Наҷма, модари Имом Ризо (а)

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Модари ҳазрати Ризо)

Наҷма, модари Имом Ризо (а)

Буқъаи мансуб ба Наҷмахотун дар Машрабаи Уммуиброҳим дар Мадина қабл аз тахриб

Наҷмахотун, ҳамсари Имом Козим (а) ва модари Имом Ризо (а) ва Фотимаи Маъсума (с) аст. Наҷма канизе буд, ки Ҳамида ҳамсари Имом Содиқ (а) ӯро харида, ба Имом Козим (а) бахшид. Бар асоси бархе ривоёт Ҳамида хобе дид ва ба дастури Пайғамбар (с) Наҷмаро ба Имом Козим (а) бахшид. Қабри Наҷма дар Машрабаи Уммуиброҳим [Ёддошт 1] дар Мадина қарор дорад.

Насаб ва табор

Наҷма, канизе буд, ки Ҳамида ҳамсари Имом Содиқ (а) ӯро харида, ба Имом Козим (а) бахшид. Ӯ барои Имом Козим (а) Имом Ризо (а)-ро ба дунё овард.[1] Баъзе ӯро аҳли шаҳри Навба дар шимоли Африқо ва бархеи дигар аҳли ҷазираи Марсей дар ҷануби Фаронса медонанд.[2] Аз ин рӯ, ӯ ба Хайзурони Марсия ва Шақрои Навбия низ шинохта мешуд.[3]

Ном ва лақабҳо

Маъруфтарин номи ӯ Наҷмахотун аст. Аз ӯ ба номҳои Сакани Нувбия[4] Арво, Самона, Туктам ва Хайзурон[5] низ ёд шудааст. Тибқи ривояте аз Шайхи Садуқ, вақте Наҷма ба Имом Мусои Козим (а) бахшида шуд ӯро Туктм,[6] ва ҳангоме, ки Имом Ризо (а) аз вай мутаваллид шуд, Тоҳира номиданд.[7] Лақаби ӯ Шақро ва кунияаш Уммулбанин буд.[8]

Мақому манзалат

Аз Ҳамида, ҳамсари Имом Содиқ (а) хитоб ба Имом Козим (а) нақл шуда, канизе бофазилаттар аз Наҷма надидааст.[9] Бар асоси ривояте аз Шайхи Садуқ, Ҳамида ҳазрати Муҳаммад (с)-ро дар хоб дид, ки аз ӯ мехоҳад Наҷмаро ба фарзандаш Имом Козим (а) бибахшад; чароки вай беҳтарини халқи рӯи заминро ба дунё хоҳад овард. Аз ин рӯ, Ҳамида Наҷмаро, ки дар он замон дӯшиза буд, ба Мусо ибни Ҷаъфар (а) бахшид.[10] Имом Козим (а) низ харидории Наҷмаро ба дастури Пайғамбар (с) баён кардааст.[11]

Аз Наҷма нақл шудааст, ки ман дар даврони бордории Имом Ризо (а), сангинии ҳамлро эҳсос намекардам, дар хоб низ садои тасбеҳу таҳлил аз ҳамли худ мешунидам, вақте ки бедор мешудам, медидам хабаре нест.[12] Бар асоси гузорише Наҷма дархости доя барои Имом Ризо (а) мекунад ва иллати ин дархостро пардохтан ба намозу ибодат унвон мекунад.[13]

Макони дафн

Ба гуфтаи Муҳаммадбоқир Ҳусайнии Ҷалолӣ, қабри Наҷмахотун дар канори қабри Ҳамида ҳамсари Имом Содиқ (а) дар Машрабаи Уммуиброҳим дар минтақаи Алъаволии Мадина дар шарқи қабристони Бақиъ қарор дорад.[14]

Эзоҳ

  1. Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.14.
  2. Қоимӣ, Дар мактаби олими Оли Муҳаммад, 1378ҳ.ш., саҳ.30.
  3. Ирбилӣ, Кашф-ул-ғумма, 1381ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.259.
  4. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1367ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.486; Муҷмал-ут-таворихи ва-л-қасас, Теҳрон, саҳ.457.
  5. Муҷмал-ут-таворихи ва-л-қасас, Теҳрон, саҳ.457.
  6. Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.14.
  7. Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.15.
  8. Қумӣ, Таърихи Қум, 1361ҳ.ш., саҳ.199.
  9. Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.15.
  10. Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.17.
  11. Масъудӣ, Исбот-ул-васият, 1426ҳ.қ., саҳ.202.
  12. Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.20.
  13. Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.15.
  14. Ҳусайнии Ҷалолӣ, Фадак ва Алъаволӣ, 1426ҳ.қ., саҳ.55.

Ёддошт


Сарчашма

  • Ирбилӣ, Алӣ ибни Исо, Кашф-ул-ғумма фи маърифат-ил-аимма, мусаҳҳеҳ Расулии Маҳаллотӣ, Табрез, интишороти Баниҳошимӣ, чопи аввал, 1381ҳ.қ.
  • «Тасовире аз мазори модари Имом Ризо (а) дар Мадина», ҳамшаҳрӣ онлайн, дарҷи матлаб 7 меҳри 1391ҳ.ш., мушоҳида 18 меҳри 1400ҳ.ш.
  • Ҳусайнии Ҷалолӣ, Муҳаммадбоқир, Фадак ва Алъаволӣ ав-ил-ҳавоит-ис-сабъа фи-л-китоби ва-с-суннати ва-т-таърихи ва-л-адаб, Машҳад, дабирхонаи конгресси мироси илмӣ ва маънавии ҳазрати Фотимаи Заҳро, 1426ҳ.қ.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Уюну ахбор-ир-Ризо, тасҳеҳи Маҳдии Лоҷавардӣ, Теҳрон, нашри ҷаҳон, 1378ҳ.қ.
  • Қоимӣ, Алӣ, Дар мактаби олими Оли Муҳаммад, Теҳрон, интишороти Амирӣ, 1378ҳ.ш.
  • Қумӣ, Ҳусайн ибни Муҳаммад ибни Ҳасан, Таърихи Қум, тарҷумаи Ҳасан ибни Алӣ ибни Ҳасан Абдулмалики Қумӣ, таҳқиқи Сайид Ҷалолиддини Теҳронӣ, Теҳрон, интишороти Тӯс, 1361ҳ.ш.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, Дорулкутубилисломия, чопи сеюм, 1367ҳ.ш.
  • Муҷмал-ут-таворихи ва-л-қасас, муаллиф маҷҳул, таҳқиқи Маликушшуъарои Баҳор, Теҳрон, Кулолаи ховар, бе то.
  • Масъудӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Исбот-ул-васият, Қум, интишороти Ансориён, чопи сеюм, 1426ҳ.қ.


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found