Банӣ Қурайза

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Баниқурайза)
Банӣ Қурайза
НасабАз насли Ҳорун бародари ҳазрати Мӯсо
АсрПеш аз Ислом
МазҳабЯҳудият
МаконЯсриб
ҲодисаҳоҒазваи Банӣ Қурайза


Банӣ Қурайза (арабӣ: بنو قريظة) қабилаи яҳӯдии сокини Мадина дар нахустин солҳои пас аз ҳиҷрати Пайғамбари Акрам (с) аст. Охирин ҷанги Пайғамбар (с) бо яҳудиёни Мадина, бо ин қабила буд ки дар соли панҷуми ҳиҷрӣ рӯй дод ва ғазваи Банӣ Қурайза ном гирифт. Пайғамбар (с) пас аз поёни ҷанги аҳзоб, бо сипоҳи худ ба сӯй Банӣ Қурайза шитофт ва онон пас аз 15 рӯзи муҳосира, пешниҳоди сулҳ доданд ва сипас, доварии Саъд ибни Маозро пазируфтанд. Саъд, бар хилофи майли қабилаи худ, ҳукм ба кушта шудани мардони ҷангҷӯи Банӣ Қурайза ва тақсими амволи онон кард. Бо ин ҳол, Сайид Ҷаъфари Шаҳидӣ, муҳаққиқ ва таърихнгори муосир, бо такя бар ихтилофот дар манобеи таърихӣ ва ҳамчунин бархе шавоҳиди хориҷӣ, дар воқеаи мазкур изҳор тардид кардааст. Далели оғози ҷанг бо Банӣ Қурайза, ҳамкории онҳо бо мушрикон дар ҷанги аҳзоби дониста шудааст.

Бинобар манобеи таърихӣ, қабилаи Банӣ Қурайза, ба ҳамроҳи Банӣ Назир, аз насли Ҳорун, бародари ҳазрати Мӯсо будаанд ки пеш аз муҳоҷирати қабоили Авсу Хазраҷ ба Ясриб, дар он шаҳр зиндагӣ мекарда ва ҳоким бар он будаанд, аммо пас аз шикасти ҳукумати яҳӯдии Яман аз подшоҳи масеҳии Ҳабаша, қабилаи Хазраҷ дар ҷанг бо яҳудиён пирӯз мешавад ва ҳукумат бар шаҳрро ба даст мегирад.

Иттилооти куллӣ

Қабилаи яҳӯдии Банӣ Қурайза, дар бисёре аз манобеи таърихӣ, ба ҳамроҳи Банӣ Назир, аз насли Ҳорун бародари ҳазрати Мӯсо (а) дониста шудааст.[1] Бо ин ҳол, манобеи дигарӣ, Банӣ Қурайзаро аз таифаи Ҷузом дар Фаластин медонанд ки дар аҳди Одиё ибни Самуил ба дини яҳуд гаравиданд.[2]

Гуфта шудааст яҳудиёни Банӣ Қурайза, пеш аз муҳоҷирати қабилаҳои араби Авсу Хазраҷ ба Ясриб, дар он шаҳр зиндагӣ мекардаанд.[3] Бар ин асос, ба дунболи ҷанги румиён бо яҳудиён дар соли 70 милодӣ, Банӣ Қурайза ба Ҳиҷоз гурехта ва дар Маҳзур аз навоҳии Ясриб сокин шуда буданд.[4]

Банӣ Қурайза дар канори дигар қабилаҳои яҳӯдӣ, идораи ҳукумати шаҳри Ясрибро ба даст доштаанд. Фармонравои онон ал-Қайтувон ё Файтун, хароҷгузори марзбони эронӣ, аз-Зора дар Баҳрайн гузориш шудааст.[5] Манобеи таърихӣ, аз коҳиши қудрати яҳудиён дар Мадина, пас аз шикасти ҳукумати яҳӯдии Яман аз подшоҳи масеҳии Ҳабаша хабар додаанд. Ҳукумати Ҳабаша, таҳти ҳимояти Рум будааст. Саранҷом, дар ҷанги қабилаи Хазраҷ бо яҳудиён, фармонравои онон ба қатл расида ва аъроб, идораи шаҳрро ба даст гирифтаанд.[6]

Султаи қабилаҳои араб бар Мадина, омили хуруҷи бисёре аз яҳудиён аз ин шаҳри дониста шудааст.[7] Ҳамчунин гузориш шудааст, ки дар даврони наздик ба зуҳӯри Ислом, қабилаҳои яҳӯдӣ дар беруни шаҳр ва дар дижҳову қалъаҳои худ зиндагӣ мекардаанд.[8] Банӣ Қурайза, дар ин замон, ҷамъият ва нуфӯзи бештаре дар муқоиса бо Банӣ Назир ва Банӣ Қайнуқоъ[9] дошта ва дар ҷануби шарқии Мадина сокин буда,[10] ва умдатан ба кишоварзӣ мепардохтаанд.[11]

Ғазваи Банӣ Қурайза

Мақолаи аслӣ: Ғазваи Банӣ Қурайза

Бинобар гуфтаи бархе нависандагон, танҳо гузорише, ки ба таври мустақил дар бораи Банӣ Қурайза дар манобеи исломӣ вуҷуд дорад, марбут ба ҷанги мусулмонон бо онон дар соли панҷум ҳиҷрӣ аст ва дигар гузоришҳо дар бораи таъриху аҳволи ин қабила, дар зимни матолиби марбут ба таърихи Авсу Хазраҷ зикр шудааст.[12]

Ғазваи Банӣ Қурайза, дар авохири зилқаъда ва авоили зилҳаҷҷаи соли панҷуми ҳиҷрӣ, охирин ҷанги мусулмонон бо яҳудиёни Мадина, гузориш шудааст. Бинобар манобеи исломӣ, Пайғамбар (с) билофосила пас аз поёни ҷанги аҳзоб ва пароканда шудани душманон, ба ҷанг бо Банӣ Қурайза шитофтааст. Бар ин асос, мусулмонон қалъаҳо ва хонаҳои Банӣ Қурайзаро 15 рӯз муҳосира карданд[13] ва саранҷом Банӣ Қурайза пешниҳоди сулҳ дода ва доварии Саъд ибни Маозро пазируфтанд.[14]

Бинобар манобеъи таърихӣ, Саъд ибни Маоз, дар ҳоле ки маҷрӯҳу бемор буд, аз чодари худ ба тарафи Банӣ Қурайза рафт ва бар хилофи интизори таифааш ки ҳампаймони Банӣ Қурайза буданд, ҳукм кард ки сазои мардони ҷангҷӯи Банӣ Қурайза қатл аст ва бояд амволашон тақсим ва кӯдаконашон асир гирданд.[15] Дар манобеъ омадааст, ки Пайғамбар (с), ин ҳукми Саъд ибни Маозро ҳукми Худо донистааст.[16] Иллати рӯй додани ин ҷанг, паймоншикании Банӣ Қурайза ва ҳамкорӣ бо мушрикон дар ҷанги аҳзоб алайҳи мусулмонони дониста шудааст.[17]

Сайид Ҷаъфари Шаҳидӣ, бо такя бар ихтилофоти фаровон дар манобеи таърихӣ ва ҳамчунин воқеъиёти хориҷӣ аз ҷумлаи ҷамъияти Мадина ва ҳамчунин рафтори мубтанӣ бар меҳрубонии Пайғамбар (с), дар воқеаи мазкур ташкик карда ва махсусан кушта шудан 600 то 900 тан аз Банӣ Қурайзаро достонсароӣ ва дасткорӣ шуда дониста ва онро навъе талоши таифаи Хазраҷ барои костан аз шаъни Авсиён дар назари Пайғамбар талаққӣ кардааст.[18]

Ибни Шаҳоби Зуҳрӣ (51 - 124ҳ.қ.) дар китоби ал-Мағози-ун-набавийя, гарчи ба ҳукми Саъд ибни Маоз ва таъйиди Пайғамбар дар ин бора ишора карда, аммо танҳо куштани Ҳуяй ибни Ахтаб, бузурги қабила Банӣ Назирро зикр карда ки Банӣ Қурайзаро барои душманӣ бо Пайғамбар ташвиқ кард.[19]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, ал-Ағонӣ, 1994м, ҷ.22, саҳ.343; Муқаддасӣ, ал-Бадъу ва-т-таърих, 1899 - 1919м, ҷ.4, саҳ.129 - 130; Ёқути Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, 1408ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.84
  2. Яъқубӣ, Таърихи Яъқубӣ, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.408
  3. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, ал-Ағонӣ, 1994м, ҷ.22, саҳ.343; Муқаддасӣ, ал-Бадъу ва-т-таърих, 1899 - 1919м, ҷ.4, саҳ.129 - 130; Ёқути Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, 1408ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.84
  4. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, ал-Ағонӣ, 1994м, ҷ.22, саҳ.344
  5. Ёқути Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, 1408ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.83, 85
  6. Муқаддасӣ, ал-Бадъу ва-т-таърих, 1899 - 1919м, ҷ.4, саҳ.130
  7. Таъима, ат-Таърих-ул-яҳудий-ил-ъом, 1411ҳ.қ. - 1991м, ҷ.2, саҳ.12; Марсафӣ, ар-Расулу ва-л-яҳуд ваҷҳан ливаҷҳин, 1413ҳ.қ. - 1992м, ҷ.7, саҳ.10 - 12
  8. Маҷдуб, ал-Муставтинот-ил-яҳудияти ало аҳд-ир-Расул, 1417ҳ.қ. - 1996м, саҳ.45
  9. Маҷдуб, ал-Муставтинот-ил-яҳудияти ало аҳд-ир-Расул, 1417ҳ.қ. - 1996м, саҳ.43
  10. Таъима, ат-Таърих-ул-яҳудий-ил-ъом, 1411ҳ.қ. - 1991м, ҷ.2, саҳ.15
  11. Марсафӣ, ар-Расулу ва-л-яҳуд ваҷҳан ливаҷҳин, 1413ҳ.қ. - 1992м, ҷ.1, саҳ.123
  12. Оҳанчӣ, «Банӣ Қурайза», саҳ.469
  13. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.57
  14. Ибни Абдираббаҳ, ал-Ақд-ул-фарид, 1407ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.327
  15. Ибни Асир, Усуд-ул-ғобба, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.222 - 223
  16. Ибни Асир, Усуд-ул-ғобба, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.222 - 223; Яъқубӣ, Таърихи Яъқубӣ, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.412, ҷ.2, саҳ.52; Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.57 - 59; Миззӣ, Таҳзиб-ул-камол, 1409ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.302
  17. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1414ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.503 ва 504
  18. Шаҳидӣ, Таърихи таҳлилии Ислом, 1392ҳ.ш., саҳ.88 - 90
  19. Ибни Шаҳоб аз-Зуҳрӣ, ал-Мағози-ун-набавийя, 1401ҳ.қ., саҳ.82 - 83

Сарчашма

  • Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Алӣ ибни ҳусайн, ал-Ағонӣ, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1414 - 1415ҳ.қ./1994м.
  • Воқидӣ, Муҳаммад ибни Умар, ал-Мағозӣ, таҳқиқи Морсиден Ҷунес, Қум, Мактаб-ул-аълом-ул-исломӣ, 1414ҳ.қ.
  • Ёқути Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, Бейрут, 1408ҳ.қ./1988м.
  • Ибни Абдираббаҳ, Аҳмад ибни Муҳаммад, ал-Ақд-ул-фарид, таҳқиқи Муфид Муҳаммад Қамиҳа, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1407ҳ.қ./1987м.
  • Ибни Асир, Алӣ ибни Абилмукаррам, Усуд-ул-ғобба: фи муъаррифаи алсҳобаҳ, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1409ҳ.қ./1989м.
  • Ибни Саъд, Муҳаммад, ат-Табақот-ул-кубро, таҳқиқи Муҳаммади абдуқодири ато, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1410ҳ.қ./1990м.
  • Ибни Шаҳоб аз-Зуҳрӣ, Муҳаммад ибни мусаллам, ал-Мағози-ун-набавийя, таҳқиқи Суҳайл Зикор, Димишқ, Дор-ул-фикр, 1401ҳ.қ./1981м.
  • Марсафӣ, Саъд, ар-Расулу ва-л-яҳуд ваҷҳан ливаҷҳин, Кувайт, Мактабат-ул-манор-ул-исломия, 1413ҳ.қ./1992м.
  • Маҷдуб, Аҳмади Алӣ, ал-Муставтинот-ил-яҳудияти ало аҳд-ир-Расул, ал-Қоҳира, ад-Дор-ул-мисрийяту ал-банония, 1417ҳ.қ./1996м.
  • Муқаддасӣ, мутаҳҳар ибни тоҳир, китоби ал-Бадъу ва-т-таърих, Порис, 1899 - 1919м.
  • Оҳанчӣ, Озар, «Банӣ Қурайза», дар Донишномаи ҷаҳони Ислом, ҷ.4, Теҳрон, бунёди Доиратулмаорифи исломӣ, 1377ҳ.ш.
  • Таъима, собир, ат-Таърих-ул-яҳудий-ил-ъом, Бейрут, Дор-ул-ҷил, 1411ҳ.қ./1991м.
  • Шаҳидӣ, Ҷаъфар, Таърихи таҳлилии Ислом, Теҳрон, Маркази нашри донишгоҳӣ, 1392ҳ.ш.
  • Яъқубӣ, Аҳмад ибни Исҳоқ, Таърихи Яъқубӣ, Бейрут, 1379ҳ.қ./1960м.
  • Ҳофизи Миззӣ, Юсуф ибни Абдурраҳмон, Таҳзиб-ул-камоли фи асмо-ир-риҷол, таҳқиқи Башшор Аввод Маъруф, Бейрут, Муассисат-ур-рисола, 1409ҳ.қ./1998м.