Зиёрат-уш-шуҳадо
Бо зиёрати Ноҳияи муқаддаса ё зиёрати Раҷабияи Имом Ҳусайн (а) иштибоҳ нашавад.
Зиёрат-уш-шуҳадо (арабӣ: زيارة الشهداء) ё зиёрати Ноҳияи ғайримашҳур (форсӣ:زیارتِ ناحیهٔ غیرمشهور), зиёратномае аст, махсуси шаҳидони Карбало, ки ҷузви аъмоли рӯзи Ошуро тавсия шудааст. Ин зиёртномаро Муҳаммад ибни Ҷаъфари Машҳадӣ (ваф.610ҳ.қ.) дар ал-Мазор-ул-кабир ва Сайид ибни Товус (ваф.664ҳ.қ.) дар ал-Иқбол ривоят кардаанд.
Дар он ба ҳар як шаҳиди Карбало, бо бурдани номашон салом дода шудааст ва қотилонашон бо зикри номашон лаънат шудаанд. Дар санади Зиёрат-уш-шуҳадо ошкор нашудааст, ки кадом имом онро баён карда ва фақат омадааст, ки аз ноҳияи муқаддаса содир шудааст. «Ноҳияи муқаддаса» истилоҳе аст, ки шиаён барои ишора ба Имом Ҳодӣ (а), Имом Ҳасани Аскарӣ (а) ва Имом Маҳдӣ (а) ба кор мебурданд.
Бархе аз олимони шиа, ҳамчун Оятуллоҳ Хуӣ ва Муҳаммадмаҳдии Шамсиддин санади ин зиёратномаро заъиф дониста ва интисоби он ба имоми маъсум (а)-ро напазируфтаанд. Дар муқобил, касоне ҳамчун Наҷмиддини Табасӣ онро муътабар медонанд.
Зиёрат-уш-шуҳадо, зиёратномае барои шуҳадои Карбало
Зиёратуш-шуҳадо зиёратномае аст барои шуҳадои Карбало, ки ҷузви аъмоли рӯзи Ошуро зикр шудааст.[1] Дар ин зиёратнома, пас аз Салом бар Имом Ҳусайн (а), ба якояки шаҳидони Карбало, бо зикри номашон салом дода шудааст. Ҳамчунин бар қотилони шуҳадо, бо зикри номашон лаънат фиристода шудааст.[2]
Зиёратуш-шуҳадоро «Зиёрати ноҳияи ғайримашҳур» низ мехонанд;[3] дар муқобили зиёрати Ноҳияи муқаддаса, ки «Зиёрати ноҳияи машҳур»[4] ё зиёрати ноҳияи маъруф[5] ҳам номида мешавад.
Нисбати зиёрат-уш-шуҳадо ба ноҳияи муқаддаса
Дар манобеи ҳадисии зиёрат-уш-шуҳадо тасреҳ нашудааст, ки онро кадом имом баён карда ва танҳо омада дар соли 252 ҳиҷрии қамарӣ аз ноҳияи муқаддаса содир шудааст.[6] «Ноҳияи муқаддаса» истилоҳе аст, ки шиаён, аз замони Имом Ҳодӣ (а) то поёни ғайбати суғро, барои ишора ба имоми маъсум (а) истифода мекарданд.[7] Абдуллоҳ Момақонӣ - риҷолии шиа (ваф.1351ҳ.қ.) ин зиёратномаро ба Имом Маҳдӣ (аҷ) мансуб кардааст.[8]
Албатта Имом Маҳдӣ (аҷ) чанд сол баъд аз ин таърих (дар соли 255ҳ.қ.[9] ё 256ҳ.қ.[10]) ба дунё омадааст. Аз ин рӯ, бархе бар ин боваранд, ки манзур аз «ноҳия» дар санади ин зиёратнома, Имом Ҳодӣ (а)[11] ва гурӯҳе мегӯянд, Имом Аскарӣ (а) аст.[12]
Аллома Маҷлисӣ ду эҳтимол матраҳ кардааст: яке ин ки дар зикри таърихи ривоят, иштибоҳе рух дода бошад ва дар асл, 262ҳ.қ., буда ки ба иштибоҳ, 252ҳ.қ., дарҷ шудааст. Дувум ин ки манзур аз «ноҳия», Имом Ҳасани Аскарӣ бошад.[13]
Эътибори зиёратнома
Зиёрат-уш-шуҳадоро Муҳаммад ибни Ҷаъфари Машҳадӣ (ваф. 610ҳ.қ.) дар ал-Мазор-ул-кабир[14] ва Сайид ибни Товус (ваф.664ҳ.қ.) дар ал-Иқбол[15] нақл кардаанд. Ба гуфтаи Муҳаммадмаҳдии Шамсиддин (ваф.1379ҳ.ш.) дар китоби Ансор-ул-Ҳусайн, бархе аз ровиёни мавҷуд дар силсиласанади ин зиёратнома маҷҳуланд ва дар кутуби риҷолӣ, ба ҷузи Қомус-ур-риҷол (таълиф: 1360ҳ.қ.) шарҳи ҳоли онҳо наёмадааст. Баъзе аз онҳо низ заъифанд.[16]
Оятуллоҳ Хуӣ (ваф.1413ҳ.қ.) дар китоби Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис гуфтааст, наметавон яқин кард, ки аз ноҳияи муқаддаса содир шуда бошад.[17] Муҳаммадмаҳдии Шамсиддин, нисбати ин зиёратнома ба Имом Маҳдиро заъиф медонад; бо ин ҳол муътақид аст, ба унвони матни таърихӣ метавон ба он эътимод кард.[18]
Дар муқобил, Наҷмиддини Табасӣ - ҳадиспажуҳ, ишколоти санадии ин зиёратномаро напазируфтааст.[19] Ӯ бо истинод ба муҳтавои зиёратнома ва ҳамоҳангии он бо дуоҳо ва зиёратномаҳои дигар ва ҳамчунин татбиқи матолиби он бо гузоришҳои таърихӣ, онро муътабар медонад.[20]
Теъдоди шуҳадо дар зиёратнома
Ба гуфтаи Муҳаммадмаҳдии Шамсиддин, зиёрат-уш-шуҳадои китоби ал-Иқбол, навиштаи Сайид ибни Товус аз 63 шаҳид ном бурдааст,[21] аммо Муҳаммадиброҳим Оятӣ гуфтааст, дар он, ба 72 нафар аз шуҳадои Карбало дуруд фиристода шудааст, ки 17 нафарашон аз Банӣ Ҳошим ва 55 нафар аз қабилаҳои дигар будаанд.[22] Бо ин ҳол, дар бархе аз нусхаҳои ал-Мазор, бар 74 тан[23] ба унвони шаҳид салом дода шуда ва дар бархе аз нусхаҳои Иқбол, бар 81 тан.[24]
Камбудиҳои муҳтавоӣ
Ба гуфтаи Муҳсини Ранҷбар дар мақолаи «Пажуҳише дар бораи ду зиёрати Ноҳия ва зиёрати Раҷабия», дар ин зиёратнома матолибе вуҷуд дорад, ки нисбат додани он ба маъсумро зери савол мебарад:
- Ном набурдан аз Бурайр ибни Хузайр дар зумраи шуҳадои Карбало;
- Муаррифии Қайс ибни Мусаҳҳар аз шуҳадои рӯзи Ошуро, дар ҳоле ки ба гузориши манобеи таърихӣ, ӯ қабл аз рӯзи Ошуро ба шаҳодат расид;
- Муаррифии Муслим ибни Авсаҷа ба унвони нахустин шаҳиди Карбало, дар ҳоле ки манобеи таърихӣ Бурайр ибни Хузайрро нахустин шаҳиди Карбало медонанд.[25]
Матн ва тарҷума
- Салом бар ту эй аввалин кушташуда, аз насли беҳтарин силсила, аз хонадони Иброҳими халил, дуруди Худо бар ту ва бар падари ту бод, ки дар бораи ту гуфт: Худо бикушад он гурӯҳеро, ки туро куштанд. Эй фарзандам, чӣ чизе ононро бар Худо осӣ кард, ва бар таҷовуз ба ҳурмату эҳтироми расул водошт, баъд аз ту чӣ қадар зиндагии дунё беарзишаст, гӯё туро мебинам ки дар баробари Имом Ҳусайн алайҳи ассалом дар майдони набард намоён шуда
- Ва раҷаз мехонию ба кофарон мегӯӣ:
- Ман Алӣ ибни Ҳусайн ибни Алӣ ҳастам * * * * Савганд ба хонаи Худо ки мо ба Паёмбар наздиктару сазовортарем.
- Бо найза захмитон мекунам то он ҷо ки найза ба худ бипечад * * * * Ва бо шамшер мезанаматон ва бад-ин гуна аз падарам ҳимоят мекунам.
- Зарбати (шамшери) ҷавони Ҳошимии арабӣ (Алавӣ), ки бар шумо фурӯд меояд * * * * Ба Худо савганди фарзанди он пастфитрат бар мо ҳукм нахоҳад ронд.
- Ту ба он чи ки дӯст доштӣ расидӣ ва Парвардгоратро мулоқот кардӣ. Ман шаҳодат медиҳам ки ту ба Худову Расулаш сазовортарӣ, ту фарзанди Расули Худоӣ ва фарзанди ҳуҷҷати Ӯ ва амини Ӯйӣ. Худо қотили ту Марра ибни Мунқиз ибни Нӯъмони Абдӣ ва касонеро ки ҳамроҳи ӯ дар қатли ту ширкат карданд ва алайҳи ту талош намуданд лаънат кунаду хор бисозад, Худо ононро дохили ҷаҳаннам мекунад, ки саранҷоми бисёр бадест. Худованд моро аз дидоркунандагону рафиқону ҳамроҳони ту ва аз ҳамнишинони ҷадду падару амак ва бародару модари мазлумаат қарор диҳад. Аз қотилони ту безорӣ меҷӯям ва ба Худо паноҳ мебарам ва аз Худованд дар зиндагии ҷовид ҳамнишинӣ бо туро металабам ва аз душманони ту ки мункирони ҳақ будаанд безорӣ меҷӯям ва ба Худо паноҳ мебарам. Салому раҳмату баракоти Худо бар ту бод.
- Салом бар Абдуллоҳ ибни Ҳусайн, кӯдаки ширхорае, ки тир хӯрд ва ба шаҳодат расид, ва дар хуни хеш ғалтиду хунаш ба осмон боло рафт. Кӯдаке ки бо тир дар оғӯши падараш забҳ шуд, Худо лаънат кунад қотили ӯ Ҳармала ибни Коҳили Асадӣ ва ҳамдастонашро.
- Салом бар Абдуллоҳ ибни Амиралмуъминин, озмоишкунандаи бало ва мунодии вилояти Оли Расул дар майдони Карбало, он ки аз пасу пеш зарбаҳо хӯрду захмҳо дид, Худо қотили ӯ Ҳонӣ ибни Собити Ҳазрамиро лаънат кунад.
- Салом бар Аббос ибни Амиралмуъминин, ки бо ҷони хеши бародарашро ёрӣ мекард, ва ба хотири ӯ аз худ мегузашт, барои бародараш нигаҳбону сарбози фидокоре буд, бо вуҷуде, ки худ ташна буд талош кард оберо, ки дошт ба Ҳусайн бирасонад, он ки ду дасташ бурида шуд. Худованд қотилони ӯ Язид ибни Рақод (Вақод) Ҳайтӣ ва Ҳаким ибни Туфайли Тоиро лаънат кунад.
- Салом бар Ҷаъфар ибни Амиралмуъминин, шикебо ва нигаҳбони нафаси хеш, ғарибе дур афтода аз ватан, розӣ ва таслими ҷиҳоду пешқадам дар майдони ҷанг, касе ки дар майдони набард бисёре бар ӯ тохтанд то мағлубаш сохтанд. Худо қотили ӯ Ҳонӣ ибни Собити Ҳазрамиро лаънат кунад.
- Салом бар Усмон ибни Амиралмуъминин, ки ба исми Усмон ибни Мазъун номида шуда буд. Худо қотилони ӯ Хулӣ ибни Язид Асбаҳии Аёдӣ (ки ба ӯ тирандозӣ кард) ва Абонӣ Дорамиро лаънат кунад.
- Салом бар Муҳаммад ибни Амиралмуъминин, ки тавассут Абонӣ Дорамӣ кушта шуд, Худо қотилашро лаънат кунаду азоби дарднокро ҳар чи бештар бар ӯ биафзояд, дуруди Худо бар ту эй Муҳаммад ва бар хонадони сабури ту бод.
- Салом бар Абубакр ибни Ҳасани пок, ёрикунанда, тирхӯрдае ки бо тири кушанда ба шаҳодат расид, Худо қотили ӯ Абдуллоҳ ибни Уқба Ғанавиро лаънат кунад.
- Салом бар Абдуллоҳ ибни Ҳасан ибни Алӣ, поктинат, Худо қотили ӯ Ҳармала ибни Коҳили Асадиро ки ба сӯяш тирандозӣ кард, лаънат кунад.
- Салом бар Қосим ибни Ҳасан ибни Алӣ, он ки фарқи сараш шикофта шуду фарёду тавонаш аз ӯ гирифта шуд, ҳангоме ки амакаш Ҳусайнро садо зад ва ӯ ҳамчун парандае тезпарвоз ва чун бози шикорӣ, ҳозир шуд дар ҳоле, ки Қосим бо пояш хокро зеру рӯ мекард ва дар ҳоли ҷон кандан буд, Ҳусайни алайҳиссалом фармӯд: раҳмати Худо аз гурӯҳе ки туро куштанд дур бод! Дар рӯзи қиёмат ҷадди ту Паёмбар ва падарат, алайҳимассалом, душмани онҳо хоҳанд буд, сипас фармӯд ба Худо савганд сахту ногувор аст бар амакат, ки ту ӯро фарёд кунӣ ва ӯ туро иҷобат накунад, ё иҷобатат кунад дар ҳоле ки ту кушта шудаӣ (ва баданат пур аз захм асту дастҳоят қитъа-қитъа) ва ин иҷобат ҳеҷ сӯде ба ту нарасонад. Ба Худо савганд имрӯз рӯзест, ки душманони амакат бисёранду ёронаш андак.
- Худованд маро дар қиёмат ҳамроҳи шумо қарор диҳад ва дар ҷойгоҳи шумо маро низ маконе ато кунад, Худованд қотили ту Амр ибни Саъд ибни Нуфайли Аздиро лаънат кунад ва ба дӯзах дарандозаду азоби дарднокеро барои ӯ муҳайё кунад.
- Салом бар Авн ибни Абдуллоҳ ибни Ҷаъфари Тайёр, дар биҳиштҳои пурнеъмат, ҳампаймони имон ва мутаъаҳҳид ба он, пайкоргар бо ҳамовардон, насиҳаткунанда ба хотири Раҳмон, ва таловаткунанда сураи Ҳамду Қуръон, Худо қотили ӯ Абдуллоҳ ибни Қутбаро лаънат кунад.
- Салом бар Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар, шаҳиде ба ҷои падараш ва ҳамонанде барои бародари шаҳидаш, ки бо пайкари хеш аз ӯ нигаҳдорӣ мекард, Худованд қотили ӯ Омир ибни Наҳшали Тамимиро лаънат кунад.
- Салом бар Ҷаъфар ибни Ақил, Худованд қотили ӯ Бишр ибни Хавти Ҳамдониро лаънат кунад.
- Салом бар Абдураҳмон ибни Ақил, Худованд қотили ӯ Умар ибни Холид ибни Асади Ҷуҳаниро ки ба сӯи ӯ тирандозӣ кард лаънат кунад.
- Салом бар куштау писари кушта, Абдуллоҳ ибни Муслим ибни Ақил, Худо қотили ӯ Омир ибни Саъсаъа(Асад ибни Молик)-ро лаънат кунад.
- Салом бар Абуабдулло ибни Муслим ибни Ақил, ва лаънати Худо бар қотили ӯ Амр ибни Сабиҳи Сайдовӣ ки ба сӯяш тирандозӣ кард бод.
- Салом бар Муҳаммад ибни Абисаид ибни Ақил, ва лаънати Худо бар қотилаш Лақит ибни Ношири Ҷуҳанӣ
- Салом бар Сулаймон ғуломи Ҳусайн фарзанди Амиралмуъминин алайҳимассалом ва нафрини Худо бар қотили ӯ Сулаймон ибни Авфи Ҳазрамӣ бод.
- Салом бар Қориб, ғуломи Ҳусайн ибни Алӣ алайҳисассалом
- Салом бар Мунҷиҳ, ғуломи Ҳусайн ибни Алӣ алайҳисассалом
- Салом бар Муслим ибни Авсаҷаи Асадӣ, ки вақте Ҳусайн ба ӯ иҷозаи бозгашт аз саҳнаи Карбалоро дод, хитоб ба имом гуфт: оё мо туро танҳо бигзорем?! Онгоҳ дар ин бора ки ҳаққи туро ба ҷой наёвардаем чӣ узре дар пешгоҳи Худо биоварем?! На! Ба Худо савганд, туро танҳо нахоҳем гузошт. Он қадар бо онон хоҳам ҷангид то найзаи худро дар синаи онон башиканам ва то ба он ҳангом ки қабзаи шамшер дар дасти ман аст бар онон хоҳам тохт ва агар дигар аслаҳае дар дастам боқӣ намонад, бо санг хоҳам ҷангид ва ҳаргиз аз ту ҷудо нахоҳам шуд, то он ки ҳамроҳи ту (биҷангам то) бимирам.
- Ту эй Муслим ибни Авсаҷа, аввалин касе ҳастӣ ки ҷонашро дар роҳи Худо арза кард ва нахустин шаҳид аз шаҳидони роҳи Худоӣ, ки паймони хешро ба анҷом расонид. Ба Худои Каъба савганд, ки растгор шудӣ, дар ин пешгомии худ дар ҷиҳод бо кофарону ёрӣ кардани Имом. Сипосу подоши ту бо Худо бод. Он ҳангом ки Имом пеш омад ва ту афтода будӣ, фармӯд: Худо туро раҳмат кунад, эй Муслим ибни Авсаҷа ва ин ояро хонд: فَمِنْهُمْ مَن قَضیٰ نَحْبَهُ وَ مِنْهُمْ مَنْ ینْتَظِرُ وَ ما بَدَّلوا تَبدیلاً (тарҷума: гурӯҳе аз онон паймони хешро ба анҷом расониданд ва гурӯҳе дигар дар интизор ҳастанд.) [Аҳзоб–32] Худованд Абдуллоҳи Забобӣ ва Абдуллоҳ ибни Хушкораи Баҷалиро ки дар куштани ту шарик буданд лаънат кунад.
- Салом бар Саъд ибни Абдуллоҳи Ҳанафӣ, ки вақте имом ба ӯ иҷозаи бозгаштро дод хитоб ба имом гуфт: ҳаргиз туро танҳо нахоҳем гузошт то Худованд шоҳид бошад, ки мо дар ғайбати Расули Худо (с) паймони хешро дар бораи ту ҳифз карда ва ба анҷом расонадем. Ба Худо савганд агар бидонам ки кушта мешаваму дубора зинда мешавам, сипас баданамро зинда-зинда месӯзонанд ва ин ҷараён ҳафтод бор бо ман такрор мегардад боз ҳам аз ту ҷудо нахоҳам шуд то он ки дар пешгоҳ ту биҷангам ва ҷон бисипорам. Чаро чунин накунам дар ҳоле ки ин танҳо як бор мурдан ё кушта шудан асту баъд расидан ба каромату иззате, ки то абад поён нахоҳад дошт. Салом бар ту ки ҷони хеш дар ин роҳ додӣ ва имоми худро ёрӣ кардӣ ва дар зиндагии ҷовид аз сӯи Худо ба каромат ва иззат расидӣ, Худованд моро дар миёни шумо шаҳидон маҳшур кунаду рӯзии моро рафоқату дӯстии шумо дар аъло иллийин қарор диҳад.
- Салом бар Бишр ибни Умари Ҳазрамӣ, сипосу ҳамди худоӣ бар ту бод. Ҳусайн ба ту низ иҷозаи бозгашт аз саҳнаи набардро дод аммо ту хитоб ба имом арз кардӣ: бадани ман зинда-зинда, хӯроки дарандагони ваҳшӣ бод, агар туро раҳо созаму биравам ва аз ту (барои рафтан) маркабе бихоҳам ва туро бо камии ёрон танҳо гузошта, ва худ осӯдахотир бозгардам, ҳаргиз чунин нахоҳад шуд.
- Салом бар Язид ибни Ҳусайни Ҳамдонии Машриқӣ, қории Қуръон ва ҷангҷӯи саҳнаи набард.
- Салом бар Имрон ибни Каъби Ансорӣ. Салом бар Наим ибни Иҷлони Ансорӣ.
- Салом бар Зуҳайр ибни Қайни Баҷалӣ, ки ҳангоме Ҳусайн ба ӯ низ иҷозаи бозгашт дод, хитоб ба имом гуфт: на, ба Худо савганд ҳаргиз чунин иттифоқе нахоҳад афтод! Оё фарзанди Расули Худо (с)-ро, дар дасти душманон асиршуда раҳо созам ва худро наҷот диҳам?! Худованд чунин рӯзеро дар зиндагӣ ба ман нишон надиҳад.
- Салом бар Амр ибни Қаразаи Ансорӣ. Салом бар Ҳабиб ибни Мазоҳири Асадӣ.
- Салом бар Ҳурр ибни Язид Риёҳӣ. Салом бар Абдуллоҳ ибни Умайри Калбӣ.
- Салом бар Нофеъ ибни Ҳилоли Баҷалии Муродӣ. Салом бар Анас ибни Коҳили Асадӣ.
- Салом бар Қайс ибни Мусҳири Сайдовӣ. Салом бар Абдуллоҳ ва Абдурраҳмон ду писари Урва ибни Ҳарроқ аз қабилаи Ғифорӣ.
- Салом бар Ҷаун ибни Ҳуво ғуломи Абӯзари Ғафорӣ. Салом бар Шабиб ибни Абдуллоҳи Наҳшалӣ.
- Салом бар Ҳаҷҷоҷ ибни Язиди Саъдӣ. Салом бар Қосит ва Карши Тағлабӣ писарони Зуҳайр.
- Салом бар Канона ибни Атиқ. Салом бар Зарғома ибни Молик. Салом бар Ҷуин ибни Молики Забъӣ.
- Салом бар Амр ибни Забиъаи Забъӣ. Салом бар Зайд ибни Собити Қайсӣ.
- Салом бар Абдуллоҳу Убайдуллоҳ писарони Язид ибни Собити Қайсӣ. Салом бар Омир ибни Муслим.
- Салом бар Қаънаб фарзанди Амри Тамрӣ. Салом бар Солим ғуломи Омир ибни Муслим
- Салом бар Сайф писари Молики Абдӣ. Салом бар Зуҳайр ибни Бишри Хасъамӣ.
- Салом бар Бадр фарзанди Маъқали Ҷуъфӣ. Салом бар Ҳаҷҷоҷ фарзанди Масруқи Ҷуъфӣ.
- Салом бар Масъуди фарзанди Ҳаҷҷоҷ ва салом бар писараш. Салом бар Муҷаммиъ фарзанди Абдуллоҳи Оизӣ.
- Салом бар Омир фарзанди Ҳассон фарзанди Шурайҳи Тоӣ. Салом бар Ҳайён фарзанди Ҳориси Салмонии Аздӣ.
- Салом бар Ҷундаб фарзанди Ҳиҷри Хулонӣ. Салом бар Умар ибни Холиди Сайдовӣ, Салом бар Саид ғуломи ӯ.
- Салом бар Язид ибни Зиёд Муҳосири Киндӣ. Салом бар Зоҳир, ғуломи Амр ибни Ҳамиқ.
- Салом бар Ҷибилла ибни Алӣ Шайбонӣ. Салом бар Солим ғуломи Банӣ Мадинаи Калбӣ.
- Салом бар Аслм ибни Касири Аздӣ. Салом бар Қосим ибни Ҳабиби Аздӣ.
- Салом бар Умар ибни Уҳдуси Ҳазрамӣ. Салом бар Абусамома, Амр ибни Абдуллоҳи Соидӣ.
- Салом бар Ҳанзала ибни Асъади Шибомӣ. Салом бар Абдурраҳмон фарзанди Абдуллоҳ ибни Кадани Арҳабӣ.
- Салом бар Аммор ибни Абисаломаи Долонӣ.
- Салом бар Обис фарзанди Абишабиби Шокирӣ. Салом бар Шавзаб мансуб ба қабилаи Шокир.
- Салом бар Шабиб фарзанди Ҳорис ибни Сариъ. Салом бар Молик писари Абдуллоҳ фарзанди Сариъ.
- Салом бар маҷрӯҳи асир, Саввор ибни Абиҳамири Фаҳмии Ҳамдонӣ.. Ва Салом бар ҳамроҳи ӯ, маҷрӯҳи фавтшуда дар берун аз маърака, Амр ибни Абдуллоҳи Ҷундуъӣ.
- Салом бар шумо эй беҳтарин ёрон, салом бар шумо ба хотири шикебеитон, пас чӣ нек аст зиндагии охират барои шумо. Худованд шуморо дар ҷойгоҳи некон қарор диҳад. Шаҳодат медиҳам, ки Худованд он чиро ки пӯшидаву пинҳон буд барои шумо ошкор сохт ва ҳамворию осониро барои шумо омода карду бахшиши фаровонеро насиби шумо кард. Шумо нисбат ба ҳақ суст набудед шумо дар рафтан ба сӯи ҳақ бар мо пешӣ гирифтед, ва мо дар зиндагии охират ба шумо хоҳем пайваст, салому раҳмату баракоти Худованд шомили шумо бод.[26]
Эзоҳ
- ↑ Ибни Машҳадӣ, ал-Мазор-ул-кабир, 1419ҳ.қ., саҳ.485; Сайид ибни Товус, ал-Иқбол, 1416ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.73.
- ↑ Ниг.: Ибни Машҳадӣ, ал-Мазор-ул-кабир, 1419ҳ.қ., саҳ.485–496; Сайид ибни Товус, ал-Иқбол, 1416ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.73 - 80.
- ↑ Ниг.: “Зиёрати ноҳияи муқаддаса”, вебгоҳи ал-Кавсар.
- ↑ Ниг.: “Зиёрати ноҳияи муқаддаса”, вебгоҳи ал-Кавсар.
- ↑ Ниг.: Табасӣ, “Зиёрати ноҳияи муқаддаса”, саҳ.194.
- ↑ Ибни Машҳадӣ, ал-Мазор-ул-кабир, 1419ҳ.қ., саҳ.485; Сайид ибни Товус, ал-Иқбол, 1416ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.73.
- ↑ Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Донишномаи Имом Ҳусайн (а), ҷ.12, саҳ.271, понависи 1.
- ↑ Ниг.: Момақонӣ, Танқиҳ-ул-мақол, бе то, ҷ.1, саҳ.453.
- ↑ Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.339.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.514.
- ↑ Маҳдипӯр, Наброс-уз-зоир фи зиёрат-ил-ҳоир, 1419ҳ.қ., саҳ.134.
- ↑ Тастарӣ, Қомус-ур-риҷол, ҷ.9, саҳ.504; Оятӣ, Баррасии таърихи Ошуро, 1383ҳ.ш., саҳ.141.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.101, саҳ.274.
- ↑ Ибни Машҳадӣ, ал-Мазор-ул-кабир, 1419ҳ.қ., саҳ.485-496.
- ↑ Сайид ибни Товус, ал-Иқбол, 1416ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.73 - 80.
- ↑ Шамсиддин, Ансор-ул-Ҳусайн, 1429ҳ.қ., саҳ.207 - 209.
- ↑ Хуӣ, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, 1413ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.220.
- ↑ Шамсиддин, Ансор-ул-Ҳусайн, 1429ҳ.қ., саҳ.215.
- ↑ Ниг.: Табасӣ, “Зиёрати ноҳияи муқаддаса”, саҳ.195 - 197.
- ↑ Ниг.: Табасӣ, “Зиёрати ноҳияи муқаддаса”, саҳ.196 - 197.
- ↑ Шамсиддин, Ансор-ул-Ҳусайн, 1429ҳ.қ., саҳ.216.
- ↑ Оятӣ, Баррасии таърихи Ошуро, 1383ҳ.ш., саҳ.141.
- ↑ Ниг.: Ибни Машҳадӣ, ал-Мазор-ул-кабир, 1419ҳ.қ., саҳ.485-496.
- ↑ Ниг.: Сайид ибни Товус, ал-Иқбол, 1416ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.73 - 80.
- ↑ Ранҷбар, “Пажуҳише дар бораи ду зиёрати ноҳия ва зиёрати раҷабия”, саҳ.61.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.101, саҳ.269 - 274
Сарчашма
- Зиёрати ноҳияи муқаддаса”, вебгоҳи ал-Кавсар, таърихи дарҷи матлаб: 5 озари 1400ҳ.ш., таърихи боздид: 12 меҳри 1402ҳ.ш.
- Ибни Машҳадӣ, Муҳаммад ибни Ҷаъфар, ал-Мазор-ул-кабир, таҳқиқи Ҷавод Қайюмӣ, Қум, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, 1419ҳ.қ.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, таҳқиқи Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
- Маҳдипӯр, Алиакбар, Наброс-уз-зоир фи зиёрат-ил-ҳоир, Қум, муассисатур-Рисолат, 1429ҳ.қ.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, БейрУт, муассисатул-Вафо, 1403ҳ.қ.
- Момақонӣ, Абдуллоҳ, Танқиҳ-ул-мақол фи илм-ир-риҷол, Наҷаф, бе то.
- Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршод фи маърифати ҳуҷаҷиллоҳи ала-л-ибод, тасҳеҳи муассисаи Олулбайт, Қум, конгресси Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ.
- Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Муҳаммад, Донишномаи Имом Ҳусайн (а) бар пояи Қуръон, ҳадис ва таърих, Қум, интишороти Дорул-ҳадис, 1388ҳ.ш.
- Оятӣ, Муҳаммадиброҳим, Баррасии таърихи Ошуро, ба кӯшиши Маҳдии Ансорӣ, Қум, муассисаи интишоротии Имоми Аср (аҷ), 1383ҳ.ш.
- Ранҷбар, Муҳсин, “Пажуҳише дар бораи ду зиёрати ноҳия ва зиёрати раҷабия”, дар Мутолиъоти таърихи Ислом, № 26, поизи 1394ҳ.ш.
- Сайид ибни Товус, Алӣ ибни Мусо, ал-Иқбол би-л-аъмол-ил-ҳасан, таҳқиқи Ҷаводи Қайюмӣ, Қум, Мактабтул-эъломил-исломӣ, 1416ҳ.қ.
- Табасӣ, Наҷмиддин, “Зиёрати ноҳияи муқаддаса”, дар Интизор, № 20, урдибиҳишти 1386ҳ.ш.
- Тастарӣ, Муҳаммадтақӣ, Қомус-ур-риҷол, таҳқиқи муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, Қум, ал-Нашрул-исломӣ, 1428ҳ.қ.
- Хуӣ, Сайид Абулқосим, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, Қум, Матбаъатул-одоб, 1413ҳ.қ./1372ҳ.ш.
- Шамсиддин, Муҳаммадмаҳдӣ, Ансор-ул-Ҳусайн, таҳқиқи Сомӣ Ғарирӣ, Қум, Дорул-кутубил-исломӣ, 1429ҳ.қ./2008м.