Байдо

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Бидо)
Ин мақола дар бораи маконе ба ном Байдо аст. Барои ошноӣ бо воқеа фурӯ рафтани лашкари Суфёнӣ дар ин макон мадхали хасфи Байдоро бубинед.

Байдо (بیداء) ё Зотулҷайш (ذات الجیش) маконе миёни Макка ва Мадина ки дар охируззамон лашкари Суфёнӣ дар он ҷо аз байн меравад. Бинобар ривоёт, сипоҳи Суфёнӣ барои ҷанг бо Имом Маҳдӣ (а) роҳии Макка мешавад ва дар ин макон ба сурати муъҷизаосо дар замин фурӯ меравад.

Фақиҳони шиа намоз хондан дар ин маконро макруҳ медонанд. Ҳамчунин аз назари онон, ҳоҷиёне ки савора аз Мадина ба Макка мераванд, беҳтар аст то Байдо талбия(лаббайк гуфтан)-ро ба таъхир биндозанд.

Мавқеияти маконӣ ва ҷойгоҳи масаъла

Байдо дар ривоёт ба маконе миёни Макка ва Мадина ишора дорад.[1] Ба гуфтаи Ибни Идриси Ҳиллӣ, фосилаи он то Зулҳулайфа (миқоти аҳли Мадина), ҳудуди се фарсах аст.[2] Ин вожа дар луғат ба маънои биёбоне аст, ки дар он чизе намерӯяд.[3]

Аз ин истилоҳ дар боби алоими зуҳури китобҳои ҳадисӣ[4] ва бобҳои намоз[5] ва ҳаҷҷи[6] китобҳои фиқҳӣ сухан гуфта шудааст.

Хасфи Байдо - нишонаи зуҳур

Мақолаи аслӣ: Хасфи Байдо

Бинобар ривоёт, хасфи Байдо аз алоими зуҳур аст.[7] Манзур аз хасфи Байдо фурӯ рафтани лашкари Суфёнӣ дар сарзамини Байдост, ки барои ҷанг бо Имом Маҳдӣ (а) озими Макка шудаанд.[8] Аз ин рӯ дар бархе аз ривоёт, аз сарзамини Байдо бо унвони Зотулҷайш (соҳиби сипоҳ) низ ёд шудааст.[9]

Дар ривояте аз Имом Боқир (а) омадааст дар охируззамон, вақте сипоҳи Сафёнӣ вориди Байдо мешавад, мунодӣ аз осмон нидо медиҳад: «Эй дашт! он қавмро нобуди соз»; сипас замин, лашкари Сафёниро фурӯ барда ва ҳамагӣ ба ҷузи се нафар аз байн мераванд.[10]

Аҳкоми фиқҳӣ

Дар бораи Байдо аҳкоме дар китобҳои фиқҳӣ матраҳ шудааст:

  • Макруҳ будани хондани намоз: бар пояи ривоёте, ки дар манобеи фиқҳӣ нақл шуда, намоз хондан дар Байдо макруҳ аст.[11] Фақиҳон иллати ин ҳукмро хасфи сипоҳи Суфёнӣ дар ин макон медонанд.[12]
  • Ба таъхир андохтани талбия (лаббайк гуфтан)[Ёддошт 1]: ба фатвои бархе аз фақиҳон, беҳтар аст ҳоҷие, ки аз Мадина ба ҳаҷ меравад, талбияро то Байдо бар забон ҷорӣ накунад.[13] Бархе ин ҳукмро махсуси ҳоҷие медонанд, ки савора ба ҳаҷ меравад.[14] Ба гуфтаи соҳиби Ҷавоҳир, ҳангоме ки маркаби ҳоҷӣ ба Байдо расид, мустаҳаб аст, ки садои талбия гуфтани худро баланд кунад.[15]

Эзоҳ

  1. Ибни Асир, ан-Ниҳоя, 1399ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.171; Ёқути Ҳамавӣ, Мӯъҷам-ул-булдон, 1995 м, ҷ.1, саҳ.523
  2. Ибни Идрис, ас-Сароир, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.265
  3. Ибни Асир, ан-Ниҳоя, 1399ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.171
  4. Нуъмонӣ, ал-Ғайбат, 1397ҳ.қ., саҳ.257, ҳадиси 15
  5. Барои намуна ниг.: Ибни Идрис, ас-Сароир, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.265; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.349
  6. Барои намуна нигоҳ кунед, Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.18, саҳ.278
  7. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.310; Шайхи Садуқ, Китоб-ул-хисол, 1362ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.303, ҳадиси 82; Нуъмонӣ, ал-Ғайбат, 1397ҳ.қ., саҳ.257, ҳадиси 15; Санъонӣ, ал-Мусаннаф, 1403ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.371, ҳадиси 20769
  8. Салимиён, Фарҳангномаи маҳдавият, 1388ҳ.ш., саҳ.211
  9. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.90
  10. Нуъмонӣ, ал-Ғайбат, 1379ҳ.қ., саҳ.280, ҳадиси 67
  11. Барои намуна, ниг.: Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.349
  12. Ибни Идриси Ҳиллӣ, ас-Сароир, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.265
  13. Ҳаким, Мустамсак-ул-урват-ил-вусқо, ҷ.11, саҳ.411, масъалаи 20
  14. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.18, саҳ.278
  15. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.18, саҳ.278

Ёддошт:


Сарчашма

  • Ёқути Ҳамавӣ, Ёқут ибни Абдуллоҳ, Мӯъҷам-ул-булдон, Бейрут, Дору содир, 1995м.
  • Ибни Асир, Муборак ибни Муҳаммад, ан-Ниҳояту фи ғариб-ил-ҳадиси ва-л-асар, таҳқиқи Зоҳир Аҳмад Зовӣ ва Маҳмуд Муҳаммад Танноҳӣ, Бейрут, ал-Мактабат-ул-илмийя, 1399ҳ.қ./1979м.
  • Ибни Идриси Ҳиллӣ, Муҳаммад ибни Мансур, ас-Сароир-ул-ҳовӣ ли таҳрир-ил-фатовӣ, Қум, дафтари Интишороти исломӣ вобаста ба Ҷомеъаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, чопи дуввум, 1410ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммади ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломийя, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-каломи фи шарҳи шароеъ-ил-Ислом, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломийя, 1362ҳ.ш.
  • Нуъмонӣ, Муҳаммад ибни Иброҳим, ал-Ғайбат, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, нашри Садуқ, 1397ҳ.қ.
  • Салимиён, Худомурод, Фарҳангномаи маҳдавият, Қум, Бунёди фарҳангии ҳазрати Маҳдии мавъуд, чопи дуввум, 1388ҳ.ш.
  • Санъонӣ, Абдурразоқ, ал-Мусаннаф, таҳқиқи Ҳабибурраҳмони Аъозимӣ, Бейрут, ал-Маҷлис-ул-илмӣ, чопи дуввум, 1403ҳ.қ.
  • Ҳаким, Сайид Муҳсин, Мустамсак-ул-урват-ил-вусқо, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, бе то.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммади ибни Алӣ, Китоб-ул-хисол, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, Ҷомеъаи мударрисин, 1362ҳ.ш.


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found