Ҳадиси Висоят

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ҳадиси висоят)
Ҳадиси Висоят
МавзуъХилофат ва ҷонишинии Имом Алӣ (а)
Содиршуда азПайғамбари Ислом (с)
Ровии аслӣБурайда ибни Ҳусайб
РовиёнСалмони ФорсӣАбуаюби АнсорӣАнас ибни Молик
Сарчашмаи шиаМан ло яҳузуруҳу-л-фақиҳДалоил-ул-имоматМаноқиби Ибни Шаҳрошӯб
Сарчашмаи суннӣФазоил-ус-саҳобаи Ибни ҲанбалМаноқиби Ибни Мағозилӣ


Бо ҳадиси васият иштибоҳ нашавад.

Ҳадиси Висоят (арабӣ: حديث الوصاية) ҳадисе аз Пайғамбари Ислом (с) аст, ки дар он аз Имом Алӣ (а) ба унвони васий ва ҷонишини Пайғамбар ном бурда шудааст. Мазмуни ин ҳадис бо иборатҳои мухталифе дар ҷавомеъи ҳадисии шиаю суннӣ омадааст. Ривояти «لِكُلِّ نَبِيٍّ وَصِيٌّ وَ وَارِثٌ وَ إِنَّ عَلِيّاً وَصِيِّي وَ وَارِثِي» аз машҳуртарин нақлҳои он аст, ки тавассути Бурайда ибни Ҳусайб аз Пайғамбар (с) нақл шудааст.

Матни ҳадис

Ҳадиси Висоят дар манобеи ривоӣ

Ҳадиси висоят дар манобеи ривоии шиа ва суннӣ ҳамчун Фазоил-ус-саҳобаи Ибни Ҳанбал,[1] Маноқиби Ибни Мағозилӣ,[2] ал-Муъҷам-ул-кабири Табаронӣ,[3] Таъриху мадинати Димишқ,[4] Маноқиби Хоразмӣ,[5] ал-Комили Ҷурҷонӣ,[6] Тазкират-ул-хавос,[7] Кифоят-ул-асар,[8] Ман ло яҳузуруҳу-л-фақиҳ,[9] Далоил-ул-имомат,[10] Маноқиби Ибни Шаҳрошӯб[11] ва Биҳор-ул-анвор[12] омадааст. Бурайда ибни Ҳусайб иборати «لِكُلِّ نَبِيٍّ وَصِيٌّ وَ وَارِثٌ وَ إِنَّ عَلِيّاً وَصِيِّي وَ وَارِثِي»-ро аз Пайғамбар нақл кардааст.[13] Пайғамбар дар посухи Салмони Форсӣ, ки аз ӯ дар бораи васий ва ҷонишинаш пурсид, фармуд: васӣ ва вориси ман ва касе ки дайни маро пардохт мекунад ва ваъдаҳои маро ҳатмӣ месозад, Алӣ ибни Абутолиб аст.[14][Ёддошт 1]

Ҳамчунин бар пояи ҳадисе ки аз Алӣ ибни Алии Ҳилолӣ нақл карда, Пайғамбар хитоб ба Фотима (с) фармуд: «وَصِيِّي خَيْرُ الْأَوْصِيَاءِ وَ أَحَبُّهُمْ إِلَى اللَه وَ هُوَ بَعْلُكِ; васийи ман беҳтарин авсиё ва маҳбубтарини онон ба Худованд аст ва он шавҳари ту аст!»[15]

Мазмун

Ҳарами Имом Алӣ

Мазмуни ҳадиси висоят, масъалаи ҷонишинӣ ва хилофати Имом Алӣ (а) аст. Уламои шиа онро аз далоили имомати Алӣ ибни Абутолиб медонанд; онон висоятро ба маънои ҷонишинӣ дониста ва бар ин боваранд, ки Пайғамбар бар асоси ин ҳадис ҳазрати Алӣ (а)-ро ба унвони ҷонишини худ муаррифӣ кардааст,[16] аммо бархе аз уламои аҳли суннат гуфтаанд, висоят дар ин ҳадис ба маънои хилофат нест, балки Пайғамбар супориши хонаводаашро ба Алӣ (а) кардааст.[17] Дар посухи онон гуфтаанд, ки Пайғамбар Имом Алӣ (а)-ро ба сурати мутлақ васийи худ қарор дода ва шоҳиде бар ин иддао, ки висоятро ба умури хонаводааш муқайяд карда бошад, вуҷуд надорад.[18] Ҳамд ибни Абдулмаҷиди салафӣ дар нусхаи таҳқиқии ал-Муъҷам-ул-кабир гуфтааст, агар санади ҳадис саҳеҳ мебуд, бар масъалаи хилофат ва ҷонишинӣ далолат дошт.[19]

Санад

Ҳадиси висоят бо санадҳои мухталифе аз Бурайда,[20] Салмон,[21] Абуайюби Ансорӣ ва Анас ибни Молик[22] дар манобеи аҳли суннат ривоят шудааст. Сибт ибни Ҷавзӣ (нависандаи Тазкират-ул-хавос) ривояти Салмонро ба ду санад нақл кардааст. Ӯ санадеро, ки дар Фазоил-ус-саҳобаи Ибни Ҳанбал омадааст, саҳеҳ медонад.[23]

Бархе уламои аҳли суннат монанди Ибни Ҷавзӣ,[24] Ҷалолиддини Суютӣ[25] ва Ҳайсамӣ[26] ба далели қарор гирифтани Муҳаммад ибни Ҳамиди Розӣ ё Алӣ ибни Муҷоҳид дар санади ҳадис, дар эътибори он ташкик карда, онро напазируфтаанд, дар ҳоле ки ба гуфтаи Сайидалии Милонӣ, Муҳаммад ибни Ҳамид аз ровиёни сиҳоҳи ситта буда ва бархе аз риҷолиён аз ҷумла Яҳё ибни Муин ӯро тавсиқ кардаанд.[27] Ҳамчунин гуфта шудааст, Тирмизӣ нависандаи Сунани Тирмизӣ аз сиҳоҳи ситтаи аҳли суннат ва Аҳмад ибни Ҳанбал аз Алӣ ибни Муҷоҳид ривоят нақл кардаанд.[28]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Нигоҳ кунед ба: Сибт ибни Ҷавзӣ, Тазкират-ул-хавос, 1418ҳ.қ., саҳ.48.
  2. Ибни Мағозалӣ, Маноқибу Алӣ ибни Абитолиб, 1426ҳ.қ., саҳ.167.
  3. Табаронӣ, ал-Муъҷам-ул-кабир, 1405ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.221.
  4. Ибни Асокир, Таъриху мадинати Димишқ, 1415ҳ.қ., ҷ.42, саҳ.392.
  5. Хоразмӣ, ал-Маноқиб, 1414ҳ.қ., саҳ.85.
  6. Ҷурҷонӣ, ал-Комил, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.14.
  7. Сибт ибни Ҷавзӣ, Тазкират-ул-хавос, 1418ҳ.қ., саҳ.48.
  8. Хазози Розӣ, Кифоят-ул-асар, 1401ҳ.қ., саҳ.80
  9. Садуқ, Ман ло яҳузуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.180
  10. Табарии Омулӣ, Далоил-ул-имомат, 1413ҳ.қ., саҳ.90
  11. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқиб, 1379ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.188, ҷ.3, саҳ.66.
  12. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.38, саҳ.154 - 339.
  13. Ибни Мағозалӣ, Маноқибу Алӣ ибни Абитолиб, 1426ҳ.қ., саҳ.167; Ибни Асокир, Таъриху мадинати Димишқ, 1415ҳ.қ., ҷ.42, саҳ.392; Хоразмӣ, ал-Маноқиб, 1414ҳ.қ., саҳ.85; Ҷурҷонӣ, ал-Комил, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.14; Ибни Шаҳрошӯб, Маноқиб, 1379ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.188, ҷ.3, саҳ.66; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.38, саҳ.154 - 339.
  14. Табаронӣ, ал-Муъҷам-ул-кабир, 1405ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.221; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.38, саҳ.12.
  15. Ҳайсамӣ, Маҷмаъ-уз-завоид, 1408ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.165; Табаронӣ, ал-Муъҷам-ул-авсат, 1415ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.327; Ибни Асокир, Таъриху мадинати Димишқ, ҷ.42, 1415ҳ.қ., саҳ.130; Табаронӣ, ал-Муъҷам-ул-кабир, 1404ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.58.
  16. Барои намуна нигоҳ кунед ба: Астарободӣ, ал-Бароҳин-ул-қотеъа, 1382ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.244.
  17. Табаронӣ, ал-Муъҷам-ул-кабир, 1405ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.221.
  18. Пойгоҳи шамими шиа, насси ҳадиси Висоят ва баррасии санади он, бозбинӣ: 13 тири 1396.
  19. Табаронӣ, ал-Муъҷам-ул-кабир, ҷ.6, саҳ.221.
  20. Ибни Асокир, Таъриху мадинати Димишқ, 1415ҳ.қ., ҷ.42, саҳ.392; Хоразмӣ, ал-Маноқиб, саҳ.85; Ҷурҷонӣ, ал-Комил, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.14.
  21. Табаронӣ, ал-Муъҷам-ул-кабир, 1405ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.221.
  22. Сибт ибни Ҷавзӣ, Тазкират-ул-хавос, 1418ҳ.қ., саҳ.48.
  23. Сибт ибни Ҷавзӣ, Тазкират-ул-хавос, 1418ҳ.қ., саҳ.48.
  24. Ибни Ҷавзӣ, ал-Мавзӯъот, 1386ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.376.
  25. Суютӣ, ал-Лолӣ-л-маснуъаҳ фи аҳодис-ил-мавзуъаҳ, Дорулмаърифат, ҷ.1, саҳ.358 ба нақл аз пойгоҳи шамими шиа, насси ҳадиси Висоят ва баррасии санади он, бозбинӣ: 13 тири 1396.
  26. Ҳайсамӣ, Маҷмаъ-уз-завоид, 1408ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.165.
  27. Милонӣ, Ташйид-ул-муроҷиъот ва тафнид-ул-мукобирот, 1427ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.430 - 431.
  28. Пойгоҳи шамими шиа, Насси ҳадиси Висоят ва баррасии санади он, бозбинӣ: 13 тири 1396.

Ёддошт

  1. قلت یا رَسُولَ اللَه لِکُلِّ نَبِیٍّ وَصِیٌّ فَمَنْ وَصِیُّکَ؟ قال فإن وصیی وَ مَوْضِعُ سِرِّی وَ خَیْرُ من أَتْرُکُ بَعْدِی وَ یُنْجِزُ عِدَتِی وَ یَقْضِی دَیْنِی عَلِیُّ بن أبی‌طَالِبٍ. (Табаронӣ, ал-Муъҷам-ул-кабир, 1405ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.221.)

Сарчашма

  • Астарободӣ, Муҳаммадҷаъфар, ал-Бароҳин-ул-қотеъа фи шарҳи таҷрид-ил-ақоид-ис-сотеъа, таҳқиқ: маркази мутолиъот ва таҳқиқоти исломӣ, Қум, мактабатул-эъломил-исломӣ, 1382ҳ.ш.
  • Ибни Асокир, Таъриху мадинати Димишқ, таҳқиқ: Алии Ширӣ, Дорулфикр, Бейрут, 1415ҳ.қ.
  • Ибни Мағозалӣ, Маноқибу Алӣ ибни Абитолиб (а), интишороти Сибтуннабӣ (с), 1426ҳ.қ. – 1384ҳ.ш.
  • Ибни Шаҳрошӯб, Муҳаммад ибни Алӣ, Маноқибу Оли Абитолиб алайҳимуссалом, Аллома, Қум, 1379ҳ.қ.
  • Ибни Ҷавзӣ, ал-Мавзӯъот, таҳқиқ: Абдурраҳмон Муҳаммад Усмон, Мадина, алмактабатул-салафия, 1386ҳ.қ./1966м.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, 1403ҳ.қ.
  • Милонӣ, Сайидалӣ, Ташйид-ул-муроҷиъот ва тафнид-ул-мукобирот, Қум, марказул-ҳақоиқил-исломия, 1427ҳ.қ.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳузуруҳу-л-фақиҳ, тасҳеҳ ва таҳқиқи Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, дафтари интишороти исломии вобаста ба ҷомеъаи мударрисини Қум, 1413ҳ.қ.
  • Сибт ибни Ҷавзӣ, Тазкират-ул-хавос, Қум, маншуроти аш-Шариф ар-Разӣ, 1418ҳ.қ.
  • Табаронӣ, ал-Муъҷам-ул-авсат, таҳқиқ: қисмуттаҳқиқ бидорилҳарамайн, Дорулҳарамайн литтабоъати ваннашри ваттавзиъ, 1415ҳ.қ./1995м.
  • Табаронӣ, ал-Муъҷам-ул-кабир (ҷ.3), таҳқиқ: Ҳамдӣ Абдулмаҷид салафӣ, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, 1404ҳ.қ./1984м.
  • Табаронӣ, ал-Муъҷам-ул-кабир (ҷ.6), таҳқиқ: Ҳамдӣ Абдулмаҷид салафӣ, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, 1405ҳ.қ./1985м.
  • Табарӣ Омулии Сағир, Муҳаммад ибни Ҷарир ибни Рустам, Далоил-ул-имомат, Қум, нашри Беъсат, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
  • Хазози Розӣ, Алӣ ибни Муҳаммад, Кифоят-ул-асар фи-н-насс ала-л-аиммат-ил-исноашар, таҳқиқи Абдуллатиф Ҳусайнии Кӯҳкамарӣ, Қум, нашри Бедор, 1401ҳ.қ.
  • Хоразмӣ, Муваффақ, ал-Маноқиб, таҳқиқ: Молик Маҳмудӣ, муассисаи ан-Нашрул-исломӣ, 1414ҳ.қ.
  • Ҳайсамӣ, Маҷмаъ-уз-завоид, Бейрут, Дорулкутубил-илмия, 1408ҳ.қ./1988м.
  • Ҷурҷонӣ, Абдуллоҳ ибни Удай, ал-Комил, таҳқиқ: Яҳё Мухтор Ғазовӣ, Дорулфикр, Бейрут, 1409ҳ.қ./1988м.