Зоҳияи Бейрут

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Зоҳияи ҷанубии Бейрут)
Зоҳияи Бейрут
Мавқеияти Зоҳия дар харитаи Лубнон
Мавқеияти Зоҳия дар харитаи Лубнон
ВижагӣПойгоҳи Ҳизбуллоҳ
КишварЛубнон
ҶамъиятҲудуди 1 миллион
ЗабонАрабӣ
НажодАраб
ДинИслом
МазҳабШиа
Ҷамъияти шиа85%


Зоҳияи ҷанубии Бейрут (арабӣ: الضاحية الجنوبية لبيروت) ё Зоҳияи Бейрут (фарсӣ: ضاحیه بیروت) минтақае шианишин дар ҷануби Бейрут дар Лубнон ки ба унвони маркази Ҳизбуллоҳи Лубнон шинохта мешавад. Ин минтақа илова бар он ки дар хилоли ҷанги дохилии Лубнон (1975 - 1990м) маҳалли низоу даргирӣ буд, борҳо дар солҳои 1982, 2006 ва 2024 мавриди ҳамлаи Исроил қарор гирифтаву зерсохтҳо ва ҳатто сохтмонҳои маскунии он вайрон шудааст. Ҳамчунин Сайид Ҳасан Насруллоҳ дабири кулли вақти Ҳизбуллоҳи Лубнон дар ҳамлаи Исроил ба мақари фармондиҳии Ҳизбуллоҳ дар ин минтақа ба шаҳодат расид.

Зоҳияи ҷанубӣ, минтақае умдатан фақирнишин ва маҳрум аст, ки 85 дарсад шиа, 10 дарсад масеҳӣ ва 4 дарсад сокинони он аз аҳли суннат ҳастанд. Ҷамъияти Зоҳия як милюн нафар тахмин зада шуда ки сеяки кули ҷамъият Бейрут аст.

Таърихча ва ҷойгоҳ

Ташйиъи Фуод Шукр аз фармондиҳони муқовимат дар Зоҳияи Бейрут (мурдоди 1403ҳ.ш.)

Гуфта шуда ки Зоҳия ба далели нақши стротежикии худ ба унвони пойгоҳи муқовимати шиаён, ҳамвора дар маърази даргирӣ, тахриби ношӣ аз ҷанги дохилӣ ва ҳамчунин ҳамлаи хориҷии Исроил будааст.[1] Ин минтақа дар гузашта ҳошияи Бейрут талаққӣ мешуда ва ба тадриҷ ба яке аз марокизи муҳими иқтисодӣ ва иҷтимои Бейрут табдил шудааст.[2]

Зоҳияи ҷанубии Бейрут дар ибтидо минтақае кишоварзӣ ва рӯстоӣ буд, ки ба унвони маконе барои искони коргарони Бейрут дар назар гирифта шуд ва сипас бо рушди ҷамъият ва ба вижаи пас аз муҳоҷирати шиаён аз ҷануби Лубнон, Баълбак ва низ муҳоҷирати фаластиниён, ба тадриҷ тағйир кард.[3] Дар даҳаи 1950 ва 1960, таҳти таъсири рақобати Ҷамол Абдунносир, раиси Ҷумҳурии Миср ва Кумайл Шамъун, раиси Ҷумҳурии Лубнон, бештари ҳомии ҷараёнҳои носирӣ ва фаластинӣ буд. Сайид Мӯсо Садр бо таъсиси ҷунбиши шиаи Амл дар даҳаи 1970 ва тақвияти муқовимат алайҳи Исроил, Зоҳияро ба яке аз марокизи муқовимати исломӣ табдил кард.[4]

Сайид Мӯсо Садр ба Зоҳия лақаби «Зоҳият-ул-маҳрумин» дод, аҳзоби чапгаро онро «Зоҳият-ул-буъс» мехонданд ва Ҳизбуллоҳ онро «Зоҳият-ул-мустазъафин» меноманд.[5]

Таркиби ҷамъиятӣ ва фақр

Бар асоси тахминҳо, ҷамъияти Зоҳияи ҷанубии Бейрут, ҳудуди як милюн нафар ва тақрибан сеяки кули ҷамъияти Бейрут - пойтахти Лубнон, аст. Ҳамчунин гуфта шуда ки аз се ду ҳиссаи сокинони он муҳоҷир ҳастанд.[6]

Бештарин сокинони Зоҳияи ҷанубии Бейрут, шиаён ҳастанд, бо ин ҳол ақаллиятҳои дигаре низ дар ин минтақа сокинанд. Бар асоси тахминҳо, 85 дарсад шиа, 10 дарсад масеҳӣ, ва 4 дарсад аҳли суннат дар ин минтақа зиндагӣ мекунанд. Зоҳияи ҷанубӣ маъмулан фақиру маҳрум тавсиф мешавад.[7]

Муассисоту ойинҳои динӣ ва шиӣ

Муҷаммаъу Сайидушшуҳадо, маҳалли баргузарии маросимоти Ҳизбуллоҳ ва суханрониҳои Сайид Ҳасан Насруллоҳ дар Зоҳияи Бейрут буд. Ин салон дар ҳамлаи Исроил ба Лубнон дар 2024м тахриб шуд.
Мақолаи аслӣ: Муҷаммаъу Сайидушшуҳадо

Дар Зоҳияи ҷанубии Бейрут масҷидҳо ва ҳусайнияҳое барои анҷоми маросими азодории Ошуро ва дигари ойинҳои динӣ ва мазҳабӣ вуҷуд дорад, ки илова бар муносибатҳои мазҳабӣ, ойинҳои иҷтимоӣ, ҳамоишҳо низ дар он баргузор шуда ва кумакҳои хайрия низ аз тариқи онҳо ҷамъоварӣ мешавад.[8] Дар ин минтақа ҳамчунин килисоҳое низ вуҷуд дорад.[9]

Ҳизбуллоҳи Лубнон нақши калидӣ дар эҷоду мудирияти марокизи фарҳангӣ ва мазҳабии Зоҳияи ҷанубии Бейрут дорад ва бо истифода аз ҳусайнияҳо ва масоҷид, ба тақвияти ҳувияти мазҳабӣ ва сиёсии ҷомеъаи шиа кумак мекунад. Ба ин тартиб, Зоҳияи ҷанубӣ намоёнгари ҳувияти шиа ва фаъолиятҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ аст, ки ба воситаи Ҳизбуллоҳи Лубнон ва дигар ниҳодҳои маҳаллӣ тарвиҷ мешавад.[10]

Зоҳияи Бейрут дар моҳи муҳаррам

Гулзори шуҳадои Ҳизбуллоҳ

Намои дохилии Қабристони Равзат-уш-шаҳидайн
Намои дохилии Қабристони Равзат-уш-шаҳидайн
Мақолаи аслӣ: Қабристони Равзат-уш-шаҳидайн

Гулзори шуҳадои Ҳизбуллоҳи Лубнон, қабристоне дар Зоҳия аст. Ин қабристон маҳалли дафни аъзои Ҳизбуллоҳи Лубнон аст, ки дар набард бо режими саҳюнистӣ ба шаҳодат расидаанд. Имод Муғния, фарзандаш Ҷиҳод, Мустафо Бадруддин, Сайид Ҳодӣ Насруллоҳ,[11] Набил Қовуқ, Фуод Шукр, Иброҳим Ақил ва Алӣ Каракӣ дар ин қабристон мадфун ҳастанд.[12]

Дар канори Равзат-уш-шаҳидайн, макони дигаре бо номи Равзат-ул-ҳавроу Зайнаб (с) қарор дорад, ки маҳалли дафни шуҳадои мудофеъи ҳарам ва дигар шуҳадост. Қабри Самир Қинтор дар ин қабристон қарор дорад.[13]

Ҷангҳо ва даргириҳо

Тасвире аз манотиқи маскунии вайроншуда дар Зоҳияи Бейрут дар ҷанги 33-рӯза
  • Ҷанги дохилии Лубнон (1975 - 1990): дар ин давра Зоҳияи ҷанубӣ яке аз манотиқи аслии даргириҳо ва низоҳои мазҳабӣ ва сиёсӣ, маҳалли сукунати бисёре аз шиаёне шуд, ки ба далели ҷанги дохилӣ ва низ ҳамалоти Исроил ба ҷануби Лубнон, ба ин минтақа муҳоҷират карданд ва таркиби ҷамъиятии дигаргуна ҳамроҳ бо фақр ёфт.[14]
  • Ҳамалоти Исроил: гуфта шуда ки ҳамлаи Исроил дар соли 1982 ва муқовимати Ҳизбуллоҳ дар баробари он, Зоҳияро ба маркази Ҳизбуллоҳи Лубнон табдил кард. Аз он пас, Зоҳия ба пойгоҳи сиёсӣ, низомӣ ва фарҳангии Ҳизбуллоҳ табдил шуд ва пас аз он низ мавриди ҳамалоти мустақими Исроил қарор гирифт.[15] Авҷи ин даргириҳо дар ҷанги 33-рӯза дар соли 2006 тавсиф шуда, ки Исроил Зоҳияро бомбаборон карду зерсохтҳои Зоҳия ба шиддат осеб дид ва хонаҳову сохтмонҳои маскунӣ низ тахриб шуданд.[16] Илова бар ин, артиши Исроил дар ҷараёни ҳамла ба ҷануби Лубнон, дар 27 сентябри соли 2024 мақарри фармондеҳии Ҳизбуллоҳро дар минтақаи шианишини Зоҳия бомбаборон кард[17] ва Сайид Ҳасан Насруллоҳро ба шаҳодат расонд.[18]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Маҳно, «الضاحية الجنوبية لبيروت بين أمس أخضر وحاضر شاحب», Индепенденти арабӣ
  2. Коҷ, «الضاحية الجنوبية بيعون بيروتي»،, Сайти Алиф Лом
  3. Маҳно, «الضاحية الجنوبية لبيروت بين أمس أخضر وحاضر شاحب», Индепенденти арабӣ; Ҳарб, «La Dâhiye de Beyrouth», Сайти Карин
  4. «الضاحية الجنوبية، بيروت», Сайти ал-Маърифа
  5. Маҳно, «الضاحية الجنوبية لبيروت بين أمس أخضر وحاضر شاحب», Индепенденти арабӣ
  6. «الضاحية الجنوبية، بيروت», Сайти ал-Маърифа; Ҳарб, «La Dâhiye de Beyrouth», Сайти Карин
  7. «الضاحية الجنوبية، بيروت», Сайти ал-Маърифа; Ҳарб, «La Dâhiye de Beyrouth», Сайти Карин
  8. Ҳарб, «La Dâhiye de Beyrouth», Сайти Карин
  9. «الضاحية الجنوبية، بيروت», Сайти ал-Маърифа
  10. Ҳарб, «La Dâhiye de Beyrouth», Сайти Карин
  11. «روضة الشهدا مقاومت اسلامی در لبنان», Хабаргузории Меҳр
  12. «پیکر فرماندهان شهید حزب‌الله به خاک سپرده شد», Бошгоҳи Хабарнигорони ҷавон
  13. «روضة الشهدا مقاومت اسلامی در لبنان», Хабаргузории Меҳр
  14. Маҳно, «الضاحية الجنوبية لبيروت بين أمس أخضر وحاضر شاحب», Индепенденти арабӣ
  15. «الضاحية الجنوبية، بيروت», Сайти ал-Маърифа
  16. Маҳно, «الضاحية الجنوبية لبيروت بين أمس أخضر وحاضر شاحب», Индепенденти арабӣ
  17. «انفجارهای مهیب در بیروت؛ اسرائیل: مقر فرماندهی مرکزی حزب‌الله را هدف گرفتیم», Хабаргузории Еврониюс, «بمباران شدید و پیاپی بیروت/ارتش اسرائیل: هدف، مرکز فرماندهی اصلی حزب الله بود», Хабаргузории Ҷумҳурии исломӣ
  18. «حسن نصر الله.. قائد جعل من حزب الله قوة إقليمية», Шабакаи ал-Ҷазира

Сарчашма