Лавҳи маҳфуз

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Китоби макнун)

Бо Лавҳи маҳву исбот иштибоҳ нашавад.

Лавҳи маҳфуз (арабӣ: اللوح المحفوظ) ҷойгоҳи ҳақиқии Қуръон аст, ки тамоми ҳаводиси олам дар он навишта шуда ва қобили тағйир нест. Шинохти лавҳи маҳфуз, барои шинохтани ҳақиқати Қуръон аҳамият дорад; зеро ба гуфта бархе муфассирон, лавҳи маҳфуз ҷойгоҳи аслии ҳамаи китобҳои осмонӣ, аз ҷумла Қуръон, аст. Лавҳи маҳфузро лавҳе мутобиқи илми Худо донистаанд ки қобили тағйир нест ва тамоми ҳаводиси олам дар он навишта шудааст. Лавҳи маҳфуз бар хилофи лавҳи маҳв ва исбот аст ки ҳаводиси олам дар он ба сурати қатъӣ навишта нашуда ва тағйирпазир аст.

Лавҳи маҳфузро аз умури моварои табиӣ донистаанд ки қобили ҳис нест. Муҳимтарин вижагии лавҳи маҳфуз, ҷомеъияти он аст. Гурӯҳе аз муфассирон лавҳи маҳфузро киноя аз илми Худо донистаанд, вале гурӯҳе дигар, бо истинод ба оёти дигаре аз Қуръон, ин дидгоҳро рад кардаанд. Ҳамчунин бархе файласуфон, онро бар ақли фаъол ё Ҷабраил татбиқ кардаанд, аммо ин дидгоҳ, мухолифи зоҳири шариат ва бидуни далели қуръонӣ ва ривоӣ арзёбӣ шудааст.

Бархе исломшиносон бо истинод ба оёте аз Қуръон бар ин боваранд, ки чордаҳ маъсум ба лавҳи маҳфуз огоҳӣ доранд. Дар муқобил, бархе муфассирон, огоҳӣ аз лавҳи маҳфузро махсуси Худо медонанд ки аз дастраси дигар махлуқот хориҷ аст. Ба гуфтаи муҳаққиқони исломӣ, навишта шудани тамоми ҳаводиси олам дар лавҳи маҳфуз, ба маънои маҷбур будани инсон нест; зеро афъоли инсон, ба ҳамон сурате ки воқеъ мешаванд (анҷом шудани он ба сурати ихтиёрӣ) дар он лавҳ сабт шудааст ва илми Худо, воқеиятро тағйир намедиҳад.

Ҷойгоҳи лавҳи маҳфуз дар мабоҳиси исломӣ

Лавҳи маҳфузи истилоҳе қуръонӣ аст, ки бар ҷойгоҳи ҳақиқии Қуръон, пеш аз нузули тадриҷии он бар Пайғамбар (с), далолат дорад.[1] Аллома Таботабоӣ муаллифи Тафсири ал-Мизон, муътақид аст Қуръоне ки дар дасти мост дар лавҳи маҳфуз, барои инсонҳо қобил фаҳм нест; аз ин рӯ Худованд барои қобили фаҳм шудан, онро ба мартабаи поинтаре нозил кард.[2] Ба гуфтаи Таботабоӣ ҳамаи китобҳои осмонии нозилшуда бар паёмбарон аз лавҳи маҳфуз нусхабардорӣ шуда ва ба ҳамин далел Қуръон лавҳи маҳфузро Уммулкитоб (китоби аслӣ) номидааст.[3] Ҳамчунин шинохти лавҳи маҳфуз, барои фаҳми оёти марбут ба нузули Қуръон, эмин будани он аз таҳриф ва ваҳёнӣ будани Қуръон муҳим арзёбӣ шудааст.[4]

Аллома Маҷлисӣ муаллифи китоби Биҳор-ул-анвор дар тавзеҳи лавҳи маҳфуз, онро лавҳе мутобиқи илми Худо муаррифӣ кардааст, ки тамоми ҳаводиси олам дар он навишта шуда ва қобили тағйир нест.[5] Ҳамчунин ба гуфтаи Ҷаъфари Субҳонӣ аз муфассирони шиа, дар ин лавҳ ҳамаи иттифоқоти марбут ба инсонҳо ки қатъан рух хоҳанд дод, сабт шудааст.[6] Бо тавваҷуҳ ба сабт шудани ҳаводиси қатъии олам дар ин китоб, лавҳи маҳфузро ҷойгоҳи қазои Илоҳӣ донистаанд.[7] Дар муқобили лавҳи маҳфуз, лавҳи дигаре ба номи лавҳи маҳву исбот, вуҷуд дорад ки ҳаводиси олам дар он ба сурати қатъии навишта нашуда ва қобили тағйир аст.[8]

Таъбири лавҳи маҳфуз танҳо як бор дар Қуръон ва дар ояти фи лавҳин маҳфузٍ зикр шудааст.[9] Баъзе муфассирон муътақиданд дар оёти дигаре аз Қуръон, бо таъбирҳои мухталифе ба лавҳи маҳфуз ишора шудааст; аз ҷумлаи ин таъбирҳо метавон ба «китобин мубин»[10] (ба маънои китоби ошкор), «китобин макнун»[11] (ба маънои китоби пинҳон) ва «Уммулкитоб»[12] (ба маънои китоби аслӣ) ишора кард.[13]

Ҳақиқат ва чистӣ

Лавҳи маҳфуз аз ҷинси умури моварои табиӣ аст ва наметавон онро бо ҳиссу таҷрибаи башарӣ дарак кард.[14] Ба гуфтаи Муҳаммадҳодии Маърифат ва Носир Макорими Шерозӣ аз муфассирони шиа, лавҳи маҳфуз киноя аз илми Худованд аст ва ба ҳамин далел наметавон онро шайъи моддӣ ё маънавӣ (монанди зарф, сафҳа, ё макони хос) донист.[15] Аммо Муҳаммадтақӣ Мисбоҳи Яздӣ, муаллифи китоби Қуръоншиносӣ, ин назарияро носаҳеҳ дониста, муътақид аст бо тавваҷуҳ ба таъбирҳое ки Қуръон дар бораи ин лавҳ баён карда (монанди «Ва индаҳу Умулкитоб» ба маънои «Китоби аслӣ назди Ӯст») ин нукта ба даст меояд ки ин лавҳ, айни зоти Худо нест, балки махлуқи Худост.[16] Бархе муҳаққиқон дар бораи чистии лавҳи маҳфуз, шаш назария матраҳ кардаанд.[17] Гуфта шуда таъбири лавҳу қалам барои тақриби зеҳн ва аз боби ташбеҳ ё танзил аст ва набояд онро бо қаламу коғазу китобҳои маъмулӣ муқоиса кард.[18]

Аз нигоҳи фалсафа ва ирфон

Бархе файласуфон, лавҳи маҳфузро бар ақли фаъол, Ҷабраил,[19] ва ё нафси куллии фалаки аъзам ки коинот дар он нақш мебандад, татбиқ кардаанд.[20] Дар ҷаҳоншиносии ирфонӣ қалам маншаи лавҳи маҳфузи муаррифӣ шудааст.[21] Муҳйиддин ибни Арабӣ аз суфиёни саршинос, муътақид аст илми Худованд ба махлуқот ба тавр иҷмолӣ аст ва қалам ба таври тафсилӣ онро дар лавҳи маҳфуз эҷод мекунад.[22] Бо ин ҳол бархе муҳаққиқон татбиқи лавҳи маҳфуз, бар мафоҳими фалсафӣ, монанди ҷавҳари муҷаррад ё ақли аввалро бар хилофи зоҳири шариъат донистаанд ки далели қуръонӣ ва ривоӣ надорад.[23]

Вижагиҳо

Муҳимтарин вижагии лавҳи маҳфузро ҷомеъияти он донистаанд.[24] Мутобиқи ривоёт, тамоми ахбору ҳаводиси олам, бо қалам дар лавҳи маҳфузи навишта шудааст.[25] Ҳамчунин дар ривоёт, бархе вижагиҳои зоҳирӣ (монанди зумуррад будан он[26]) барои лавҳи маҳфузи баён шудааст, ки ба гуфтаи Аллома Таботабоӣ ин вижагиҳо навъе тамсил аст ки тасвире аз лавҳи маҳфузро мутаносиб бо зеҳнҳои моддии башар баён мекунад.[27]

Дастрасии ғайри Худо ба лавҳи маҳфуз

Бархе муҳаққиқон бо истинод ба оёте аз Қуръон бар ин боваранд ки бархе инсонҳои шоиста метавонанд аз лавҳи маҳфуз огоҳ шаванд.[28] Ин муҳаққиқон бо канори ҳам қарор додани ояти 77 - 79 сураи Воқеа ва ояти 33 сураи Аҳзоб муътақиданд чордаҳ маъсум аз ҷумла афроде ҳастанд ки қатъан ба лавҳи маҳфуз дастрасӣ доранд.[29] Сайид Алӣ Милонӣ каломпажӯҳ шиа, низ муътақид аст аз бархе ривоятҳо истифода мешавад ки аимма (а) бо лавҳи маҳфуз иртиботи мустақиме доранд.[30] Аллома Таботабоӣ низ илми ғайби паёмбарон ва имомонро ба огоҳии онон аз лавҳи маҳфуз тафсир кардааст.[31]

Бо ин ҳол бар асоси бархе ривоёт, ҳеҷ махлуқе (ҳатто паёмбарону имомон) аз лавҳи маҳфуз огоҳ нест ва лавҳи маҳфуз танҳо дар ихтиёри Худост.[32] Муҳаммадҳодии Маърифат низ бо истинод ба ривояте аз Имом Содиқ (а), бар ин бовар аст ки паёмбару имомон ба лавҳи маҳфуз дастрасӣ надоранд.[33]

Зид набудани лавҳи маҳфуз бо ихтиёри инсонҳо

Ба гуфтаи муҳаққиқони исломӣ, навишта шудани тамомии ҳаводиси олам дар лавҳи маҳфуз, ба маънои маҷбур будани инсон нест.[34] Мисбоҳи Яздӣ дар китоби Худошиносӣ, ин ишколро баён карда ки сабт шудани тамомии ҳаводис, аз ҷумлаи афъоли инсон дар лавҳи маҳфуз, бо ихтиёри инсон мунофот дорад.[35] Вай дар посух ба ин савол муътақид аст сабт шудани тамомии афъоли инсон дар лавҳи маҳфуз ба маънои ҷабргароӣ нест, чароки афъоли инсон дар он лавҳ, ба ҳамон сурате ки воқеъ мешаванд (анҷом шудани он ба сурати ихтиёрӣ) сабт шудааст ва илми Худо, воқеиятро тағйир намедиҳад;[36] монанди муаллиме ки пеш аз имтиҳон медонад ки хонанда дар имтиҳон муваффақ мешавад, ё шикаст мехӯрад.[37]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Калонтарӣ, «Лавҳи маҳфуз», саҳ.119
  2. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.138
  3. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.84
  4. Деҳқонӣ, ва дигарон, «Маъношносии лавҳи маҳфуз дар Қуръон», саҳ.6
  5. Маҷлисӣ, Миръот-ул-уқул, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.132
  6. Субҳонӣ, Маъа-ш-шиъат-ил-имомияти фи ақоидиҳим, 1440ҳ.қ., саҳ.144 - 145
  7. Қулизода ва Таваккулӣ, «Баррасии татбиқии чистии лавҳи маҳфуз ва вижагиҳои он дар ал-Мизон ва Маҷмаъ-ул-баён», саҳ.185
  8. Маҷлисӣ, Миръот-ул-уқул, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.132
  9. Абдулбоқӣ, ал-Муъҷам-ул-муфаҳрас, 1364ҳ.қ., саҳ.653
  10. Сураи Анъом, ояти 59
  11. Сураи Воқеа, ояти 78
  12. Сураи Зухруф, ояти 4
  13. Ниг.: Маърифат, ат-Тамҳид, 1428ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.34; Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.26, саҳ.354; Субҳонӣ, Маъа-ш-шиъат-ил-имомияти фи ақоидиҳим, 1440ҳ.қ., саҳ.144
  14. Калонтарӣ, «Лавҳи маҳфуз», саҳ.121
  15. Маърифат, ат-Тамҳид, 1428ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.34; Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.26, саҳ.354
  16. Мисбоҳи Яздӣ, Худошиносӣ, 1396ҳ.ш., саҳ.485
  17. Калонтарӣ, «Лавҳи маҳфуз», саҳ.122
  18. Ҷаъфарӣ, «Баҳс дар бораи лавҳи маҳфуз ва лавҳи маҳву исбот», саҳ.85
  19. Таҳовунӣ, Кашшофу истилоҳот-ил-фунуни ва-л-улум, 1996м, ҷ.2, саҳ.1416
  20. Муллосадро, ал-Ҳикмат-ул-мутаолия, 1981м, ҷ.6, саҳ.295
  21. Замонӣ, «Ҷойгоҳи лавҳу қалам дар ҷаҳоншиносии ирфонии Ибни Арабӣ ва Аттори Нишобурӣ», саҳ.119
  22. Ибни Арабӣ, ат-Тадбирот-ул-илоҳия, 1424ҳ.қ., саҳ.108
  23. Ансорӣ, «Лавҳи маҳфуз», саҳ.1940
  24. Қулизода ва Таваккулӣ, «Баррасии татбиқии чистии лавҳи маҳфуз ва вижагиҳо он дар ал-Мизон ва Маҷмаъ-ул-баён», саҳ.189
  25. Шайхи Садуқ, Илал-уш-шароеъ, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.19
  26. Шайхи Муфид, ал-Ихтисос, 1413ҳ.қ., саҳ.49
  27. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.170
  28. Ғаравиён, ва дигарон, Баҳси мабсут дар омӯзиши ақоид, 1371ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.255 - 256
  29. Ғаравиён, ва дигарон, Баҳси мабсут дар омӯзиши ақоид, 1371ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.255 - 256
  30. Ҳусайнии Милонӣ, Бо пешвоёни ҳидоятгар, 1389ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.198
  31. Таботабоӣ, Баррасиҳои исломӣ, 1388ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.195
  32. Саффор, Басоир-уд-дараҷот, 1404ҳ.қ., саҳ.109 - 110
  33. Маърифат, ат-Тафсиру ва-л-муфассирун, 1425ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.513
  34. Мисбоҳи Яздӣ, Худошиносӣ, 1396ҳ.ш., саҳ.487 - 488
  35. Мисбоҳи Яздӣ, Худошиносӣ, 1396ҳ.ш., саҳ.487
  36. Мисбоҳи Яздӣ, Худошиносӣ, 1396ҳ.ш., саҳ.487 - 488
  37. Таҳмурасӣ, «Лавҳи маҳфуз», саҳ.533

Сарчашма

  • Абдулбоқӣ, Муҳаммад Фуод, ал-Муъҷам-ул-муфаҳраси лиалфоз-ил-Қуръон-ил-ил-карим, Қоҳира, Дор-ул-кутуб-ил-мисрия, 1364ҳ.қ.
  • Ансорӣ, Масъуд, «Лавҳи маҳфуз», дар ҷилди дувуми Донишномаи Қуръон ва қуръонпажӯҳӣ, Теҳрон, Дӯстон ва Ноҳид, 1377ҳ.ш.
  • Деҳқонӣ, Фарзод, ва дигарон, «Маъношносии лавҳи маҳфуз дар Қуръон», дар маҷаллаи Зеҳн, № 73, баҳори 1397ҳ.ш.
  • Ибни Арабӣ, ат-Тадбирот-ул-илоҳияи фи ислоҳ-ил-мамлакат-ил-инсония, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1424ҳ.қ.
  • Калонтарӣ, Иброҳим, «Лавҳи маҳфуз», дар маҷаллаи Мақолот ва баррасиҳо, № 83, пойизу зимистони 1383ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломийя, 1374ҳ.ш.
  • Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, ат-Тамҳиду фи улум-ил-Қуръон, Қум, ат-Тамҳид, 1428ҳ.қ.
  • Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, ат-Тафсиру ва-л-муфассируна фи савбиҳа-л-қашиб, Машҳад, Донишгоҳи улуми исломии разавӣ, 1425ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир ибни Муҳаммадтақӣ, Миръот-ул-уқули фи шарҳи ахбори Оли-ир-Расул (с), Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломийя, 1404ҳ.қ.
  • Мисбоҳи Яздӣ, Муҳаммадтақӣ, Худошиносӣ, Қум, Муассисаи омӯзишӣ ва пажӯҳишии Имом Хумайнӣ (раҳ), 1396ҳ.ш.
  • Муллосадро, Муҳаммад ибни иброҳим, ал-Ҳикмат-ул-мутаолияти фи-л-асфор-ил-ақлийят-ил-арбаа, таълиқаи: Муҳаммадҳусайни Таботабоӣ, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1981м.
  • Саффор, Муҳаммад ибни Ҳасан, Басоир-уд-дараҷоти фии фазоъили оли Муҳаммад (с), Қум, Китобхонаи Оятуллоҳи Маръашии Наҷафӣ, 1404ҳ.қ.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Маъа-ш-шиъат-ил-имомияти фи ақоидиҳим, Қум, Муассисаи Имом Содиқ (а), 1440ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Муҳаммадҳусайн, Баррасиҳои исломӣ, ба кӯшиши: Сайид Ҳодии Хусравшоҳӣ, Қум, Бӯстони китоб, 1388ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Муҳаммадҳусайн, ал-Мизони фии Тафсир-ул-Қуръон, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1417ҳ.қ.
  • Таҳмурасӣ, Ромин, «Лавҳи маҳфуз», дар ҷилди 14 Доиратулмаорифи ташайюъ, Теҳрон, Ҳикмат, 1390ҳ.ш.
  • Таҳовунӣ, Муҳаммади Алӣ, Кашшофу истилоҳот-ил-фунуни ва-л-улум, Бейрут, Мактабату Лубнон ноширун, 1996м.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Ихтисос, Қум, 1413ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Илал-уш-шароеъ, Қум, Доварӣ, 1385ҳ.ш.
  • Ғаравиён, Муҳсин, ва дигарон, Баҳси мабсут дар омӯзиши ақоид, Қум, Дор-ул-илм, 1371ҳ.ш.
  • Қулизода, Ризо; Муҳаммадҷаводи Таваккулӣ, «Баррасии татбиқии чистии лавҳи маҳфуз ва вижагиҳои он дар ал-Мизон ва Маҷмаъ-ул-баён», дар маҷаллаи Тафсирпажӯҳӣ, № 17, баҳору тобистони 1401ҳ.ш.
  • Ҳусайнии Милонӣ, Сайид Алӣ, Бо пешвоёни ҳидоятгар, Қум, ал-Ҳақоиқ, 1389ҳ.ш.
  • Ҷаъфарӣ, «Баҳс дар бораи лавҳи маҳфуз ва лавҳи маҳву исбот», дар маҷаллаи Каломи исломӣ, № 34, тобистони 1379ҳ.ш.