Имони падарони Пайғамбар

Аз wikishia

Имони падарони Пайғамбар аз масоили ихтилофие байни шиа ва аҳли суннат аст.

Ба эътиқоди уламои шиа падарони Пайғамбар (с) ҳама муваҳҳид будаанд. Ин назар, мавриди қабули бархе аз олимони аҳли суннат низ ҳаст, вале бисёре аз аҳли суннат бо истинод ба шахсияти Озар дар зиндагии ҳазрати Иброҳим, муътақиданд дар байни падарони Пайғамбар мушриконе низ вуҷуд доштаанд.

Албата муҳаққиқони шиа бо такя бар бархе аз оёти Қуръон, падари Иброҳимро шахсе ғайри Озар медонанд.

Аҳамият ва ҷойгоҳ

Ин ки падарони Пайғамбари Ислом ва низ соири пайғамбарон муваҳҳид ва худопараст буда ё мумкин аст мушрик буда бошанд, ҷузви мавзуоти ихтилофие байни фирқаҳои мухталифи исломӣ аст.[1] Дар ин замина чандин китоб ва мақола навишта шуда, ё дар китобҳои муфассал бахшҳое ба ин баҳс ихтисос ёфтааст.[2]

Бовари уламои шиа

Шайхи Садуқ (ваф. 380ҳ.қ.) мегӯяд эътиқоди мо он аст, ки падарони Пайғамбар (с) аз ҳазрати Одам то Абдуллоҳ, ҳама мусулмон будаанд.[3]

Ва Шайх Муфид (ваф. 413ҳ.қ.) низ ҷумлаи Садуқро таъйид карда, мегӯяд падарони Пайғамбар то Одам ҳама муваҳҳид ва бар имони ба Худо будаанд чунон ки Абӯҷаъфари Садуқ гуфта ва ҳамаи аҳли ҳақ ҳам бар ҳамин ақида иҷмоъ доранд.[4]

Табарсӣ дар «Маҷмаъ-ул-баён» зери ояти 219 сураи Шуаро ва иборати «تقلبک فی الساجدین», тибқи як бардошт «соҷид» (саҷдакунанда) буданро сифати аҷдоди Пайғамбар (с) медонад.[5]

Насириддини Тусӣ ва Аллома Ҳиллӣ дар «Таҷрид-ул-эътиқод» ва шарҳи он муътақиданд, аҷдоди пайғамбарон бояд аз ҳар гуна пастӣ дур бошанд.[6]

Дидгоҳи уламои аҳли суннат

Дар миёни уламои аҳли суннат бархе бар муъмин будани аҷдоди Пайғамбари Ислом (с) таъкид доранд. Олусии Бағдодӣ дар тафсири «Рӯҳ-ул-маонӣ»[7] ин боварро пазируфта ва ҳамчунин хос будани ин ақида ба шиаро нафй карда, мегӯяд Фахри Розӣ, ки ин боварро махсуси шиаён дониста, таҳқиқи кофӣ накардааст.[8] Дар ҳоле ки Фахри Розӣ қабул намекунад, ки ҳамаи падарони Пайғамбар муваҳҳид будаанд.[9]

Мутакаллими маъруфи ашъарӣ - Алоуддини Қушчӣ, дар шарҳи худ бар китоби "Таҷрид-ул-эътиқод" мепазирад, ки падарони пайғамбарон набояд ба ширк олӯда бошанд.[10]

Ҷалолиддин Суютӣ низ, ки худ мувофиқи имони аҷдоди пайғамбарон аст, дар ин росто китобҳое таълиф кардааст.[11]

Дар муқобил, Муҳаммад Рашидризо муътақид аст, эътиқод ба покии падарони анбиё, хилофи зоҳири Қуръон ва аҳодиси саҳеҳ аст.[12]

Чунонки пеш аз ӯ Ибни Таймия, олими машҳури салафӣ дар китоби «Маҷмуъ-ул-фатово», Абдуллоҳ, падари Пайғамбари Исломро кофир медонад.[13]

Далоили мувофиқон ва мухолифон

Мувофиқони назарияи муваҳҳид будани падарони пайғамбарон ба ду оят аз Қуръон ва чандин ҳадис тамассук кардаанд.

Аз ҷумлаи оёти мавриди истинод, ояти 219 сураи Шуаро «تقلبک فی الساجدین» аст, ки ба гуфтаи Шайхи Тусӣ бар асоси нақли Ибни Аббос, манзури оят, мунтақил шудани Пайғамбар аз сулби падарони пок аст, то замоне, ки ба дунё бияёд.[14] Чунонки ба ояти 128 сураи Бақара низ истидлол кардаанд, ки Иброҳим дуо кард, ки фарзандонаш мусулмон бошанд ва дар ояти 30 сураи Зухруф ин дуоро мустаҷобшуда донист. Аз сӯи дигар, падарони Пайғамбари Ислом ҳама аз насли Иброҳим (а) будаанд ва худи Пайғамбар (с) низ худро мисдоқи ин оят донистааст.[15]

Аҳодиси муртабит

Илова бар оёти Қуръон, олимони шиа ба чандини ҳадис низ истидлол кардаанд, аз ҷумла, ҳадисе дар ал-Кофӣ, ки мегӯяд ҷаҳаннам бар пушт, шикам ва домане, ки Пайғамбарро ба дунё оварда ва кафолат карда, ҳаром аст.[16]

Ва низ ҳадисе дар китоби «Амолии Шайхи Тусӣ» ки Пайғамбар фармудааст, нутфаи ман аз сулби Одам, то ҷаддам доим дар пушт ва раҳимҳои пок қарор гирифт ва ҳаргиз нопокии ҷоҳилият маро олӯда накард.[17]

Дар китобҳои аҳли суннат монанди «ал-Муъҷам-ул-кабир»[18] ва «ас-Сират-ул-ҳалабия»[19], ва «Маҷмаъ-уз-завоид»[20] низ чанд ҳадис барои исботи ин муддао нақл шудааст.

Рашидризо бо такя бар аҳодисе, ки мазмуни он кофиру ҷаҳаннамӣ будани падари Пайғамбар (с) аст,[21] мепазирад, ки мумкин аст падарони пайғамбарон мушрик бошанд ва бо ҳамин далел ба касоне, ки талош мекунанд нишон диҳанд Озар падари Иброҳим набудааст посух медиҳад.[22] Ӯ ҳамчунин ривоятеро нақл карда ва бар асоси он модари Пайғамбарро низ мушрик донистааст.[23]

Ба гуфтаи яке аз муҳаққиқон, маҷмуи аҳодисе, ки дар китобҳои ҳадисӣ дар ин мавзӯъ омадааст, дар панҷ гурӯҳ қобили дастабандӣ ҳастанд:

а) Ривоёте, ки сареҳан бар имони бархе аз аҷдоди Пайғамбар (с) далолат мекунанд;
б) Ривоёте, ки мегӯяд Пайғамбар дар сулбҳо ва раҳимҳои пок будааст;
в) Ривоёте, ки мегӯяд Пайғамбар дар беҳтарини гурӯҳ ва хонавода қарор дода шудааст;
г) Ривоёте, ки Пайғамбарро ҳамеша дар аслоби анбиё медонанд;
ғ) Ривоёте, ки тасреҳ мекунад сулбе, ки Пайғамбар аз он таваллуд шуда, бар оташи ҷаҳаннам ҳаром аст.[24]

Моҷарои падари Иброҳим

Ҳамчунин бибинед: Озар

Мухолифони имони аҷдоди Пайғамбар (с) муътақиданд, аз он ҷо, ки Озар, падари ҳазрати Иброҳим (а), бутпараст будааст, пас, ҳамаи падарони Пайғамбари Ислом (с) муваҳҳид набудаанд.[25]

Дар нуқтаи муқобил, шиаён посух додаанд, ки Озар падари ҳазрати Иброҳим (а) нест, балки сарпараст ё амаки ӯст ва Иброҳим дар сини пирӣ барои падари худ дуо ва талаби мағфират кардааст, вале ба ҷои таъбир «аб» (أب) аз таъбири «волид» (والد) истифода кардааст. Ба гуфтаи Аллома Таботабоӣ муффасир, нависандаи тафсири ал-Мизон, ҳамин нишон медиҳад, ки падари Иброҳим шахсе ғайр аз Озар будааст.[26]

Эзоҳ

  1. Маданӣ Биҷистонӣ, Имони аҷдоди Расули Худо, саҳ.162.
  2. Маданӣ Биҷистонӣ, Имони аҷдоди Расули Худо, саҳ.188.
  3. Шайх Садуқ, ал-Эътиқодот, ал-Муътамар-ул-оламӣ ли-ш-Шайх-ил-Муфид, саҳ.110.
  4. Шайх Муфид,Тасҳеҳу эътиқодот-ил-имомия, ал-Муътамар-ул-оламӣ ли-ш-Шайх-ил-Муфид, саҳ.139.
  5. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, ҷ.7, саҳ.356.
  6. Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, муассисаи ан-Нашр-ил-исломӣ, саҳ.472.
  7. Олусӣ, Рӯҳ-ул-маъонӣ, Дор-ул-кутуб-ил-илмийя, ҷ.10, саҳ.135.
  8. Олусӣ, Рӯҳ-ул-маъонӣ, Дор-ул-кутуб-ил-илмийя, ҷ.4, саҳ.184.
  9. Фахри Розӣ, Мафотиҳ-ул-ғайб, Дору эҳё-ит-турос-ил- арабӣ, ҷ.13, саҳ.31 - 35.
  10. Қушчӣ, Шарҳи таҷрид-ул-ақоид, маншуроти Разӣ, саҳ.359.
  11. Маданӣ Биҷистонӣ, Имони аҷдоди Расули Худо, саҳ.166.
  12. Рашидризо, ал-Манор, ҷ.7, саҳ.451 - 454
  13. Ибни Таймия, Маҷмуъ-ул-фатово, таҳқиқи Абдурраҳмон ибни Муҳаммад, ҷ.1, саҳ.144.
  14. Шайх Тусӣ, ат-Тибён, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.8, саҳ.68.
  15. Маданӣ Биҷистонӣ, Имони аҷдоди Расули Худо, саҳ.170 - 171.
  16. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, Дор-ул-кутуб-ил-исломийя, ҷ.1, саҳ.44 ҳадиси 21.
  17. Шайхи Тусӣ, ал-Амолӣ, саҳ.500, ҳадиси 1095.
  18. Табаронӣ, ал-Муъҷам-ул-кабир, ҷ.11, саҳ.362.
  19. Ал-Ҳалабӣ, ас-Сират-ул-ҳалабия, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, ҷ.1, саҳ.44.
  20. Ал-Ҳайсамӣ, Маҷмаъ-уз-завоид, Мактабат-ул-қудсӣ, ҷ.7, саҳ.86.
  21. Рашидризо, ал-Манор, ҷ.7, саҳ.451.
  22. Рашидризо, ал-Манор, ҷ.7, саҳ.451.
  23. Рашидризо, ал-Манор, ҷ.7, саҳ.452.
  24. Маданӣ Биҷистонӣ, Имони аҷдоди Расули Худо, саҳ.175 - 176.
  25. Рашидризо, ал-Манор, ҷ.7, саҳ.449.
  26. Барои мутолиаи тафсилии ин далел ниг.: Таботабоӣ, ал-Мизон, Исмоилиён, ҷ.7, саҳ.161 - 165, ва ҷ.15, саҳ.287, ва ҷ.14, саҳ.59 - 60.

Сарчашма

  • Олусӣ, Сайидмаҳмуд, Рӯҳ-ул-маъони фи тафсир-ил-Қуръон-ил-азим, таҳқиқ: Алӣ Абдулборӣ Атия, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмийя, 1415ҳ.қ.
  • Ибни Таймия, Аҳмад ибни Абдулҳалим, Маҷмуъ-ул-фатово, таҳқиқ: Абдурраҳмон ибни Муҳаммад ибни Қосим, Мадина, Маҷмаъ-ул-малик Фаҳд, 1416ҳ.қ.
  • Ал-Ҳалабӣ аш-Шофеъӣ, Алӣ ибни Иброҳим, ас-Сират-ул-ҳалабийя, таҳқиқ: Абдуллоҳ Муҳаммад ал-Халилӣ, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмийя, 2006м.
  • Рашидризо, Муҳаммад, тафсири ал-Манор, Миср, Алҳайъат-ул-мисрийяти ли-л-китоб, 1990м.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Эътиқодот, Қум, ал-Муътама-ул-оламӣ ли-ш-Шайх-ил-Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Амолӣ, Қум, Дор-ус-сақофа, 1414ҳ.қ.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, таҳқиқ: Аҳмад Қусайр Омилӣ, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, бе то.
  • Табаронӣ, Абулқосим, ал-Муъҷам-ул-кабир, таҳқиқ: Ҳамд ибни Абдулмаҷид ас-Салафӣ, Қоҳира, Мактабату Ибни Таймийя, 1415ҳ.қ.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Тасҳеҳу эътиқодот-ил-имомийя, Қум, ал-Муътамар-ул-оламӣ ли-ш-Шайх-ил-Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Сайидмуҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Муассисаи матбуотии Исмоилиён, 1371ҳ.ш.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуъот, 1415ҳ.қ.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Кашф-ул-мурод фи шарҳи таҷрид-ил-эътиқод, тасҳеҳ: Ҳасан Ҳасанзода Омулӣ, Қум, Муассисаи ан-Нашр-ул-исломӣ, чопи 9, 1422ҳ.қ.
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, Мафотиҳ-ул-ғайб, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1420ҳ.қ.
  • Қушчӣ, Алоиддин, Шарҳи таҷрид-ул-ақоид, Қум, маншуроти Разӣ - Бедор - Азизӣ, бе то.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломийя, 1407ҳ.қ.
  • Маданӣ Биҷистонӣ, Сайид Маҳмуд, Имони аҷдоди Расули Худо, фаслномаи Миқоти ҳаҷ, шумораи 44, тобистони 1382ҳ.ш.
  • Ал-Ҳайсамӣ, Алӣ ибни Абибакр, Маҷмаъ-уз-завоид ва манбаъ-ул-фавоид, таҳқиқ: Ҳисомиддини Қудсӣ, Қоҳира, Мактабат-ул-қудсӣ, 1414ҳ.қ.