Туҳаф-ул-уқул (китоб)

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Китоби Туҳаф-ул-уқул)
Туҳаф-ул-уқул
НависандаИбни Шуъбаи Ҳарронӣ
Санаи таълифҚарни 4ҳ.қ.
МавзуъҲадисӣ
СабкРивоӣ
ЗабонАрабӣ
Ба тасҳеҳиАлиакбари Ғаффорӣ
Тарҷума ба забонҳои дигар
  • Форсӣ
  • Англисӣ
Маҳалли нашрТеҳрон
Санаи нашр
  • 1362ҳ.ш.
  • 1376ҳ.ш.
  • 1397ҳ.ш.
Тарҷумаи форсӣ
Номи китоб ба хатти ниёгонتحف العقول؛ سخنان چهارده معصوم
Номи тарҷумонМуҳаммадсодиқ Ҳасанзода


Туҳаф-ул-уқули фимо ҷоа мин-ал-ҳиками ва-л-мавоизи ан Ол-ир-Расул (ар. تُحَفُ العُقول فیما جاءَ مِنَ الحِکَمِ ‌وَ الْمَواعظ عَنْ آل‌ِ الرّسول) китоби ҳадисии навиштаи Ибни Шуъбаи Ҳарронӣ - муҳаддиси шиъии қарни чаҳоруми қамарӣ, аст. Ҳадафи нависандаи ин китоб, ҷамъоварии бахше аз аҳодиси Аҳли Байт (а) ва пайғамбарони Илоҳӣ бо меҳварияти мавъиза, ҳикмат ва андрзҳост.

Муаллиф ба суханони Пайғамбар (с) ва низ ҳар як аз имомони шиа фаслеро ихтисос дода ва аҳодиси нақлшуда аз эшонро дар ҳамон бахш овардааст. Мавъизаҳое аз пайғамбарони гузашта низ дар фаслҳои поёнии китоб нақл шудааст.

Дар матни китоб маъмулан, аввал, аҳодиси тӯлонитар зикр шуда ва поёни ҳар бахш ба аҳодиси кӯтоҳ бахшида шудааст. Муаллиф барои ин ки китоб пурҳаҷм нашавад, аз зикри санади ривоёт худдорӣ кардааст.

Тарҷумаҳои форсии мутааддиди ин китоб нишондиҳандаи ҷойгоҳи он дар байни шиаён аст. Китоб борҳо бо тарҷумаи форсии он ва тавассути ноширони гуногун чоп ва мунташир шудааст.

Ангезаи таълиф

Яке аз тарҷумаҳои Туҳаф-ул-уқул

Ибни Шуъбаи Ҳарронӣ ҳадаф аз таълифи ин китобро дар дастрас қарор додани дониши Пайғамбари акрам (с) ва имомон (а), ки дарбардорандаи кори дину дунё ва салоҳи имрӯзу фардост дониста, гуфтааст, чун донишмандони шиа дар бораи ҳалолу ҳаром, фароиз ва сунан, аз гуфтори имомон (а) китоб фароҳам кардаанд, вале дар бораи ҳикматҳо ва андарзҳои Пайғамбар (с) ва имомон (а), махсусан калимоти қисори[Ёддошт 1] онҳо, китобе таълиф накардаанд, ӯ даст ба ин кор задааст.

Муҳтаво

Ин китоб, дарбардорандаи аҳодисе дар усул ва фуруи дин, куллиёт, дастае аз суннатҳо ва одоби дин, панду андарзҳои имомон ва суханони ҳакимонаи онон аст.

Дар ин китоб, гузидае аз суханони Пайғамбар (с) ва имомони шиа (а), ба ҷуз, Имоми дувоздаҳум - ҳазрати Маҳдӣ (аҷҷалаллоҳу таоло фараҷаҳ), омадааст. Бахши муҳими ин китоб ба тартиб аз суханони Пайғамбар (с) оғоз шуда бо суханони Имоми ёздаҳум поён мепазирад.

Нависанда, ибтидо ба нақли суханони муфассали Пайғамбар (с) ва аимма (а) пардохта, дар поёни ҳар қисмат, гузидае аз калимоти кӯтоҳи он маъсумро низ овардааст.

Бахше аз муҳимтарин матолиби китоб иборатанд аз:
Посухҳои Пайғамбар (с) ба Шамъун ибни Ловии масеҳӣ Васиятҳои Пайғамбари акрам (с) ба Имом Алӣ (а)
Суханони Пайғамбар (с) дар ҳаҷҷатулвидоъ Супориши Пайғамбар (с) ба Маоз ибни Ҷабал ҳангоми эъзомаш ба Яман
Андарзҳои он ҳазрат ба Имом Ҳасани Муҷтабо (а) Хутбаи Имом Алӣ (а) дар ихлоси тавҳид
Номаи Имом Алӣ (а) ба Молики Аштар Хутбат-ул-васила
Ҷавоби Имом Ҳасан (а) ба Ҳасани Басрӣ Суханони Имом Алӣ (а) бо Кумайл
Суханони Имом Ҳусайн (а) дар амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар Хутбаи Имом Ҳасан (а) баъд аз сулҳ бо Муовия
Рисолаи ҳуқуқи Имом Зайнулъобидин (а) Номаи Имом Ҳусайн (а) ба аҳли Кӯфа
Супориши Имом Содиқ (а) ба Муъминуттоқ Супориши Имом Боқир (а) ба Ҷобир ибни Язиди Ҷуъфӣ
Супориши Имом Козим (а) ба Ҳушом ибни Ҳакам Суханоне аз Имом Содиқ (а), ки бархе аз шиаён онро насруддурар номидаанд
Тавсифи Имом Ризо (а) аз имомат ва манзалати он дар масҷиди ҷомеи Марв Посухи Имом Ризо (а) ба Маъмун дар бораи аҳкоми шариат
Рисолаи Имом Ҳодӣ (а) дар рад бар аҳли ҷабру тафвиз Посухи Имом Ҷавод (а) ба пурсишҳои Яҳё ибни Аксам
Номаи Имом Ҳасани Аскарӣ (а) ба Исҳоқ ибни Исмоили Нишопурӣ Посухҳои Имом Ҳодӣ (а) ба пурсишҳои Яҳё ибни Аксам

Дар бахши поёнии китоб низ ин матолиб омадааст:

Ҷойгоҳи китоб

Туҳаф-ул-уқул дар қуруни ахир ҳамвора мавриди тавваҷуҳи уламои шиа буда, то он ҷо ки Қатифӣ онро беназир хондааст ва дар китобҳои ҳадисиву фиқҳӣ аз он нақли қавл шудааст.

Дар айни ҳол, он чи мояи хурдагирӣ ва дар бархе маворид номуътабар донистани мундариҷоти Туҳаф-ул-уқул аз сӯи уламои шиа шуда, ирсоли асноди аҳодиси он аст. Албатта худи Ибни Шуъба ба ин мавзӯъ тавваҷуҳ дошта ва дар муқаддима навишта аст, ки силсилаи санади бештари аҳодиси китобро шунида ва медониста аст, вале дар таълифи китоб барои риояти эҷоз ва низ ба ин сабаб, ки бештари ин калимоту суханон аз зумраи омӯзишҳо ва ҳикматҳое аст, ки худ гувоҳи дурустии худ ҳастанд ва ба ин далел, ки онҳоро барои шиаён фароҳам кардааст, ки таслими Имомонанд, аз зикри асноди аҳодиси китоб иҷтиноб кардааст.

Оятуллоҳ Хӯӣ, зимни эътироф ба фазл, вараъ ва мамдуҳ будани Ҳарронӣ, китоби ӯро ба далели мурсал будани аҳодиси он, фоқиди эътибор дониста ва дар ҳеҷ як аз аҳкоми шаръӣ, истинод ба ривоёти Туҳаф-ул-уқулро ҷоиз нашуморидааст.

Бояд гуфт, ки Туҳаф-ул-уқул дар миёни нусайрия ҷойгоҳ ва эҳтироми хоссе дорад, то ҳадде, ки бисёре аз пайравони ин фирқа онро азёд мекунанд.

Тарҷума ва нашр

Туҳаф-ул-уқул борҳо дар Эрон, Ироқ ва Лубнон ба чоп расидааст. Нахустин бор дар 1297ҳ.ш., бо Равзаи кофӣ, дар як ҷилд чопи сангӣ шуд. Беҳтарин чопи он, бо тасҳеҳ ва таълиқи Алиакбари Ғаффорӣ, дар 1376ҳ.ш. дар Теҳрон сурат гирифтааст.

Ин китоб борҳо ба форсӣ тарҷума шуда, ки тарҷумаи Муҳаммадбоқири Камараӣ (Теҳрон 1362ҳ.ш.) ва тарҷумаи Парвизи Атобакӣ бо унвони «Раҳоварди хирад» (Теҳрон 1376ҳ.ш.) аз он ҷумла аст. Туҳаф-ул-уқулро Бадр Шоҳин ба англисӣ тарҷума ва дар 1383ҳ.ш.., дар Қум ба чоп расонидааст.

Эзоҳ

Ёддошт

  1. Суханони кутоҳ; суханони ҳикматомези мухтасар

Сарчашма