Балъами Боъуро

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Балъами Боуро)

Балъами Боъуро аз олимони замони ҳазрати Мусо (а) ва мустаҷобуддаъват буд, аммо шайтон ӯро гумроҳ кард. Дар ривоёти исломӣ ва Таврот аз Балъам ёд шудааст. Ҳамчунин бархе муффасирон ояти 175 сураи Аъроф, ки аз гумроҳии фарде сухан гуфтааст, ки оёти илоҳӣ (ба маънои огоҳӣ аз исми Аъзам ё олим ба китоби Худо)-ро дар ихтиёр доштаро дар бораи ӯ донистаанд. Достонҳои мухталифе роҷеъ ба Балъам нақл шудааст, ки бархе муффасирон онҳоро дар зумраи исроилиёт қарор додаанд.

Ном ва маҳалли зиндагӣ

Балъам[1] ё Балъом[2] фарде аз Банӣ Исроил буд,[3] ки дар сарзамини Шом зиндагӣ мекард.[4] Ҳазрати Мусо (а) аз ӯ ба унвони мубаллиғ истифода менамуд.[5]

Аз падари Балъам бо номҳои «Боъуро»[6] «Боур»[7] ва «Аур»[8] ва аз ҳамсараш бо номи «Басус» ёд шудааст.[9]

Вижагӣ; олим ба китоби Худо

«وَ اتْلُ عَلَیهِمْ نَبَأَ الَّذِی ءَاتَینَاهُ ءَایاتِنَا فَانسَلَخَ مِنْهَا فَأَتْبَعَهُ الشَّیطَانُ فَکاَنَ مِنَ الْغَاوِین

Ва бар онҳо бихон саргузашти он касро, ки оёти худро ба ӯ додем, аммо худро аз он тиҳӣ сохт ва шайтон дар пайи ӯ афтод. Ва аз гумроҳон шуд».[10]

Ба гуфтаи бархе аз муффасирон ояти фавқ ба моҷарои Балъам ишора дорад.[11] Бо ин ҳол дар бораи инки манзур аз оётино дар ин оят чист, ихтилофи назар доранд. Гуруҳе онро ба маънои огоҳии Балъам аз исми Аъзами Худо донистаанд,[12] аз ин рӯ, дуояш ҳамеша мустаҷоб мешуд.[13] Гуруҳе дигар онро ба маънои олим будани ӯ ба китоби Худо донистаанд, на огоҳӣ аз исми Аъзам.[14]

Инҳироф

Бино бар ояти мазкур Балъам бо инки ояти илоҳиро дар ихтиёр дошт, аммо шайтон ӯро фиреб дод ва гумроҳ сохт.[15] Дар бораи гумроҳии ӯ ду дидгоҳ вуҷуд дорад:

  1. Балъам дар муқобили ҳазрати Мусо (а) қарор гирифт ва ба Фиръавн кумак кардааст.[16]
  2. Ба гузориши Масъудӣ, Балъам ба подшоҳи кишвараш, ки алайҳи ҳазрати Юшаъ ва Банӣ Исроил дар ҷанг буд, кумак кард.[17] Аллома Таботабоӣ «ахлада ила-л-арз (локиннаи ахлди илои аларз )-ро киноя аз тамоюл ба лаззоти дунё ва пойбандӣ ба дунё медонад, ва ҳамин алоқаи ба дунёро заминасози гумроҳӣ ва маҳрумияти Балъами Боуро аз ҳидоят дониста аст.[18]

Достонҳои мутафовит

Наққошии саҳнаи рафтани Балъам барои нафрини ҳазрати Мусову қавмаш ва боз истодани улоғи Балъам аз ҳаракат бо дидани фаришта Дар бораи Балъам достонҳои мухталифе нақл шудааст. Теъдоде аз муффасирон, ин ривоётро аз исроилиёт ва ғайриқобилии эътимод донистаанд.[19] Бархе аз онҳо иборатанд аз:

  • Балъам хоҳони нобудии сипоҳи ҳазрати Мусо (а) буд, аз ин рӯ, аз ҳоким хост, ки занонро ба истиқболи Банӣ Исроил бифиристанд, шояд онон ба ин сурат ба зино дучор шуда ва Худованд нобудашон кунад.[20]
  • Ба Балъам ваъдаи се дуои мустаҷоб дода шуд. Ҳамсари ӯ дархост кард, ки як дуоро ба ӯ ихтисос диҳад. Балъам низ қабул кард. Ҳамсараш аз ӯ хост, ки дуо кунад ӯ зеботарин зани Банӣ Исроил шавад, бо дуои Балъам ӯ чунин шуд. Ҳамсараш вақте дид, ки байни Банӣ Исроил зеботар аз ӯ нест, аз Балъам рӯйгардон шуд. Аз ин рӯ, Балъам дуо кард ва ӯ табдил ба саг шуд. Фарзандони Балъам бо исрор аз ӯ хостанд, ки модарашонро аз он ҳолат барорад ва ӯ низ чунин кард.[21]
  • Бар асоси бархе манобеъ замоне, ки Балъами хост барои нафрини ҳазрати Мусо (а) ва қавмаш биравад, улоғи ӯ аз ҳаракат боз истод. Балъам ӯро зад ва ин амал, се маротиба такрор шуд. Сипас ҳайвон ба изни илоҳӣ ба сухан омад ва ба Балъам гуфт, ки малоикаро мебинад, ки пеши роҳи ӯро мегиранд.[22] Ин достон дар Таврот низ омада аст.[23]

Эзоҳ

  1. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407, ҷ.8, саҳ.29.
  2. Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.379.
  3. Файзи Кошонӣ, тафсири ас-Софӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.253.
  4. Табарӣ, Таърихи Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.437.
  5. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.14.
  6. Ровандӣ, Қасас-ул-анбиё, 1409ҳ.қ., саҳ.173.
  7. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407, ҷ.8, саҳ.29.
  8. Ибни Асокир, Таъриху мадинати Димишқ, 1415ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.396.
  9. Олусӣ, Рӯҳ-ул-маъонӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.104.
  10. Сураи Аъроф, ояти 175.
  11. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.14/ Табарӣ, Ҷомеъ-ул-баён, 1412ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.82.
  12. Айёшӣ, ат-Тафсир, 1380ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.42.
  13. Баҳронӣ, ал-Бурҳон, 1416ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.615.
  14. Файзи Кошонӣ, тафсири ас-Софӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.253/ Шайхи Тӯсӣ, ат-Тибён, ҷ.5, саҳ.32.
  15. Қумӣ, Тафсири ал-Қумӣ, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.248.
  16. Қумӣ, Тафсири ал-Қумӣ, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.248.
  17. Масъудӣ, Исбот-ул-васият, 1384ҳ.ш., саҳ.65.
  18. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.333.
  19. Рашид Ризо, ал-Манор, 1990м., ҷ.9, саҳ.348.
  20. Табарӣ, Ҷомеъ-ул-баён, 1412ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.85.
  21. Ибни Асокир, Таъриху мадинати Димишқ, 1415ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.399.
  22. Ибни Касир, Тафсир ал-Қуръон-ил-азим, 1419ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.460.
  23. Таврот, Сифри аъдод, 22 : 21 - 32.

Сарчашма

  • Ибни Асокир, Алӣ ибни Ҳасан, Таъриху мадинати Димишқ, Бейрут, Дорулфикр, 1415ҳ.қ.
  • Ибни Касири Димишқӣ, Исмоил ибни Амр, Тафсир ал-Қуръон-ил-азим, таҳқиқ: Шамсиддин, Муҳаммад Ҳусайн, Бейрут, Дорулкутубил-илмия, маншуроти Муҳаммадалии Байзун, чопи аввал, 1419ҳ.қ.
  • Олусӣ, Сайид Маҳмуд, Рӯҳ-ул-маъонӣ фи тафсир-ил-Қуръон-ил-азим, таҳқиқ: Атия, Алӣ Абдулборӣ, Бейрут, Дорулкутубил-илмия, чопи аввал, 1415ҳ.қ.
  • Баҳронӣ, Сайидҳошим, ал-Бурҳон фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Бунёди беъсат, чопи аввал, 1416ҳ.қ.
  • Рашид Ризо, Тафсири ал-Манор, Миср, алҳайъатулмисриятулъома лилкитоб, 1990м.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Ҷомеъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дорулмаърифат, чопи аввал, 1412ҳ.қ.
  • Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, таҳқиқи Муҳаммади Абулфазли Иброҳим, Бейрут, Доруттурос, 1387ҳ.қ.
  • Айёшӣ, Муҳаммад ибни Масъуд, ат-Тафсир, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ, Расулии Маҳаллотӣ, Ҳошим, Теҳрон, ал-Матбаъатулъилмия, чопи аввал, 1380ҳ.қ.
  • Файзи Кошонӣ, Мулломуҳсин, тафсири ас-Софӣ, таҳқиқ: Аъламӣ, Ҳусайн, Теҳрон, интишороти ас-Садр, чопи дувум, 1415ҳ.қ.
  • Қутбиддини Ровандӣ, Саид ибни Ҳибатуллоҳ, Қасас-ул-анбиё алайҳимуссалом, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Ирфониёни Яздӣ, Ғуломризо, Машҳад, Маркази пажӯҳишҳои исломӣ, чопи аввал, 1409ҳ.қ.
  • Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, Тафсири ал-Қумӣ, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Мусавии Ҷазоирӣ, Сайид Таййиб, Қум, Дорулкитоб, чопи сеюм, 1404ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Ғаффорӣ, Алиакбар, Охундӣ, Муҳаммад, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
  • Масъудӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Исбот-ул-васият ли-л-Имом Алӣ ибни Абутолиб, Қум, интишороти Ансориён, чопи сеюм, 1384ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна,Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, чопи аввал, 1374ҳ.ш.