Аҷҷил фараҷаҳум

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Зикри ва аҷҷил фараҷаҳум)
Деворнигории салавот бо аҷҷил фараҷаҳум дар шаҳри Теҳрон.

Аҷҷил фараҷаҳум (арабӣ:عَجِّل فَرَجَهم) ба маънои "фараҷи онҳоро наздик бигардон", зикре аст, ки шиаён баъд аз салавот бар Пайғамбар (с) ва Аҳли Байт (а) ба забон меоваранд ва онро дуое барои кушоиш дар кори Аҳли Байт (а) ё зуҳури Имом Маҳдӣ (аҷ) медонанд.

Ин зикр дар ривоёт бо иборатҳои гуногуне омадааст. Тибқи ривоёт, Пайғамбар (с) ва Имом Алӣ (а) аз ин зикр ё иборатҳои мушобеҳи он истифода кардаанд.

Дар ривоёти шиа, ба гуфтани ин зикр дар замонҳое хос тавсия шудааст ва барои он хосиятҳое, ҳамчун дидори Қоими Оли Муҳаммад ва дар амон будан аз балоҳо зикр шудааст.

Фақеҳон умуман ба кор бурдани ин зикрро дар ташаҳҳуди намоз ҷоиз медонанд, аммо ба ақидаи бархе аз фақеҳон, набояд ин зикрро ба таври мудовим ба салавоти ташаҳҳуд изофа кард.

Муаррифӣ

«Аҷҷил фараҷаҳум» (фараҷи онҳоро наздик бигардон) зикре аст, ки дар бархе аз ривоёти шиа, пас аз салавот зикр шудааст[1] ва шиаён онро баъд аз салавот ба кор мебаранд.[2] Ҳамроҳии ин дуо бо салавотро ба далели наздик шудани он ба истиҷобат медонанд.[3]

Тибқи силсила санади бархе ривоёт, қидмати ин зикр ба Имом Алӣ (а) бармегардад.[4] Дар Балад-ул-амин, асари Иброҳими Кафъамӣ (840 - 905ҳ.қ.), дуое вуҷуд дорад, ки иборати «аҷҷилиллоҳумма фараҷаҳум» омадааст.[5] Санади ин ривоят ба Пайғамбар (с) бармегардад.[6] Зикри «аҷҷил фараҷаҳум» дар тазйини бархе маконҳои мазҳабии шиаён, ҳамчун катибаҳои масҷиди ҷомеъи Исфаҳон ва ҳарами ҳазрати Маъсума (с) ба ҳамроҳи салавот низ ба кор рафтааст.[7]

Маънои фараҷ

Ба гуфтаи пажуҳишгарон, дуо барои фараҷ гоҳе ба маънои кушоиш дар кори Аҳли Байт (а) ва муъминон

ва гоҳе дар маънои зуҳури Имом Маҳдӣ ба кор рафтааст.[8] Маънои вожаи фараҷро дур шудан аз андуҳ ва бартараф шудани гирифторӣ донистаанд.[9]

Ин зикр дар матни бархе дуоҳо ба сурати «аҷҷил фараҷа Муҳаммадин ва Ола Муҳаммад» (фараҷи Муҳаммад ва хонадони Муҳаммадро наздик гардон)[10] ё «аҷҷил фараҷа авлиёик»[11] омадааст, аммо дар матнҳое ҳамчун дуои Аҳд иборати «аҷҷил фараҷаҳ» омадааст.[12] Ҳамчунин дар баъзе аз аҳодиси шиа баъд аз ин зикр, иборати «ва аҳлик адувваҳум» (душманонашонро ҳалок соз) ва ибороти мушобеҳи он омадааст.[13]

Хавоси салавот бо аҷҷил фараҷаҳум

Дар ривоёти шиа, салавот бо «аҷҷил фараҷаҳум» ва ё «аҷҷил фараҷа Оли Муҳаммад»-ро дар замонҳое чун рӯзи ҷумъа ва дар баъд аз зуҳри панҷшанбе мустаҳаб донистаанд[14] ва барои он, хосиятҳое зикр кардаанд. Дар ривояте аз Имом Содиқ (а) нақл шудааст, ки ҳаркасе баъд аз намози бомдоду пешин, салавот бо «аҷҷил фараҷаҳум» бифиристад, пеш аз маргаш Қоимро хоҳад дид.[15] Қарор гирифтан дар зумраи асҳоби Қоим,[16] шафоат шудан дар рӯзи қиёмат,[17] дар амон будани ҷон[18] ва дафъи хатари ҷонварон низ аз хосиятҳои дигари ин зикр бо қисмате аз шароиту одоб баён шудааст.[19]

Гуфтани аҷҷил фараҷаҳум дар намоз

Тибқи истифтоъе, ки аз бархе фақеҳони шиа шудааст, гуфтани иборати «аҷҷил фараҷаҳум» пас аз салавоти ташаҳҳуд таҳти шароите ҷоиз аст. Оятуллоҳ Табрезӣ ва Систонӣ[20] ин зикрро баъд аз салавоти ташаҳҳуд ҷоиз донистаанд. Аз назари Оятуллоҳ Баҳҷат ва Фозили Ланкаронӣ, агар ба нияти дуо бошад, ишкол надорад. Аз назари Оятуллоҳ Хоманаӣ, Софии Гулпойгонӣ[21] ва Нурии Ҳамадонӣ[22] агар ба қасди вуруд (яъне ба нияти амале, ки Худованд ба он дастур додааст) набошад, ишкол надорад, аммо аз назари Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ[23] намозгузор набояд ба таври мудовим ин зикрро ба салавоти ташаҳҳуд изофа кунад ва эҳтиёт дар он аст, ки ин корро накунад.[24]

Эзоҳ

  1. Шайх Баҳоӣ, Мифтоҳ-ул-фаллоҳ, Дорул-кутубил-исломӣ, саҳ.87; Нурӣ, Мустадрак-ул-васоил, Бейрут, ҷ.5, саҳ.74; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1368ҳ.ш., ҷ.87, саҳ.215.
  2. “Фиристондани салавот бо аҷҷил фараҷаҳум”, сайти Тибён.
  3. Илоҳинажод, “Баррасӣ ва таҳлили нақши дуо дар таъҷилбахшии зуҳур”, саҳ.10.
  4. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1368ҳ.ш., ҷ.95, саҳ.127.
  5. Кафъамӣ, Балад-ул-амин, бе то, ҷ.1, саҳ.96.
  6. Кафъамӣ, Балад-ул-амин, бе то, ҷ.1, саҳ.91.
  7. Қучонӣ, “Хати биноии маъқалӣ, таҷаллии Алӣ (а) бар хати куфии биноӣ”, саҳ.91; Сутуда, “Катибаҳои остонаи муқаддасаи Қум”, саҳ.33.
  8. Илоҳинажод, “Баррасӣ ва таҳлили нақши дуо дар таъҷилбахшии зуҳур”, саҳ.10; Яздинажод, “Чанд нукта дар маънои ҳадиси амр ба дуои фараҷ” саҳ.263 - 264.
  9. Деҳхудо, Луғатнома, зайли вожаи фараҷ.
  10. Шайх Баҳоӣ, Мифтоҳ-ул-фаллоҳ, Дорул-кутубил-исломӣ, саҳ.87.
  11. Кафъамӣ, ал-Балад-ул-амин, бе то, ҷ.1, саҳ.244.
  12. Нурӣ, Мустадрак-ул-васоил, Бейрут, ҷ.5, саҳ.74.
  13. Шайх Тусӣ, Мисбоҳ-ул-муҷтаҳид, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.265; Кафъамӣ, Балад-ул-амин, бе то, ҷ.1, саҳ.71.
  14. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1368ҳ.ш., ҷ.87, саҳ.215.
  15. Нурӣ, Мустадрак-ул-васоил, Бейрут, ҷ.5, саҳ.96.
  16. Нурӣ, Мустадрак-ул-васоил, Бейрут, ҷ6, саҳ.98.
  17. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1368ҳ.ш., ҷ.86, саҳ.353.
  18. Нурӣ, Мустадрак-ул-васоил, Бейрут, ҷ6, саҳ.98 - 97.
  19. Табарсӣ, Макорим-ул-ахлоқ, 1370ҳ.ш., саҳ.291.
  20. Систонӣ, “Пурсишу посух: ташаҳҳуд”, сайти Дафтари Оятуллоҳ Систонӣ.
  21. Софии Гулпойгонӣ, Ҷомеъ-ул-аҳком, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.73.
  22. Нурии Ҳамадонӣ, Ҳазору як масъалаи фиқҳӣ, 1388ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.59
  23. Макорими Шерозӣ, Истифтоъоти ҷадид, 1427ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.107, саҳ.263.
  24. Воҳиди посухгуӣ ба суолоти Ҷомеъатуз-Заҳро (с), «Донистаҳо: фиқҳ ва зиндагӣ», саҳ.55.

Ёддошт


Сарчашма

  • "Аҳамияти фиристондани салавот бо аҷҷил фараҷаҳум", сайти Тибён, таърихи дарҷи матлаб: 28 озари 1390ҳ.ш., таърихи боздид: 10 дейи 1402ҳ.ш.
  • Деҳхудо, Алиакбар, Луғатнома, ҷ.11, Теҳрон, донишгоҳи Теҳрон, 1377ҳ.ш.
  • Илоҳинажод, Ҳусайн, “Баррасӣ ва таҳлили нақши дуо дар таъҷилбахшии зуҳур”, Пажуҳишҳои Маҳдавӣ, № 20, баҳори 1396ҳ.ш.
  • Кафъамӣ, Иброҳим ибни Алӣ, ал-Балад-ул-амин, бено, беҷо, беҷо.
  • Қучонӣ, Абдуллоҳ, “Хати биноии маъқалӣ, таҷаллии Алӣ (а) бар хати куфии биноӣ”, Китоби моҳи ҳунар, № 31 ва 32, фарвардин ва урдибиҳишти 1380ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Истифтоъоти ҷадид, Қум, мадрасатул-Имом Алӣ ибни Абитолиб (а), 1427ҳ.қ.
  • Маркази посухгуии Ҷомеъатуз-Заҳро, «Донистаҳо: фиқҳ ва зиндагӣ», Мутолиъоти қуръонномаи ҷомеъа, № 52, дейи 1387ҳ.ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир ибни Муҳаммадтақӣ, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1368ҳ.ш./1403ҳ.қ.
  • "Маънои ва аҷҷил фараҷаҳум чист?", хабаргузории Масҷид, таърихи дарҷи матлаб: 8 хурдоди 1397ҳ.ш., таърихи боздид: 10 дейи 1402ҳ.ш.
  • Нурӣ, Ҳусайн ибни Муҳаммадтақӣ, Мустадрак-ул-васоил, Бейрут, муассисаи Олулбайт ли эҳёил-турос, 1408 – 1429ҳ.қ./1987 - 2008м.
  • Нурии Ҳамадонӣ, Ҳусайн, Ҳазору як масъалаи фиқҳӣ, Қум, Маҳдии Мавъуд (аҷ), 1388ҳ.ш.
  • Систонӣ, Сайидалӣ, “Пурсишу посух: ташаҳҳуд”, сайти Дафтари Оятуллоҳ Систонӣ, таърихи боздид: 10 дейи 1402ҳ.ш.
  • Софии Гулпойгонӣ, Лутфуллоҳ, Ҷомеъ-ул-аҳком, Қум, Дафтари танзим ва нашри осори Оятуллоҳ Софии Гулпойгонӣ, 1385ҳ.ш.
  • Сутуда, Манучеҳр, “Катибаҳои остонаи муқаддасаи Қум”, Маорифи исломӣ (созмони авқоф), № 16, баҳори 1353ҳ.ш.
  • Табарсӣ, Ҳасан ибни Фазл, Макорим-ул-ахлоқ, Қум, ал-Шариф ар-Разӣ, 1370ҳ.ш.
  • Шайх Баҳоӣ, Муҳаммад ибни Ҳусайн, Мифтоҳ-ул-фаллоҳ фи амал-ил-явми ва-л-лайла мин-ал-воҷиботи ва-л-мустаҳаббот, беҷо, Дорул-китобил-исломӣ, бе то.
  • Шайх Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, Бейрут, муассисаи Фиқҳ-уш-шиъа, 1411ҳ.қ./1991м.
  • Яздинажод, Абдурасул, “Чанд нукта дар маънои ҳадиси амр ба дуои фараҷ”, фаслномаи Имоматпажуҳӣ, шумораи дувоздаҳум, соли 1392ҳ.ш.