Кӯҳи Нур

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Куҳи Ҳиро)

Кӯҳи Нур ё Ҷабалуннур кӯҳе дар Макка, ки Ғори Ҳиро (маҳалли беъсати Пайғамбари Акрам) дар он воқеъ аст.

Кӯҳи Нур

Мушаххасоти кӯҳ

Кӯҳи Нур дар шимоли шарқии Макка қарор дорад. Ин кӯҳ шакли махрутӣ дорад ва аз дигар кӯҳҳое, ки шаҳри Макка бар доманаи онҳо воқеъ шуда, мустақил аст.[1] Фосилаи кӯҳи Нур то Масҷидулҳаром як фарсанг,[2] ҳудуди шаш километр аст.[3] Ин кӯҳ, ки мушриф бар Мино ва дар канори масири Мино ва Арафот аст,[4] дар гузашта бо Макка фосила дошт, аммо имрӯза, ба сабаби тавсеаи шаҳри Макка, дохили шаҳр қарор гирифта ва сохтмонҳои маскунӣ онро иҳота кардааст.

Баландии он аз сатҳи дарё 560 метр аст[5] ва фақат аз як масир метавон аз он суъуд кард ва он роҳе аст, ки аз дигар ҷоҳо ҷудо шудааст.[6] Обу сабза низ дар он дида намешавад.[7] Қуллаи Ҳиро ҳудуди чиҳил метри мураббаъ масоҳат дорад. Атрофи қулла боз аст ва ҳеҷ сахра ё монеъе дар баробари касе ки мехоҳад атрофро тамошо кунад, вуҷуд надорад.

Ғори Ҳиро

Вурудии Ғори Ҳиро дар кӯҳи Нур

Ғори Ҳиро дар болотарин нуқтаи кӯҳи Нур воқеъ шудааст ва фосилаи байни ғору қулла ҳудуди бист метр аст. Барои расидан ба он аз миёни ду сахраи бисёр наздик ба ҳам убур мекунанд. Пас аз он, ғор намоён мешавад.[8]

Интиҳои ғор комилан ба тарафи Масҷидулҳаром ва Каъба, ва даҳонаи он тақрибан ба самти Байтулмуқаддас аст.[9] Аз болои кӯҳи Нур Масҷидулҳаром ва гулдастаҳо дида мешаванд.[10] Вусъати даҳонаи ғор ба андозае аст, ки як шахс бо қади миёна метавонад аз он убур кунад ва дар он ҷо ба намоз истад. Дохили он аз ҳангоми тулуъ то ғуруби офтоб равшан аст, аммо гармои сӯзон ба он нуфуз намекунад.[11]

Бархе муаррихон, ғори Ҳироро бо ғори Савр, ки Пайғамбари акрам (с) ҳангоми ҳиҷрат аз Макка ба Мадина, ба он паноҳ бурд иштибоҳ кардаанд.[12]

Бархе фуқаҳо зиёрати ғори Ҳироро аз мустаҳаботи аъмоли ҳаҷ зикр кардаанд.[13] Аз гузашта то кунун, мардум ба зиёрати ғори Ҳиро мераванд ва гуфта шудааст, ки дуо дар он ҷо мустаҷоб мешавад.[14]

Куҳи Нур дар ривоёти динӣ ва торихӣ

Пайғамбар (с) дар ғори Ҳиро дар ҳоли дарёфти ваҳй, дар китоби Сират-ун-набӣ, ки дар қарни ёздаҳуми қамарӣ ба дастури Султонмуроди сеюм ҳокими усмонӣ таҳия шудааст.

Ривоят шуда, ҳазрати Одам (а) хонаи Каъбаро аз сангҳои панҷ кӯҳ бино кард, ки яке аз онҳо кӯҳи Нур буд.[15] Гуфта шуда, ки Нур ҳамон кӯҳи Форон аст, ки дар Таврот аз он ёд шуда,[16] аммо зоҳиран Форон номе аст, ки ба ҳамаи кӯҳҳои Макка итлоқ шудааст, на фақат кӯҳи Нур.[17]

Гуфтаанд аз муъҷизоти Пайғамбар (с) он буд, ки кӯҳи Нур дар зери пои он ҳазрат ба ҳаракат даромад ва сипас ба фармони Пайғамбар (с) аз ҳаракат боз истод.[18]

Пайғамбар (с) пеш аз Ислом ҳар сол муддатеро дар он ба хилват ва ибодат мегузаронд.[19] Аз Имом Алӣ (а) нақл шудааст, ки Пайғамбари Ислом (с) ҳар сол дар ғори Ҳиро хилват мекард, ман ӯро медидам ва ҷуз ман касе ӯро намедид.[20] Тибқи бархе гузоришҳо Имом Алӣ (а) ва ҳазрати Хадиҷа (с) хӯрокии лозимро барои Пайғамбар (с) то ғор ё поёни кӯҳ мебурдаанд.

Ин куҳ дар давраи ҷоҳилият низ муҳтарам буда ва дар ашъори ҷоҳилӣ аз он ёд шудааст, аз ҷумла дар ашъори Авф ибни Аҳвас ва Абутолиб амӯи Пайғамбар.[21] Нахустин касе ки дар кӯҳи Нур эътикоф намуд Абдулмутталиб бобои Пайғамбар, буд.[22]

Эзоҳ

  1. Қоидон, Таърих ва осори исломии Макка, саҳ.107.
  2. Ниг.: Ибни Ҷубайр, Реҳлату Ибни Ҷубайр, саҳ.130; Ибни Батута, Реҳлату Ибни Батута, ҷ.1, саҳ.158.
  3. Қоидон, Таърих ва осори исломии Макка, саҳ.107.
  4. Ибни Ҷубайр, Реҳлату Ибни Ҷубайр, саҳ.130; Ибни Батута, Реҳлату Ибни Батута, ҷ.1, саҳ.158; Қоидон, Таърих ва осори исломии Макка, саҳ.107.
  5. Абдулғанӣ, Таъриху умароил Макка, саҳ.22.
  6. Ҳумайрӣ, ар-Равз-ул-миътор, саҳ.190.
  7. Ёқут Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, зайли модда.
  8. Ходимӣ, Роҳнамои ҳаҷ, ҷ.2, саҳ.157.
  9. Қоидон, Таърих ва осори исломии Макка, саҳ.108.
  10. Ходимӣ, Роҳнамои ҳаҷ, ҷ.2, саҳ.157.
  11. Қоидон, Таърих ва осори исломии Макка, саҳ.107-108.
  12. Ниг.: Азрақӣ, Ахбори Макка, ҷ.2, саҳ.288; Фосӣ, Шифо-ул-ғаром, ҷ.1, саҳ.280; Наҳраволӣ, Китоб-ул-аълом, саҳ.440.
  13. Ниг.: Шаҳиди аввал, ад-Дурус-уш-шаръия, ҷ.1, саҳ.468; Сабзаворӣ, Захират-ул-маъод, саҳ.695; Ибни Таймия, Маҷмуъ-ул-фатовӣ, ҷ.15, ҷузъи 26, саҳ.68.
  14. Ибни Ҷубайр, Реҳлату Ибни Ҷубайр, саҳ.190; Фосӣ, Шифо-ул-ғаром, ҷ.1, саҳ.199-280.
  15. Ҳайсамӣ, Маҷмаъ-уз-завоид, ҷ.3, саҳ.288; Фосӣ, Шифо-ул-ғаром, ҷ.1, саҳ.91.
  16. Китоби аввали Самуэли Набӣ, 1: 25.
  17. Омилӣ, ас-Саҳеҳ, ҷ.1, саҳ.197.
  18. Ниг.: Ибни Ҳанбал, Муснад, ҷ.2, саҳ.19; Табарсӣ, ал-Иҳтиҷоҷ, ҷ.1, саҳ.326; Мақризӣ, Амтоъ-ул-асмоъ, ҷ.5, саҳ.57.
  19. Фосӣ, Шифо-ул-ғаром, ҷ.1, саҳ.279.
  20. Наҳҷ-ул-балоға, тарҷумаи Сайидиҷаъфари Шаҳидӣ, хутбаи 192, саҳ.222.
  21. Ниг.: Бакрӣ, Муъҷам, зайли калима; Фосӣ, Шифо-ул-ғаром, ҷ.1, саҳ.281; Наҳраволӣ, Китоб-ул-аълом, саҳ.440.
  22. Ибни Асир, ҷ.2, саҳ.15.

Сарчашма

  • Ибни Асир, ал-Комилу фи-т-таърих.
  • Ибни Батута, Риҳлату Ибни Батута, таҳқиқи Муҳаммад Абдулмунъим Урён, Бейрут, 1407ҳ.қ./1987м.
  • Ибни Таймия, Маҷмуъ-ул-фатово, таҳқиқи Мустафо Абдуқодир Ато, Бейрут, 1421ҳ.қ./2000м.
  • Ибни Ҷубайр, Риҳлату Ибни Ҷубайр, таҳқиқи Ҳусайн Нисор, Қоҳира, 1992м.
  • Ибни Ҳанбал, Муснад-ул-имом Аҳмад ибни Ҳанбал, Бейрут, Дорусодир, бе то.
  • Азрақӣ, Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, Ахбору Макка ва мо ҷоа фиҳо мин-ал-осор, таҳқиқи Рушдӣ Солеҳ Мулҳас, Бейрут, 1403ҳ.қ./1983м, чопи офсети Қум, 1369ҳ.ш.
  • Бакрӣ, Абдуллоҳ ибни Абдулазиз, Муъҷаму мо-стуъҷима мин асмоъ-ил-билод ва-л-мавозеъ, таҳқиқи Мустафо Саққо, Бейрут, 1403ҳ.қ./1983м.
  • Ҳимярӣ, Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, ар-Равз-ул-миътор фи хабар-ил-ақтор, таҳқиқи Эҳсон Аббос, Бейрут, 1984м.
  • Ходимӣ, Муҳаммадҳасан, Роҳнамои ҳаҷ ва умра, Теҳрон, 1383ҳ.ш.
  • Сабзаворӣ, Муҳаммадбоқир ибни Муҳаммадмуъмин, Захират-ул-маъод фи шарҳ-ил-иршод, чопи сангӣ, Теҳрон, 1273–1274ҳ.қ., чопи офсет, Қум, бе то.
  • Шаҳиди Аввал, Муҳаммад ибни Маккӣ, ад-Дурус-уш-шаръийя фи фиқҳ-ил-имомийя, Қум, 1412–1414ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Эҳтиҷоҷ, таҳқиқи Муҳаммадбоқир Мусавии Херсон, Наҷаф, 1386ҳ.қ./1966м, чопи офсети Қум, бе то.
  • Омилӣ, Ҷаъфари Муртазо, ас-Саҳеҳ мин сират-ин-Набий-ил-аъзам (с), Қум, 1403ҳ.қ.
  • Абдулғанӣ, Ориф, Таъриху умарои Макка ал-мукаррама (8–1344ҳ.қ.), Димишқ, 1413ҳ.қ./1992м.
  • Фосӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Шифоъ-ул-ғаром биахбор-ил-балад-ил-ҳаром, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмийя, бе то.
  • Қоидон, Асғар, Таърихи осори исломии Маккаи Мукаррама ва Мадинаи Мунаввара, Теҳрон, 1384ҳ.ш.
  • Мақризӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Имтоъ-ул-асмоъ бимо ли-н-Набӣ саллаллоҳу алайҳи ва салам мин-ал-аҳволи ва-л-амволи ва-л-ҳафадати ва-л-матоъ, таҳқиқи Муҳаммад Абдулҳамид Намисӣ, Бейрут, 1420ҳ.қ./1999м.
  • Наҳрволӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Китоб-ул-эълом биаъломи байтиллоҳ-ил-ҳаром, таҳқиқи Алӣ Муҳаммад Умар, Қоҳира, 1425ҳ.қ./2004м.
  • Ҳайсамӣ, Алӣ ибни Абубакр, Маҷмаъ-уз-завоид ва манбаъ-ул-фавоид, Бейрут, 1408ҳ.қ./1988м.
  • Ёқут Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон.