Jump to content

Хосиф-ун-наъл (лақаб)

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Лақаби Хосифуннаъл)

Ин мақолаи дар бораи лақаби Хосиф-ун-наъл аст. Барои ошноӣ бо ҳадисе ба ин ном маххали Ҳадиси Хосиф-ун-наълро бубинед.

Хосиф-ун-наъл (бо маънои «кафшдӯз», ба форсӣ: خاصِفُ‌النَّعْل) яке аз лақабҳои Имом Алӣ (а), яъне имоми аввали шиаҳо мебошад.[1] Ин лақаб аз аҳодиси Хосиф-ун-наъл гирифта шудааст, ки дар онҳо Пайғамбари Ислом (с) аз Имом Алӣ (а) бо ин лақаб ёд кардааст; зеро ӯ дар ҳоли пина задани кафши Пайғамбар буд.[2]

«Хасф» ба маънои ҷамъ кардан ва пайваст кардани ашё ба ҳам мебошад[3] ва касе, ки порчаҳои кафшро ҷамъ мекунад ва ба сурати аввалаш бармегардонад, «Хосиф-ун-наъл» меноманд.[4] Пина задани Имом Алӣ (а) ба кафши Пайғамбар (с) нишондиҳандаи тавозуъ[5] ва соддазистии ӯст.[6]

Ривоятҳое, ки дар онҳо Пайғамбар бо лақаби «Хосиф-ун-наъл» аз Имом Алӣ ёд кардааст, ҳар яке як ё чанд фазли ӯро баён мекунанд; аз ҷумла имомат ва хилофати Имом Алӣ ва муборизаи ӯ бо мушрикон ва золимон.[7] Ин ривоятҳо дар китобҳои ҳадисии нахустини шиаҳо, аз қабили баъзе аз китобҳои арбаа,[8] ва дар сиҳоҳ,[9] масонид[10] ва сунани суннӣ омадааст ва муҳаддисон шиа ва суннӣ баъзе аз онҳоро саҳеҳ ва муътабар медонанд.[11] Баъзе аз уламои шиа, аз қабили Шарафуддин ва Кошифулғито гуфтаанд, ки ин ривоятҳо мутавотир мебошанд.[12]

Яке аз ривоятҳое, ки дар манобеи ҳадисии шиа ва сунӣ омада ва дар он Пайғамбар бо лақаби «Хосиф-ун-наъл» аз Имом Алӣ ёд кардааст, чунин аст: Пайғамбар дар ҷамъи ёрони худ гуфт: «Аз шумо касе ҳаст, ки барои таъвили ин Қуръон ҷанг хоҳад кард, ҳамон тавр ки ман барои танзили Қуръон мубориза кардам». Баъзе аз ҳозирон пурсиданд, ки оё онҳо ҳамин шахс ҳастанд? Пайғамбар ҳангоми посухи манфӣ ба онҳо, ӯро касе донист, ки машғули пина задани кафш аст. Дар он вақт Имом Алӣ (а) дар ҳоли пина задани кафши Пайғамбар буд.[13]

Эзоҳ

  1. Сибт ибни Ҷавзӣ, Тазкирату-л-ховасс, 1418 ҳ.қ., саҳ.16; Муқаддаси Ардабӣлӣ, Ҳадиқату-ш-шиа, 1383 ҳ.ш., ҷ. 1, саҳ.16; Шиъӣ Сабзаворӣ, Роҳату-л-арвоҳ, 1378 ҳ.ш., саҳ.86
  2. Баҳронӣ, Ғояту-л-маром, 1422 ҳ.қ., ҷ. 6, саҳ.285; Арбалиӣ, Кашфу-л-ғумма, 1381 ҳ.қ., ҷ. 1, саҳ.335; Аллома Ҳиллӣ, Наҳҷу-л-ҳақ, 1982 м., саҳ.220; Ибни Шаҳрӯшоб Мозандаронӣ, Маноқиби Оли Аби Толиб (а), 1379 ҳ.қ., ҷ. 3, саҳ.44
  3. Ибни Манзур, Лисону-л-араб, Байрут, ҷ. 9, саҳ.71
  4. Тобатобоӣ, ал-Мизон, 1417 ҳ.қ., ҷ. 8, саҳ.35
  5. Аттия, Алӣ алайҳис-салом хосифи наъли Набӣ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ, 1436 ҳ.қ., саҳ.13
  6. Макорим Шерозӣ, Пайоми Имом Амир-ул-муъминин (а), 1385 ҳ.ш., ҷ. 2, саҳ.303
  7. Баҳронӣ, Ғояту-л-маром, 1422 ҳ.қ., ҷ. 6, саҳ.285; Арбалиӣ, Кашфу-л-ғумма, 1381 ҳ.қ., ҷ. 1, саҳ.335; Аллома Ҳиллӣ, Наҳҷу-л-ҳақ, 1982 м., саҳ.220; Ибни Шаҳрӯшоб Мозандаронӣ, Маноқиби Оли Аби Толиб (а), 1379 ҳ.қ., ҷ. 3, саҳ.44
  8. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407 ҳ.қ., ҷ. 5, саҳ.11–12; Шайх Тӯсӣ, Таҳзибу-л-аҳком, 1407 ҳ.қ., ҷ. 4, саҳ.116
  9. Тирмизӣ, Сунани Тирмизӣ, 1419, ҷ. 5, саҳ.452
  10. Ибни Ҳанбал, Муснаду-л-Имом Аҳмад ибни Ҳанбал, 1416 ҳ.қ., ҷ. 17, саҳ.391. Насоӣ, Сунану-н-Насоӣ, 1411 ҳ.қ., ҷ. 5, саҳ.127 – 128
  11. Барои намуна ниг.: Тирмизӣ, Сунани Тирмизӣ, 1419, ҷ. 5, саҳ.452; Муқаддаси Ардабӣлӣ, Ҳадиқату-ш-шиа, 1383 ҳ.ш., ҷ. 1, саҳ.232
  12. Шарафуддин, ал-Мурожаот, 1426 ҳ.қ., саҳ.319; Кошифу-л-ғитӯъ, Кашфу-л-ғитӯъ, 1422 ҳ.қ., ҷ. 1, саҳ.37
  13. Ибни Ҳанбал, Муснаду-л-Имом Аҳмад ибни Ҳанбал, 1416 ҳ.қ., ҷ. 17, саҳ.391, ҷ. 18, саҳ.296. Бо каме ихтилоф дар: Шайх Муфид, ал-Ифсоҳ фи-л-Имома, 1413 ҳ.қ., саҳ.135; Табарӣ, ал-Мустаршид фи имамати Алӣ ибни Аби Толиб (а), 1415 ҳ.қ., саҳ.357; Сайид ибни Товус, ат-Таройиф, 1400 ҳ.қ., ҷ. 1, саҳ.70

Сарчашма

  • Ибни Ҳанбал, Аҳмад ибни Муҳаммад, Муснаду-л-Имом Аҳмад ибни Ҳанбал, Байрут, Муассисату-р-рисола, 1416ҳ.қ.
  • Ибни Шаҳрӯшоб Мозандаронӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, Маноқиби Оли Аби Толиб алайҳиму-с-салом, Қум, Аллома, 1379ҳ.қ.
  • Ибни Манзур, Муҳаммад ибни Мукаррам, Лисону-л-араб, Байрут, Дор-и Садр, чопи сеюм, бито.
  • Арбалиӣ, Алӣ ибни Исо, Кашфу-л-ғумма фи маърифати-л-аимма, Табрез, Бунӯ-и Ҳошими, 1381ҳ.қ.
  • Баҳронӣ, Сайид Ҳошим, Ғояту-л-маром ва ҳуҷҷату-л-хисом фи таъйини-л-имом мин тариқи-л-хосс ва-л-омм, Байрут, Муассисату-т-таърихи-л-арабӣ, 1422ҳ.қ.
  • Тирмизӣ, Муҳаммад ибни Исо, ал-Ҷомеъу-с-саҳеҳ ва ҳува Сунану-т-Тирмизӣ, Қоҳира, Дору-л-ҳадис, 1419ҳ.қ.
  • Сибт ибни Ҷавзӣ, Юсуф ибни Қазоғлӣ, Тазкирату-л-ховасс мин-л-умма фи зикри хосоиси-л-аимма, Қум, Маншуроти-ш-шарифи-р-зиё, 1418ҳ.қ.
  • Сайид ибни Товус Ҳасаниӣ, Алӣ ибни Мусо, ат-Таройиф фи маърифати мазоҳиби-т-тоиф фи маърифати мазоҳиби-т-тоиф, Қум, Хайём, 1400ҳ.қ.
  • Шарафуддин, Сайид Абдулҳусайн, ал-Мурожаот, Қум, ал-Маҷмаъу-л-оламиӣ ли-ахли-л-байт, чопи дуюм, 1426ҳ.қ.
  • Шайх Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Таҳзибу-л-аҳком, таҳқиқи Хурсон, Теҳрон, Дору-л-кутуби-л-исломия, чопи чорум, 1407ҳ.қ.
  • Шайх Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Нуъмон, ал-Ифсоҳ фи-л-имома, Қум, ал-Муътамару-л-оламиӣ ли-ш-шайх-ил-Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Шиъӣ Сабзаворӣ, Абу Саид, Роҳату-л-арвоҳ, Теҳрон, Мироси мактуб, чопи дуюм, 1378ҳ.ш.
  • Тобатобоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Тафсири-л-Мизон, Қум, Ҷомеаи мударрисӣ, 1417ҳ.қ.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир ибни Рустум, ал-Мустаршид фи имамати Амир-ул-муъминин (а), Қум, Муассисату-л-восиф, 1415ҳ.қ.
  • Аттия, Мосид ибни Аҳмад, Алӣ алайҳис-салом хосифи наъли Набӣ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ, Карбало, ал-Атбату-л-ҳусайния-л-муқаддаса, 1436ҳ.қ.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Наҳҷу-л-ҳақ ва кашфу-с-сидқ, Байрут, Дору-л-китоби-л-лубнонӣ, 1982 м.
  • Кошифу-л-ғитӯъ, Шайх Ҷаъфар, Кашфу-л-ғитӯъ ан муҳиммоти-ш-шариати-л-ғарро, Қум, Интишороти Дафтари таблиғоти исломии ҳавзаи илмия, 1422ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб ибни Исҳоқ, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дору-л-кутуби-л-исломия, чопи чорум, 1407ҳ.қ.
  • Муқаддаси Ардабӣлӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, Ҳадиқату-ш-шиа, Қум, Интишороти Ансориён, чопи сеюм, 1383ҳ.ш.
  • Макорим Шерозӣ, Пайоми Имом Амир-ул-муъминин (а), Теҳрон, Дору-л-кутуби-л-исломия, 1385ҳ.ш.
  • Насоӣ, Аҳмад ибни Алӣ, ас-Сунану-л-кубро, Байрут, Дору-л-кутуби-л-илмия, Маншуроти Муҳаммад Алӣ Байзун, 1411ҳ.қ.