Сора

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Модари ҳазрати Исҳоқ)
Сора
Маҳалли зиндагӣМинтақаи Кавсо дар кӯҳистонҳои Бобил (Ироқи ҳозира)
МазҳабЯктопарастӣ
Маҳалли дафнМинтақаи Ҳабрун, ал-Халили ҳозира дар Фаластини ишғолӣ
Хешовандонҳамсар, духтарамак ва духтархолаи ҳазрати Иброҳим (а) • модари Исҳоқ (а)
Шинохташуда бароиҳамсари Иброҳим (а) ва модари Исҳоқ (а)


Сора (арабӣ: ساره) нахустин ҳамсари Иброҳим (а) ва модари Исҳоқ (а) аст. Бинобар он чи дар ду сура аз Қуръони Карим омада, фариштагон дар 90-солагӣ ба ӯ башорати таваллуди фарзанде доданд, ки Исҳоқ ном гирифт. Сора, аз он ҷо ки фариштагон бо ӯ сухан гуфтаанд, монанди ҳазрати Марям ва ҳазрати Фотима (с), Муҳаддаса хонда мешавад.

Сора солҳо пеш аз таваллуди Исҳоқ, канизи худ Ҳоҷарро ба Иброҳим бахшид то аз ӯ фарзанддор шавад. Шайхи Садуқ, ривоёте нақл кардааст, ки ба ҳасодати Сора пас аз таваллуди Исмоил ишора дорад. Бо ин ҳол бархе муҳаққиқони муосир дар далолат ва санади аҳодиси мазкур ташкик кардаанд.

Зиндагӣ

Аминулислом Табарсӣ[1] ва Абуалфутуҳи Розӣ,[2] муфассирони шиаи қарни шашуми қамарӣ, мӯътақиданд Сора фарзанди Ҳорон ибни Ёҳур ва духтарамаки Иброҳим (а) аст; албатта дар бархе ривоёти манобеи шиа, Сора фарзанди Лоҳиҷи набӣ ва духтархолаи Иброҳим шуморида шудааст.[3] Дар манобеи торихӣ ақволи дигаре монанди Сора духтари Битвоил ибни Ноҳур,[4] духтари Лобин ибни Бисвил ибни Ноҳур[5] ва духтари Малик Ҳурон[6] низ, нақл шудааст.

Ибни Қутайбаи Динаварӣ таърихнигор аҳли суннати қарни сеюм аз Таврот нақл кардааст, ки Сора бародарзодаи Иброҳим аст. Бар асоси нақли вай, Сора ва Лут (а) бародар ва хоҳари падарӣ ва фарзандони Ҳорон, бародари Иброҳим ҳастанд.[7] Ибни Касир, муаррихи аҳли суннат (ваф.774ҳ.қ.), ин қавлро рад карда ва қавли машҳурро ин донистааст, ки Сора духтарамаки Иброҳим будааст.[8] Абдусоҳиб Ҳусайнии Омилӣ, нависандаи китоби «ал-Анбиё ҳаётуҳум, қасасуҳум» мӯътақид аст, Лут бародари модарии Сора аст, на бародари падарии ӯ; бинобар ин Сора бародарзодаи Иброҳим нест. Ба гуфтаи ӯ, Сора духтарамак ва духтархолаи Иброҳим будааст.[9][Ёддошт 1]

Сора ба ҳамроҳи Лут, ба Иброҳим имон овард ва яктопараст шуд.[10] Ӯ ҳамчунин бо ҳазрати Иброҳим (а) издивоҷ кард.[11] Сора, яке аз зеботарин занони давраи худ муаррифӣ шудааст.[12] Ӯ заминҳои кишоварзӣ ва домҳои фаровон дошта ва ҳамаи дороияшро дар ихтиёри Иброҳим қарор додааст.[13]

Ҳиҷрат ба Миср

Пас аз даъвати Иброҳим ба яктопарастӣ дар Бобул, иддаи каме ба ӯ имон овараданд, ва Иброҳим ба ҳамин далел ҳамроҳи Сора ва Лут, ба Шом ҳиҷрат кард, аммо бо шуюъи қаҳтию беморӣ, Сора ҳамроҳи ҳамсараш Иброҳим (а), раҳсипори Миср шуд.[14] Бинобар ривоёти торихӣ, подшоҳи Миср аз зебоии Сора бохабар шуд[15] ва Иброҳим дар посух ба ин ки чӣ нисбате бо Сора дорад, ӯро хоҳари худ муаррифӣ кард.[16] Чунонки Ибни Асир гуфта, Иброҳим аз он ҷо ки медонистааст агар Сораро ҳамсари худ муаррифӣ кунад, подшоҳ дастури қатли ӯро содир хоҳад кард, то Сораро тасоҳуб кунад, ҳақиқатро махфӣ кардааст.[17] Подшоҳи Миср, Сораро эҳзор мекунад ва талош мекунад ӯро тасоҳуб кунад, аммо дар ҳамин ҳин, дасташ хушк мешавад.[18] Подшоҳ аз Сора мехоҳад дуо кунад, ки дасташ дубора солим шавад, то ӯро раҳо кунад, аммо пас аз дуои Сора ва саломати дасти подшоҳ, ӯ дубора талош мекунад ба Сора наздик шавад ва ин иттифоқ се бор рух медиҳад.[19] Подшоҳ пас аз он, аз кардаи худ пушаймон мешавад, канизе ба номи Ҳоҷар ва ҳадяҳое ба Сора мебахшад ва ӯро озод мекунад.[20]

Ба гуфтаи Аллома Таботабоӣ ин ки Иброҳим Сораро хоҳари худ муаррифӣ карда бошад, бо мақоми набувват созгор нест ва аз таноқузоти Тавроти кунунӣ аст, ки дар манобеи торихӣ ва ҳадисии аҳли суннат ворид шудааст.[21] Ҳамчунин бар асоси ривояте, ки Аллома Таботабоӣ аз ал-Кофӣ нақл кардааст, Иброҳим дар ин моҷаро Сораро ҳамсари худ муаррифӣ кард ва ҳар бор, ки дасти подшоҳ хушк мешуд, бо дуои Иброҳим буд, ки дасти ӯ ба ҳолати қабл бармегашт.[22]

Башорати фарзанд дар 90-солагӣ

Чунонки дар манобеи торихӣ омадааст, фариштагони Илоҳӣ дар 90-солагии Сора, ба ӯ башорати таваллуди фарзанде доданд.[23] Ӯ аз сари нобоварӣ хандиду гуфт, ки чӣ тавр мумкин аст зани солхурдае ҳомила шавад?[24] Ӯ пас аз муддате бордор шуд. Исҳоқ, фарзанди ӯ ва Иброҳим аст.[25] Дар ду сура аз Қуръони Карим, ба башорати фариштагон ва вокуниши Сора ба фарзанддор шудани худ ишора шудааст.[26]

Сора пеш аз башорат ба бордорӣ, аз он ҷо ки нозо буд, канизи худ, Ҳоҷарро ба ҳамсараш Иброҳим мебахшад, то аз ӯ соҳиби фарзанд шавад ва пас аз он, Исмоил, фарзанди Иброҳиму Ҳоҷар мутаваллид мешавад.[27]

Вафот

Сора, ҳамсари Иброҳим (а), дар сини 127-солагӣ дар шаҳри Ҳибрун даргузашт.[28] Пас аз вафоти Сора, Иброҳим маконе аз Ҳибрунро аз сокинони он харида, Сораро дар он ҷо дафн кард.[29] Баъдҳо Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб дар ин макон дафн шуданд.[30] Макони мазкур, бо унвони ҳарами иброҳимӣ шинохта мешавад ва дар шаҳри ал-Халил дар ҷануби Қудс қарор дорад.[31]

Вижагиҳо

Бар асоси ривояте мансуб ба Имом Алӣ (а), Сора аз он ҷо ки фариштагон бо вай сухан гуфтаанд ва ба ӯ башорати таваллуди Исҳоқ додаанд, Муҳаддаса хонда мешавад.[32] Бар асоси ривояти мазкур, ҳазрати Марям, ҳазрати Заҳро ва ҳамчунин модари ҳазрати Мӯсо (а) ҳам Муҳаддаса ҳастанд.[33] Шиаён мӯътақиданд, малоика фақат бо анбиё ва расулон сухан нагуфтаанд, балки бо аимма, ҳазрати Фотима ва касоне дигар низ сухан гуфтаанд.[34] Оёте аз Қуръони Карим, аз ҷумла оёти 42 ва 45 сураи Оли Имрон, дар бораи сухан гуфтани малоика бо ҳазрати Марям, таъйидкунандаи ин бовар дониста шудааст.[35]

Дар ривоёте, ки тавассути Шайхи Садуқ ва Алӣ ибни Иброҳими Қумӣ нақл шудааст, ба ҳасодат ва каҷхулқии Сора пас аз таваллуди Исмоил, ва сабри Иброҳим (а) дар ин бора ишора шудааст.[36] Бо ин ҳол, бархе муҳаққиқони муосир, ин ривоётро аз ҷиҳати санаду далолат заъиф донистаанд.[37] Бинобар он чи дар Таврот омадааст, Сора аз Иброҳим хост, ки Ҳоҷар ва Исмоилро аз хонааш берун кунад, аммо Иброҳим аз ин хостаи Сора нохушнуд шуд.[38] Гарчи саранҷом пас аз он ки Худованд аз ӯ хост он корро анҷом диҳад, ба хости Сора амал кард.[39]

Бо ин ҳол, дар бархеи дигар аз ривоёт, сарпарастӣ ва тарбияти фарзандони шиаён ва кӯдакони мӯъминон дар олами барзах, ба Сора ва Иброҳим вогузор мешавад, то онҳоро тарбият кунанд ва сипас ба падару модаронашон бисупоранд.[40]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.273.
  2. Абулфутуҳи Розӣ, Равз-ул-ҷанон, 1408ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.304.
  3. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.370; Ровандӣ, Қасас-ул-анбиё (а), 1409ҳ.қ., саҳ.106.
  4. Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.57.
  5. Ибни Ҳабиб, Дор-ул-офоқ-ил-ҷадида, саҳ.394.
  6. Табарӣ, Таърихи Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.244, ба нақл аз дигарон.
  7. Ибни Қутайба, ал-Маъориф, 1992м., саҳ.31.
  8. Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.150.
  9. Ҳусайнии Омилӣ, ал-Анбиё ҳаётуҳум, қасасуҳум, 1391ҳ.қ., саҳ.116 ва 129.
  10. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.245.
  11. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.245.
  12. Ибни Асир, ал-Комилу фи-т-таърих, 1385ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.101; Мақдисӣ, ал-Бадъу ва-т-таърих, мактабатуссақофатуддиния, ҷ.3, саҳ.51.
  13. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.370.
  14. Дақс, Ошноӣ бо занони қуръонӣ, 1389ҳ.ш., саҳ.110 ва 111.
  15. Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.150.
  16. Ибни Асир, ал-Комилу фи-т-таърих, 1385ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.101.
  17. Ибни Асир, ал-Комилу фи-т-таърих, 1385ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.101.
  18. Ибни Асир, ал-Комилу фи-т-таърих, 1385ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.101.
  19. Ибни Асир, ал-Комилу фи-т-таърих, 1385ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.101.
  20. Мақдисӣ, ал-Бадъу ва-т-таърих, мактабат ассақофатуддиния, ҷ.3, саҳ.52.
  21. Аллома Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.226 - 229.
  22. Аллома Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.231 - 232.
  23. Дақс, Ошноӣ бо занони қуръонӣ, 1389ҳ.ш., саҳ.116 - 119.
  24. Дақс, Ошноӣ бо занони қуръонӣ, 1389ҳ.ш., саҳ.116 - 119.
  25. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1375ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.248 - 249.
  26. Нигоҳ кунед ба: сураи Ҳуд, ояти 71 - 73; сураи Зориёт, ояти 29 ва 30.
  27. Мақдисӣ, ал-Бадъу ва-т-таърих, мактабаи ассақофатуддиния, ҷ.3, саҳ.53.
  28. Ибни Халдун, Девон-ул-мубтадаи ва-л-хабар, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.43.
  29. Ибни Халдун, Девон-ул-мубтадаи ва-л-хабар, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.43.
  30. Мақдисӣ, ал-Бадъу ва-т-таърих, мактабаи ассақофатуддиния, ҷ.3, саҳ.52 - 53.
  31. Ҳусайнии Ҷалолӣ, Мазороту Аҳл-ил-Байт ва таърихуҳо, 1415ҳ.қ., саҳ.254.
  32. Ошӯр, Мавсуъату Аҳл-ил-Байт, 1427ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.24.
  33. Ошӯр, Мавсуъату Аҳл-ил-Байт, 1427ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.24.
  34. Аминӣ, Мусҳафи Фотимӣ, 1382ҳ.ш., саҳ.60.
  35. Аминӣ, Мусҳафи Фотимӣ, 1382ҳ.ш., саҳ.60 - 61.
  36. Шайхи Садуқ, ал-Хисол, 1403ҳ.қ., саҳ.307; Шайхи Садуқ, Маъонӣ-л-ахбор, 1361ҳ.ш., саҳ.128; Қумӣ, Тафсир-ул-Қумӣ, 1363ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.60.
  37. Нигоҳ кунед ба: Таҳомӣ, “Сора ҳамсари Иброҳим (а) дар Қуръон ва ривоёт”.
  38. Китоби Муқаддас, Сифри пайдоиш, боби 21, ояти 9 - 15.
  39. Китоби Муқаддас, Сифри пайдоиш, боби 21, ояти 9 - 15.
  40. Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.490; Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.293.

Ёддошт

  1. Абдусоҳиб Ҳусайнии Омилӣ бар ин бовар аст, ки модарони Сора ва Иброҳим, ки духтарони Лоҳиҷ буданд, бо амаки Иброҳим ва падари Иброҳим издивоҷ карданд. Аз ин ду издивоҷ, Сора ва Иброҳим ба дунё омаданд; бино бар ин, Сора духтархола ва духтарамаки Иброҳим аст. Албатта ба гуфтаи ӯ, модари Сора қабл аз издивоҷ бо амаки Иброҳим, бо бародари Иброҳим издивоҷ кард ва ҳазрати Лутро ба дунё овард. Ба ҳамин далел, Лут бародарзода ва писархолаи Иброҳим, ва бародари модари Сора буд, на бародари падарӣ ӯ. Аз ин рӯ, ба гуфтаи вай, хоҳару бародар будани Сора ва Лут, боис намешавад Сора бародарзодаи Иброҳим бошад. (Ҳусайнии Омилӣ, ал-Анбиё ҳаётуҳум, қасасуҳум, 1391ҳ.қ., саҳ.116 ва 129.)

Сарчашма

  • Қуръони Карим.
  • Абулфутуҳи Розӣ, Ҳусайн ибни Алӣ, Равз-ул-ҷинон ва рӯҳ-ул-ҷанон фи тафсир-ил-Қуръон, тасҳеҳи Муҳаммадмаҳдии Носеҳ ва Муҳаммадҷаъфари Ёҳақӣ, Машҳад, остони қудси Разавӣ, Бунёди пажӯҳишҳои исломӣ, 1408ҳ.қ.
  • Аллома Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, 1403ҳ.қ.
  • Аллома Таботабоӣ, Сайидмуҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, мактабат ан-Нашрул-исломӣ, чопи панҷум, 1417ҳ.қ.
  • Дақс, Фуод Ҳамд, Ошноӣ бо занони қуръонӣ, тарҷумаи Фотимаи Ҳайдарӣ, Теҳрон, Машъар, 1389ҳ.ш.
  • Ибни Асир, Алӣ ибни Абилкарам, ал-Комилу фи-т-таърих, Бейрут, Дорусодир, 1385ҳ.қ.
  • Ибни Касир, Исмоил ибни Умар, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, Бейрут, Дорулфикр, 1407ҳ.қ./ 1986м.
  • Ибни Халдун, Абдурраҳмон ибни Муҳаммад, Девон-ул-мубтадаи ва-л-хабар фи таърих-ил-араби ва-л-барбар ва ман осараҳум мин зав-иш-шаън-ил-акбар, таҳқиқ: Халил Шаҳода, Бейрут, Дорулфикр, 1408ҳ.қ./1988м.
  • Ибни Қутайба, ал-Маъориф, Абдуллоҳ ибни Муслим, таҳқиқи Сарват Акоша, Қоҳира, алҳайъатул-мисриятилъомати лилкитоб, 1992м.
  • Ибни Ҳабиб, Муҳаммад ибни Ҳабиб ибни Ҳошимии Бағдодии Муҳаббарӣ, ал-Муҳаббар, таҳқиқи Ализа Лихтейн Штейтр, Бейрут, Дорулофоқилҷадида, бе то.
  • Китоби Муқаддас.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, 1407ҳ.қ.
  • Масъудӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, ва Доғир, Юсуф Асъад, Муруҷ-уз-заҳаб ва маодин-ул-ҷавҳар, Қум, муассисаи Дорулҳиҷрат, 1409ҳ.қ.
  • Мақдисӣ, Муҳаммад ибни Тоҳир, ал-Бадъу ва-т-таърих, Бурсаъид, мактабат ассақофатуддиния, бе то.
  • Маҳаллотӣ, Забеҳуллоҳ, Раёҳин-уш-шариъат: дар тарҷума, Бонувони мусалмони шиа, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, 1369ҳ.ш.
  • Ошӯр, Алӣ, Мавсуъату Аҳл-ил-Байт, Бейрут, Доруназир Абуд, 1427ҳ.қ./2006м.
  • Ровандӣ, Қутбиддини Саид, Қасас-ул-анбиё (а), тасҳеҳи Ғуломризо Ирфониёни Яздӣ, Машҳад, маркази пажӯҳишҳои исломӣ, 1409ҳ.қ.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, таҳқиқ: Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Бейрут, Дорултурос, 1387ҳ.қ./1967м.
  • Таҳомӣ, Фотима, ва Аъзам Фарҷомӣ, “Сора ҳамсари Иброҳим (а) дар Қуръон ва ривоёт”, дар маҷаллаи саҳифаи Мубин, Теҳрон, пажӯҳишкадаи Қуръону итрат: муовинати фарҳангии донишгоҳи Озод, ш.43, поизи 1387ҳ.ш.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, Дафтари интишороти исломии вобаста ба ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1413ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Маъонӣ-л-ахбор, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1361ҳ.ш.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Хисол, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1403ҳ.қ.
  • Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, Тафсир-ул-Қумӣ, ба кӯшиши Сайидтайиб Мӯсавии Ҷазоирӣ, Қум, Дорулкитоб, 1363ҳ.ш.
  • Ҳусайнии Омилӣ, Абдулсоҳиб, ал-Анбиё ҳаётуҳум, қасасуҳум, Бейрут, маншуроти муассисаи ал-аъламӣ лилматбуъот, 1391ҳ.қ.
  • Ҳусайнии Омилӣ, Абдусоҳиб, ал-Анбиё: ҳаётуҳум - қасасуҳум, Бейрут, муассисаи ал-аъламӣ лилматбуъот, 2002м.
  • Ҳусайнии Ҷалолӣ, Муҳаммадҳусайн, Мазороту Аҳл-ил-Байт ва таърихуҳо, Бейрут, муассисаи ал-аъламӣ лилматбуъот, 1415ҳ.қ./1995м.