Мавсуату табақот-ил-фуқаҳо (китоб)

Аз wikishia
Мавсуату табақот-ил-фуқаҳо
local p = {} function p.main(frame) local args = require('Module:Arguments').getArgs(frame, {wrappers = 'Template:If empty', removeBlanks = false}) for k,v in ipairs(args) do if v ~= then return v end end end return p
НависандаҶаъфари Субҳонӣ (тав. 1308ҳ.ш.) ва ҷамъе аз нависандагони гурӯҳи илмии Муассисаи Имом Содиқ (а)
Мавзуътароҷимнигорӣ
Забонарабӣ
Теъдоди ҷилд14 ҷилд
НоширИнтишороти Муассисаи Имом Содиқ (а)
Маҳалли нашрҚум
Санаи нашр1418ҳ.қ.
Навбати чопаввал


Мавсуату табақот-ил-фуқаҳо (арабӣ: موسوعة طبقات الفقهاء) ба забони арабӣ, шомили муаррифии 5976 нафар аз фақиҳони мазоҳиби исломӣ то поёни қарни чаҳордаҳуми ҳиҷрӣ. Ин китоб аз осори баргузида дар маросими Китоби соли Ҷумҳурии исломии Эрон буда ва таълифи муштараки Ҷаъфари Субҳонӣ (тав. 1308ҳ.ш.) - аз мароҷеъи тақлиди шиа, ва ҷамъе аз нависандагон аст.

Ироаи шарҳи ҳол, фаъолиятҳои илмӣ ва низ ҳаводиси таърихии асри ҳар фақиҳ, фарқ гузоштан миёни номҳо ва лақабҳои муштарак дар миёни фақиҳон, баёни сода ва парҳез аз зиёданависӣ, аз вижагиҳои ин китоб шумурда шудааст. Китоб шомили муқаддимае дуҷилдист ва муҳтавои аслии китоб низ шомили чордаҳ ҷилд аст, ки ҷилди аввал дар бораи фақиҳони ҳамъасри Паёмбар (с) ва тобеъон аст. Пас аз он, аз ҷилди дуввум то чордаҳум ба муаррифии фақиҳони қарни дуввум то чордаҳум пардохта ва дар ҳар ҷилд фақиҳони як қарн шиносонда шудааст.

Ҷойгоҳ ва аҳамият

Мавсуату табақот-ил-фуқаҳо дар ҳабдаҳумин давраи Китоби соли Ҷумҳурии исломии Эрон дар соли 1378ҳ.ш. ба унвони асари таълифии баргузида дар мавзуи дин шинохта шуд.[1] Ин китоб тавассути Ҷаъфари Субҳонӣ аз мароҷеъи тақлиди шиа ва бо ҳамкории бархе нависандагони дигар ба нигориш даромадааст.[2]

Ба гуфта Ҷаъфари Субҳонӣ, бар хилофи дигар осори муаррифии фақиҳон ва олимони мусулмон, ки танҳо ба зиндагии олимони фирқаҳои хоссе пардохтаанд,[3] ин асар шомили зиндагинома ва иттилооти фақиҳони ҳамаи мазоҳиби исломӣ аст[4] ва аз лиҳози замонӣ низ дарбардорандаи фақиҳони садри Ислом то қарни чордаҳуми ҳиҷрист. Китоб дар чордаҳ ҷилд навишта шуда ва ҳар ҷилд махсуси фақиҳони як қарн аст.[5]

Нависандагон

Мавсуату табақот-ил-фуқаҳо ба қалами ҷамъе аз нависандагони гурӯҳи илмии Муассисаи Имом Содиқ (а) дар Қум навишта шуда[6] ки иборатанд аз: Сайид Муҳаммадҳусайн Мударрисии Яздӣ, Сайид Муҳаммадкозими Мударрисии Яздӣ, Сайид Муҳаммадкозими Ҳакимзода, Ҳайдар Муҳаммади Бағдодӣ, Сайид Аҳмади Фозилии Биёрҷумандӣ, Яҳёи Содиқӣ, Қосими Шерзода ва Муҳаммади Шувайлӣ.[7] Муқаддамаи муфассали ин китоб ба қалами Ҷаъфари Субҳонӣ навишта шуда ва ӯ ҳамчунин ишроф ва назорат бар таълифи китобро бар ӯҳда доштааст.[8]

Вижагиҳо

Бархе аз вижагиҳои китоби иборатанд аз:

  • Фақиҳони тамомии мазоҳиби исломӣ, ҳатто фақиҳони мазҳабҳое ки пас аз муддате аз байн рафтаандро низ дар бар мегирад.
  • Миёни номҳо ва лақабҳои якхелаи фақиҳон фарқ гузошта шуда ва бо зикри далел ба теъдоде аз иштибоҳоти муаллифони китобҳои тароҷим ва риҷол ишора шудааст.
  • Ба шарҳи ҳоли фақиҳон, шарҳи фаъолиятҳои илмии онон ва низ ҳодисаҳои таърихии асри фақиҳ пардохта шудааст.
  • Тартиб ва чиниши фақиҳон дар ҳар ҷилд бар асоси ҳуруфи алифбост ва дар охири ҳар ҷилд илова бар феҳристи алифбоӣ, феҳристи номи фақиҳон бо меҳварияти соли вафот низ танзим гардидааст.
  • Бо баёне сода ва дур аз зиёданависӣ ба нигориш даромадааст.[9]

Муҳтаво

Китоб шомили ду ҷилд муқаддама[10] ва чордаҳ ҷилд муҳтавои аслӣ[11] аст ки дар он ба шарҳи ҳоли 5976 нафар аз фақиҳони исломӣ то поёни қарни чордаҳум[12] пардохта шудааст. Муқаддамаи муфассали он тавассутҶаъфари Субҳонӣ навишта шуда[13] ва матолиби матраҳшуда дар он иборатаст аз:

  • Ҷилди аввали муқаддама ки шаш фасл дорад:
  1. Фасли аввал: Сарчашмаҳои муътабари қонунгузории исломӣ, ки дар он аз ҷойгоҳи Қуръон, суннат, иҷмоъ, ақл, урф ва сира баҳс шудааст.
  2. Фасли дуввум: Сарчашмаҳои қонунгузорӣ назд аҳли суннат
  3. Фасли сеюм: Таъсири замону макон дар ба даст овардани ҳукми шаръӣ
  4. Фасли чаҳорум: Мероси ҳадисии шиа ва аҳли суннат
  5. Фасли панҷум: Мероси фиқҳӣ назд шиа ва аҳли суннат
  6. Фасли шашум: Таърихи усули фиқҳ дар шиа ва аҳли суннат[14]
  • Ҷилди дуввуми муқаддама ки илова бар муқаддама шомили давраҳои фиқҳ назд шиа ва назд аҳл суннат аст.[15]

Ҷилди аввали муҳтавои аслии китоб дар мавриди фақиҳони асри саҳоба ва тобеъон аст.[16] Аз ҷилди дуввум то чордаҳум низ, дар ҳар ҷилд ба муаррифии фақиҳони як қарн пардохта шуда; яъне фақиҳони қарни дуввум то чордаҳум муаррифӣ шудаанд.[17]

Чопу нашр

Китоб тавассути Муассисаи Имом Содиқ (а) дар Қум ва дар соли 1418ҳ.қ./1997 ба чоп расид.[18] Ҳамчунин дар соли 1420ҳ.қ. низ дар Лубнон тавассути интишорати Дор-ул-азво мунташир шудааст.[19]

Эзоҳ

  1. «Муаррифии баргузидагони ҳабдаҳумин давраи Китоби сол ва ҳафтумин давраи эътои Ҷоизаи ҷаҳонии китоби соли Ҷумҳурии исломии Эрон», саҳ.19 - 20
  2. Ҷаъфари Субҳонӣ ва ҳамкорон, Мавсуату табақот-ил-фуқаҳо, 1418ҳ.қ., ҷ.1, муқаддама
  3. Ҷаъфари Субҳонӣ ва ҳамкорон, Мавсуату табақот-ил-фуқаҳо, 1418ҳ.қ., ҷ.1, муқаддама
  4. Ҷаъфари Субҳонӣ ва ҳамкорон, Мавсуату табақот-ил-фуқаҳо, 1418ҳ.қ., ҷ.1, муқаддама
  5. Мударрисии Яздӣ, «Мавсуату табақот-ил-фуқаҳо », саҳ.86 - 85
  6. Ҷаъфари Субҳонӣ ва ҳамкорон, Мавсуату табақот-ил-фуқаҳо, 1418ҳ.қ., ҷ.1, муқаддама
  7. Ҷаъфари Субҳонӣ ва ҳамкорон, Мавсуату табақот-ил-фуқаҳо, 1418ҳ.қ., ҷ.1, муқаддама
  8. Ганҷӣ, «Мусоҳиба бо Оятуллоҳ Ҷаъфари Субҳонӣ дар бораи Мавсуату табақот-ил-фуқаҳо», саҳ.19
  9. Мударрисии Яздӣ, «Мавсуату табақот-ил-фуқаҳо», саҳ.86 - 85
  10. Ҷаъфари Субҳонӣ ва ҳамкорон, Мавсуату табақот-ил-фуқаҳо, 1418ҳ.қ., муқаддама, ҷ.2 ва 1
  11. Ҷаъфари Субҳонӣ ва ҳамкорон, Мавсуату табақот-ил-фуқаҳо, 1418ҳ.қ., ҷ.14, шиносномаи китоб
  12. Ҷаъфари Субҳонӣ ва ҳамкорон, Мавсуату табақот-ил-фуқаҳо, 1418ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.1111 - 1110
  13. Ганҷӣ, «Мусоҳиба бо Оятуллоҳ Ҷаъфари Субҳонӣ дар бораи Мавсуату табақот-ил-фуқаҳо», саҳ.19
  14. Ҷаъфари Субҳонӣ ва ҳамкорон, Мавсуату табақот-ил-фуқаҳо, 1418ҳ.қ., муқаддама, ҷ.1, саҳ.480 - 469
  15. Ҷаъфари Субҳонӣ ва ҳамкорон, Мавсуату табақот-ил-фуқаҳо, 1418ҳ.қ., муқаддама, ҷ.1, саҳ.505 - 489
  16. Ҷаъфари Субҳонӣ ва ҳамкорон, Мавсуату табақот-ил-фуқаҳо, 1418ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.3
  17. Мударрисии Яздӣ, «Мавсуату табақот-ил-фуқаҳо», саҳ.85
  18. Ҷаъфари Субҳонӣ ва ҳамкорон, Мавсуату табақот-ил-фуқаҳо, 1418ҳ.қ., ҷ.1, шиносномаи китоб
  19. Ҷаъфари Субҳонӣ ва ҳамкорон, Мавсуату табақот-ил-фуқаҳо,1420ҳ.қ., ҷ.1, шиносномаи китоб

Сарчашма

  • «Муаррифии баргузидагони ҳабдаҳумин давраи Китоби сол ва ҳафтумин давраи эътои Ҷоизаи ҷаҳонии китоби соли Ҷумҳурии исломии Эрон», дар моҳномаи Китоби моҳи куллиёт, №№27 ва 28, исфанди 1378ҳ.ш. ва фарвардини 1379ҳ.ш.
  • Ганҷӣ, Алиризо, «Мусоҳиба бо Оятуллоҳ Ҷаъфари Субҳонӣ дар бораи Мавсуату табақот-ил-фуқаҳо», дар маҷаллаи Китоби моҳи дин, №№50 ва 49, обон ва озари 1380ҳ.ш.
  • Мударрисии Яздӣ, Сайид Муҳаммадкозим, «Мавсуату табақот-ил-фуқаҳо», дар маҷаллаи Пажӯҳиш ва ҳавза, №2, тобистони 1379ҳ.ш.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар ва ҳамкорон, Мавсуату табақот-ил-фуқаҳо, Бейрут, Дор-ул-азво, 1420ҳ.қ.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар ва ҳамкорон, Мавсуату табақот-ил-фуқаҳо,Қум, Муассисаи Имом Содиқи алайҳиассалом, 1418ҳ.қ.