Шаҳодати дурӯғ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Гувоҳӣ додани дурӯғ)

Шаҳодати дурӯғ аз гуноҳони кабира ба маънои шаҳодат додани шахс аз рӯи амд, нисбат ба чизе, ки намедонад ва хилофи воқеъ аст. Ин мавзӯъ тибқи оёт ва ривоят, ҳаром дониста шуда ва тибқи дидгоҳи фуқеҳон дар сурати исбот аз тариқи иқрор, шаҳодат ва илми қозӣ, шоҳиди дурӯғгӯ таъзир мешавад, ки фуқаҳои имомия ва аҳли суннат нисбат ба он, ҳамназаранд. Шаҳодати дурӯғ агар қабл аз иҷрои ҳукми қозӣ исбот шавад; он ҳукм, нақз мешавад, аммо дар сурати исботи пас аз иҷрои ҳукм, гувоҳон бояд зарарҳои ворида (монанди молӣ, дия ва қисос) бар маҳкумун алайҳ (касе ки ҳукм бар алайҳ ӯст)-ро ҷуброн кунанд.

Аҳамият ва ҷойгоҳ

Ба гуфтаи Шайхи Тусӣ дар китоби Мабсут, шаҳодати дурӯғ яке аз гуноҳоне аст, ки аз гуноҳони кабира, бузургтар шуморида шуда[1] ва ба гуфтаи бархе баъд аз ширки ба Худо, гуноҳе бузургтар аз он нест.[2] Дар фиқҳи имомия, бобе бо унвони «ал-Шаҳодот» вуҷуд дорад, ки дар он ба мавзӯи «шаҳодати дурӯғ» пардохта шудааст.[3]

Муҳаммад Муҳммадии Иштиҳордӣ (вафот 1385 ҳ.ш.) рӯҳонӣ ва нависандаи шиъа, канори ҳам қарор гирифтани гувоҳии дурӯғ ва бутпарастӣ дар Қуръон[4]ро нишонгари палидии гувоҳии дурӯғ хонда аст.[5] Ҳамчунин парҳез аз шаҳодати дурӯғ, аз вижагиҳои ибодурраҳмон (бандагони мумтози Худо) дар Қуръон зикр шудааст.[6]

Таъриф

«Шаҳодати дурӯғ» дар истилоҳ иборат аст аз ин, ки фарде аз рӯи амд, ба чизе ки намедонад «шаҳодат» диҳад ва он чиро ки гувоҳӣ медиҳад, хилофи воқеъ бошад.[7] Ба гуфтаи бархе ҳуқуқдонон, шаҳодати дурӯғ, ҳангоме ҷурм маҳсуб шуда ва қобили пайгард аст, ки назди мақомоти расмӣ дар додгоҳ анҷом шавад.[8]

Далелҳои ҳурмати "шаҳодати дурӯғ"

Фақеҳони шиа, шаҳодати дурӯғро ҳаром дониста ва ба ояти 30 сураи Ҳаҷ: ««اجْتَنِبُوا قَوْلَ‌ الزُّور “Аз суханони ботил иҷтиноб кунед!”[9] истинод кардаанд.[10] Имом Хумайнӣ ва Сайидалии Хоманаӣ бар ин боваранд ояти мавриди ишора ба ҳурмати гуфтори ботил, ки шомили дурӯғ, шаҳодати дурӯғ ва ғино мешавад, далолат дорад.[11]

Бархе аз муффасирон аз ояти 72 сураи Фурқон: «وَالَّذِينَ لَا يَشْهَدُونَ الزُّورَ», «Ва касоне ки шаҳодати ботил намедиҳанд»[12] низ ҳурмати шаҳодат ба дурӯғро истифода кардаанд.[13] Бархе аз фуқаҳо, бар асоси ривояте аз Имом Содиқ (а) мабнӣ бар ин ки «гувоҳидиҳанда ба дурӯғ, ҳануз қадам аз ҷои худ намебардорад, ки оташи дузах бар ӯ воҷиб мешавад!»[14] бар ҳаром будани шаҳодати дурӯғ, истидлол кардаанд.[15] Бархеи дигар, бар асоси ин ривоят аз Имом Боқир (а) «ҳеҷ марде нест, ки ба манзури бурдани моли марди мусулмоне, бар зидди ӯ шаҳодати дурӯғ диҳад, магар он ки Худованди Азза ва Ҷалла ба ҷои он, санади дузахӣ будани ӯро менависад!» бар ҳаром будани он истинод ҷустаанд.[16]

Аҳком

Шаҳодати дурӯғ, аз гуноҳоне аст, ки аз сӯи шореъи муқаддас, барои он ҳадде дар назар гирифта нашудааст, аммо барои он таъзир (таъдиб ва шаллоқ задани муҷрим ба камтар аз ҳади шаръӣ)[17] дар назар гирифта шудааст, ки дар ин мавзӯъ фуқаҳои имомия ва аҳли суннат тавофуқ дошта, аммо дар чигунагии он ихтилоф доранд. Фуқаҳои имомия дар таъзир намудани ҳамроҳ бо ташҳир, (гардондан ва ошкор кардани фард байни мардум) ихтилофе надоранд,[18] ки Шайх Тусӣ ба ин мавзӯъ тасреҳ кардааст.[19] Аммо ҳамин мавзӯъ дар миёни фуқаҳои аҳли суннат мавриди ихтилоф қарор гирифтааст.[20]

Роҳҳои исбот

Барои исботи шаҳодати дурӯғ, ба роҳҳое истидлол шудааст, ки иборатанд аз:

Иқрор

Шахс иқрор кунад ва аз шаҳодат ва гувоҳии дурӯғе ки додааст, баргардад.[21]

Шаҳодат

Агар афроде ба дурӯғ будани шаҳодати шоҳидони аввалия шаҳодат диҳанд, дар сурати исбот, дурӯғ будани шаҳодати аввалия исбот мешавад.[22]

Илми қозӣ

Гоҳ низ қозӣ аз роҳҳои мухталифе илм пайдо мекунад ки шаҳодати адошуда дурӯғ аст.[23]Ба гуфтаи Мусафо Муҳаққиқи Домод (зодаи 1324 ҳ.ш.), илми қозӣ дар ин баҳс бар соири далелҳо муқаддам аст.[24]

Паёмадҳои фиқҳӣ

Барои шаҳодати дурӯғ паёмадҳое зикр шудааст:

Нақзи ҳукми содиршуда

Ба гуфтаи Шаҳиди Аввал (шаҳодат 786 ҳ.қ.) дар китоби ад-Дурус-уш-шаръийя, дар серате, ки дурӯғ будани шаҳодати шуҳуд қабл аз иҷрои ҳукм собит шавад, ҳукми қозӣ нақз мешавад.[25] Тибқи модаи 1319 қонуни мадании Эрон низ агар шоҳид аз шаҳодати худ баргардад ё маълум шавад, ки бар хилофи воқеъ шаҳодат додааст, ба шаҳодати ӯ тартиби асар дода намешавад.[26]

Ҷуброни хасорат ва қисос

Агар дурӯғ будани шаҳодат пас аз иҷрои ҳукм собит шавад, шоҳидон, зомини моле ҳастанд, ки маҳкумٌун алайҳ (касе ки ҳукм бар алайҳи ӯст), пардохтааст[27] ва агар (маҳкумٌун алайҳ) ба қисос ё дияи маҳкум ва ҳукми он иҷро шуда бошад, шоҳидон ба қисос ё пардохти дия маҳкум мешаванд;[28] зеро дар ин гуна маворид сабаб (омили аслӣ) аз мубошир (касе ки ҳукмро иҷро намудааст) қавитар аст.[29]

Ҳабс ва ҷаримаи молӣ

Бархе аз фуқаҳо бо истинод ба сираи Имом Алӣ (а) дар замони ҳукуматаш, ба зиндонӣ кардани шоҳиди дурӯғгӯ фатво додаанд.[30] Бар асоси модаи 650 қонуни муҷозоти исломии Эрон касе, ки дар додгоҳ назд мақомоти расмӣ шаҳодати дурӯғ бидиҳад, ба зиндон[31] ва ҷазои нақдӣ[32] маҳкум мешавад. Ин муҷозот ғайр аз муҷозоте аст, ки дар боби ҳудуд, қисос ва диёт барои шаҳодати дурӯғ зикр гардида аст.[33]

Қабул накардани гувоҳиҳои баъдӣ

Ба фатвои фақеҳони шиъа ҳамчунин шаҳодатҳои баъдии касоне ки дар додгоҳ гувоҳии дурӯғ дода бошанд, пазируфта намешавад, магар онки тавба карда ва адолаташон эҳроз шавад.[34]

Эзоҳ

  1. Шайх Тӯсӣ, ал-Мабсут, 1387 ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.164.
  2. Мозандаронӣ, Шарҳи ал-Кофӣ, 1382 ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.264/ Ибни Барроҷ, ал-Муҳаззаб, 1406 ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.562.
  3. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404 ҳ.қ., ҷ.41, саҳ.252.
  4. Сураи Ҳаҷ, ояти 30.
  5. Муҳаммадии Иштиҳордӣ, «Вижагиҳои ибодурраҳмон, парҳези шадид аз гувоҳии дурӯғ ва ширкат дар маҷолиси гуноҳ», саҳ.19.
  6. Муҳаммадии Иштиҳордӣ, «Вижагиҳои ибодурраҳмон, парҳези шадид аз гувоҳии дурӯғ ва ширкат дар маҷолиси гуноҳ», саҳ.19.
  7. Мозандаронӣ, Шарҳи ал-Кофӣ, 1382 ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.264/ Муртозӣ ва дигарон, «Баррасии маъношинохтии шаҳодати зӯр ва зарурати муаррифии умумии он дар фиқҳи мазоҳиби хамса», 1393 ҳ.ш., саҳ.125.
  8. Шомлув Аҳмадӣ, Фарҳанги истилоҳот ва ановини ҷазоӣ, 1380 ҳ.ш., саҳ.287/ муовинати ҳуқуқии риёсати Ҷумҳурӣ, қонуни муҷозоти исломӣ, 1392 ҳ.ш., саҳ.161, модаи 650.
  9. Сураи Ҳаҷ, ояти 30.
  10. Шайх Тӯсӣ, ал-Мабсут, 1387 ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.164.
  11. Имом Хумайнӣ, ал-Макосиб-ул-муҳаррама, 1434 ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.344/ Хоманаӣ, Ғино ва мусиқӣ, 1398, саҳ.38.
  12. Сураи Фурқон, ояти 72.
  13. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1415 ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.315.
  14. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407 ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.383, ҳадиси 2.
  15. Буруҷердӣ, Ҷомеъу аҳодис-иш-шиъа, 1386 ҳ.ш., ҷ.30, саҳ.328.
  16. Шайх Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413 ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.61, ҳадиси 3338/ Аллома Ҳиллӣ, Таҳрир-ул-аҳком, 1420 ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.297 ва 298.
  17. Ибни Манзур, Лисон-ул-араб, 1414 ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.562.
  18. Ҳошимии Шоҳрудӣ, Фарҳанги фиқҳ мутобиқи мазҳаби Аҳли Байт (а), 1382 ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.508.
  19. Тӯсӣ, ал-Хилоф, 1407 ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.240.
  20. Сарахсӣ, ал-Мабсут, 1414 ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.145.
  21. Ҳурри Омилӣ, Ҳидоят-ул-уммат ила аҳком-ил-аимма (а), 1412 ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.426/ Ҳалабӣ, ал-Кофӣ фи-л-фиқҳ, 1403 ҳ.қ., саҳ.440/ муовинати ҳуқуқии раёсати Ҷумҳурӣ, Қонуни муҷозоти исломӣ, 1392 ҳ.ш., саҳ.56, модаи 198.
  22. Мусавии Гулпойгонӣ, Китоб-уш-шаҳодот, 1405 ҳ.қ., саҳ.448 – 449/ Ҳалабӣ, ал-Кофӣ фи-л-фиқҳ, 1403 ҳ.қ., саҳ.440/ муовинати ҳуқуқии раёсати Ҷумҳурӣ, Қонуни муҷозоти исломӣ, 1392 ҳ.ш., саҳ.55, модаи 191, 195, 196.
  23. Ҳалабӣ, ал-Кофӣ фи-л-фиқҳ, 1403 ҳ.қ., саҳ.440/ Даййонӣ, Қонуни муҷозоти исломии муъарраб, 1399 ҳ.ш., саҳ.88, модаи 160 ва 211.
  24. Муҳаққиқи Домод, Қавоиди фиқҳ (бахши қазоӣ), 1381 ҳ.ш., саҳ.48.
  25. Шаҳиди Аввал, ад-Дурус-уш-шаръийя, 1417 ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.143.
  26. Камолон, Ҳандбуки корбурдии қавонин ва муқаррароти ҳуқуқӣ, 1391 ҳ.ш., саҳ.204.
  27. Маръашии Шуштарӣ, Дидгоҳҳои нав дар ҳуқуқ, 1427 ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.122.
  28. Буҷнурдӣ, Қавоиди фиқҳия, 1401 ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.18/ Хуӣ, Мабоонӣ такмилат-ул-минҳоҷ, 1422 ҳ.қ., ҷ.41, саҳ.191.
  29. Маръашии Шуштарӣ, Дидгоҳҳои нав дар ҳуқуқ, 1427 ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.122.
  30. Ҳошимии Шоҳрудӣ, Мавсуъат-ул-фиқҳ-ил-исломи-ил-муқоран, 1432 ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.295.
  31. Муовинати ҳуқуқии раёсати Ҷумҳурӣ, Қонуни муҷозоти исломӣ, 1392 ҳ.ш., саҳ.161.
  32. Муовинати ҳуқуқии раёсати Ҷумҳурӣ, Қонуни муҷозоти исломӣ, 1392 ҳ.ш., саҳ.161.
  33. Муовинати ҳуқуқии раёсати Ҷумҳурӣ, Қонуни муҷозоти исломӣ, 1392 ҳ.ш., саҳ.161.
  34. Фозили Ланкаронӣ, Тафсил-уш-шариъат (ал-қазо ва-ш-шаҳодот), 1427 ҳ.қ., саҳ.598 ва 612.

Сарчашма

  • Қуръони Карим.
  • Ибни манзур, Муҳаммад ибни Мукаррам, Лисон-ул-араб, Бейрут, Дорусодир, 1414 ҳ.қ.
  • Имом Хумайнӣ, Сайидрӯҳуллоҳ, ал-Макосиб-ул-муҳаррама (Мавсуъат-ул-имом-ил-Хумайнӣ 13 ва 14), Теҳрон, муассисату танзим ва нашри осор-ил-имом-ил-Хумайнӣ, 1434 ҳ.қ.
  • Анварӣ, Ҳасан, Фарҳанги бузурги сухан, Теҳрон, интишороти Сухан, 1390 ҳ.ш.
  • Буҷнурдӣ, Сайидмуҳаммад, Қавоиди фиқҳия, Теҳрон, муассисаи уруҷ, 1401 ҳ.қ.
  • Буруҷердӣ, Ҳусайн, Ҷомеъу аҳодис-иш-шиъа, Теҳрон, интишороти фарҳанги сабз, 1386 ҳ.ш.
  • Беҳбудӣ, Баҳром ва Маҷиди Додхоҳ, «Воковии фиқҳии ҳуқуқии масъулияти кайфарии шаҳодати кизб», маҷаллаи илмӣ - тахассусӣ «Ороъ, давраи 3, шумораи 4, 1399 ҳ.ш.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Ҳидоят-ул-уммат ила аҳком-ил-аимма (а), Машҳад, бунёди пажӯҳишҳои исломии остони қудси Разавӣ, 1412 ҳ.қ.
  • Ҳалабӣ, Абуссалоҳ, ал-Кофӣ фи-л-фиқҳ, Исфаҳон, китобхонаи умумии Имом Амиралмуъминин (а), 1403 ҳ.қ.
  • Хоманаӣ, Сайидалӣ, Ғино ва мусиқӣ, Теҳрон, интишороти инқилоби исломӣ (нашри фиқҳи рӯз), 1398 ҳ.ш.
  • Хуӣ, Сайид Абулқосим, Мабонӣ такмилат-ул-минҳоҷ (мавсуъа), Қум, муассисату эҳёи осор-ил-имом-ил-Хуӣ, 1422 ҳ.қ.
  • Дайонӣ, Абдурасул, Қонуни муҷозоти исломии муъарраб (бо охирин ислоҳот), Теҳрон, интишороти Мизон, 1399 ҳ.ш.
  • Сарахсӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, ал-Мабсут, Бейрут, Дор-ул-маърифат, 1414 ҳ.қ.
  • Шомлув Аҳмадӣ, Муҳаммадҳусайн, Фарҳанги истилоҳот ва ановини ҷазоӣ, Исфаҳон, интишороти Додёр, 1380 ҳ.ш.
  • Шаҳиди Аввал, Муҳаммад ибни Маккӣ, ад-Дурус-уш-шаръийя фи фиқҳ-ил-имомия, Қум, дафтари интишороти исломӣ, 1417 ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, Қум, дафтари интишороти исломӣ, 1413 ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, тафсири Маҷмаъ-ул-баён, таҳқиқ ва таълиқ: Лаҷнатун мин-ал-уламои ва-л-муҳаққиқин-ал-ахиссоийин, Бейрут, аъламӣ, чопи аввал, 1415 ҳ.қ.
  • Тароблусӣ, Қозӣ ибни Барроҷ, ал-Муҳаззаб, Қум, интишороти исломӣ, 1406 ҳ.қ.
  • Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Хилоф, Қум, дафтари интишороти исломӣ, 1407 ҳ.қ.
  • Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Мабсут фи фиқҳ-ил-имомийя, Теҳрон, ал-Мактабат-ул-муртазавийя ли эҳё-ил-осор-ил-Ҷаъфарийя, 1387 ҳ.қ.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Таҳрир-ул-аҳком-иш-шаръийяти ала мазҳаб-ил-имомийя, Қум, Муассисат-ул-Имом-ис-Содиқ (а), 1420 ҳ.қ.
  • Фозили Ланкаронӣ, Муҳаммад, Тафсил-уш-шариъат (ал-қазо ва-ш-шаҳодот), Қум, Марказу фиқҳ-ил-аиммат-ил-атҳор (а), 1427 ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломийя, 1407 ҳ.қ.
  • Камолон, Саййидмаҳдӣ, Ҳандбуки корбурдии қавонин ва муқаррароти ҳуқуқӣ, Теҳрон, интишороти Камолон, 1391 ҳ.ш.
  • Мозандаронӣ, Муҳаммадсолеҳ ибни Аҳмад, шарҳи ал-Кофӣ – ал-Усул ва-р-равза, таҳқиқи Абулҳасани Шаъронӣ, Теҳрон, ал-Мактбат-ул-исломийя, 1382 ҳ.қ.
  • Муҳаққиқи Домод, Мустафо, Қавоиди фиқҳ (бахши қазоӣ), Теҳрон, маркази нашри улуми исломӣ, 1381 ҳ.ш.
  • Муҳаммадии Иштиҳордӣ, Муҳаммад, «Вижагиҳои ибодурраҳмон, парҳези шадид аз гувоҳии дурӯғ ва ширкат дар маҷолиси гуноҳ», маҷаллаи посдори Ислом, шумораи 229, деймоҳи 1379 ҳ.ш.
  • Муртозӣ, Аҳмад, Алиасғари Мусавии Рукнӣ ва дигарон, «Баррасии маъношинохтии (шаҳодати зӯр) ва зарурати муаррифии умумии он дар фиқҳи мазоҳиби хамса» фаслномаи пажӯҳишҳои фиқҳ ва ҳуқуқи исломӣ, шумораи 35, баҳори 1393 ҳ.ш.
  • Маръашии Шуштарӣ, Сайид Муҳаммадҳасан, Дидгоҳҳои нав дар ҳуқуқ, Теҳрон, нашри Мизон, 1427 ҳ.қ.
  • Муовинати ҳуқуқии раёсати Ҷумҳурӣ, Қонуни муҷозоти исломӣ, Теҳрон, муовинати тадвин, танқеҳ ва интишори қавонину муқаррарот, 1392 ҳ.ш.
  • Мусавии Гулпойгонӣ, Сайидмуҳаммадризо, Китоб-уш-шаҳодот, Қум, ҷаноби муқарари кеноб, 1405 ҳ.қ.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароеъ-ил-ислом, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1404 ҳ.қ.
  • Ҳошимии Шоҳрудӣ, Маҳмуд, Мавсуъат-ул-фиқҳ-ил-исломи-ил-муқоран, Қум, Муассисаи доират-ул-маъорифи фиқҳи исломӣ бар мазҳаби Аҳли Байт (а), 1432 ҳ.қ.
  • Ҳошимии Шоҳрудӣ, Маҳмуд, Фарҳанги фиқҳ мутобиқи мазҳаби Аҳли Байт (а), Қум, Муассисаи доират-ул-маъорифи фиқҳи исломӣ бар мазҳаби Аҳли Байт (а), 1382 ҳ.ш.