Оёти маҳдавият

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Маҳдавият дар оёти қуръон)
 Ин мақола дар бораи оёт маҳдавият аст. Барои дидани феҳристе аз оёти маҳдавият, мақолаи феҳристи оёти маҳдавиятро бубинед.

Оёти маҳдавият оёте аз Қуръон ки дар тафсири онҳо аз баҳсҳои вобаста ба маҳдавият монанди зуҳур, қиём, ғайбат ва ҳукумати ҳазрати Маҳдӣ (аҷ) сухан гуфтаанд. Ҳудуди 500 оятро аз оёти маҳдавият донистаанд, ки дар тафсир ё таъвили он ба ривоёте аз Аҳли Байт (а) истинод шудааст.
Китобҳои зиёде дар бора оёти маҳдавият навишта шудааст, ки: «ал-Имом ал-Маҳдӣ фи-л-Қуръон ва-с-сунна», «ал-Маҳаҷҷату фимо назала фи-л-Қоим-ил-Ҳуҷҷа», «ал-Қуръону ятаҳаддасу ан-ил-Имом-ил-Маҳдӣ», ва «Имом Маҳдӣ дар Қуръон» аз ҷумла онҳост.

Теъдод

Оёти маҳдавият оёте аз Қуръон ки дар тафсири онҳо аз баҳсҳои вобаста ба маҳдавият монанди зуҳур, қиём, ғайбат ва ҳукумати ҳазрати Маҳдӣ (аҷ) сухан гуфтаанд. Бархе аз нависандагон теъдоди оёти маҳдавиятро ҳудуди 398[1] ва бархе дигари 500 оят донистаанд.[2]

Гурӯҳбандӣ

Оёти маҳдавиятро ба чанд гурӯҳ тақсим кардаанд:

  • Оёте ки дар тафсири онҳо, ба яке аз баҳсҳои дахлдор ба маҳдавият ишора шудааст. Ба унвони намуна, дар ривоёти тафсирӣ, ки аз Аҳли Байт нақл шуда, аз бархе вижагиҳои давраи ғайбат монанди сахтии зиндагии муъминон[3] ва озмоишҳои Илоҳӣ[4] дар ин давра сухан ба миён омадааст. Ҳамчунин бархе аз нишонаҳои зуҳур, монанди хуруҷи Суфёнӣ ва нобудии ӯ дар Байдоъ дар тафсири ояти «Ва эй кош медидӣ ҳангомиеро ки [кофарон] ваҳшатзадаанд, [он ҷо ки роҳи] гурезе намондааст ва аз ҷое наздики гирифтор омадаанд.»[5] матраҳ шудааст.[6]
  • Оёте ки маҳдавият аз намунаҳои он дониста шудааст; яъне он оёт бар маҳдавият татбиқ дода шудаанд; аз ҷумла оёте ки ба ҳукумати солеҳон бар рӯйи замин башорат медиҳад; монанди оя «Ва дар ҳақиқат, дар Забур пас аз Таврот навиштем ки заминро бандагони шоистаи мо ба ирс хоҳанд бурд».[7] Дар ривояте манзур аз солеҳон Имоми Замон (а) ва ёронаш дониста шудаанд.[8]
  • Оёте ки барои табйини мабоҳиси маҳдавият ва посухгӯӣ ба шубаҳоти он корбурд доранд;[9] монанди ояти «Ва ли кулли қавмин ҳодин»[10] ки бар асоси он Худованд барои ҳар уммате фардеро интихоб карда то онҳоро ҳидоят кунад. Аз Имоми Содиқ дар тафсири ояти мазкур нақл шуда ки: «Дар ҳар замоне имоме аз хонадони мо вуҷуд дорад, ки мардумро ба он чи Расули Худо овардааст, ҳидоят мекунад».[11]

Китобшиносӣ

Китоби Муъҷами маҳдавият дар тафосири шиа ва аҳли суннат

Китобҳое дар бораи оёти маҳдавият ва тафсири онҳо навишта шудааст,[12] ки дар онҳо аз оёти мазкур ба шеваҳои мухталифе монанди ба тартиби чиниши сураҳои Қуръон, ба тартиби нузули сураҳои Қуръон ва ба шеваи мавзуӣ баҳс шудааст.[13] Бархе аз ин китобҳо иборатаст аз: ал-Имом ал-Маҳдӣ фи-л-Қуръони ва-с-сунна, асари Саид Абумаош. Ин китоб беш аз 500 оятро дар бораи маҳдавият дар бар дорад. ал-Маҳаҷҷату фимо назала фи-л-Қоим-ил-Ҳуҷҷат, навиштаи Сайид Ҳошими Баҳронӣ. Ин китоб ки беш аз 128 оятро дар бар гирифта, бо унвони «Симои ҳазрати Маҳдӣ дар Қуръон» ба форсӣ тарҷума шудааст. Муъҷами маҳдавият дар ривоёти тафсирӣ, асари Муртазо Абдии Чорӣ. Интишороти зуҳур ин китобро дар 3 ҷилд мунташир кардааст. Муъҷами аҳодиси Имом Маҳдӣ. Ҷилди ҳафтуми ин маҷмуа махсуси ривоётест, ки дар зайли онҳо, имомон (а) оётеро ба Имом Маҳдӣ (а) таъвил ё тафсир кардаанд. Ин маҷмуа зери назари Алии Куронӣ ва дар Муассисаи маорифи исломӣ тадвин шудааст.

Китобҳои «Муъҷами маҳдавият дар тафосири шиа ва аҳли суннат», асари Муҳсини Таботабоӣ; «ал-Оёт-ил-боҳира фӣ бақият-ил-итрат-ит-тоҳира» асари Сайид Довуди Мирсобирӣ; «ал-Қуръону ятаҳаддасу ан-ил-Имом-ил-Маҳдӣ», асари Маҳдӣ Ҳасани Алоуддин; «ал-Имом ал-Маҳдӣ фи-л-Қуръон», асари Сайид Абдураҳим Мӯсавӣ ва «Имом Маҳдӣ дар Қуръон», асари Маҳдии Юсуфён аз дигари осор дар бораи оёти маҳдавият аст.

Ҷустори Вобаста

Эзоҳ

  1. Куронӣ, Муъҷами аҳодис-ул-имом-ил-Маҳдӣ, 1411ҳ.қ.
  2. Абумаош, ал-Имом-ул-Маҳдӣ фи-л-Қуръони ва-с-сунна, 1388ҳ.ш.
  3. Табарӣ, Далоил-ул-имомат, 1413ҳ.қ., саҳ.471
  4. Нуъмонӣ, ал-Ғайбат, 1397ҳ.қ., саҳ.316
  5. Сураи Сабо, ояти 51
  6. Айёшӣ, Тафсир-ул-Айёшӣ, 1380ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.57
  7. Сураи Анбиё, ояти 105
  8. Астарободӣ, Таъвил-ул-оёт-из-зоҳира, 1409ҳ.қ., саҳ.327
  9. Абозарӣ, Қофиласолор, 1393ҳ.қ., саҳ.34
  10. Сураи Раъд, ояти 7
  11. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.23, саҳ.5
  12. Ниг.: Китобшносии Қуръон ва интизор, 1383ҳ.ш.
  13. Абозарӣ, Қофилаи солор, 1393ҳ.қ. саҳ.34

Сарчашма

  • Абозарӣ, Маҳмӯд, Қофиласолор Имоми Замон (аҷ) аз манзари Қуръон, Қум, Бунёди фарҳангии ҳазрати Маҳдии мавъуд, 1393ҳ.ш.
  • Абумаош, Саид, ал-Имом ал-Маҳдӣ фи-л-Қуръони ва-с-сунна, Машҳад, интишороти Остони қудси Разавӣ, 1388ҳ.ш.
  • Айёшӣ, Муҳамад ибни Масъуд, Тафсир-ул-Айёшӣ, тасҳеҳи Сайид Ҳошим Расулии Маҳаллотӣ, Теҳрон, ал-Матбаат-ул-илмийя, 1380ҳ.қ.
  • Астарободӣ, Алӣ Таъвил-ул-оёт-из-зоҳира фӣ фазоил-ил-ъитрат-ит-тоҳира, тасҳеҳи Ҳусайн Валӣ, Қум, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, 1409ҳ.қ.
  • Дабирхонаи дувоздаҳумин намоишгоҳи байналмилалии Қуръон Карим, Китобшносии Қуръон ва интизор, 1383ҳ.ш.
  • Куронӣ ва ҳамкорон, Алӣ, Муъҷами аҳодиси Имом Маҳдӣ, Қум, ал-Маъориф-ул-исломийя, 1411ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Баҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳё-ут-турос-ил-арабӣ, 1403ҳ.қ.
  • Нуъмонӣ, Муҳамад ибни Иброҳим, ал-Ғайбат-ун-нуъмонӣ, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, нашри Садуқ, 1397ҳ.қ.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Далоил-ул-имомат, тасҳеҳи Муассисаи Беъсат, Қум, Беъсат, 1413ҳ.қ.