Абуҷаҳл

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Абӯҷаҳл)
Абуҷаҳл
Маҳалли зиндагӣМакка
Санаи таваллуд554 м
ЗодгоҳМакка
ХешовандонИкрама ибни Абиҷаҳл
ФаолиятҳоУзвият дар Доруннадва ва мухолифати сарсахтона бо Ислому мусалмонон
Шинохташуда бароиДушманӣ бо Пайғамбар (с)


Амр ибни Ҳишом ибни Муғайраи Махзумӣ (ар. عمرو بن هشام بن مغیرة مخزومی) машҳур ба Абуҷаҳл (ваф. 2ҳ.қ.) аз мухолифони Пайғамбар (с) ва Ислом дар Макка.

Тарроҳии нақшаи қатли Пайғамбар (с), шиканҷа ва таҳдиди тозамусулмонон, манъи мардум аз шунидани оёти Қуръон, тавҳину иҳонат ба Пайғамбар (с), талош барои қатъи робитаи Қурайш бо Банӣ Ҳошим ва заминасозии ҷанги Бадр аз иқдомоти ӯ алайҳи Ислому муслимин буд.

Муффасирон дар зери ҳудуди сӣ ояти Қуръон аз ӯ сухан гуфтаанд.

Абуҷаҳл дар шаклгирии ҷанги Бадр нақши асосӣ дошт ва дар ҳамин ҷанг дар сипоҳи мушрикон кушта шуд.

Насаб, куния ва лақаб

Амр ибни Ҳушом ибни Муғайра аз мухолифони Пайғамбар (с) буд ва ҳамвора бо ӯ душманӣ мекард.[1] Падараш Ҳишом ибни Муғайра аз тираи Банӣ Махзум буд ва Қурайш марги ӯро мабдаи таърихи худ қарор дода буданд.[2] Модараш Асмо духтари Мухриба ибни Ҷандали Ҳанзалӣ аз Банӣ Тамим буд.[3] Аз ин рӯ , Ибни Ҳанзала низ номида шудааст.[4]

Кунияи Абуҷаҳл Абулҳакам буд, аммо Пайғамбар (с) ӯро Абуҷаҳл номид.[5] Далели ин номгузорӣ, ҷаҳолати ӯ ва душманиаш бо Ислом зикр шудааст.[6] Ҳамчунин бино бар ривояте аз Пайғамбар (с), Фиръавни уммати Ислом, Абуҷаҳл аст.[7]

Икрама ибни Абиҷаҳл, фарзанди ӯ буд, ки бо Пайғамбар (с) душманӣ мекард, аммо пас аз Фатҳи Макка мусулмон шуд.[8]

Мухолифат бо Ислом

Абуҷаҳл бо Пайғамбар (с) душманӣ мекард ва ба шеваҳои мухталиф ба ӯ носазо мегуфт[9] ва тавҳин мекард.[10]

Ҳамчунин шаъни нузули бархе аз оёти Қуръон, Абуҷаҳл ва рафторҳои ӯ дар мухолифат бо Ислом ва Пайғамбар (с) дониста шудааст.[11]

Дар Доират-ул-маорифи Қуръон 32 оят зикр шудааст, ки муффасирон онҳоро дар бораи Абуҷаҳл донистаанд.[12]

Ӯ барои ҷилавгирӣ аз густариши Ислом, иқдомоте анҷом дод, ки бархе аз онҳо иборатанд аз:

Ҷилавгирӣ аз расидани оёти Қуръон ба гӯши мардум

Муҳаммад ибни Аҳмади Қуртубӣ дар тафсири ояти «وَ قَالَ الَّذِینَ کَفَرُواْ لَا تَسْمَعُواْ لهَِذَا الْقُرْءَانِ وَ الْغَوْاْ فِیهِ لَعَلَّکمُ‌ْ تَغْلِبُون‌» «Кофирон гуфтанд: ба ин Қуръон гӯш фаро надиҳед ва ба ҳангоми тиловати он ҷанҷол кунед, шояд пирӯз шавед!»[13] аз Ибни Аббос нақл карда, ки ҳар вақте ки Пайғамбар, Қуръон мехонд, Абуҷаҳл мегуфт доду фарёд кунед, то мардум нашунаванд ӯ чӣ мегӯяд.[14]

Тарроҳии нақшаи қатли Пайғамбар (с)

Ба гузориши Абдулмалик ибни Ҳишом, мушрикони Макка дар Доруннудва барои тасмимгирӣ дар бораи наҳваи бархӯрд бо Пайғамбар (с) ҷамъ шуда, ҳар кадом пешниҳоде матраҳ карданд. Абуҷаҳл пешниҳод дод, ки Муҳаммадро бикушем, аммо дар қатли ӯ ҳамаи қабоил иштирок кунанд, то Банӣ Ҳошим натавонад бо ҳамаи қабоил, даргири ҷанг шавад ва ба хунбаҳои ӯ ризоят диҳанд.

Пешниҳоди Абуҷаҳл пазируфта шуд, аз ин рӯ, дар «Лайлат-ул-мабит» барои амалӣ кардани нақшаи қатли Пайғамбар (с) аз ҳар қабилае як нафар ҳозир шуд. Абуҷаҳл низ дар миёни ҳозирон буд ва ононро ташвиқ мекард, аммо бо хуруҷи Пайғамбар (с) ва хобидани Имом Алӣ (а) дар ҷои ӯ ин нақша амалӣ нашуд.[15] Абуҷаҳл дар сисолагӣ ба узвияти Доруннудва даромада буд, дар ҳоле ки дар он замон аъзои Доруннудва ба ҷуз Банӣ Қусай мебоист беш аз чиҳил сол син дошта бошанд.[16]

Абуҷаҳл ҳамчунин талош мекард, ки робитаи Қурайш бо Банӣ Ҳошимро қатъ кунад.[17] Ва монеи расидани озӯқа ба Банӣ Ҳошим дар шиъби Абитолиб мешуд.[18]

Шиканҷа ва таҳдиди навмусулмонон

Абуҷаҳл монеи пайвастани афрод ба Ислом мешуд.[19] Ҳангоме, ки касе мусулмон мешуд, ӯро таҳдид ва шиканҷа мекард, то аз Ислом даст бардорад,[20] аз ҷумла, Билоли Ҳабашӣ,[21] Ёсир ибни Омир ва Сумайя бинти Хаббот ба хотири қабули Ислом ва ҳимоят аз Пайғамбар (с) ба дасти ӯ шиканҷа шуданд ва Сумайя бар асари шиканҷаҳои ӯ ба шаҳодат расид.[22] Ҳамчунин ӯ Айёш ибни Абирубайъа бародари модариаш, ки барои пайвастан ба муҳоҷирон қасди Мадина карда будро аз Қубо ба Макка бозгардонда, зиндонӣ кард.[23]

Бар асоси гузоришҳои таърихӣ, Абуҷаҳл дар муқобила бо навмусулмонон барнома ва нақшаҳои мухталиф дошт. Агар касе ки Ислом оварда буд, дорои ҷойгоҳ ва мавқеияти иҷтимоӣ буд, бо таҳқиру тавҳин ӯро хору беэътибор мекард, ва агар тоҷир буд, ӯро таҳдид ба таҳрим ва беравнақ сохтани тиҷорат ва нобудии сармояаш мекард ва агар ӯ шахси заифе буд, ӯро мезад ва таҳти фишор қарор медод.[24]

Заминасози ҷанги Бадр

Навиштори аслӣ: Ғазваи Бадр

Ба гузориши манобеи таърихӣ, Абуҷаҳл дар шаклгирии ҷанги Бадр нақши асосӣ доштааст. Расулуллоҳ (с) пеш аз вуқуи ин ҷанг, ӯ ва Замъат ибни Асвадро ба хотири пофишорӣ бар ҷанг нафрин кард.[25]

Дар соли дуввуми ҳиҷрӣ, корвоне аз Қурайш, ки Абусуфён раёсати онро бар ӯҳда дошт, мавриди таҳдиди мусулмонон қарор гирифт. Ӯ аз Қурайш дархости кумак кард, Абуҷаҳл бо лашкаре барои ҳимоят аз он корвон аз Макка хориҷ шуд. Бо он ки корвон ба саломат гузашт, аммо ба исрори Абуҷаҳл, лашкари Макка ба тарафи чоҳҳои Бадр ҳаракат кард[26] ва дар он ҷо ҷанги Бадр, байни онон ва сипоҳи мусулмонон рух дод.

Лашкари Макка аз мусулмонон шикаст хӯрд, ки дар он Абуҷаҳл бо тане чанд аз сарони Қурайш кушта шуданд.[27] Абуҷаҳл ба дасти Маоз ибни Амр ва фарзандони Афроъ кушта шуд ва Абдуллоҳ ибни Масъуд сари ӯро аз тан ҷудо кард.[28]

Эзоҳ

  1. Ниг.: Ибни Исҳоқ, Сирату Ибни Исҳоқ, Мактабу диросот-ит-таърих ва-л-маъориф-ил-исломийя, саҳ.145.
  2. Ибни Ҳабиби Бағдодӣ, ал-Муҳаббар, Дор-ул-офоқ-ил-ҷадида, саҳ.139.
  3. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дор-ул-маърифат, ҷ.1, саҳ.623.
  4. Ниг.: Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1959 м, ҷ.1, саҳ.291.
  5. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1959 м, ҷ.1, саҳ.125.
  6. Ибни Дурайд, ал-Иштиқоқ, 1411 ҳ.қ., саҳ.148.
  7. Ибни Исҳоқ, Сирату Ибни Исҳоқ, Мактабу диросот-ит-таърих ва-л-маъориф-ил-исломийя, саҳ.210.
  8. Ибни Ҷавзӣ, ал-Мунтазам, 1412 ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.155 - 156.
  9. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, ҷ.1, саҳ.291.
  10. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, ҷ.1, саҳ.98 - 299.
  11. Барои намуна ниг.: Воҳидӣ, Асбобу нузул-ил-Қуръон, 1411 ҳ.қ., саҳ.487/ Табарӣ, Ҷомеъ-ул-баён, ҷ.22, саҳ.99.
  12. Аъломи Қуръон аз Доират-ул-маъорифи Қуръони Карим, 1385 ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.381 - 391.
  13. Сураи Фуссилат, ояти 26.
  14. Қуртубӣ, Тафсири ал-Қуртубӣ, 1405 қ, ҷ.15, саҳ.356.
  15. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дор-ул-маърифат, ҷ.1, саҳ.482 - 483.
  16. Ибни Дурайд, ал-Иштиқоқ, 1411 ҳ.қ., саҳ.155.
  17. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дор-ул-маърифат, ҷ.1, саҳ.353-354.
  18. Ибни Исҳоқ, Сирату Ибни Исҳоқ, Мактабу диросот-ит-таърих ва-л-маъориф-ил-исломийя, саҳ.161.
  19. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дор-ул-маърифат, ҷ.1, саҳ.320.
  20. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дор-ул-маърифат, ҷ.1, саҳ.320.
  21. Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409 ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.243.
  22. Ибни Абдулбир, ал-Истиъоб, 1412 ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.1865.
  23. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410 ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.96.
  24. Сираи Ибни Ҳишом, ҷ.1, саҳ.279.
  25. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409 ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.46.
  26. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409 ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.37.
  27. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409 ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.89-91.
  28. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409 ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.91.

Сарчашма

  • Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳамад, Усд-ул-ғоба фи маърифат-ис-саҳоба, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1409 ҳ.қ./1989 м.
  • Ибни Исҳоқ, Муҳамад ибни Исҳоқ, Сирату Ибни Исҳоқ, Мактабу диросот-ит-таърих ва-л-маъориф-ил-исломийя, бе то.
  • Ибни Ҷавзӣ, Абдурраҳмон ибни Алӣ, ал-Мунтазам, муҳаққиқ: Ато, Муҳамад Абдулқодир, Ато, Мустафо Абдулқодир, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмийя, чопи аввал, 1412 ҳ.қ.
  • Ибни Ҳабиби Бағдодӣ, Муҳамад ибни Ҳабиб, ал-Муҳаббар, таҳқиқи Элиза Лихтен Штейтер, Бейрут, Дор-ул-офоқ-ил-ҷадида, бе то.
  • Ибни Ҳабиби Бағдодӣ, Муҳамад ибни Ҳабиб, ал-Муҳаббар, ба кӯшиши Элиза Лихтен Штейтер, Ҳайдарободи Дакан, 1361 ҳ.қ./1942 м.
  • Ибни Дурайд, Муҳамад ибни Ҳасан, ал-Иштиқоқ, таҳқиқ ва шарҳ: Абдусалом Муҳамад Ҳорун, Бейрут, Дор-ул-ҷил, 1411 ҳ.қ./ 1991 м.
  • Ибни Саъд, Муҳамад ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, таҳқиқи Муҳамад Абдуқодири Ато, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмийя, 1410 ҳ.қ./ 1990 м.
  • Ибни Абдулбир, Юсуф ибни Абдуллоҳ, ал-Истиъоб фи маърифат-ил-асҳоб, таҳқиқи Алӣ Муҳамад Албаҷовӣ, Бейрут, Дор-ул-маърифат, 1412 ҳ.қ. / 1992 м.
  • Ибни Ҳишом, Абдулмалик ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, ба кӯшиши Мустафо Сақо ва дигарон, Қоҳира, 1375 ҳ.қ./ 1955 м.
  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф, ба кӯшиши Муҳаммад Ҳамидуллоҳ, Қоҳира, 1959 м.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Ҷомеъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Дор-ул-маърифат, Бейрут, 1412 ҳ.қ.
  • Қуртубӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Тафсир-ул-Қуртубӣ, таҳқиқи Муҳаммад Муҳаммад Ҳасанайн, Бейрут, Дору эҳёи-т-турос-ил-арабӣ, 1405 ҳ.қ. /1985 м.
  • Маркази фарҳанг ва маорифи Қуръон, Аъломи Қуръон аз Доират-ул-маъорифи Қуръони Карим, Қум, Бустони китоб, 1385 ҳ.ш.
  • Воҳидӣ, Алӣ Ибни Аҳмад, Асбобу нузул-ил-Қуръон, таҳқиқи Камол Басюнӣ Заълул, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмийя, 1411 ҳ.қ.
  • Воқидӣ, Муҳаммад ибни Умр, ал-Мағозӣ, таҳқиқи Морседен Ҷонс, Бейрут, ат-Табъат-ус-солиса, 1409 ҳ.қ./ 1989 м.