Ал-Фусул-ул-ғаравийяти фи-л-усул-ил-фиқҳийя (китоб)

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ал-Фусул-ул-ғаравийя)
ал-Фусул-ул-ғаравийяти фи-л-усул-ил-фиқҳийя
НависандаМуҳаммадҳусайн Ҳоирии Исфаҳонӣ
МавзуъУсули фиқҳ
Забонарабӣ
НоширДор-ул-эҳё-ил-улум-ил-исломӣ
Санаи нашр1404ҳ.қ.


ал-Фусул-ул-ғаравийяти фи-л-усул-ил-фиқҳийя (арабӣ: الفُصولُ الغَرَویَّة فی الاُصول الفِقهیَّة) китобе бо мавзуи усули фиқҳ ва ба забони арабӣ, таълифи Муҳаммадҳусайн Ҳоирии Исфаҳонӣ маъруф ба Соҳиби Фусул, аз фақиҳони машҳури шиа дар қарни сездаҳуми ҳиҷрии қамарӣ, аст. Ин китоб аз китобҳои дарсии ҳавзаҳои илмия буда ва Оқобузурги Теҳронӣ дар аз-Зариъа, понздаҳ ҳошия бар он ном бурдааст.

ал-Фусул дорои як муқаддама ва се бахш аст, ки дар муқаддамаи он мабоҳиси таърифи илми усули фиқҳ, вазъ, маҷозу ҳақиқат, ҳақиқати шаръӣ ва муташарриъа, саҳеҳу аъам ва муштақ зикр шуда ва дар бахши аввал, матолибе чун сиғаи амр, тақсимоти воҷиб, наҳй ва иҷтимои амру наҳй омадааст. Бахши дувум ба баррасии ҳуҷҷияти Қуръон, иҷмоъ, хабари воҳид ва ҳаҷҷияти феъл, тақрир ва сукути маъсуми пардохта, ва дар бахши сеюм, далелҳои ақлӣ, иҷтиҳоду тақлид ва таъодулу тароҷиҳ баён шудааст.

Китоби Фусул дар соли 1232ҳ.қ. интишор ёфта ва чопҳои гуногуне дорад. Нусхаи хаттие аз ин асар (санаи китобат: 1249ҳ.қ.), дар китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ нигаҳдорӣ мешавад.

Аҳамияти китоб

ал-Фусул-ул-ғаравийяти фи-л-усул-ил-фиқҳийя, китоби дарсии ҳавзаҳои илмияи шиа дар илми усул буд ва миёни аҳли илм шӯҳрат дошт.[1] Гуфта шуда дар асари шӯҳрати ал-Фусул-ул-ғаравийя, муаллифи он низ ба Соҳиби Фусул маъруф шуд.[2]

Сайид Муҳаммадбоқири Хонсорӣ, муаллифи китоби Равзот-ул-ҷаннот онро аз беҳтарин осор ва китобҳои дониши усул ва дарбардоранди андешаҳои амиқ донистааст.[3] Бо тадриси ал-Фусул дар ҳавзаҳои илмияи шиа, назароти мухталифе дар бораи он баён шуда ва аз ҷумла Шайх Муртазо Ансорӣ дар китоби Расоил борҳо ба баррасӣ ва нақди назароти Фусул пардохтааст.[4] Гуфта шуда Муҳаммадкозими Хуросонӣ дар Кифоят-ул-усул дар ҳафтод маврид, орои усулии Соҳиби Фусулро матраҳ кардааст.[5]

Нависанда

Мақолаи аслӣ: Муҳаммадҳусайн Ҳоирии Исфаҳонӣ

Муҳаммадҳусайн ибни Абдурраҳим Исфаҳонии Ҳоирӣ (ваф.1254ҳ.қ.[6] ё 1261ҳ.қ.[7]) аз фақиҳон ва усулиёни шиа дар қарни сездаҳуми қамарӣ аст.[8] Ӯ назди бародараш Муҳаммадтақии Исфаҳонӣ, нависандаи Ҳидоят-ул-мустаршидин ва Алӣ ибни Ҷаъфар Кошифулғито шогирдӣ кард.[9] Вай дар Карбало фиқҳ ва усул тадрис мекард[10] ва марҷаъи тақлид буд.[11]

Гуфта шуда ки Соҳиби Фусул шогирдони бисёре дошт; аз ҷумла Сайид Ҳусайн Кӯҳкамарӣ, Сайид Алинақӣ Таботабоӣ, Сайид Зайнулъобидин Таботабоӣ ва Муҳаммадҳусайн Оли Ёсин.[12] Ӯ имомҷамоати ҳарами Имом Ҳусайн (а) буд ва пас аз вафот дар ҳамонҷо дафн шуд.[13]

Муҳтаво ва сохтори китоб

Китоби Фусул шомили 120 фасл ва чанд бахш (танбеҳ) аст[14] ки тибқи нақли нависанда дар сафҳаи нахусти китоб, дар зимни як муқаддама, чанд мақола ва хотима баён шудааст.[15] Ба гуфтаи Соҳиби Фусул дар муқаддамаи китоб, ӯ ба дархости яке аз дӯстони фозилаш ба тарҳу нақди андешаҳои усулии китоби Қавонин-ул-усул дар ин китоб пардохтааст.[16] Муқаддама шомили мабоҳиси таърифи илми усули фиқҳ, вазъ, маҷозу ҳақиқат, ҳақиқати шаръӣ ва муташарриъа, саҳеҳу аъам ва муштақ аст.[17] Нависанда то поёни китоб, қисматҳо ва мабоҳиси мухталифи китобро бо унвони "Фасл" аз ҳам ҷудо сохтааст.[18]

Мақолаи аввал дарбардорандаи мабоҳиси сиғаи амр, муқаддимаи воҷиб, зид, тақсимоти воҷиб, иҷзо, наҳй, иҷтимои амру наҳй, мафоҳим, омму хос, мутлақу муқайяд, муҷмалу мубайян ва насх аст.[19] Мақолаи дувум ба баррасии ҳуҷҷияти Қуръон, иҷмоъ, хабари воҳид ва ҳуҷҷияти феъл, тақрир ва сукути маъсум пардохтааст. Тарҳи масоили адиллаи ақлӣ чун ҳусну қубҳи ақлӣ, бароъат, истисҳоб, иҷтиҳоду тақлид ва таъодулу тароҷиҳ дар мақолаи сеюм қарор дорад. Китоб дорои хотима нест, агарчи дар чопҳои роиҷ, унвони хотима барои баҳси таъодулу тароҷиҳ истифода шудааст.[20] Ба гуфтаи Сайид Муҳаммадбоқири Хонсорӣ китоби Фусул ҳамаи матолиби илми усулро дарбар надорад.[21]

Ҳошияҳо ва шарҳҳои китоб

Оқобузурги Теҳронӣ (1389ҳ.қ.), китобшиноси шиа, дар китоби аз-Зариъа понздаҳ ҳошия бар Фусул ном бурдааст.[22] Ба гуфтаи ӯ, бештари ҳошияҳо бар китоби Фусул, ба ҳамаи мабоҳиси он напардохтаанд.[23] Ҳошияҳои Фусул иборатанд аз:

  1. Ҳошияи Шайх Аҳмад Шерозии Шонасоз
  2. Ҳошияи Мирзо Муҳаммадбоқир Қозӣ Таботабоӣ
  3. Ҳошияи Сайид Исмоили Марандӣ аз шогирдони Шайх Муртазо Ансорӣ
  4. Ҳошияи Муҳаммадҳасани Кубба
  5. Ҳошияи Муҳаммадризои Дезфулӣ
  6. Ҳошияи Сайид Содиқ Санглаҷии Теҳронӣ
  7. Ҳошияи Сайид Абдукарими Лоҳиҷӣ
  8. Ҳошияи Маҳмадалии Қарочадоғӣ
  9. Ҳошияи Муҳаммади Омулӣ
  10. Ҳошияи Мирзо Муҳаммади Туникобунӣ
  11. Ҳошияи Сайид Муҳаммади Табрезӣ
  12. Ҳошияи Мирзо Насруллоҳи Шерозӣ
  13. Ҳошияи Алӣ Марандии Наҷафӣ
  14. Ҳошияи Мавло Исмоили Қарабоғӣ ки Оқобузург муҳтавои онро орои худи Соҳиби Фусул донистааст.[24]
  15. Ҳошияи Мирзо Фатҳуллоҳи Намозӣ, маъруф ба Шариати Исфаҳонӣ ки аз ибтидои Фусул то поёни мабоҳиси вазъро дарбар дорад.[25]

Шарҳҳо

Мифтоҳу муқаффалот-ил-усули фи тавзеҳи муъзалот-ил-Фусул, навиштаи Сайид Ҳасан ибни Сайид Аҳмади Кошонӣ.[26]

Дақоиқ-ул-усули фи шарҳ-ил-Фусул, аз Муҳаммаднабӣ ибни Аҳмади Туйсирконӣ.[27]

Талхис

«Хулосат-ул-Фусули фи илм-ил-усул» асари Сайид Садриддини Садр (ваф.1373ҳ.қ.), ба забони арабӣ; гуфта шуда Садр дар ин китоб Фусулро талхис кард то ба ҷои он ва китоби Қавонин дар ҳавза тадрис шавад чароки талабаҳо ба ҷиҳати тӯлонӣ будани китоби Фусул фақат бахше аз онро мехонданд.[28]

Чопу нашр

Китоби Фусул аз соли 1232ҳ.қ. интишор ёфт[29] ва нусхаҳои хаттие аз он дар китобхонаҳо вуҷуд дорад[30] ки ду намунаи он иборатанд аз:

1. Нусхаи китобхонаи Сайид Шаҳобуддин Маръашӣ, шумораи 3424, ба хатти Абдулваҳҳоб ибни Абулқосим Разавии Ҳамадонӣ (шогирди нависанда) ки дар 19 рабиуссонӣ 1249ҳ.қ. дар Наҷаф китобат шуда ва муқобилаву тасҳеҳашро бародари котиб - Мирзо Абӯтуроб, анҷом додааст.[31]

2. Нусхаи китобхонаи Сайид Муҳаммадризои Гулпойгонӣ, шумораи 9428, ба хатти шикастаи настаълиқи Муҳаммадтақӣ ибни Муҳаммадисмоили Астарободии Ҷурҷонӣ (шогирди нависанда) дар 14 сафари 1252ҳ.қ. дар Наҷаф.[32]

Ин асари чопҳои гуногуне дорад ки аз ҷумлаи он чопи Матбаат-ул-одоби Наҷаф, Дору эҳё-ил-улум-ил-исломия дар Қум ва корхонаи Муллофазлуллоҳ аст.

Ҳамчунин 10 чопи сангӣ аз Фусул дар китобҳои феҳрист муаррифӣ шудааст.[33] Бархе аз онҳо иборатанд аз:

  • Теҳрон, 1261ҳ.қ., ба хатти Муҳаммадризо ибни Абилқосим, дар қатъи раҳлӣ.
  • Теҳрон, 1266ҳ.қ., ба хатти Маҳмуд ибни Ғуломризои Қумӣ.
  • Теҳрон, 1269 - 1270ҳ.қ., бо тасҳеҳ ва муқобилаи Муҳаммадҳасан ибни Ҳоҷалӣ Қумӣ ба хатти Муҳаммад Содиқ Абулҳасани Гулпойгонӣ ҷилди аввал ва Алиакбар ибни Алӣ Гулпойгонӣ ҷилди дувум.
  • Теҳрон, 1274ҳ.қ., ба иҳтимоми Оқомӯсо Теҳронӣ, ба хатти Маҳдӣ Хонсорӣ.

Эзоҳ

  1. Хонсорӣ, Равзот-ул-ҷаннот, 1390ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.126
  2. شیخ محمد حسین حائری اصفهانی (صاحب فصول), пойгоҳи иттилоърасонии Ҳавза
  3. Хонсорӣ, Равзот-ул-ҷаннот, 1390ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.126
  4. محمدحسین حائری(صاحب فصول), Донишномапажӯҳаи Донишкадаи Боқирулъулум
  5. محمدحسین حائری(صاحب فصول), Донишномапажӯҳаи Донишкадаи Боқирулъулум
  6. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1408ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.164
  7. Хонсорӣ, Равзот-ул-ҷаннот, 1390ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.126
  8. Амин, Аъён-уш-шиа, 1421ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.233
  9. Амин, Аъён-уш-шиа, 1421ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.233
  10. Хонсорӣ, Равзот-ул-ҷаннот, 1390ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.126
  11. Ереванӣ, ал-Усули фи илми ал-усул, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.97
  12. محمدحسین حائری(صاحب فصول), Донишномапажӯҳаи Донишкадаи Боқирулъулум
  13. Хонсорӣ, Равзот-ул-ҷаннот, 1390ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.126
  14. محمدحسین حائری(صاحب فصول), Донишномапажӯҳаи Донишкадаи Боқирулъулум
  15. Ҳоирии Исфаҳонӣ, ал-Фусул-ул-ғаравийя, 1404ҳ.қ., саҳ.1
  16. Ҳоирии Исфаҳонӣ, ал-Фусул-ул-ғаравийя, 1404ҳ.қ., саҳ.1
  17. Ҳоирии Исфаҳонӣ, ал-Фусул-ул-ғаравийя, 1404ҳ.қ., саҳ.447
  18. Ҳоирии Исфаҳонӣ, ал-Фусул-ул-ғаравийя, 1404ҳ.қ., саҳ.447
  19. Ҳоирии Исфаҳонӣ, ал-Фусул-ул-ғаравийя, 1404ҳ.қ., саҳ.447
  20. Ҳоирии Исфаҳонӣ, ал-Фусул-ул-ғаравийя, 1404ҳ.қ., саҳ.447
  21. Хонсорӣ, Равзот-ул-ҷаннот, 1390ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.126
  22. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1408ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.164 - 167
  23. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1408ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.164
  24. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1408ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.165
  25. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1408ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.167
  26. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1408ҳ.қ., ҷ.21, саҳ.350
  27. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1408ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.234
  28. Ризоӣ, «Сайид Садриддини Садр, қуллаи тавозуъ», саҳ.58
  29. محمدحسین حائری(صاحب فصول), Донишномапажӯҳаи Донишкадаи Боқирулъулум
  30. Қосимӣ, Аҳволу осори Шайх Муҳаммадтақӣ Розӣ Наҷафии Исфаҳонӣ, 1394ҳ.ш., саҳ.118
  31. Қосимӣ, Аҳволу осори Шайх Муҳаммадтақӣ Розӣ Наҷафии Исфаҳонӣ, 1394ҳ.ш., саҳ.119
  32. Қосимӣ, Аҳволу осори Шайх Муҳаммадтақӣ Розӣ Наҷафии Исфаҳонӣ, 1394ҳ.ш., саҳ.119
  33. Қосимӣ, Аҳволу осори Шайх Муҳаммадтақӣ Розӣ Наҷафии Исфаҳонӣ, 1394ҳ.ш., саҳ.119

Сарчашма

  • «محمدحسین حائری(صاحب فصول)», сайти Донишномапажӯҳаи Донишкадаи Боқирулъулум, санаи интишор: 12 меҳри 1394ҳ.ш., санаи боздид: 17 баҳмани 1401ҳ.ш.
  • «شیخ محمد حسین حائری اصفهانی (صاحب فصول)», дар Уфуқи ҳавза, 8 урдибиҳишти 1389ҳ.ш.
  • Амин, Сайид Муҳсин, Аъён-уш-шиа, Бейрут, Дор-ут-таоруф, 1421ҳ.қ.
  • Гурӯҳи илмии Муассисаи Имом Содиқ (а), Мавсуату табақот-ил-фуқаҳо, ҷ.14, зери назари Ҷаъфари Субҳонӣ, Қум, Муассисату ал-Имом ас-Содиқ (а), 1418ҳ.қ.
  • Ереванӣ, Алӣ, ал-Усулу фи илм-ил-усул, Қум, Муассисаи нашри исломӣ, 1420ҳ.қ.
  • Оқобузурги Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсин, аз-Зариъату ило тасониф-иш-шиа, Қум, Исмоилиён, 1408ҳ.қ.
  • Ризоӣ, Муҳаммад, «Сайид Садриддини Садр, қуллаи тавозуъ», Фарҳанги кавсар, №16, тири 1377ҳ.ш.
  • Хонсорӣ, Муҳаммадбоқир, Равзот-ул-ҷанноти фи аҳвол-ил-уламои ва-с-содот, Қум, Исмоилиён, 1390ҳ.ш.
  • Қосимӣ, Раҳим, Аҳволу осори Шайх Муҳаммадтақӣ Розӣ Наҷафии Исфаҳонӣ ва хонадонаш, Қум, Муассисаи китобшиносии шиа, 1394ҳ.ш.
  • Ҳоирии Исфаҳонӣ, Муҳаммадҳусайн, ал-Фусул-ул-ғаравийяти фи-л-усул-ил-фиқҳийя, Қум, Дору эҳё-ил-улум ил-исломия, 1404ҳ.қ.