Маводи мухаддир
Маводи мухаддир (форсӣ: مواد مخدر) ё моддаи мухаддир моддаҳое ҳастанд, ки муҳаррик, тахайюлбахш ва сустиовар мебошанд ва оқибатҳои ҷисмонӣ ва рӯҳӣ доранд ва пас аз чанд бор истифода, боиси эътиёд мегарданд. Фақеҳон дар ҳаром будани истифодаи навъҳои гуногуни маводи мухаддир иттифоқи назар доранд ва аз оятҳо, ривоятҳо, ақл ва қоидаи "лозарар" барои он далел меоваранд. Пажуҳишгарон нуқтаи муштараки масткунандаҳо ва навъҳои маводи мухаддирро аз байн рафтани ҳушёрӣ баён кардаанд. Аксари фақеҳон, маводи мухаддирро урфан масткунанда намедонанд ва аҳкоми гуногуни онро бар маводи мухаддир ҷорӣ намекунанд. Ба ҳамин далел истифодаи маводи мухаддирро аз ҷумла ҷиноятҳои таъзирӣ меҳисобанд.
Фақеҳон дар хусуси ҳаром будани истеҳсол, қочоқ, хариду фурӯш ва паҳнкунии маводи мухаддир истидлоҳҳои гуногун пешниҳод кардаанд: гурӯҳе онро ба сабаби надоштани манфиатҳои ҳалол ва ақлонӣ ҳаром меҳисобанд. Баъзе дигар зарарҳои инфиродӣ ва иҷтимоии маводи мухаддирро дар назар гирифтаанд ва ба эъдоми қочоқчиёни маводи мухаддир ҳамчун "муфсиду филарз" ҳукм кардаанд.
Мафҳумшиносӣ ва аҳамият
Маводи мухаддир ба моддае гуфта мешавад, ки навъе аз сархушии ғайриоддӣ дар шахси истифодакунанда эҷод мекунад ва боиси вобастагӣ ва эътиёди ӯ ба он мегардад.[1] Ҳамчунин ҳар моддае, ки сустӣ ва заъфи қобили назаре дар бадан боқӣ гузорад, мухаддир аст.[2]
Дар ривоятҳои исломӣ, баъзе навъҳои маводи мухаддир бо унвонҳое чун "банҷ", "муфтир", "мухаддир" ва "афюн" зикр шудаанд ва бар истифода накардани ин навъи моддаҳо таъкид шудааст.[3]
Дар китобҳои фиқҳӣ дар бораи маводи мухаддир, бахше ҷудо тадвин нашудааст; аммо дар бахшҳое чун ҳудуд ва таъзирот,[4] таҳорат ва наҷосат,[5] салот,[6] талоқ,[7] муҳориба,[8] диёт,[9] хӯрданӣ ва ошомиданӣ[10] аҳкоми марбути он баён шудааст.
Шабоҳати маводи мухаддир бо масткунандаҳо
Муҳаммадбоқир Садр (ваф.1359ҳ.ш.), дар китоби "Буҳусун фи шарҳ-ил-урват-ул-вусқо" нуқтаи муштараки маводи мухаддир ва масткунандаҳо(мускирот)-ро аз байн рафтани ҳушёрӣ медонад.[11] Ҳамчунин мегӯянд, ки ҳарду дар фасод ва табоҳии ақл ва пайдоиши сустӣ дар аъзои бадан муштарак ҳастанд ва боиси эътиёд ва вобастагии шахси истифодакунанда мегарданд ва ҳамчунин ба вуҷудоварандаи афкори палиду фосиде ҳастанд, ки боиси иртикоби баъзе аз ҷиноятҳо мешаванд.[12] Илова бар он, ҳар як аз маводи мухаддир ва масткунандаҳо боиси зарар расонидан ба саломатии инсон мегардад.[13]
Далелҳо ва мусаннадоти ҳаром будани маводи мухаддир
Пайғамбари акрам (с): Огоҳ бошед, ки ҳар масткунандае ва ҳар моддаи мухаддире ҳаром аст, ва он чизе, ки миқдори зиёдаш масткунанда бошад, миқдори камаш низ ҳаром аст ва он чизе, ки ақлро хумор, гиҷ ва зоил кунад, ҳаром аст.[14]
Далелҳое, ки аз ҷониби фақеҳон барои ҳукм ба ҳаром будани маводи мухаддир содир шудаанд, гуногун аст:
- Қуръони карим: Носир Макорими Шерозӣ бо истинод ба қисме аз ояти таҳлука (وَ لَا تُلْقُوا بِأَیدِیکمْ إِلَی التَّهْلُکةِ) аз намунаҳои ошкорои андохтани худ ба доми ҳалокат ва нобудӣ, истифодаи маводи мухаддир медонад ва бо истинод ба наҳйи воридшуда дар оят, ҳукм ба ҳаром будани он медиҳад.[15] Муҳаммадҷавод Меҳрӣ, пажуҳишгари фиқҳу усул дар китоби "Дарсномаи маводи мухаддир", бо истинод ба оятҳое чун ояти "таҳлука", ояти "тиҷорат", ояти 27 сураи Исро ва ояти 157 сураи Аъроф, хариду фурӯш ва истифодаи маводи мухаддирро аз намунаҳои "аклу-л-моли би-л-ботил" (хӯрдани моли ҳаром), андохтани худ ба доми ҳалокат ва нобудӣ ва рехтупоши мол дар роҳи ҳаром ва ботил донистааст. Ба ифодаи ӯ, маводи мухаддир моддаҳое паст, зараррасон ва палиду зоилкунандаи ақл ҳастанд; аз ин рӯ, истифода ва хариду фурӯши он ҳаром аст.[16]
- Ривоятҳои исломӣ: Баъзе аз фақеҳо бо истинод ба мазмуни ривоятҳое чун "Ҳар масткунандае ҳаром аст ва ҳар мухаддире ҳаром аст"[Ёддошт 1] ва ҳамчунин "Ҳар чизе агар оқибатҳояш ҳамон монанди масткунандаҳо бошад ҳаром аст"[Ёддошт 2] маводи мухаддирро ҳаром донистаанд;[17] аммо Мусавӣ Ардабилӣ (1304 – 1395ҳ.ш.), дар китоби "Фиқҳ-ул-ҳудуд ва-т-таъзирот" қоил аст, ривоятҳое, ки дар китобҳои ривоӣ ҳамчун далели ҳаром будани истифодаи маводи мухаддир ворид шудаанд, сандҳояшон заиф аст. Ба ҳамин далел, истидлол ба онҳо дуруст нест.[18]
- Далели ақлӣ: Ба гуфтаи Сайид Муҳаммадбоқир Садр, ҳукми шаръии ҳаром будани истифодаи маводи мухаддир ба воситаи ақл кашф мешавад.[19] Ба ақидаи ӯ, ақл аз боби қиёси маводи мухаддир ба масткунандаҳо (аз байн рафтани ақл ва шуур ва маскир будан), ҳукм ба ҳаром будани он мекунад.[20]
Оё ҳаром будани истифодаи маводи мухаддир ба сабаби зарарнок будани он аст?
Ба ақидаи Носир Макорими Шерозӣ, ҳарчанд мавзуи қоидаи "лазарар" зарар расонидан ба дигарон аст, аммо зарар расонидан ба нафсро низ дарбар мегирад. Бар асоси ҳамин мабно мегӯяд, ки маводи мухаддир қатъан боиси зарар расонидан ба худ ва дигарон мегардад ва ба ҳамин далел ҳаром аст.[21]
Аз назари Сайид Муҳаммадбоқир Садр далели ҳаром будани нӯшидани шароб масткунандагии он аст ва далели ҳаром будани истифодаи маводи мухаддир, зарар доштани он аст.[22]
Баъзе аз фақеҳон зарари истифодаи маводи мухаддирро ҳамон монанди истифодаи заҳр ва моддаҳои заҳрнок меҳисобанд ва муътақиданд он чизе, ки барои бадан зараррасон аст, монанди хӯрдани заҳр (кам ё зиёд, ҷомид ё моеъ)[23] ҳаром аст;[24] аммо агар истифодаи ками он зарарнок набошад, монанди афюн, истифодаи он то замоне, ки барои бадан зараррасон набошад, ҳаром нест; аммо вақте ки ба ҳадди музир будани он бирасад, истифодаи он миқдори кам низ ҳаром хоҳад шуд.[25] Бар ҳамин мабно, баъзе аз фақеҳон монанди Сайид Абулқосим Хӯӣ (ваф.1371ҳ.ш.), муътақиданд, ки истифодаи маводи мухаддир аз боби хӯрдани заҳр ва зарар расонидан ба бадан ва ба хатар андохтани саломатии ҷисмонӣ ва рӯҳӣ, ҳаром аст; чи аз ҷиҳати зиёдии миқдори он бошад ё ба ҷиҳати давомдории бар истифодаи он.[26] Баъзе ҳам монанди Имом Хумайнӣ[27] ва Оятуллоҳ Хоманаӣ[28] ба офатҳо ва зарарҳои он таваҷҷуҳ карда ва ҳаром будани онро аз боби зарари шахсӣ ва иҷтимоӣ донистаанд.
Меъёр ва миқёс дар музир будани маводи мухаддир
Ба ақидаи фақеҳон чизе, ки истифодааш бо як ё ду бор зарар надошта бошад, аммо такрор дар истифодаи он ва эътиёд ба он зараррасон бошад, такрор ва идомаи истифодаи он ҳаром аст.[29] Бар ҳамин мабно фақеҳоне монанди Мирзо Ҷаводи Табрезӣ,[30] Муҳаммадтақӣ Баҳҷат (ваф.1388ҳ.ш.)[31] ва Фозили Ланкаронӣ (ваф.1386ҳ.ш.)[32] меъёр дар ҳаром будани маводи мухаддирро эътиёд ба он моддаҳо донистаанд, на фақат истифодаи он; зеро муътақиданд он чизе, ки дар маводи мухаддир зарарнок аст, эътиёд ба он моддаҳо аст ва он истифодаҳое, ки боиси эътиёд мешаванд, ҷоиз нест; аз ин рӯ фақеҳон муътақиданд, ки агар касе, ки ба истифодаи маводи мухаддир эътиёд пайдо кардааст, аммо қувва ва тавоноӣ бар тарки эътиёдашро надорад, истифодаи маводи мухаддир барои ӯ аз ҷиҳати шаръӣ аз боби зарурат ва ҳифзи ҷон, ишколе надорад.[33]
Ҷазои истифодаи маводи мухаддир
Дар ин ки оё маводи мухаддир ҷузъи масткунандаҳо ҳастанд ва аҳкоми ҷазоии он маводи мухаддирро низ дар бар мегирад ё не, байни фақеҳони имомия дидгоҳҳои гуногун мавҷуд аст. Он чи дар китобҳои фиқҳӣ омада, ин ки маводи мухаддир аз масткунандаҳо буданаш мусаллам нест ва мавриди ихтилоф аст. Аксари фақеҳон маводи мухаддирро урфан масткунанда намедонанд ва аҳкоми гуногуни онро бар маводи мухаддир ҷорӣ намекунанд;[34] ба ҳамин далел истифодаи маводи мухаддирро аз ҷумла ҷиноятҳои таъзирӣ меҳисобанд.[35] Дар муқобили ин гурӯҳ, баъзе дигар аз фақеҳон далели ҳаром будани истифодаи маводи мухаддирро мастиовар будани он моддаҳо медонанд[36] ва меъёр дар иқомаи ҳадди шаръӣ дар маводи мухаддирро масткунанда будани онҳо медонанд. Барои намуна, Аллома Ҳиллӣ, фақеҳ ва мутакаллими шиа дар қарни ҳаштуми қамарӣ, дар китоби "Қавоид-ул-аҳком"[37] ва Имом Хумайнӣ, дар китоби "Таҳрир-ул-васила"[38] муътақиданд, ки ҳар масткунандае, ҷомид бошад ё моеъ, ҳукми хамрро дорад; монанди ҳашиш.
Шаҳиди Аввал, аз фақеҳони шиа дар қарни ҳаштуми қамарӣ, дар бораи сабаби ҳаром будани истифодаи ҳашиш, ба вуҷуди ду дидгоҳ ва самараи он ишора мекунад ва баён медорад, ки агар ҳаром будани он ба сабаби масткунандагӣ бошад, боиси ҳадди шаръӣ аст ва дар ғайри ин сурат, агар ба сабаби фасодовар будани он (фасоди ақл) бошад, мунҷар ба таъзир хоҳад шуд.[39]
Ҳукми истеҳсол, қочоқ ва хариду фурӯши маводи мухаддир
Ихтилофи фақеҳони имомия дар бораи масткунандаҳои ҷомид монанди банг ва ҳашиш, маҳдуд ба ҳукми ин масткунандаҳо аз ҷиҳати покӣ ва наҷосат аст; вагарна дар ҳаром будани истеъмоли навъҳои маводи мухаддир иттифоқи назар доранд. Гурӯҳе аз онҳо бар ин назар ҳастанд, ки масткунандаҳои ҷомид пок ҳастанд ва ҳарчанд чизе дар он бирезад, ки ҳолати моеъ ба худ гирад, боз ҳам пок аст.[40] Дар муқобили ин назар, гурӯҳе дигар аз фақеҳон фатво ба наҷис будани ҳар масткунандае додаанд.[41]
Аллома Ҳиллӣ, фақеҳ ва мутакаллими шиа дар қарни ҳаштуми қамарӣ, меъёри ҳаром будани хариду фурӯши маводи мухаддирро вобаста ба шомили моддаҳои масткунанда будани он медонист;[42] аммо аксари фақеҳон меъёри ҳаром будани қочоқ ва муомилоти маводи мухаддирро надоштани манфиатҳои ҳалолу ақлонӣ ва қасди манфиатҳои ҳаром қарор додаанд. Инҳо баён кардаанд, ки агар ин корҳо барои истифодаҳои ҳалол, аз ҷумла пизишкӣ ва дигар истифодаҳои ақлонӣ бошад, ҷоиз ва дар ғайри ин сурат ҳаром аст.[43] Барои намуна, Сайид Алӣ Хоманаӣ (тав.1318ҳ.ш.), истифодаи маводи мухаддир[44] ва ҳамчунин хариду фурӯш ва ҳамлу нақл ва нигоҳдории онро ба сабаби зарарҳои шахсӣ ва иҷтимоӣ, ки доранд, ҳаром донистааст, магар дар мавриди муолиҷаи беморӣ, он ҳам ба ташхиси пизишки ҳозиқ ва мавриди эътимод, ки дар ин маворид истифодаи он ба миқдори зарурат ишколе надорад.[45]
Носир Макорими Шерозӣ (тав.1305ҳ.ш.), истифодаи афюн ва дигар маводи мухаддир ва ҳамчунин хариду фурӯши он ва ширкат дар ҷаласаҳое, ки дар он маводи мухаддир истифода мешавад, аз гуноҳони кабира медонад. Ӯ ҳар гуна кумакро ба кишту фурӯшу ҳамлу нақл ва истифодаи онро низ аз муҳаррамоти ошкори Илоҳӣ донистааст.[46] Ба ақидаи эшон, ҳар кас ҳар гуна кумакро ба кишту таҳияву ҳамлу нақл ва паҳнкунии ин моддаҳо кунад, кори ҳаром анҷом дода ва сазояш ҷазои Илоҳӣ хоҳад шуд ва ҳар гуна даромаде, ки аз он ҳосил шавад, ҳаром ва номушаръ аст.[47]
Баъзе дигар монанди Мирзо Ҷавод Табрезӣ (ваф.1385ҳ.ш.) меъёри ҳаром буданро ишоаи фасод ва эътиёд дар ҷомеа донистаанд. Баъзе дигар аз фақеҳон монанди Имом Хумайнӣ ва Сайид Козим Ҳоирӣ (тав.1317ҳ.ш.), меъёри ҳаром буданро мухолифат бо қарорҳо ва қонунҳои ҳукумати исломӣ донистаанд.[48]
Оё қочоқчиёни маводи мухаддир муфсиди фи-л-арз ҳастанд?
Баъзе аз фақеҳон қочоқчиёни маводи мухаддир ва касоне, ки ба таври васеъ, иқдом ба эҷоди марказҳои фаҳшо мекунанд, намунаи комили унвони "муфсиди фи-л-арз" (тарҷумаи тоҷикӣ: фасодкунанда дар замин) донистаанд. Барои намуна, Носир Макорими Шерозӣ дар таърифи муфсиди фи-л-арз менависад: "Муфсиди фи-л-арз ба шахсе гуфта мешавад, ки маншаи фасоди гувтарда дар муҳите шавад; ҳарчанд бибуни аслиҳа бошад; монанди қочоқчиёни маводи мухаддир ва касоне, ки марказҳои фаҳшоро ба таври васеъ эҷод мекунанд."[49]
Имом Хумайнӣ низ дар хусуси ифсод дар ҷиноятҳои маводи мухаддир муътақид аст, ки ифсод дар ин маврид дар сурате аст, ки моддаҳое, ки паҳн мегардад, ба тавре бошад, ки сабаби гирифтории бисёре аз мардум гардад ё ба қасди ин амал бошад ё илм ба оқибатҳои ин амал дошта бошад;[50] аз ҳамин рӯ дар посух ба номаи Сайид Абдулкарим Мӯсавии Ардабилӣ (1304 –1395ҳ.ш.), раиси вақти Девони Олии Кишвар (Эрон), дар хусуси таъйини ҷазои эъдом барои муфсидин фи-л-арз дар муҳокимаҳои қазоӣ, ба онҳо иҷозат дод, то ки мувофиқи назари Ҳусайналӣ Мунтазарӣ (1301-1388ҳ.ш.) амал кунанд.[51] Мунтазарӣ эъдоми муфсиди фи-л-арзро ҷоиз дониста буд[52] ва фақат дар сурате, ки дар сидқи унвони муфсид, шак ба вуҷуд ояд, бар асоси қоидаи эҳтиёт дар димоъ, эъдомро ҷоиз намедонист.[53]
Такнигорӣ
Китоби "Маводи мухаддир дар манобеи фиқҳӣ ва фатовои мароҷеи тақлиди изом", навиштаи Алиакбар Босирӣ аст. Нависанда дар ин китоб аҳкоми истифодаи маводи мухаддир ва ҷазои онро дар манобеъ ва мазоҳиби фиқҳии исломӣ баррасӣ карда ва дар идома, фатвоҳои мароҷеи таклидро ба он пайваст кардааст. Ин китоб ба ҳиммати нашриёти Хурсандӣ, дар соли 1388ҳ.ш., чоп ва нашр шудааст.[54]
Ҷустори вобаста
Эзоҳ
- ↑ Моҳёр, Доират-ул-маорифи эътиёд ва маводи мухаддир, 1387ҳ.ш., саҳ.21; Салмонпур, «Мабонии фиқҳии ҳурмати истифода ва қочоқи маводи мухаддир ва ҷароими марбут ба он», саҳ.122
- ↑ Барои намуна ниг.: Ҳусайнӣ, Фарҳанги истилоҳоти фиқҳӣ, 1389ҳ.ш., саҳ.456; Муъин, Фарҳанги Муъин, зери вожаи «мухаддир»
- ↑ Ба унвони намуна ниг.: Нурӣ, Мустадрак-ул-васоил, 1408ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.86
- ↑ Шайх Муфид, ал-Муқнеъ, 1413ҳ.қ., саҳ.805
- ↑ Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.122
- ↑ Шайх Тӯсӣ, ал-Мабсуту фи фиқҳ-ил-имомия, 1387ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.128
- ↑ Шайх Тӯсӣ, Китобу-л-хилоф, Муассисаи нашри исломӣ, ҷ.4, саҳ.480
- ↑ Шайх Муфид, ал-Муқнеъ, 1413ҳ.қ., саҳ.805
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.42, саҳ.187
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.36, саҳ.370
- ↑ Садр, Буҳусун фи шарҳ-ил-урват-ул-вусқо, 1408ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.367
- ↑ Тайёр, ал-Мухаддироту фи фиқҳ-ил-исломӣ, 1418ҳ.қ., саҳ.89
- ↑ Фатҳӣ Баҳнасӣ, ал-Мавсуат-ул-ҷиноия фи фиқҳ-ил-исломӣ, 1412ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.394
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.408
- ↑ Макорими Шерозӣ, Истифтооти ҷадид, 1427ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.171
- ↑ Меҳрӣ, Дарсномаи маводи мухаддир, 1401ҳ.ш., саҳ.215-207
- ↑ Барои намуна, ниг.: Ансорӣ, Китоб-ут-таҳора, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.210
- ↑ Мӯсавӣ Ардабилӣ, Фиқҳ-ул-ҳудуд ва-т-таъзирот, 1427ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.562
- ↑ Садр, Дурусун фи илм-ил-усул, 1406ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.279
- ↑ Садр, Дурусун фи илм-ил-усул, 1406ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.279
- ↑ Макорими Шерозӣ, Истифтооти ҷадид, 1427ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.174-173
- ↑ Садр, Буҳусун фи шарҳ-ил-урват-ул-вусқо, 1408ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.367
- ↑ Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1413ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.70
- ↑ Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳия фи шарҳ-ил-лумъат-ид-димишқия, 1410ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.329
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.36, саҳ.372
- ↑ Хӯӣ, Минҳоҷ-ус-солиҳин, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.347
- ↑ Имом Хумайнӣ, Истифтоот, 1372ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.37-35
- ↑ Хоманаӣ, Аҷвибат-ул-истифтоот, 1420ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.53
- ↑ Барои намуна, ниг.: Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1392ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.164
- ↑ Табаррезӣ, Истифтооти ҷадид, 1385ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.483
- ↑ Баҳҷат, Истифтоот, 1386ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.558
- ↑ Фозил Ланкаронӣ, Ҷомеъ-ул-масоил, 1383ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.271
- ↑ Барои намуна ниг.: Макорими Шерозӣ, Истифтооти ҷадид, 1427ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.161
- ↑ Барои намуна ниг.: Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.41, саҳ.449
- ↑ Фозил Миқдод, ат-Танқеҳ-ур-роеъ ли-мухтасар-иш-шароеъ, 1404ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.366; Шаҳиди Аввал, ал-Қавоиду ва-л-фавоид, Китобфурӯши Муфид, ҷ.2, саҳ.76
- ↑ Барои намуна ниг.: Аллома Ҳиллӣ, Қавоид-ул-аҳком, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.120; Аллома Ҳиллӣ, Аҷвибат-ул-масоил-ил-муҳанноия, 1401ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.32
- ↑ Аллома Ҳиллӣ, Қавоид-ул-аҳком, 1419ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.332
- ↑ Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1392ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.166
- ↑ Шаҳиди Аввал, ал-Қавоиду ва-л-фавоид, Китобфурӯши Муфид, ҷ.2, саҳ.73
- ↑ Имом Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоил, 1372ҳ.ш., саҳ.15; «Истифодаи духониёт ва моддаҳои мухаддир», Вебгоҳи Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ Хӯӣ, ат-Танқеҳу фи шарҳ-ил-урват-ил-вусқо, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.99
- ↑ Аллома Ҳиллӣ, Қавоид-ул-аҳком, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.120
- ↑ Босирӣ, Алиакбар, Моддаҳои мухаддир дар манобеи фиқҳӣ ва фатвоҳои мароҷеи тақлид, саҳ.118-87. (Асли истифтоот дар ин китоб омадааст.)
- ↑ «Истифодаи духониёт ва моддаҳои мухаддир», Вебгоҳи Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ Хоманаӣ, Аҷвибат-ул-истифтоот, 1420ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.53
- ↑ Макорими Шерозӣ, Истифтооти ҷадид, 1427ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.174-173
- ↑ Макорими Шерозӣ, Истифтооти ҷадид, 1427ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.242
- ↑ Босирӣ, Алиакбар, Моддаҳои мухаддир дар манобеи фиқҳӣ ва фатвоҳои мароҷеи тақлид, саҳ.118-87
- ↑ Макорими Шерозӣ, Истифтооти ҷадид, 1427ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.499
- ↑ Имом Хумайнӣ, Саҳифаи Имом, 1378ҳ.ш., ҷ.18, саҳ.354
- ↑ Имом Хумайнӣ, Саҳифаи Имом, 1389ҳ.ш., ҷ.20, саҳ.397
- ↑ Мунтазарӣ, Рисолаи истифтоот, 1384ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.254
- ↑ Мунтазарӣ, Рисолаи истифтоот, 1384ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.254
- ↑ «Моддаҳои мухаддир дар манобеи фиқҳӣ ва фатвоҳои мароҷеи тақлид», Пойгоҳи иттилоърасонӣ китобхонаҳои Эрон
Ёддошт
- ↑ ألا إنَّ کلَّ مُسکرٍ حَرامٌ، و کلَّ مُخَدِّرٍ حَرامٌ، و ما أسکرَ کثیرهُ حَرامٌ قَلیلُهُ، و ما خَمَّرَ العَقلَ فَهُوَ حَرامٌ Пайғамбари Ислом (с): Бидонед, ки ҳар масткунандае ҳаром аст, ҳар моддаи тахдиргаре ҳаром аст, ва он чизе, ки бисёраш маст кунад, андакаш низ ҳаром аст, ва он чизе, ки ақлро зоил мекунад, ҳаром аст. (Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.408.)
- ↑ إنَّ اللّه َ عز و جل لَم یحَرِّمِ الخَمرَ لاِسمِها، ولکنَّهُ حَرَّمَها لِعاقِبَتِها ؛ فَما کانَ عاقِبَتُهُ عاقِبَةَ الخَمرِ فَهُوَ خَمرٌ ؛ Имом Козим (а) фармуд: Худованди азза ва ҷалл шаробро танҳо барои номаш ҳаром накард; балки ба хотири оқибатҳо ва паёмадҳояш ҳаром кард ва ҳар чизе, ки оқибаташ монанди шароб бошад, он ҳам шароб аст. (Кулайни, "ал-Кофӣ", 1407ҳ.қ.., ҷ.6, саҳ.412.)
Сарчашма
- «Истифодаи духониёт ва моддаҳои мухаддир», Вебгоҳи Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи боздид: 3 шахривори 1403ҳ.ш.
- «Моддаҳои мухаддир дар манобеи фиқҳӣ ва фатвоҳои мароҷеи тақлид», Пойгоҳи иттилоърасонӣ китобхонаҳои Эрон, санаи боздид: 5 шахривори 1403ҳ.ш.
- Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Аҷвибат-ул-масоил-ил-муҳанноия, муқаддиманависи Муҳиуддин Мамқонӣ, Қум, Матбаату-л-хиём, чопи аввал, 1401ҳ.қ.
- Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Мухталифу-ш-шиа фи аҳкоми-ш-шариа, Қум, Дафтари нашри исломӣ ва баста ба ҷомеаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1419ҳ.қ.
- Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Қавоид-ул-аҳком фи маърифати-л-ҳалол ва-л-ҳаром, Қум, Дафтари нашри исломӣ, 1419ҳ.қ.
- Ансорӣ, Муртазо, Китоб-ут-таҳора, Қум, ал-Амонат-ул-омма, чопи аввал, 1415ҳ.қ.
- Баҳҷат, Муҳаммадтақӣ, Истифтоот, Қум, Нашри Дафтари ҳазрати Оятуллоҳ Баҳҷат, 1386ҳ.ш.
- Имом Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Истифтоот, Қум, Дафтари нашри исломӣ, чопи аввал, 1372ҳ.ш.
- Имом Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Саҳифаи Имом, Теҳрон, Муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ, 1389ҳ.ш.
- Имом Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Тавзеҳ-ул-масоил, Теҳрон, Созмони чоп ва нашри Возирати фарҳанг ва иршоди исломӣ, чопи ҳафтум, 1372ҳ.ш.
- Имом Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Таҳрир-ул-васила, Теҳрон, Муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ(р), 1392ҳ.ш.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, тасҳеҳи Алиакбар Ғафорӣ, Теҳрон, Дору-л-кутуб исломӣ, 1407ҳ.қ.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Истифтооти ҷадид, таҳқиқи Абулқосим Алӣённеҷодӣ, Қум, Нашри мадрасаи илмияи имом Алӣ ибни Абӣ Толиб(а), 1427ҳ.қ.
- Меҳрӣ, Муҳаммадҷавод, Дарсномаи маводи мухаддир: Раҳбурдҳои муқобилавӣ ва худкоромадӣ аз дидгоҳи Қуръон, ривоятҳо ва коршиносон, Қум, Бустони китоб, 1401ҳ.ш.
- Моҳёр, Озар ва Симо Нӯҳӣ, Доират-ул-маорифи эътиёд ва маводи мухаддир, Теҳрон, Нашри Арҷманд, чопи аввал, 1387ҳ.ш.
- Мунтазарӣ, Ҳусайн Алӣ, Рисолаи истифтоот, Теҳрон, Нашри Соя, 1384ҳ.ш.
- Муъин, Муҳаммад, Фарҳанги Муъин, Теҳрон, Нашри Сароиш, 1382ҳ.ш.
- Мӯсавӣ Ардабилӣ, Сайид Абдулкарим, Фиқҳ-ул-ҳудуд ва-т-таъзирот, Қум, Муассисату-н-нашр ли-ҷомеати-л-Муфид(р), чопи дуюм, 1427ҳ.қ.
- Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароиъи-л-ислом, тасҳеҳи Аббос Қучанӣ ва Алӣ Охундӣ, Бейрут, Дору иҳёи-т-тураси-л-арабӣ, чопи ҳафтум, 1362ҳ.ш.
- Нурӣ, Ҳусайн, Мустадрак-ул-васоил ва мустанбату-л-масоил, Бейрут, Муассисати Олу-л-байт(а), 1408ҳ.қ.
- Садр, Сайид Муҳаммадбоқир, Буҳусун фи шарҳ-ил-урват-ул-вусқо, Қум, Маҷмаъу-ш-шаҳид Садр илмӣ, чопи дуюм, 1408ҳ.қ.
- Садр, Сайид Муҳаммадбоқир, Дурусун фи илм-ил-усул, Бейрут, Мактабату-л-мадраса, 1406ҳ.қ.
- Салмонпур, Муҳаммадҷавод, «Мабонии фиқҳии ҳурмати истифода ва қочоқи маводи мухаддир ва ҷароими марбут ба он», Маҷаллаи фиқҳи Аҳли Байт, Қум, № 35, тирамоҳи 1382ҳ.ш.
- Табаррезӣ, Ҷавод, Истифтооти ҷадид, Қум, Нашри Сарур, 1385ҳ.ш.
- Тайёр, Абдуллоҳ ибни Муҳаммад, ал-Мухаддироту фи фиқҳ-ил-исломӣ, Риёз, Дору Ибни Ҷавзӣ, чопи дуюм, 1418ҳ.қ.
- Фатҳӣ Баҳнасӣ, Аҳмад, ал-Мавсуат-ул-ҷиноия фи фиқҳ-ил-исломӣ, Бейрут, Дору-н-наҳзату-л-арабӣ, 1412ҳ.қ.
- Фозил Ланкаронӣ, Муҳаммадфозил, Ҷомеъ-ул-масоил, Қум, Амир қалам, чопи ёздаҳум, 1383ҳ.ш.
- Фозил Миқдод, Миқдод ибни Абдуллоҳ, ат-Танқеҳ-ур-роеъ ли-мухтасар-иш-шароеъ, муҳаққиқ Абдуллатиф Ҳусайнӣ Кӯҳкамрӣ, Қум, Мактабати Оятуллоҳ Маръашӣ Наҷфӣ, 1404ҳ.қ.
- Хоманаӣ, Сайид Алӣ, Аҷвибат-ул-истифтоот, Бейрут, Ад-дор-ул-исломия ли-т-тибоа ва-н-нашр ва-т-тавзеъ, 1420ҳ.қ.
- Хӯӣ, Сайид Абулқосим, Минҳоҷ-ус-солиҳин, Қум, Нашри Мадинату-л-илм, 1410ҳ.қ.
- Хӯӣ, Сайид Абулқосим, ат-Танқеҳу фи шарҳ-ил-урват-ил-вусқо, Қум, Дору-л-ҳодӣ ли-л-матбуот, 1410ҳ.қ.
- Шайх Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Муқнеъ, Қум, Конгресси ҷаҳонии ҳазораи Шайх Муфид, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
- Шайх Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Китобу-л-хилоф, таҳқиқи ҷамъе аз муҳаққиқони ҳавзаи илмияи Қум, Қум, Муассисати нашри исломӣ, 1407ҳ.қ.
- Шайх Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Мабсуту фи фиқҳ-ил-имомия, таҳқиқи Муҳаммадбоқир Беҳбудӣ, Теҳрон, Мактабату-л-муртазовӣ ли-иҳёи осори ҷаъфарӣ, чопи сеюм, 1387ҳ.қ.
- Шаҳиди Аввал, Муҳаммад ибни Мақӣ, ал-Қавоиду ва-л-фавоид, тасҳеҳи Сайид Абдулҳодӣ Ҳаким, Қум, Нашри китобфурӯши Муфид, бе то
- Шаҳиди Сонӣ, Зайнуддин ибни Алӣ, Масолик-ул-афҳом илӣ танқеҳи шароиъи-л-ислом, Қум, Муассисати-л-маъориф-ул-исломия, 1413ҳ.қ.
- Шаҳиди Сонӣ, Зайнуддин ибни Алӣ, ар-Равзат-ул-баҳия фи шарҳ-ил-лумъат-ид-димишқия, таҳқиқи Сайид Муҳаммад Калантар, Қум, Китобфурӯши даврӣ, чопи аввал, 1410ҳ.қ.
- Ҳусайнӣ, Муҳаммад, Фарҳанги истилоҳоти фиқҳӣ, Теҳрон, Интишороти Суруш, 1389ҳ.ш.