Охират

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ҷаҳони пас аз марг)

Охират, ҷаҳони пас аз марг ва оламе, ки баъд аз дунё меояд. Охират дар баробари зиндагии дунё қарор дорад. Имони ба охиратро аз усули дини Ислом медонанд ва касеро, ки ба он эътиқод надорад, мусулмон намешуморанд. Дар Қуръон бар аҳамияти охират таъкид шуда ва имон ба он аз усули даъвати ҳамаи пайғамбарон буда аст. Гуфтаанд беш аз як сеюми оёти Қуръон ба охират дахлдор аст.

Дар китобҳои каломии мусулмонон аз охират бо унвони маъод ёд шуда ва далоил нақлӣ ва ақлие барои исботи он матраҳ шуда аст. Олимони мусулмони бо иситнод ба оёти Қуръон, охиратро ҷаҳоне комилан мутафовит бо дунё медонанд ва вижагиҳое барои он баён мекунанд; аз ҷумла: ҷовидонагӣ, тафкики некӯкорон аз бадкорон, дидани натиҷаи аъмол ва баҳрамандӣ аз неъматҳо бар асоси шоистагӣ.

Бархе аз олимони мусулмон бар ин боваранд, ки охират пас аз поёни зиндагии дунявӣ оғоз мешавад, аммо гуруҳе низ мегӯянд олами охират ҳамакнун низ ҳаст ва бар дунё иҳота дорад.

Чистӣ

Охират дар луғат ба маънои поён, пасин ва дигар аст[1] ва манзур аз он олами дигаре аст, ки баъд аз дунё меояд.[2] Дар Қуръон барои тавсифи ҷаҳони баъд аз марг ғолибан аз калимаи охират истифода шуда (104 бор) ва гоҳ таъбирҳое чун «дор-ул-охират» (сарои дигар) ва «явм-ул-охар» (рӯзи дигар) ба кор рафта аст.[3]

Аҳамияти бовар ба охират

Эътиқод ба охират аз усули дин ва шарти мусулмонӣ аст; яъне касе ки онро напазирад, мусулмон ба ҳисоб намеравад.[4] Ба гуфтаи Муртазо Мутаҳҳарӣ, муҳимтарин таълиме, ки ҳамаи пайғамбарон пас аз тавҳид, мардумро ба он даъват кардаанд, имон ба олами охират буда аст.[5]

Ба гуфтаи Муҳаммадтақии Мисбоҳи Яздӣ, беш аз як сеюми оёти Қуръон ба охират иртибот дорад.[6] Дар Қуръон эътиқод ба ҷаҳони охират, аз рукнҳои даъвати ҳамаи пайғамбарон, баён шуда аст.[7] Тибқи оёти Қуръон, эътиқод ба охират дар канори имон ба Худо ва имон ба набувват яке аз се рукни дини Ислом аст.[8] Ба бовари ҳамаи мазоҳиби исломӣ, имон ба охират ҷузви заруриёти дин аст ва касе ки ба он имон надошта бошад, мусулмон нест.[9]

Дар китобҳои каломии мусулмонон аз олами охират бо унвони «асли маъод» ёд шуда аст.[10] Барзах, қиёмат, сирот, ҳисоб, шафоат, биҳишт ва дузах аз умури марбут ба охиратанд, ки дар Қуръон, аҳодис ва навиштаҳои олимони мусулмон аз онҳо баҳс мешавад ва тибқи Қуръон бояд ба онҳо эътиқод дошт.[11]

Далоили вуҷуди охират

Олимони мусулмон муҳимтарин далели вуҷуди ҷаҳони охиратро далели нақлӣ аз ҷумла ваҳй медонанд; яъне ҳамин ки пайғамбарон, ки маъсуманд, аз вуҷуди ҷаҳони охират хабар медиҳанд ва мардумро ба он даъват мекунанд, далели вуҷуди ҷаҳон охират аст.[12] Аз ҷумла далоили нақлӣ дар ин замина ояти 7 сураи Тағобун аст: «Бигӯ: оре, савганд ба Парвардигорам, ҳатман барангехта хоҳед шуд!».[13]

Ба гуфтаи Муртазо Мутаҳҳарӣ ба ҷуз далел нақлӣ роҳҳои дигаре ҳам барои исботи олами охират ҳаст, ки дасти кам «қарина ва алматҳо»-и вуҷуди ҷаҳони охиратанд. Ӯ се роҳро дар ин замина ном мебарад: 1. Шинохти Худо, 2. Шинохти ҷаҳон, 3. Шинохти рӯҳ ва нафси инсон.[14] «Бурҳони ҳикмат» ва «бурҳони адолат» аз далоили ақлие аст, ки мутакаллимон барои исботи вуҷуди охират матраҳ мекунанд.[15]

Дар бурҳони ҳикмат гуфта мешавад, бо ҳикмати Худованд созгор нест, ки ҳаёти инсонро, ки имкони ҷовидонагӣ дорад, ба зиндагии дунявӣ маҳдуд кунад; чун Худо инсонро офарида аст, ки Ӯро ба бештарин камоли мумкин бирасонад ва расидан ба бештарин камол дар дунё муҳаққақ намешавад; чароки арзиши вуҷудии камолоти ухравӣ бо камолоти дунявӣ қобили муқоиса нест.[16]

Бурҳони адолат ҳам мегӯяд: аз онҷо ки дар ин дунё некӯкорону бадкорон подош ва кайфари корҳои худро он чунон ки дар хури онҳо аст, намебинанд, адолати Худо иқтизо мекунад, ки ҷаҳони дигаре бошад, ки дар он ҳар фард ба ончи шоистаи он аст, бирасад.[17]

Вижагиҳои охират ва фарқи он бо дунё

Ба гуфтаи Муртазо Мутаҳҳарӣ дар садҳо оят аз Қуръон мавзуъоти муртабит бо олами охират, ҳамчун олами баъд аз марг, рӯзи қиёмат, чигунагии маҳшур шудани мурдагон, мизон, ҳисоб, забти аъмол, биҳишт, ҷаҳаннам ва ҷовидонагии олами охират матраҳ шуда аст.[18] Олимони мусулмон бар асоси оёти Қуръон охиратро оламе комилан дигар бо дунё ва низоми мавҷуд дар он медонанд.[19]

Дар охират ҳамаи инсонҳо аз оғози офариниш то поёни он, ҳамзамон зиндагӣ мекунанд.[20] Дар он, инсонҳо ё дар саодати мутлақанд ва ҳарчӣ бихоҳанд барояшон фароҳам аст, ё дар бадбахтии мутлақанд, ки чизе ҷуз ончӣ бад мепиндоранд, насибашон намешавад, аммо дар дунё, зиндагию марг, баҳрамандию маҳрумият, бадбахтию саодат, ранҷу роҳат ва ғаму шодӣ бо ҳам омехта аст.[21]

Бархе дигар аз вижагиҳои охират бар асоси оёти Қуръон ва ривоёт ба шарҳи зер аст:

* Ҷовидонагӣ: тибқи оёти Қуръон охират поённопазир ва абадӣ аст. Барои мисол дар ояти 34 сураи Қоф баён шуда аст, ки дар охират ба биҳиштиён башорат дода мешавад: «Имрӯз рӯзи ҷовидонагӣ аст!» ҳамчунин дар Ғурар-ул-ҳикам аз Имоми Алӣ (а) нақл шудааст: «Дунё тамомшуданӣ ва охират абадӣ аст!».[22]

* Тафкики некӯкорон аз бадкорон: бар асоси оёти Қуръон, дар охират некӯкорону бадкорон аз ҳам ҷудо мешаванд: «Ва эй гуноҳкорон, имрӯз [аз бегуноҳон] ҷудо шавед!»;[23] «касоне ки куфр варзиданд, ба сӯи дузах гирд оварда хоҳанд шуд, то Худо нопокро аз пок ҷудо кунад».[24] Муъминон хушҳоланд ва ба биҳишт мераванд, кофирон ғамгинанд ва вориди ҷаҳаннам мешаванд:[25] «касоне ки аз Парвардигорашон тақво доштаанд, гуруҳ- гуруҳ ба сӯи биҳишт савқ дода мешаванд»;[26] «ва муҷримонро бо ҳоли ташнагӣ ба сӯи дузах меронем!».[27]

* Дидани натиҷаи аъмол: бар асоси оёти Қуръон инсон натиҷаи аъмоли худ дар дунёро дар охират хоҳад дид: «Ва [натиҷа] кӯшиши ӯ ба зудӣ дида хоҳад шуд. Сипас ҳарчӣ тамомтар ба вай подош медиҳанд»;[28] «пас ҳаркасе ҳамвазни заррае некӣ кунад, [натиҷаи] онро хоҳад дид ва ҳаркасе ҳамвазни заррае бадӣ кунад [натиҷаи] онро хоҳад дид!».[29]

* Баҳрамандӣ бар асоси шоистагӣ: бархилофи дунё, дар охират ҳаркасе бар асоси истеҳқоқаш, баҳраманд мешавад. Дар ҳадисе аз Имом Алӣ (а) омада аст: «авзоъи дунё тобеъи иттифоқ аст ва авзоъи охират аз истеҳқоқи инсонҳо пайравӣ мекунад!».[30]

Маҳдудаи охират

Дар хусуси маҳдудаи охират ихтилофи назар ҳаст: бархе бар ин боваранд, ки охират бо марги инсон ва вурудаш ба олами барзах шурӯъ мешавад, аммо баъзеҳо ҳам олами барзахро ҷузви охират намедонанду мегӯянд: охират пас аз поёни олами барзах оғоз мешавад.[31]

Ҳамчунин мутакаллимон муътақиданд охират дар ояндаи замонии дунё аст, яъне пас аз поёни зиндагии дунявӣ оғоз мешавад, аммо файласуфон бар ин ин боваранд, ки охират ҳамакнун вуҷуд дорад, дар тӯли дунё аст, яъне рутбаи вуҷудиаш бартар аст ва бар он иҳота дорад. Яке аз оёти мавриди истиноди ин гуруҳ ояти 49 сураи Тавба аст: «وَ إِنَّ جَهَنَّمَ لَمُحِيطَةٌ بِالْكَفِرِين» (бешак ҷаҳаннам бар кофирон иҳота дорад).[32]

Тавсияҳои қуръонӣ ва ривоӣ дар бораи охират

Дар оёти Қуръон ва ривоёт супоришҳое дар хусуси охират шуда, ки бархе аз онҳо ба шарҳи зер аст:

  • «Зиндагии дунё, чизе ҷуз бозию саргармӣ нест ва сарои охират, барои онҳо, ки парҳезгоранд, беҳтар аст. Оё намеандешед?!».[33]
  • «Он сарои охиратро барои касоне қарор медиҳем, ки иродаи бартариҷӯӣ дар замин ва фасод надоранд!».[34]
  • «Касе ки охиратро бисёр ёд кунад, гуноҳаш кам мешавад».[35]
  • «Дунёи мазраъа ва киштзори охират аст».[36]
  • «Касе ки дар тӯли шабонарӯз муҳимтарин ҳимматаш охират бошад, Худо бениёзиро дар дилаш ҷой медиҳад, корашро сомон медиҳад ва аз дунё намеравад, магар онки ризқу рӯзиашро комил дарёфт карда бошад!».[37]

Такнигорӣ

Яке аз китобҳо дар бораи охират, Манозил-ул-охират, навиштаи Шайх Аббоси Қумӣ аз олимони қарни чаҳордаҳуми қамарӣ аст. Ӯ дар ин китоб мароҳили ҷаҳони охиратро баён карда аст, ки тибқи он ба тартиби ин гуна аст: марг, қабр, барзах, қиёмат ва сирот. Дар ин китоб аз мизон, ҳисобрасӣ ва азобҳои ҷаҳаннам ҳам сухан омада ва анҷом додан бархе аъмоли ибодӣ ва риоят кардани бархе масоили ахлоқӣ барои гузари осонтар аз мароҳили охират супориш шуда аст.

Манозил-ул-охират ба забонҳои арабӣ, англисӣ, туркӣ ва урдӯ тарҷума шуда аст.

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Муҷтаҳиди Шабистарӣ, “Охират», саҳ.133.
  2. Шаъронӣ, Насри тубо, 1389ҳ.ш., саҳ.15.
  3. Муҷтаҳиди Шабистарӣ, “Охират», саҳ.133.
  4. Мутаҳҳарӣ, Маҷмуаи осор, 1377ҳ.ш./ 1418ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.501.
  5. Мутаҳҳарӣ, Маҷмуаи осор, 1377ҳ.ш./1418ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.501.
  6. Мисбоҳи Яздӣ, Омузиши ақоид, 1384ҳ.ш., саҳ.341.
  7. Муҷтаҳиди Шабистарӣ, “Охират», саҳ.133.
  8. Муҷтаҳиди Шабистарӣ, “Охират», саҳ.133.
  9. Муҷтаҳиди Шабистарӣ, “Охират», саҳ.133.
  10. Мутаҳҳарӣ, Маҷмуаи осор, 1377ҳ.ш./1418ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.501.
  11. Муҷтаҳиди Шабистарӣ, “Охират», саҳ.133.
  12. Мутаҳҳарӣ, Маҷмуаи осор, 1377ҳ.ш./1418ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.502-503.
  13. Мисбоҳи Яздӣ, Омузиши ақоид, 1384ҳ.ш., саҳ.389.
  14. Мутаҳҳарӣ, Маҷмуаи осор, 1377ҳ.ш./1418ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.503.
  15. Мисбоҳи Яздӣ, Омузиши ақоид, 1384ҳ.ш., саҳ.364-366.
  16. Мисбоҳи Яздӣ, Омузиши ақоид, 1384ҳ.ш., саҳ.364.
  17. Мисбоҳи Яздӣ, Омузиши ақоид, 1384ҳ.ш., саҳ.365.
  18. Мутаҳҳарӣ, Маҷмуаи осор, 1377ҳ.ш./1418ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.501.
  19. Нигоҳ кунед ба Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.148/ Мисбоҳи Яздӣ, Омузиши ақоид, 1384ҳ.ш., саҳ.411.
  20. Мисбоҳи Яздӣ, Омузиши ақоид, 1384ҳ.ш., саҳ.411.
  21. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.148.
  22. Омадӣ, Ғурар-ул-ҳикам, 1366ҳ.ш., саҳ.134.
  23. Сураи Ёсин, ояти 59.
  24. Сураи Анфол, ояти 36-37.
  25. Мисбоҳи Яздӣ, Омузиши ақоид, 1384ҳ.ш., саҳ.415.
  26. Сураи Зумар, ояти 73.
  27. Сураи Марям, ояти 86.
  28. Сураи Наҷм, ояти 40-41.
  29. Сураи Зилзол, ояти 7-8.
  30. Омадӣ, Ғурар-ул-ҳикам, 1366ҳ.ш., саҳ.148.
  31. Хуросонӣ, “Охират», саҳ.98.
  32. Хуросонӣ, “Охират», саҳ.98-99.
  33. Сураи Анъом, ояти 32.
  34. Сураи Қасас, ояти 83.
  35. Омадӣ, Ғурар-ул-ҳикам, 1366ҳ.ш., 146.
  36. Ибни Абиҷумҳур, Аволи-л-лаёлӣ, 1405ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.267.
  37. Ибни Шуъбаи Ҳарронӣ, Туҳаф-ул-уқул, 1404ҳ.қ./ 1363ҳ.ш., саҳ.48.

Сарчашма

  • Қуръони Карим.
  • Ибни Абиҷумҳур, Муҳаммад ибни Зайниддин, ‏Аволи-л-лаоли-л-азизийя фи-л-аҳодис-ид-динийя, таҳқиқи Муҷтабо Ироқӣ, Қум, Дору Сайид-уш-шуҳадо ли-н-нашр, чопи аввал, 1405ҳ.қ.
  • Ибни Шуъбаи Ҳарронӣ, Ҳасан ибни Алӣ, Туҳаф-ул-уқул ан Ол-ир-Расул, таҳқиқи Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, Ҷомеаи мударрисин, чопи дувум, 1363ҳ.ш./1404ҳ.қ.
  • Омадӣ, Абдулвоҳид, Таснифу ғурар-ил-ҳикам ва дурар-ил-калим, таҳқиқи Мустафо Дироятӣ, Қум, Дафтари таблиғоти исломӣ, чопи аввал, 1366ҳ.ш.
  • Хуросонӣ, Алӣ, “Охират», Доират-ул-маъорифи Қуръони Карим, ҷ.1, Қум, муассисаи Бустони китоб, чопи панҷум, бе то.
  • Шаъронӣ, Абулҳасан, Насри тубо; луғатномаи Қуръони Карим, таҳқиқи Сайидмуҳаммадризо Ғиёсии Кирмонӣ, Қум, Бунёди фарҳангии Маҳдии Мавъуд, чопи аввал, 1389ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайидмуҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи панҷум, 1417ҳ.қ.
  • Муҷтаҳиди Шабистарӣ, Муҳаммад, “Охират», Доират-ул-маъорифи бузурги исломӣ, ҷ.1, Теҳрон, маркази доират-ул-маъорифи бузурги исломӣ, чопи дувум, 1374ҳ.ш.
  • Мисбоҳи Яздӣ, Муҳаммадтақӣ, Омузиши ақоид, Теҳрон, Амир Кабир, чопи ҳаждаҳум, 1384ҳ.ш.
  • Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Маҷмуаи осор, ҷ.2, Теҳрон, интишороти Садро, чопи ҳафтум, 1377ҳ.ш./1418ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломийя, чопи аввал, 1374ҳ.ш.