Мунозираи Имом Боқир бо Ҳасани Басрӣ
Мунозираи Имом Боқир бо Ҳасани Басрӣ мунозирае аст, байни Имом Боқир (а) ва Ҳасани Басрӣ (ваф. 110ҳ.қ.) дар бораи бархе мавзуоти каломӣ ва қуръоние монанди ҷабру тафвиз.
Муҳтавои ин мунозира дар китоби «Биҳор-ул-анвор» ва «ал-Эҳтиҷоҷ» омадааст.
Матни мунозира
Ҳасани Басрӣ назди Имом Боқир (а) омаду арз кард: омадаам суолоте аз шумо бипурсам.
Имом фармуд: магар ту фақеҳи аҳолии Басра нестӣ?
Гуфт: чунин мегӯянд.
Имом фармуд: кори бузургеро ба ӯҳда гирифтаӣ.
Ҷабр ва тафвиз
Шунидаам, ки мегӯӣ, Худованд мардумро ба худашон вогузор кардааст!
Ҳасани Басрӣ сокит шуд.
Имом фармуд: агар Худованд ба касе ваъдаи амну амон диҳад, оё ӯ дигар бояд аз чизе битарсад?
Гуфт: на.
Аҳли Байт (а) дар Қуръон
Имом фармуд: ман ояте мехонам, ки ту онро ба иштибоҳ тафсир кардаӣ.
Пурсид: кадом оят?
Фармуд:
وَجَعَلْنَا بَینَهُمْ وَبَینَ الْقُرَی الَّتِی بَارَکنَا فِیهَا قُرًی ظَاهِرَةً وَقَدَّرْنَا فِیهَا السَّیرَ سِیرُوا فِیهَا لَیالِی وَأَیامًا آمِنِینَ
(Тарҷума: “Ва байни онону байни қаряҳое, ки дар онҳо баракат ниҳода будем, шаҳрҳои часпида ба ҳам қарор дода будем, ва дар миёни онҳо масофатро, ба андоза, муқарар дошта будем. Дар ин[роҳ]-ҳо, шабону рӯзон осудахотир бигардед!»)[1]
Шунидаам, ки ҷои амнро ба Макка тафсир кардаӣ? Вой бар ту! Ин чӣ амнияте аст, ки амволи аҳолии он ҷо ба ғорат меравад ва ҳамвора иддае кушта мешаванд?!
Сипас Имом Боқир (а) ба синаи мубораки худ ишора карда фармуд: Он қарияҳои муборак, мо ҳастем!.
Ҳасан Басрӣ гуфт: фидоят шавам! Оё дар Қуръон ояте ҳаст, ки ба инсонҳо бигӯяд қария?
Имом фармуд: бале, ояти 8 сураи Талоқ, ки мефармояд:
وَکأَین مِّن قَرْیةٍ عَتَتْ عَنْ أَمْرِ رَبِّهَا وَرُسُلِهِ فَحَاسَبْنَاهَا حِسَابًا شَدِیدًا وَعَذَّبْنَاهَا عَذَابًا نُّکرًا
(Тарҷума: “Ва чӣ бисёр шаҳрҳо, ки аз фармони Парвардигори худ ва пайғамбаронаш сар печиданд ва аз онҳо ҳисобе сахт кашидему ононро ба азобе [бас] зишт азоб кардем!”)[2].
Баъд фармуд: Оё сарпечикунанда дару девор аст ё инсонҳо?
Ҳасан Басрӣ гуфт: бале; манзур ҳамон инсонҳост.
Имом фармуд: дар ояти 82 сураи Юсуф, аз қарияву деҳ суол мешавад, ё аз ашхос?!
وَاسْأَلِ الْقَرْیةَ الَّتِی کنَّا فِیهَا وَالْعِیرَ الَّتِی أَقْبَلْنَا فِیهَا وَإِنَّا لَصَادِقُونَ
(Тарҷума: «Ва аз [мардуми] шаҳре, ки дар он будем ва корвоне, ки дар миёни он омадем ҷӯё шав, ва мо қатъан рост мегӯем!»)[3]
Сипас фармуд: қуро, яъне уламои шиаёни мо ва мақсуд аз сайр, илм аст. Яъне ҳар кас ба тарафи мо омад ва ҳалолу ҳаромро аз мо омӯхт, дигар аз шакку гумроҳӣ дар амон аст; зеро аҳкомро аз он ҷо ки бояд биомузад, омӯхтааст; чун Аҳли Байт, ворисони илм ва фарзандони баргузидаанд ва он фарзандон мо ҳастем, на ту ва амсоли ту!.
Ва мабодо бигӯӣ Худованд бандагонро ба худашон вогузошта, зеро Худованди Азза ва Ҷалла, дучори сустӣ ва заъф нест, то кореро ба мардум вогузор кунад. Онҳоро ҳам ба чизе маҷбур намекунад, ки дар ин сурат ба онҳо зулм мешавад; Худо бо бандагонаш на бо ҷабр рафтор мекунад, на бо тафвиз, балки бо амре, байни он ду рафтор мекунад.[4]
Эзоҳ
Сарчашма
- Табарсӣ, Абимансур Аҳмад ибни Алӣ, ал-Эҳтиҷоҷ, Машҳад, Нашри ал-Мустафо, 1403ҳ.қ.
- Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳё-ут-турос-ул-арабӣ, 1403ҳ.қ.