Бишр ибни Ғолиби Асадӣ

Аз wikishia
Бишр ибни Ғолиби Асадӣ
Номи комилБишр ибни Ғолиби Асадӣ
ЛақабАбусодиқ
Маҳалли зиндагӣКӯфа
ХешовандонҒолиб ибни Бишр ва Башир ибни Ғолиб
Аз ëрониИмом Алӣ (а), Имом Ҳасан (а), Имом Ҳусайн (а), Имом Саҷҷод (а)
ФаолиятҳоНақли дуои Арафа ва мулоқот бо Имом Ҳусайн (а) дар Зотуирқ


Бишр ибни Ғолиби Асадӣ (арабӣ: بِشر بن غالِب اَسَدی) (зинда дар соли 66 ҳиҷрии қамарӣ) аз асҳоби имомони шиа ва аз ровиёни ҳадис буд. Ӯ бо бародараш дуои Арафаро аз Имом Ҳусайн (а) ривоят кардааст. Ҳамчунин дар сафараш аз Макка ба Ироқ бо имоми саввуми шиаён дар манзилгоҳи Зотуирқ дидор кард ва вақте Ҳусайн ибни Алӣ (а) аз вазъияти Ироқ пурсид, ҷавоб дод, ки дилҳои мардум бо шумо, аммо шамшерҳояшон бо Банӣ Умайя аст.

Ӯ дар воқеаи Ошуро ҳузур надошт, ҳарчанд баъдан аз ҳамроҳӣ накардани Имом Ҳусайн (а) изҳори таассуфу пушаймонӣ кард.

Муаррифии иҷмолӣ

Бишр ибни Ғолиби Асадии Кӯфӣ мулаққаб ба Абусодиқ[1] фарзанди яке аз саҳобаи Пайғамбар, Ғолиб ибни Бишри Асадӣ[2] ва аз тоифаи Банӣ Асад будааст.[3] Дар манобеъ ба замон ва макони таваллуди ӯ ишора нашудааст.[4]

Аҳмад ибни Муҳаммади Барқӣ, риҷолнависи шиа (ваф. 280ҳ.қ.) Бишрро аз саҳобаи Пайғамбар (с) донистааст.[5] Ҳамчунин Сайид Муҳсини Амин (ваф. 1371ҳ.қ.) дар Аъён-уш-шиа низ ба нақл аз Ибни Саъд, нависандаи китоби Табақот-ул-кубро, Бишрро аз саҳобае донистааст, ки ба Кӯфа муҳоҷират кардаанд.[6]

Дар бархе аз манобеи торихӣ аз шахсе ба номи Бишр ибни Ғолиб ба унвони яке аз фармондеҳони лашкари Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуф дар ҷанг бо шӯришиёни хавориҷ ёд шудааст,[7] ки дар ҳамин ҷанг дар соли 76 ҳиҷрии қамарӣ кушта шуд.[8] Албатта дар бархе аз манобеи риҷолӣ аз ду нафар бо номи Бишр ибни Ғолиби Асадӣ ёд шудааст[9] ва далеле вуҷуд надорад, ки ин Бишр, ҳамон Бишри маъруф (бародари Бишр ибни Ғолиб) бошад.

Ровии ҳадис

Аҳмад ибни Муҳаммади Барқӣ (ваф. 280ҳ.қ.) ва Шайхи Тусӣ (ваф. 460ҳ.қ.) аз риҷолнависони шиа, Бишр ибни Ғолибро аз асҳоб ва ровиёни аимма (а) донистаанд, вале иттилооте аз зиндагии ӯ ироа накардаанд.[10] Шайхи Тусӣ танҳо бо ишора ба Асадӣ ва Кӯфӣ будани вай, ӯро аз ровиёни ҳадис ва аз асҳоби Имом Ҳусайн (а)[11] ва Имом Саҷҷод (а) донистааст.[12] Барқӣ низ илова бар зикри номи ӯ дар радифи асҳоби Имом Ҳасан (а), Имом Ҳусайн (а) ва Имом Саҷҷод (а), вайро аз асҳоби Имом Алӣ (а) донистааст, ки дар Кӯфа зиндагӣ мекардааст.[13]

Аз Бишр ибни Ғолиб ривоёти фаровоне дар китобҳои ривоӣ ва ғайриривоӣ дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла муҳаббати Аҳли Байт (а),[14] тафсир,[15] савоби қироати Қуръон[16] ва ахбори зуҳури Қоим[17] нақл шудааст. Ӯ ҳамроҳи бародараш Бишр ибни Ғолиб дуои Арафаро аз Имом Ҳусайн (а) нақл кардааст.[18]

Мазҳаб ва васоқат

Ба гумони бархе муҳаққиқон, тасреҳе ба мазҳаби Бишр ибни Ғолиб дар миёни риҷолиён вуҷуд надорад.[19] Бо ин ҳол, Абдуллоҳ Момқонӣ, риҷолнависи шиа (ваф. 1351ҳ.қ.) бо ишора ба маҷҳулулҳол будани Бишр, ӯро имомимазҳаб донистааст.[20] Сайид Муҳсин Амин бо иттико ба он чи ба Муҳаммад ибни Умари Кашшӣ - риҷолии шиа, дар қарни чаҳорум мансуб шуда, ӯро олим, фозил ва ҷалилулқадр хондааст, аммо меафзояд, ки ин матлаб дар китоби Риҷоли Кашшӣ вуҷуд надорад ва асосан чунин адабиёте дар тавсиқи як ровӣ аз мутақаддимоне чун Кашшӣ содир намешуд ва ин навъ ҷумалот мутааллиқ ба мутааххирон аст.[21] Бо ин ҳол, бо истинод ба шуҳрати дуои Арафаи гуфта шудааст, ӯ ровии мувассақе аст.[22]

Мулоқот бо Имом Ҳусайн (а)

Бишр ибни Ғолиб дар ҳангоми хуруҷи Имом Ҳусайн (а) аз Макка ба сӯи Ироқ дар минтақаи Зотуирқ бо вай дидор кард.[23] Ҳусайн ибни Алӣ (а) аз ӯ дар бораи вазъияти Ироқ пурсид. Вай дар ҷавоб гуфт, дилҳои онҳо бо шумо, аммо шамшерҳояшон бо Банӣ Умайя аст. Имом сухан ӯро тасдиқ кард, ки Худо он чиро бихоҳад анҷом медиҳад.[24]

Бишр ибни Ғолиб гуфтугӯе аз Имом Ҳусайн (а) бо Ибни Зубайр низ нақл кардааст, ки имоми сеюми шиаён дар он, иллати сафари худ ба Ироқро табйин кардааст.[26]

Бишр дар воқеаи Карбало ҳузур надошт,[27] аммо Ибни Саъд дар китоби Табақот-ул-кубро муътақид аст, ки вай пас аз воқеаи Ошуро бар сари мазори Имом Ҳусайн (а) рафт ва ба хотири ҳамроҳ нашудан бо Имом Ҳусайн (а), изҳори пушаймонӣ намуд.[28]

Бишр ба ҳамроҳи Минҳол ибни Амр дар замони қиёми Мухтор дар соли 66 қамарӣ, ба Мадина рафт ва ба ҳангоми гуфтугӯи Имом Саҷҷод (а) бо Минҳол дар бораи Ҳармала ибни Коҳили Асадӣ ҳузур дошт.[29] Ҳамчунин бо вуҷуди ҳамроҳии ибтидоӣ бо Мухтор, дар идома дар муқобили ӯ қарор гирифт ва ба дасти Мухтори Сақафӣ ба зиндон афтод.[30]

Эзоҳ

  1. Кашшӣ, Ихтиёру маърифат-ир-риҷол, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.171; Шуштарӣ, Қомус-ур-риҷол, 1410ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.368.
  2. Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.36.
  3. Ибни Аъсам, ал-Футуҳ, 1411ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.69.
  4. Барои намуна нигоҳ кунед ба: Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.302; Амин, Аъён-уш-шиъа, 1403ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.575.
  5. Барқӣ, ар-Риҷол, 1376ҳ.ш., саҳ.8.
  6. Амин, Аъён-уш-шиъа, 1403ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.575.
  7. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.244; Ибни Маскавайҳ, Таҷориб-ул-умам, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.285; Ибни Асир, ал-Комил, 1385ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.408.
  8. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.246; Ибни Халдун, Таърихи Ибни Халдун, 1408ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.194.
  9. Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Лисон-ул-мизон, 2002м., ҷ.2, саҳ.305; Заҳабӣ, Мизон-ул-эътидол, 1382ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.322.
  10. Барқӣ, Риҷоли Барқӣ, 1376ҳ.ш., саҳ.8; Тусӣ, Риҷоли Тусӣ, 1373ҳ.ш., саҳ.99.
  11. Тусӣ, Риҷоли Тусӣ, 1373ҳ.ш., саҳ.99.
  12. Тусӣ, Риҷоли Тусӣ, 1373ҳ.ш., саҳ.110.
  13. Барқӣ, Риҷоли Барқӣ, 1376ҳ.ш., саҳ.8.
  14. Барқӣ, ал-Маҳосин, 1371ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.61.
  15. Садуқ, ал-Амолӣ, 1342ҳ.ш., саҳ.153; Ҳасконӣ, Шавоҳид-ут-танзил, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.475.
  16. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1429ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.611, 621.
  17. Нуъмонӣ, ал-Ғайбат, 1397ҳ.қ., саҳ.235; Тусӣ, ал-Ғайбат, 1411ҳ.қ., саҳ.462.
  18. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.95, саҳ.214.
  19. Шарафиддин, Маъа мавсуъот риҷол-иш-шиъа, 1411ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.257.
  20. Момқонӣ, Танқиҳ-ул-мақол, 1431ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.297.
  21. Амин, Аъён-уш-шиъа, 1403, ҷ.3, саҳ.576.
  22. «بِشْرِ بْنِ غَالِب؛ صحابی جامانده از عاشورا»، خبرگزاری بسیج.«Бишр ибни Ғолиб; саҳобии ҷомонда аз Ошуро», хабаргузории Басиҷ.
  23. Ибни Аъсам, ал-Футуҳ, 1411ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.69.
  24. Ибни Аъсам, ал-Футуҳ, 1411ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.69 - 70.
  25. Ибни Аъсам, ал-Футуҳ, 1411ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.69 - 70.
  26. Абушшайх, Табақот-ул-муҳаддисин, 1412ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.186.
  27. Ҷамъе аз нависандагон, Маъа-р-ракб-ил-Ҳусайнӣ, 1386ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.190.
  28. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1414ҳ.қ., хомисаи 1, саҳ.501.
  29. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.45, саҳ.375.
  30. Саффор, Басоир-уд-дараҷот, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.248.

Сарчашма

  • Абуашшайх, Абдуллоҳ ибни Муҳаммад, Табақот-ул-муҳаддисин би Исбаҳон ва-л-воридина алайҳо, Бейрут, муассисатуррисола, чопи дувум, 1412ҳ.қ.
  • Амин, Сайид Муҳсин, Аъён-уш-шиъа, Бейрут, Дорултаъоруф лилматбуъот, 1403ҳ.қ.
  • Барқӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Холид, ал-Маҳосин, Қум, Дорулкутубил-исломия, 1371ҳ.қ.
  • Барқӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, ар-Риҷол, Теҳрон, интишороти донишгоҳи Теҳрон, 1342ҳ.ш.
  • Бишр ибни Ғолиб; Саҳобии ҷомонда аз Ошуро, хабаргузории Басиҷ, таърихи интишор: 1395/07/19, таърихи боздид: 1398/09/04.
  • Заҳабӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Мизон-ул-эътидол фи нақди ар-риҷол, таҳқиқи Алӣ Муҳаммад ал-Баҷовӣ, Бейрут, Дорулмаърифат, 1382ҳ.қ./1963м.
  • Ибни Абизайнаб, Муҳаммад ибни Иброҳим, ал-Ғайбат, Теҳрон, нашри Садуқ, 1397ҳ.қ.
  • Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳаммад, ал-Комилу фи-т-торих, Бейрут, Дорусодир, 1385ҳ.қ.
  • Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳаммад, Усд-ул-ғоба фи маърифат-ис-саҳоба, Бейрут, Дорулфикр, 1409ҳ.қ.
  • Ибни Аъсами Кӯфӣ, Аҳмад, китоби ал-Футуҳ, таҳқиқи Алии Ширӣ, Бейрут, Дорулазвоъ, 1411ҳ.қ.
  • Ибни Маскавайҳ, Аҳмад ибни Муҳаммад, Таҷориб-ул-умам, таҳқиқи Абулқосими Имомӣ, Теҳрон, Суруш, 1379ҳ.ш.
  • Ибни Саъд, Муҳаммад Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро (хомиса 1), таҳқиқи Муҳаммад ибни Сомил ас-Салмӣ, мактабатус-Сиддиқ, алтабъатул уло, 1414ҳ.қ./1993м.
  • Ибни Халдун, Абдурраҳмон ибни Муҳаммад, Девон-ул-мубтадаи ва-л-хабар фи таърих-ил-араби ва-л-барбар ва.., таҳқиқи Халил Шаҳодат, Бейрут, Дорулфикр, чопи дувум, 1408ҳ.қ.
  • Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Лисон-ул-мизон, таҳқиқи Абдулфаттоҳ Абуғудда, Дорулбашоирил-исломия, алтабъатул-уло, 2002м.
  • Кашшӣ, Муҳаммад ибни Умар, Риҷол-ул-Кашшӣ, ихтиёру маърифат-ир-риҷол, Машҳад, муассисаи нашри донишгоҳи Машҳад, 1409ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Қум, Дорулҳадис лилтабоъати ваннашр, 1429ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир ибни Муҳаммадтақӣ, Биҳор-ул-анвор-ил-ҷомеъа лидурари ахбор-ил-аиммат-ил-атҳор, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
  • Момқонӣ, Абдуллоҳ, Танқиҳ-ул-мақол фи илми ар-риҷол, Қум, муассисаи Олулбайт (а), 1431ҳ.қ.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Амолӣ, Теҳрон, Китобчӣ, чопи шашум, 1376ҳ.ш.
  • Саффор, Муҳаммад ибни Ҳасан, Басоир-уд-дараҷот фи фазоили Оли Муҳаммад (с), Қум, чопи дувум, мактабат оятуллоҳил Маръашӣ ан-Наҷафӣ, 1404ҳ.қ.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, таҳқиқи Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Бейрут, Дорултурос, 1387ҳ.қ.
  • Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Ғайбат, Қум, Дорулмаъорифил-исломия, 1411ҳ.қ.
  • Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Риҷол-ут-Тусӣ, Қум, муассисаи аннашрул-исломӣ, чопи сеюм, 1373ҳ.ш.
  • Ҳасконӣ, Убайдуллоҳ ибни Абдуллоҳ, Шавоҳид-ут-танзил ли қавоъид-ит-тафзил, Теҳрон, алтобиъа ли вазоратуссақофати валиршодил-исломӣ, 1411ҳ.қ.
  • Ҷамъе аз нависандагон, Маъа-р-ракб-ил-Ҳусайнӣ, Қум, таҳсин, 1386ҳ.ш.
  • Шарафиддин, Абдуллоҳ, Маъа мавсуъот риҷол-иш-шиъа, Лондон, ал-иршод, 1411ҳ.қ.
  • Шуштарӣ, Муҳаммадтақӣ, Қомус-ур-риҷол, Қум, ҷамоъатул-мударрасин филҳавзатилъилмияти би Қум, чопи дувум, 1410ҳ.қ.