Зӣ-Қор

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ҷанги Зиқор)
Нақшаи вилояти Зӣ-Қори Ироқ

Зӣ-Қор (арабӣ: ذی‌قار) минтақае дар ҷануби Ироқ ки дар он, ҷанги Зӣ-Қор байни Сосониён ва аъроби пас аз беъсати Паёмбари Ислом (с) сурат гирифт ва ба пирӯзии аъроб анҷомид. Ҳамчунин Имом Алӣ (а) дар соли 36ҳ.қ. ҷиҳати рӯёрӯӣ бо асҳоби Ҷамал дар минтақаи Зӣ-Қор таваққуф дошт ва дар он ҷо барои ёрони худ хутбае хонд. Ин хутба дар Наҳҷ-ул-балоға нақл шудааст.

Имрӯза Зӣ-Қор номи вилояте дар ҷануби Ироқ бо марказият Носирия аст. Вилояти Зӣ-Қор беш аз ду миллион нафар ҷамъият дорад, ки бештари онон шиа ҳастанд. Шаҳри Ур аз осори бостонии ин вилоят аст, ки зодгоҳи ҳазрати Иброҳим (а) буда ва маъбади Зиггурот дар он қарор дорад.

Мавқеъият ва номгузорӣ

Зӣ-Қор минтақае байни Басра ва Кӯфа дар ҷануби Ироқ аст.[1] Ба гуфта Ёқути Ҳамавӣ дар ин минтақа чоҳи обе аз они қабилаи Бакр ибни Воил буд ки Зуқор ном дошт.[2] Абулҳасани Байҳақӣ аз донишмандони қарни шашум низ ваҷҳи номгузории ин минтақа ба Зӣ-Қорро ба ҷиҳати вуҷуди чоҳе дониста ки оби он сиёҳ, монанди қир будааст.[3]

Воқеаҳо

Аз ҷумлаи воқеаҳо ки дар бораи минтақаи Зӣ-Қори нақл шуда, яке набарди арабҳо бо Сосониён ва дигарӣ утроқи Имом Алӣ (а) дар ин минтақа, дар масири ҷанги Ҷамал аст.

Набарди Зӣ-Қор

Ҷанги Зӣ-Қор дар ин минтақа миёни қабилаи Бакр ибни Воил ва Ҳурмузон фиристодаи Хусрав Парвиз воқеъ шуд.[4] Ин ҷанг ки гуфта мешавад сабаби он кушта шудани Нуъмон ибни Мунзири Лахмӣ аз раисони қабилаи араб тавассути Хусрав Парвиз буд,[5] замоне рух дод ки Паёмбар (с) чилсола буд; вале бархе вуқуъи онро пас аз ҷанги Бадр ва дар айёми ҳузури Паёмбар дар Мадина зикр кардаанд.[6] Дар ин ҷанг аъроб бар фиристодаи Хусрав Парвиз пирӯз шуданд ва аз Паёмбари Худо (с) нақл аст, ки дар бораи он фармуд: «Ин нахустин бор аст, ки ба баракати ман араб аз ғайриараб ҳаққашро гирифт ва бар онҳо пирӯз шуд.»[7]

Масири набарди Ҷамал

Ба гузориши манобеи таърихӣ, Имом Алӣ (а) барои рӯёрӯӣ бо Оиша, Талҳа ва Зубайр, бо лашкари худ аз Мадина ба самти Ироқ ҳаракат кард ва дар оғози вуруд ба Ироқ, дар минтақаи Зӣ-Қор утроқ намуд.[8] Аз Абдуллоҳ ибни Аббос нақл шуда ҳангоме ки дар рикоби Алӣ (а) ба Зӣ-Қор расидем ва таваққуф кардем, ба Имом арз кардам: «Аз Кӯфа афроди каме ба ёрии шумо шитофтанд.» Имом фармуд: «6560 нафар, бидуни каму зиёд, ба ёриам хоҳанд омад.»[9] Баъд аз он, понздаҳ рӯз дар Зӣ-Қор монадем, то ин ки садои шайҳаи асбҳо ва астарҳо баланд шуду лашкари Кӯфа расид. Ман онҳоро шумурдам, дидам ҳамон теъдоде ҳастанд, ки Имом хабар дода буд.[10]

Ҳамчунин аз Ибни Аббос нақл шуда ки дар минтақаи Зӣ-Қори рӯзе хизмати Имом Алӣ (а) расидам дар ҳоле ки кафши худро васла мезад, аз ман пурсид: арзиши ин кафш чӣ қадар аст? Гуфтам: ҳеҷ. Гуфт: ба Худо савганд ин кафши пора дар назари ман аз ҳукумат бар шумо маҳбубтар аст, магар ин ки битавонам ҳаққеро иқома ва ботилеро дафъ кунам. Сипас берун омад ва хутбае барои мардуми хонд.[11] Ин хутба дар Наҳҷ-ул-балоға нақл шудааст ва Имом Алӣ (а) дар он аз ҳикмати беъсати анбиё, бартарии хеш ва мазаммати мухолифон сухан гуфтааст.[12]

Вилояти Зӣ-Қор

Маъбади Зиггурот дар шаҳри Ур

Дар Ироқ вилояте ба номи Зӣ-Қор вуҷуд дорад, ки маркази он шаҳри Носирия дар 180 километрии Басра ва 360 километрии Бағдод қарор дорад.[13] Ин вилоят дар оғози таъсис ба «ал-Мунтафак» шинохта мешуд ва дар давраи ҷумҳурӣ номи он ба Носирия тағйир ёфт. Давлати баъси Ироқ дар соли 1969 мелодӣ номи ин вилоятро Зӣ-Қор гузошт.[14]

Вилояти Зӣ-Қор беш аз ду миллион нафар ҷамъият дорад ва ағлаби сокинони он шиа ҳастанд. Дигар сокинони Зӣ-Қорро аҳли суннат, собеин ва масеҳиён ташкил медиҳанд. Шаҳри Ур аз осори бостонии ин минтақа аст, ки маҳалли сукунати шумериҳо ва окодиён[15] ва зодгоҳи ҳазрати Иброҳим (а)[16] буда ва маъбади Зиггурот дар он қарор дорад.[17]

Эзоҳ

  1. Турайҳӣ, Маҷмаъ-ул-баҳрайн, 1375ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.464
  2. Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, 1995 м, ҷ.4, саҳ.293
  3. Байҳақӣ, Маориҷу Наҳҷ-ил-балоға, 1409ҳ.қ., саҳ.122
  4. Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.307
  5. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1967 м, ҷ.2, саҳ.206
  6. Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.307
  7. Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.307
  8. Ибни Асир, ал-Комил, 1385ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.226
  9. Ибни Абилҳадид, Шарҳу Наҳҷ-ил-балоға, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.187
  10. Ибни Абилҳадид, Шарҳу Наҳҷ-ил-балоға, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.187
  11. Ибни Абилҳадид, Шарҳу Наҳҷ-ил-балоға, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.185
  12. Наҳҷ-ул-балоға, Субҳӣ Солеҳ, саҳ.77, хутбаи 33
  13. Ошноӣ бо вилояти Зӣ-Қор, Ироқёр
  14. Ошноӣ бо вилояти Зӣ-Қор, Ироқёр
  15. Ошноӣ бо вилояти Зӣ-Қор, Ироқёр
  16. Ибни Абиҳотам, Тафсир-ул-Қуръон-ил-азим, 1419ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.2777
  17. Ошноӣ бо вилояти Зӣ-Қор, Ироқёр

Сарчашма

  • Байҳақӣ, алии ибни зайд, Маориҷу Наҳҷ-ил-балоға, Қум, китобхонаи ҳазрати ояти аллоҳи алъузмои Маръашии наҷафӣ, 1409ҳ.қ.
  • Ибни Абилҳадид, Абдулҳамид ибни Ҳибатуллоҳ, Шарҳу Наҳҷ-ил-балоға, таҳқиқи Муҳаммад Абулфазли Иброҳим, Қум, китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, 1404ҳ.қ.
  • Ибни Абиҳотам, Абдурраҳмон, Тафсир-ул-Қуръон-ил-азим, Арабистони Саъудӣ, мактаба Назор Мустафо Албоз, чопи сеюм, 1419ҳ.қ.
  • Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳаммад, ал-Комилу фи-т-таърих, Бейрут, Дору содир, Бейрут, чопи аввал, 1385ҳ.қ.
  • Масъудӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Муруҷ-уз-заҳаб‏, таҳқиқи Асъади Доғир, Қум, Дор-ул-ҳиҷрат, чопи дуввум, 1409ҳ.қ.
  • Наҳҷ-ул-балоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, Қум, нашри Ҳиҷрат, чопи аввал, 1414ҳ.қ.
  • Ошноӣ бо вилояти Зӣ-Қор, Ироқёр, дарҷи матлаб: 26 шаҳривари 1399ҳ.ш., мушоҳида: 23 озари 1400ҳ.ш.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, Дор-ут-турос, Бейрут, чопи дуввум, 1967 м.
  • Турайҳӣ, Фахриддин ибни Муҳаммад, Маҷмаъ-ул-баҳрайн, таҳқиқ ва тасҳеҳи Аҳмад Ҳусайнии Ашкиварӣ, Теҳрон, Муртазавӣ, 1375ҳ.ш.
  • Ҳамавӣ, Ёқути ибни Абдуллоҳ, Муъҷам-ул-булдон, Бейрут, дори содир, чопи дуввум, 1995 м.