Ғайрат

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ҳамийят)
Макорими ахлоқ

Ғайрат (арабӣ: الغِيْرَة) аз фазоили ахлоқие аст, ки инсонро ба дифоъ аз номусу хонавода, дину оин ва ҳамчунин мол ва ватан равона мекунад. Бар асоси ривоёт, ғайратмандӣ аз сифатҳои Худованд аст. Муллоаҳмади Нароқӣ дар китоби Меъроҷ-ус-саодат гуфтааст, муъминон набояд аз хонаводаи худ ғофил бошанд ва дар амре, ки оқибати он ба фасод меанҷомад, набояд беаҳамиятӣ кунанд. Вай иҷрои амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар ва муқобила бо бидъат дар динро аз мисдоқҳои ғайрат донистааст.

Дар ривоёти шиа иффату покдоманӣ, суботи хонавода ва пешгирӣ аз фасод, аз фоидаҳои ғайрат ва дар муқобили он ҳамнишинии маҳрам бо номаҳрам, мусиқии ҳаром, нигоҳ ба номаҳрам ва шаробхорӣ аз иллатҳои эҷоди беғайритӣ, муаррифӣ шудаанд.

Бар асоси ривояте аз Имом Алӣ (а) ифрот дар ғайратварзӣ, метавонад натиҷаи маъкус дошта, сабаби фасод шавад.

Мафҳумшиносӣ

Пайғамбар (с):
اَلا وَ اِنَّ اللهَ حَرَّمَ الْحَرامَ وَ حَدَّ الحُدودَ وَ‌ ما اَحَدٌ اَغْیرَ مِنَ اللهِ وَ مِنْ غَیرَتِهِ حَرَّمَ الْفواحِشَ
«Огоҳ бошед, ки Худованд муҳаррамотро ҳаром ва ҳудудро вазъ кард ва ҳеҷ кас ғаюртар аз Худо нест, ки аз рӯи ғайрат зиштиҳоро ҳаром кардааст!»

Ғайрат дар фарҳанги исломӣ ба унвони як фазилати муҳими ахлоқӣ ба шумор омадааст,[2] ки инсонро ба дифоъ аз обрӯю номус, дину оин ва молу сарзамин бармеангезад.[3]

Калимаи ғайрат дар Қуръони Карим бевосита ба кор нарафтааст, вале Носир Макорими Шерозӣ - аз мароҷеъи тақлиди шиа ва муфассири Қуръон, оёти 60 то 62 сураи Аҳзобро[Ёддошт 1] баёнкунандаи мафҳуми ғайрат донистааст, ки дар он, «мунофиқон, бемордилон ва дурӯғпароканон дар бораи занони покдоман», ба ҷазои шадид, табъид ва қатл таҳдид мешаванд.[4]

Бинобар ривоёти шиа, ғайратмандӣ аз сифоти Худованд аст ва Ӯ таоло беғайратиро намеписандад.[5] Ғайрат дар ривоёти мазкур, ҳамроҳ бо каромату иззат омадааст.[6] Бар асоси бархе ривоёт, мардони беғайрат малъун ҳастанд.[7]

Намунаҳо

Муллоаҳмади Нароқӣ - фақеҳи қарни сездаҳуми ҳиҷрӣ, дар китоби Меъроҷ-ус-саодат, илова бар ғайрат дар бораи занон, ғайрат дар бораи дин, обрӯ ва молро ҳам баён кардааст. Ба бовари Нароқӣ муъминон набояд аз хонаводаи худ ғофил шаванд ва дар бораи амре, ки оқибати он ба фасод мекашад, набояд беаҳамиятӣ кунанд.[8] Нароқӣ ҳамчунин иҷрои бе каму кости амри ба маъруф ва наҳйи аз мункарро аз масодиқи ғайрат донистааст.[9]

Ҳусайни Мазоҳирӣ - аз мароҷеъи тақлиди шиа, илова бар ғайрати шахсӣ, бо такя бар ривоёт, мавориди дигареро барои ғайрат зикр кардааст; аз ҷумла, ғайрати умумӣ ва иҷтимоӣ, ба маънои ғайратварзии мардони ҷомеъа дар бораи ҳамаи занон,[10] ғайрати ватану сарзамин, ба маънои дӯст доштани ватан ва талош барои рушди он,[11] ва ғайрати динӣ, ба маънои дифоъ аз ҳарими Ислом.[12]

Иллатҳое барои беғайратӣ, дар ривоёт зикр шудааст; аз ҷумла: ҳамнишинии маҳрам ва номаҳрам,[13] [Ёддошт 2] мусиқии ҳаром,[14] [Ёддошт 3] нигоҳ ба номаҳрам,[15] шаробхорӣ,[16] [Ёддошт 4] ва хурдани гушти хук.[17] [Ёддошт 5]

Осори ғайрат

Осор ва фоидаҳое барои ғайрат, бо такя ба ривоёти маъсумон зикр шудааст; аз ҷумла:

  • Иффату покдоманӣ: гуфта шудааст, ки агар касе барои номуси худ ҳурмат қоил бошад ва нисбат ба он ғайрат варзад, ба худ иҷозат намедиҳад ба номуси дигарон чашм дошта бошад.[18] Дар ин замина ба ривояте аз Имом Алӣ (а) истинод шудааст: ما زنیٰ غیورٌ قطُّ - Шахси боғайрат ҳаргиз зино намекунад.[19]
  • Пешгирӣ аз фасод: ба ҳамон андоза, ки беғайратӣ ва бетафовутӣ, заминасози фасод дониста шудааст, ғайрату ҳассосият дар баробари мункирот ҳам дорои нақши боздоранда дар баробари фасод талаққӣ шудааст.[20]
  • Суботи хонавода: ғайратмандӣ, сабаби субот ва таҳкими хонавода дониста шудааст; чароки дар ҷомеъае бо мардоне боғайрат, афроди музоҳиму ҳавасрон амният надоранд ва духтарону занони покдоман, дар ҷомеъа эҳсоси оромиш мекунанд.[21]

Зиёдаравӣ дар ғайрат

Дар ривоёти нақлшуда аз маъсумон, аз ғайрати беҷо, бадгумонӣ ва баҳонаҷӯии мард дар бораи зан, наҳй шудааст; чароки натиҷаи маъкус дорад ва худ сабаби фасод мешавад.[22] Дар ин бора ба иборате аз номаи Имом Алӣ ба фарзандаш Имом Ҳасан истинод шудааст: Бипарҳез аз ин ки нодуруст ғайрат биварзӣ, зеро ғайрати беҷо, занони покро ба нопокӣ ва бегуноҳонро ба олудагӣ савқ медиҳад.[23] [Ёддошт 6]

Ҳамчунин дар ривояте аз Имом Содиқ (а), ғайратварзӣ дар амри ҳалол, нафй шудааст: لا غیرة فی الحلال.[24]

Такнигориҳо

Китобҳо ва такнигораҳое дар мавзуи ғайрат мунташир шудааст; аз ҷумла:

  • Гавҳари ғайрат, Фотима Аъзамӣ, маркази ҳифзи осор ва нашри арзишҳои Дифои Муқаддас, Исфаҳон, 1390ҳ.ш.
  • Мақоми ғайрат дар ахлоқ ва ирфони исломӣ, Алиакбари Ифтихорифар, ношир Асри Модерн, 1394ҳ.ш.
  • Ғайрат дар мактаби итрат, Фариди Наҷафиниё, ношир Усва, 1394ҳ.ш.
  • Ғайрати Ҳусайнӣ ва иффати Зайнабӣ, Муҳаммадҳасани Вакилӣ, ношир Муассисаи мутолиоти роҳбурдии улум ва маорифи Ислом, 1395ҳ.ш.
  • Робитаи ғайрати динӣ бо амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар, Ризо Алӣ Карамӣ, нашри Қаламгоҳ, 1393ҳ.ш.

Эзоҳ

  1. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, ҷ.73, саҳ.332
  2. Нароқӣ, Ҷомеъ-ус-саодот, 1381ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.266; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1374ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.280.
  3. Макорими Шерозӣ, Ахлоқ дар Қуръон, 1380ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.431.
  4. Макорими Шерозӣ, Ахлоқ дар Қуръон, 1386ҳ.ш., саҳ.433 ва 434.
  5. Кулайнӣ, Усули кофӣ, 1401, ҷ.8, саҳ.372.
  6. Наҳҷ-ул-балоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, ҳикмати 305, саҳ.529.
  7. Шайх Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1414ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.235.
  8. Нароқӣ, Меъроҷ-ус-саъодат, интишороти Ҷовидон, саҳ.152 - 153.
  9. Нароқӣ, Меъроҷ-ус-саъодат, интишороти Ҷовидон, саҳ.152 - 153.
  10. Мазоҳирӣ, Маърифати нафс, 1394ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.135.
  11. Мазоҳирӣ, Маърифати нафс, 1394ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.137.
  12. Мазоҳирӣ, Маърифати нафс, 1394ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.138.
  13. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, ҷ.14, саҳ.174
  14. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, китоби тиҷорат, боби 100, 1414ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.232, ҳадиси 1; Кулайнӣ, Усули кофӣ, 1401ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.655, ҳадиси 14.
  15. Нурӣ, Мустадрак-ул-васоил, 1408ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.268.
  16. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1414ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.253.
  17. Буруҷердӣ, Тафсири ҷомеъ, 1366ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.156.
  18. Акбарӣ, Ғайратмандӣ ва осебҳо, 1390ҳ.ш., саҳ.38.
  19. Наҳҷулбалоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, ҳикмати 305, саҳ.529.
  20. Акбарӣ, Ғайратмандӣ ва осебҳо, 1390ҳ.ш., саҳ.38.
  21. Акбарӣ, Ғайратмандӣ ва осебҳо, 1390ҳ.ш., саҳ.40 - 41.
  22. Омадӣ, Ғурар-ул-ҳикам ва дурар-ул-калим, 1410ҳ.қ., ҳадиси 2704, саҳ.169; Ҷазоирӣ, Дуруси ахлоқи исломӣ, 1388ҳ.ш., саҳ.163.
  23. Омадӣ, Ғурар-ул-ҳикам, 1410ҳ.қ., ҳадиси 2704, саҳ.169.
  24. Абдус, Бисту панҷ асл аз усули ахлоқии Имомон, 1377ҳ.ш., саҳ.313.

Ёддошт


Сарчашма

  • Акбарӣ, Маҳмуд, Ғайратмандӣ ва осебҳо, Қум, Фатаён, 1390ҳ.ш.
  • Буруҷердӣ, Сайид Муҳаммади Иброҳим, Тафсири ҷомеъ, Теҳрон, интишороти Садр, 1366ҳ.ш.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, чопи Алиакбари Ғаффорӣ, Бейрут, 1401ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Ахлоқ дар Қуръон, Қум, мадрасатул-Имом Алӣ ибни Абитолиб (а), 1387ҳ.ш.
  • Нароқӣ, Аҳмад, Меъроҷ-ус-саодат, Қум, ҳиҷрат, 1377ҳ.ш.
  • Нароқӣ, Маҳди ибни Абузар, Илми ахлоқи исломӣ: тарҷумаи китоби Ҷомеъ-ус-саодот, тарҷумаи Ҷалолиддин Муҷтабавӣ, Теҳрон, 1381ҳ.ш.
  • Наҳҷ-ул-балоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, Бейрут, Дор-ул-китоб-ил-лубнонӣ, 1980м.
  • Наҳҷ-ул-фасоҳа, суханони Пайғамбар, гирдоваранда Абулқосими Поянда, тасҳеҳ ва танзим Абдуррасули Паймонӣ ва Муҳаммадамин Шариатӣ, Исфаҳон, Хотам-ул-анбиё, 1383ҳ.ш.
  • Нурӣ, Мирзоҳусайн, Мустадрак-ул-васоил, Бейрут, муассисаи Ол-ул-байт ли эҳё-ит-турос, 1408ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, тарҷумаи Муҳаммадбоқири Мусавӣ, Қум, дафтари нашри исломӣ, чопи панҷум, 1374ҳ.ш.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиа, Қум, Олулбайт, 1414ҳ.қ.
  • Ҷазоирӣ (Оли Ғафур), Муҳаммадалӣ, Дуруси ахлоқи исломӣ, Қум, маркази мудирияти ҳавзаи илмияи Қум, 1388ҳ.ш.


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found