Ат-Тамҳиду фи улум-ил-Қуръон (китоб)

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Китоби ат-Тамҳид)
ат-Тамҳиду фи улум-ил-Қуръон
НависандаМуҳаммадҳодии Маърифат
МавзуъУлуми Қуръон
Забонарабӣ
Маҷмуа10 ҷилд
НоширМуассисаи фарҳангӣ-интишоротии ат-Тамҳид
Санаи нашр1388ҳ.ш.


ат-Тамҳиду фи улум-ил-Қуръон (арабӣ: اَلتّمْهید فی عُلومِ الْقُرْآن) китоест ба забони арабӣ дар бораи улуми қуръонӣ навиштаи Муҳаммадҳодии Маърифат (1309 - 1385ҳ.ш.). Ат-Тамҳид ки густардатарин асари муосир дар бораи улуми қуръонӣ дониста шуда, дар шаш ҷилд, ба мабоҳиси ваҳй, нузули Қуръон, таърихи Қуръон, қироатҳои мухталиф, носиху мансух, муҳкаму муташобеҳ ва эъҷози Қуръон пардохта ки се ҷилд аз он, дар бораи мабоонӣ ва вижагиҳои эъҷози Қуръони Карим аст. Муҳаммадҳодии Маърифат дар таълифи ат-Тамҳид, аз манобеи аҳли суннат ва шиа дар мавзуъоти мухталифе аз ҷумла улуми қуръонӣ, тафсир ва таърих баҳра бурдааст. Ат-Тамҳид борҳо манбаи пажӯҳишҳои мухталиф қарор гирифта ва ба унвони матни дарсӣ дар донишгоҳҳо ва ҳавзаҳои илмия истифода шудааст.

Бархе аз вижагиҳои ат-Тамҳид, иборатанд аз: дурӣ аз парокандагӯӣ ва возеҳ сохтани мавзуи баҳс, истифода аз ривоёти аҳли суннат ва шиа, ҳамчунин рӯйкарди интиқодӣ дар баёни мавзуъ. Ат-Тамҳид, ҷубронкунандаи набудани мавсуаҳои қуръонӣ дар миёни шиаён дониста шудааст.

Се ҷилд аз ат-Тамҳид, то соли 1367ҳ.ш. тавассути интишороти Маркази мудирияти Ҳавзаи илмияи Қуми чоп шудааст. Сипас Дафтари интишороти исломӣ онро дар шаш ҷилд чоп карда ва саранҷом муассисаи ат-Тамҳид, нусхае даҳҷилдӣ аз китобро мунташир карда ки илова бар шаш ҷилди ибтидоӣ, се китоби Шубаҳот ва рудуд, Сиёнат-ул-Қуръони ман-т-таҳриф ва низ ат-Тафсиру ва-л-муфассирунро низ дар худ ҷой додааст. Се асари ахир, пеш аз он ба сурати мустақил чоп шуда буданд. Тарҷумаҳо ва хулосаҳои мухталифи ат-Тамҳид ба забони форсӣ мунташир шуда ва бахшҳое аз асар низ ба сурати мустақил тарҷума шудааст; аз ҷумла китоби Таносуби оёт. Нармафзори диҷитали ат-Тамҳид, тавассути Дафтари таблиғоти исломии ҳавзаи илмияи Қум интишор ёфтааст.

Куллиёт ва ҷойгоҳ

Китоби ат-Тамҳиду фи улум-ил-Қуръон, навиштаи Муҳаммадҳодии Маърифат, ҳосили ёддоштбардориҳои пайвастаи нависанда дар бораи улум қуръонӣ аст, ки саранҷом тадвин ва таълиф шуда ва нависанда, ин асарро муқаддамае барои тафсире бо унвони «ал-Васит» медонистааст.[1]

Ат-Тамҳид дар шаш ҷилд, ба ҳафт мавзуъ аз мавзуъоти вобаста ба улуми қуръонӣ пардохтааст: ваҳй, нузули Қуръон, таърихи Қуръон, қироатҳои мухталиф, носиху мансух, муҳкаму муташобеҳ, ва ҳамчунин эъҷози Қуръон.[2] Ҷилди аввали китоб, шомили се баҳси нахуст, яъне ваҳй, нузули Қуръон ва таърихи Қуръон аст. Ҷилди дувум, шомили мабоҳиси вобаста ба қироатҳои мухталиф ва оёти носиху мансух; ҷилди сеюм, дарбардорандаи муҳкам ва муташобеҳ аст[3] ва дар ҷилдҳои чорум, панҷум ва шашум, мабоҳиси вобаста ба эъҷози Қуръон омадааст; аз ҷумла мабонии эъҷоз, эъҷози баёнии Қуръони Карим, эъҷози илмӣ, эъҷози огоҳӣ додан аз ғайб ва ҳамчунин эъҷози ташреъии Қуръони Карим.[4]

Ат-Тамҳид, китобе ҷомеъ ва густарда тавсиф шудааст, ки бештари мабоҳиси улуми қуръониро дарбар дорад[5] ва бар хилофи осори пеш аз худ ки такрори сухани гузаштагон будаанд, гоме ба пеш ва дар ҷиҳати равшан сохтани хатоҳо ва лағзишҳои осори пешин аст.[6] Оятуллоҳ Маърифат ҳамчунин дар соли 1358ҳ.ш., се ҷилди нахусти китобро ки пеши он чоп шуда буд, бо бознигариҳоӣ мунташир сохт.[7]

Муҳаммадҳодии Маърифат дар таълифи китоби ат-Тамҳид, аз манобеи фаровони аҳли суннат ва шиа, аз ҷумлаи осори улуми қуръонӣ, тафосир, манобеи ҳадисӣ, таъриху шарҳиҳолҳо, осори эътиқодӣ ва каломӣ ва ҳамчунин китобҳои фиқҳӣ, усӯлӣ ва адабӣ баҳра бурдааст.[8] ат-Тамҳиду фи улум-ил-Қуръон, яке аз манобеи аслии пажӯҳишҳои вобаста ба улум қуръонӣ буда, бинобар гузоришҳо, поёни номаҳо ва осор бисёре бо такя ба он нигориш ёфта ва хулосаҳои мухталифе аз он ба унвони матни дарсӣ дар донишгоҳҳо ва ҳавзаҳои илмия истифода шудааст.[9]

Дар бораи муаллиф

Муҳаммадҳодии Маърифат (1309 - 1385ҳ.ш.) аз фақиҳону ҳадисшиносони шиа ва аз муҳаққиқону муаллифони улуми қуръонӣ ва тафсири Қуръони Карим буд.[10] Маърифат таҳсилкардаи ҳавзаи илмияи Карбало,[11] Наҷаф[12] ва Қум буд.[13] Маърифат дар Қум, илова бар тадриси китобҳои Расоил, Макосиб ва Кифоя ва сипас тадриси хориҷи фиқҳу усули фиқҳ, дар мадрисаи Ҳаққонӣ, ба тадриси улуми қуръонӣ мепардохт[14] ва дар ҳамин росто, то соли 1358ҳ.ш., се ҷилд аз китоби ат-Тамҳиду фи улум-ил-Қуръон, ба чоп расид.[15] Пас аз он ки дуруси тафсиру улуми қуръонӣ ба унвони дарси расмии ҳавза тасвиб шуд, ба тарбияти шогирдоне барои тадриси дарсҳои фавқ машғул шуд ва дар канори он, 14 донишкадаи улуми қуръониро дар нуқоти мухталифи Эрон доир кард.[16]

Маърифат, осори дигаре аз ҷумла ат-Тафсир-ул-асар-ил-ҷомеъ,[17] Сиёнат-ул-Қуръони мин-ат-таҳриф[18] ва ҳамчунин китоби Шубаҳотун ва рудудро дар посух ба шубаҳоти шарқшиносони ғарбӣ ва бархе равшанфикрони араб дар бораи Қуръони Карим,[19] ва китоби дуҷилдии ат-Тафсиру ва-л-муфассирунро[20] нигошта ки ду мавриди ахир, илова бар интишори мустақил, ба ҳамроҳи китоби ат-Тамҳиду фи улум-ил-Қуръон низ чоп шудааст.[21] Ӯ ҳамчунин осори фиқҳие низ дошта, ки аз он ҷумла: Тамҳид-ул-қавоид, Ҳадиси ло туъод, Вилоят-ул-фақиҳ: абъодуҳо ва ҳудудуҳо, Молкийят-ул-арз ва Масоилун фи-л-қазо, ҳамагӣ ба забони арабианд.[22]

Вижагиҳо ва равиши нигориш

Оятуллоҳ Маърифат дар китоби ат-Тамҳид, дар мавориде ба табйини мафҳумшиносии истилоҳотӣ аз қабили ваҳй ва эъҷоз пардохта ва гоҳ дар бораи аҳамияти мавзуъоте аз қабили асбоби нузул, матолибе навиштааст.[23]

Ат-Тамҳиду фи улум-ил-Қуръон, ҳамчунин аз парокандагӯӣ орӣ буда бо тарҳи саволоте дар ибтидоӣ ҳар бахш, масаълаи мавриди баҳсро равшан сохтааст.[24] Дар ин китоб, аз ривоёти аҳли суннат ва шиа дар мавзуъоти мухталиф аз ҷумла дар бораи чигунагии нузули ваҳй, нахустин ва охирин оёт ва асбоби нузул истифода шудааст.[25]

Муаллифи ат-Тамҳиду фи улум-ил-Қуръон, дар муқаддамаи китоб, тасреҳ кардааст, ки танҳо матолиберо дар китоби худ оварда ки ба дурустӣ ва итқони он итминон ёфта[26] ва аз ҳамин рӯ матолиби китобро пеш аз интишор, ба сурати матни дарсӣ дар ихтиёри туллоби ҳавзаҳои илмия қарор дода ва дар ҳангоми тадриси матолиб, аз дидгоҳҳо ва нақдҳои ҳавзавиён барои такмилу бозсозии муҳтавои асари худ баҳра бурдааст.[27]

Талхиси китоби ат-Тамҳид

Вижагиҳои дигаре ки барои ат-Тамҳид зикр шуда, иборатанд аз: ҷуброни набудани мавсуъаҳои қуръонӣ дар миёни шиаён,[28] табйини ҷойгоҳ ва нақши шиа дар арсаи улуми қуръонӣ[29] ва ҳамчунин рӯйкарди интиқодӣ дар баёни мабоҳис то он ҷо ки дар мавориде бо қотеъият ба нақди назароти Оятуллоҳ Хуӣ ва Аллома Таботабоӣ мепардозад.[30]

Нигоҳе ба муҳтаво

Нахустин матлаби китоб пас аз муқаддама бо унвон «ал-Ваҳю ва-л-Қуръон» ӯҳдадори табйини бархе аз мавзуъоти вобаста ба ваҳй аст монанди: ваҳй дар луғат, ваҳй дар Қуръон, ваҳй аз назари файласуфони ғарб, ақсоми ваҳйи рисолӣ, бароҳини исботи вуҷуди нафас ва афсонаи ғарониқ ва...[31] Ваҳй дар луғат эъломи сариъ ва махфӣ аст хоҳ бо ишора ва ё наҷвою замзама ва бехи гӯш сухан гуфтан ва ё навиштани махфиёна ва дар Қуръон ҳам ба ҳамин маъно ба кор рафтааст. дар ояти 11 сураи Марям فَخَرَجَ عَلَىٰ قَوْمِهِ مِنَ الْمِحْرَابِ فَأَوْحَىٰ إِلَيْهِمْ أَنْ سَبِّحُوا بُكْرَةً وَعَشِيًّا пас, аз меҳроб бар қавм хеш даромад ва эшонро огоҳ гардонид ки рӯзу шаб ба ниёйиш бипардозед. Афзун бар маънои луғавӣ се корбурди дигар барои ваҳй дар Қуръон вуҷуд дорад, ки иборатанд аз: 1 - сохтории табиӣ ки дар ниҳоду зоти мавҷудот наҳуфтааст, ки шуури ботинӣ ва фитрӣ ҳам намунае аз он аст. Ояти 68 сураи Наҳл وَأَوْحَىٰ رَبُّكَ إِلَى النَّحْلِ أَنِ اتَّخِذِي مِنَ الْجِبَالِ بُيُوتًا وَمِنَ الشَّجَرِ وَمِمَّا يَعْرِشُونَ Ва Парвардгори ту ба занбӯри асал ваҳй [=илҳом] кард, ки аз порае кӯҳҳо ва аз бархе дарахтон ва аз он чи дорбаст мекунанд, хонаҳое барои худ дуруст кун. Баёнгари ҳамин гуна аз ваҳй дар занбӯри асал аст. Ва низ ояти 12 сураи Фуссилат وَ أَوْحی فِی کُلِّ سَماءٍ أَمْرَها Ва дар ҳар осмоне кор[-и марбут ба] онро ваҳй фармуд. 2 - Илҳоми нафсӣ ё ҳамон шуури ботинӣ, ки гунае дигар аз ваҳй дар Қуръон аст. Ояти 7 сураи Қасас намунае аз ин гуна ваҳй аст وَأَوْحَيْنَا إِلَىٰ أُمِّ مُوسَىٰ أَنْ أَرْضِعِيهِ ۖ فَإِذَا خِفْتِ عَلَيْهِ فَأَلْقِيهِ فِي الْيَمِّ وَلَا تَخَافِي وَلَا تَحْزَنِي ۖ إِنَّا رَادُّوهُ إِلَيْكِ وَجَاعِلُوهُ مِنَ الْمُرْسَلِينَ Ва ба модари Мӯсо ваҳй кардем ки: «ӯро шир деҳ, ва чун бар ӯ бимнок шудӣ ӯро дар Нил биандоз ва матарсу андӯҳ мадор, ки мо ӯро ба ту бозмегардонем ва аз [зумраи] пайғамбаронаш қарор медиҳем.» 3 - Ваҳйи рсолӣ, ҳамонест, ки Худованд ба пайғамбараш (бо воситаи фаришта ё бидуни восита) барои таблиғи рисолаташ илқо мекунад.[32]

Поёнбахши китоб матлабе аст бо унвони ал-Ҳуррияту ва-л-мусоаоти фи зилл-ил-Ислом. Нависанда дар ҷамъбандии баҳс дар бораи асирони ҷангӣ мегӯяд: асирони ҷангӣ ки ҳануз ҷанг идома дорад асир мешаванд маҳкум ба қатл ҳастанд, вале агар ҷанг тамом шуда бошад пешвои мусулмонон он чиро ки салоҳ медонад дар бораи онон иҷро мекунад, монанди: озодсозӣ агар хатаре барои мусулмонон надошта бошанд ва ё табодули асирон ва ё гирифтани фидя барои озодӣ ва ё моле ки мавриди тавофуқи тарафайн бошад. Дар ғайри ин сурат асорат барои онон беҳтар аз кушта шудан аст шояд дар партави тарбияти мусулмонон ва дилсӯзии онон ҳидоят шаванд.[33]

Чопҳо, талхис ва тарҷума

Китоби ат-Тамҳиду фи улум-ил-Қуръон, тавассути се интишорот ба чоп расидааст; интишороти Маркази мудирияти ҳавзаи илмияи Қум, се ҷилди ибтидои китобро то соли 1367ҳ.ш., се бор чоп кардааст;[34] Дафтари интишороти исломӣ вобаста ба Ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, шаш ҷилд аз китобро борҳо мунташир карда ва бархе аз муҷалладоти он ба чопи панҷум расида[35] ва саранҷом, Муассисаи ат-Тамҳид, онро дар 10 ҷилд ба чоп рисондааст.[36] Нусхаи 10 ҷилдӣ, чунонкии Муҳаммадҳодии Маърифат тавзеҳ додааст, илова бар шаш ҷилд китоби ат-Тамҳид, се китоби Шубаҳотун ва рудуд, Сиёнат-ул-Қуръони мин-ат-таҳриф ва ат-Тафсиру ва-л-муфассирунро дар худ ҷой додааст.[37] Се китоби мазкур, пеш аз он ба таври мустақил ба чоп расидаанд.[38]

Китоби дуҷилдии талхиси ат-Тамҳид, хулосае аз китоби шашҷилдии ат-Тамҳиди фии улум-ил-Қуръон аст, ки барои истифода ба унвони матни дарсӣ дар ҳавзаҳои илмия тадвин шуда[39] ва борҳо дар ду интишороти исломӣ ва ат-Тамҳид ба чоп расидааст.[40] Ҳамчунин китоби таърихи Қуръон, бо иқтибос аз ду ҷилди аввали китоби ат-Тамҳид, барои тадрис дар риштаи донишгоҳии улуми қуръонӣ, ҳамроҳ бо изофатӣ ба забони форсӣ чоп шудааст.[41]

Китобе бо унвони Таносуби оёт, тарҷумаи форсии бахше аз ҷилди панҷуми китоби ат-Тамҳид, тавассути Иззатуллоҳ Мавлоиниё Ҳамадонӣ, дар соли 1373ҳ.ш.и чоп шудааст.[42] Тарҷумаҳои форсии зиёде аз ат-Тамҳид ба чоп расида ва интишор ёфтааст; аз ҷумла Омӯзиши улуми Қуръон, тарҷумаи Абумуҳаммад Вакилӣ, Муқаддамае бар улуми қуръонӣ, тарҷумаи Ҷаводи Ереванӣ ва асаре бо унвони Тарҷумаи ат-Тамҳиду фи улум-ил-Қуръон, ба кӯшиши Мирзо Ализода ва Муҷтабо Хаттот.[43]

Нармафзори ат-Тамҳид

Нармафзор диҷитолии «ат-Тамҳиду фи улум-ил-Қуръон» тавассути Маркази иттилоот ва мадорики исломӣ, вобаста ба Дафтари таблиғоти исломии ҳавзаи илмияи Қум интишор ёфтааст.[44] Ин барнома шомили матни комили 10 ҷилд китоби ат-Тамҳиди фии улум-ил-Қуръон аст ки беш аз ҳашт ҳазор истилоҳ дар ҳавзаи улуми қуръониро дар ихтиёри корбарон қарор медиҳад. Ин нармафзор ҳамчунин қобилияти истифода аз панҷ ҳазор намоя ва чакида аз мутуни ат-Тамҳидро барои корбарон фароҳам месозад.[45]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Харақонӣ, «ат-Тамҳид ва ҷойгоҳи он дар миёни осори қуръонпажӯҳӣ», саҳ.257
  2. Насирӣ, «Нақду баррасии китоби ат-Тамҳиду фи улум-ил-Қуръон», саҳ.60
  3. Насирӣ, «Нақду баррасии китоби ат-Тамҳиду фи улум-ил-Қуръон», саҳ.60
  4. Насирӣ, «Нақду баррасии китоби ат-Тамҳиду фи улум-ил-Қуръон», саҳ.61
  5. Харақонӣ, «ат-Тамҳид ва ҷойгоҳи он дар миёни осори қуръонпажӯҳӣ», саҳ.271
  6. Харақонӣ, «ат-Тамҳид ва ҷойгоҳи он дар миёни осори қуръонпажӯҳӣ», саҳ.271
  7. Харақонӣ, «ат-Тамҳид ва ҷойгоҳи он дар миёни осори қуръонпажӯҳӣ», саҳ.272
  8. Харақонӣ, «ат-Тамҳид ва ҷойгоҳи он дар миёни осори қуръонпажӯҳӣ», саҳ.273 - 274
  9. Харақонӣ, «ат-Тамҳид ва ҷойгоҳи он дар миёни осори қуръонпажӯҳӣ», саҳ.275
  10. Баҳҷатпур, «Сайре дар зиндагии илмии Оятуллоҳ Маърифат», саҳ.181
  11. Маърифат, «Зиндагии худнавишти устод Маърифат», саҳ.166 - 167
  12. Маърифат, «Зиндагии худнавишти устод Маърифат», саҳ.167
  13. Маърифат, «Зиндагии худнавишти устод Маърифат», саҳ.170
  14. Маърифат, «Зиндагии худнавишти устод Маърифат», саҳ.170
  15. Маърифат, «Зиндагии худнавишти устод Маърифат», саҳ.170
  16. Маърифат, «Зиндагии худнавишти устод Маърифат», саҳ.170
  17. Баҳҷатпур, «Сайре дар зиндагии илмии Оятуллоҳ Маърифат», саҳ.181
  18. Маърифат, «Зиндагии худнавишти устод Маърифат», саҳ.170
  19. Баҳҷатпур, «Сайре дар зиндагии илмии Оятуллоҳ Маърифат», саҳ.180
  20. Маърифат, «Зиндагии худнавишти устод Маърифат», саҳ.171
  21. Маърифат, «Зиндагии худнавишти устод Маърифат», саҳ.171
  22. Маърифат, «Зиндагии худнавишти устод Маърифат», саҳ.171 - 172
  23. Харақонӣ, «ат-Тамҳид ва ҷойгоҳи он дар миёни осори қуръонпажӯҳӣ», саҳ.267
  24. Харақонӣ, «ат-Тамҳид ва ҷойгоҳи он дар миёни осори қуръонпажӯҳӣ», саҳ.268
  25. Харақонӣ, «ат-Тамҳид ва ҷойгоҳи он дар миёни осори қуръонпажӯҳӣ», саҳ.268
  26. Насирӣ, «Нақду баррасии китоби ат-Тамҳиду фи улум-ил-Қуръон», саҳ.64
  27. Насирӣ, «Нақду баррасии китоби ат-Тамҳиду фи улум-ил-Қуръон», саҳ.64 - 65
  28. Насирӣ, «Нақду баррасии китоби ат-Тамҳиду фи улум-ил-Қуръон», саҳ.85
  29. Насирӣ, «Нақду баррасии китоби ат-Тамҳиду фи улум-ил-Қуръон», саҳ.85
  30. Насирӣ, «Нақду баррасии китоби ат-Тамҳиду фи улум-ил-Қуръон», саҳ.87
  31. Маърифат, ат-Тамҳиду фи улум-ил-Қуръон, 1386ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.24 - 25
  32. Маърифат, ат-Тамҳиду фи улум-ил-Қуръон, 1386ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.27 - 29
  33. Маърифат, ат-Тамҳиду фи улум-ил-Қуръон, 1386ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.340
  34. Маърифат, ат-Тамҳиду фи улум-ил-Қуръон, 1367ҳ.ш., чопи сеюм
  35. Ниг.: Маърифат, ат-Тамҳиду фи улум-ил-Қуръон, ҷ.3, 1390ҳ.ш., чопи панҷум; Маърифат, ат-Тамҳиду фи улум-ил-Қуръон, ҷ.4, 1391ҳ.ш., чопи панҷум
  36. Маърифат, ат-Тамҳиду фи улум-ил-Қуръон, 1386ҳ.ш.
  37. Маърифат, Улуми қуръонӣ, 1381ҳ.ш., саҳ.17; «ат-Тамҳиду фи улум-ил-Қуръон»
  38. Маърифат, Улуми қуръонӣ, 1381ҳ.ш., саҳ.17; «ат-Тамҳиду фи улум-ил-Қуръон»
  39. Маърифат, Улуми қуръонӣ, 1381ҳ.ш., саҳ.17
  40. Маърифат, талхиси ат-Тамҳид, 1394ҳ.ш., чопи нуҳум; Маърифат, Талхиси ат-Тамҳид, 1397ҳ.ш., чопи панҷум
  41. Маърифат, Улуми қуръонӣ, 1381ҳ.ш., саҳ.17
  42. Маърифат, таносуби оёт, 1373ҳ.ш
  43. Хуррамшоҳӣ, Донишномаи қуръону қуръонпажӯҳӣ, 1377ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.809
  44. «ат-Тамҳиду фи улум-ил-Қуръон», пажӯҳишкадаи мудирияту мадорики исломӣ
  45. «ат-Тамҳиду фи улум-ил-Қуръон», пажӯҳишкадаи мудирияту мадорики исломӣ

Сарчашма

  • «التمهید فی علوم القرآن», сайти Пажӯҳишкадаи мудирияти иттилооту мадорики исломӣ, санаи дарҷи матлаб: 5 озари 1390ҳ.ш., санаи боздид: 7 озари 1397ҳ.ш.
  • «التمهید فی علوم القرآن», сайти ҳифзу нашри осори Оятуллоҳ Маърифат, санаи боздид: 8 озари 1397ҳ.ш.
  • Баҳҷатпур, Абдукарим, «Сайре дар зиндагии илмии Оятуллоҳ Маърифат», дар китоби маърифати қуръонӣ: ёднгори Оятуллоҳи Муҳаммадҳодии Маърифат, зери назари гурӯҳи қуръонпажӯҳӣ пажӯҳишгоҳи фарҳангу андешаи исломӣ, ба кӯшиши Алӣ Насирӣ, ҷ.1, Теҳрон, Созмони интишороти Пажӯҳишгоҳи фарҳангу андешаи исломӣ, 1387ҳ.ш.
  • Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, «Зиндагии худнавишти устод Маърифат», дар китоби Маърифати қуръонӣ: ёднгори Оятуллоҳи Муҳаммадҳодии Маърифат, зери назари гурӯҳи қуръонпажӯҳии Пажӯҳишгоҳи фарҳангу андешаи исломӣ, ба кӯшиши Алӣ Насирӣ, ҷ.1, Теҳрон, Созмони интишороти Пажӯҳишгоҳи фарҳангу андешаи исломӣ, 1387ҳ.ш.
  • Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, Таносуби оёт, тарҷумаи Иззатуллоҳи Мавлоиниё Ҳамадонӣ, Қум, Бунёди маорифи исломӣ, 1373ҳ.ш.
  • Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, Улуми қуръонӣ, Қум, муассисаи фарҳангии тамҳид, 1381ҳ.ш.
  • Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, ат-Тамҳиду фи улум-ил-Қуръон, Қум, интишороти ат-Тамҳид, 1386ҳ.ш.
  • Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, ат-Тамҳиду фи улум-ил-Қуръон, ҷ.3, Қум, маркази мудирияти ҳавзаи илмияи Қум, 1367ҳ.ш.
  • Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, ат-Тамҳиду фи улум-ил-Қуръон, ҷ.3, Қум, муассисаи интишороти исломӣ, 1390ҳ.ш.
  • Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, ат-Тамҳиду фи улум-ил-Қуръон, ҷ.4, Қум, муассисаи интишороти исломӣ, 1391ҳ.ш.
  • Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, талхиси ат-Тамҳид, чопи нуҳум, Қум, дафтари интишороти исломии ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1394ҳ.ш.
  • Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, талхиси ат-Тамҳид, чопи панҷум, Қум, муассисаи ат-Тамҳид, 1397ҳ.ш.
  • Насирӣ, Алӣ, «Нақду баррасии китоби ат-Тамҳиду фи улум-ил-Қуръон», дар китоби Маърифати қуръонӣ, ёднгори Оятуллоҳи Муҳаммадҳодии Маърифат, зери назари гурӯҳи қуръонпажӯҳӣ Пажӯҳишгоҳи фарҳангу андешаи исломӣ, ба кӯшиши Алӣ Насирӣ, ҷ.3, Теҳрон, Созмони интишороти Пажӯҳишгоҳи фарҳангу андешаи исломӣ, 1387ҳ.ш.
  • Харақонӣ, Ҳасан, «ат-Тамҳид ва ҷойгоҳи он дар миёни осори қуръонпажӯҳӣ», дар маҷаллаи Илоҳиёт ва ҳуқуқ, №26, зимистони 1386ҳ.ш.
  • Хуррамшоҳӣ, Баҳоуддин, Донишномаи Қуръон ва қуръонпажӯҳӣ, Теҳрон, дӯстон - ноҳид, 1377ҳ.ш.