоби инсони 250-сола дарбардорндаи суханони Оятуллоҳ Хоманаӣ дар бораи назарияи инсони 250–сола аст.

Ин китоб дар 1390ҳ.ш., тавассути интишороти Маркази Саҳбо дар 375 саҳифа ба чоп расидааст.

Ин китоб то авохири соли 1399ҳ.ш., беш аз 80 бор таҷдиди чоп ва ба забонҳое ҳамчун арабӣ, англисӣ, тоҷикӣ, урду, туркии истанбулӣ, курдӣ, озарӣ, синдӣ, ҳиндӣ, олмонӣ ва тайландӣ тарҷума шудааст.

Эзоҳ

Сарчашма