Моҷарои касри асном

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ҳадиси Касрул-асном)
Ҳарамаи Имом Алӣ

Ин мақола дар бораи достони касри асном (шикастани бутҳо) аст. Барои дидани китобе, ки бо ҳамин ном, мадхали Касру асном-ил-ҷоҳилият (китоб)-ро бубинед.

Моҷарои касри асном (форсӣ: ماجرای کَسْرِ اَصْنام) ба шикастани бутҳои болои боми Каъба бо дастони ҳазрати Алӣ (а) ишора мекунад. Дар ин ҳодиса Имом Алӣ (а) ба китфи Пайғамбар (с) қадам гузошта ба болои Каъба баромада, бутҳое чун Ҳубалро ба замин андохт. Ин моҷаро дар маъхазҳои шиа ва суннӣ нақл шудааст. Замони он Лайлат-ул-мабит (шабе, ки Пайғамбар (с) аз Макка баромад ва Алӣ (а) дар барои фиреби душманони ӯ дар бистари Пайғамбар (с) хобид), ё Фатҳи Макка дониста шудааст.

Ҳодисаи бутшиканиро сабаби нозил шудани оятҳои «وَ قُلْ جَاءَ الْحَقُّ وَ زَهَقَ الْبَاطِلُ.../Ва қул ҷоал-ҳақ ва заҳақал-ботил...» ва «ва рафаъноҳу маконан алийё/ وَ رَفَعْناهُ مَكاناً عَلِيًّا» донистаанд. Ҳазрати Муҳаммад (с) баъд аз ин ҳодиса, ҳазрати Иброҳим (а)-ро аввалин бутшикан ва Имом Алӣ (а)-ро охирин бутшикан муаррифӣ кард. Дар баъзе ривоятҳо низ аз Алӣ (а) ба унвони "косир-ул-асном" (шиканандаи бутҳо) зикр шудааст.

Воқеаи бутшиканӣ (касри асном) яке аз фазилатҳои ҳазрати Алӣ (а) ба ҳисоб омадааст. Имом Алӣ (а) дар шӯрои шашнафарае, ки барои таъйини халифаи баъд аз Умар ибни Хаттоб ташкил шуда буд, ба он истинод кард. Дар баъзе манобеъи аҳли суннат ин ҳодиса ҳамчун далели зарурати нобуд кардани василаҳои гуноҳ ёд шудааст.

Шарҳи моҷаро

Моҷарои касри асном ва ё «ҳадиси каср-ул-асном»[1] ба достони бар дӯш гирифтани Имом Алӣ (а) тавассути Пайғамбари Ислом (с) барои шикастани бутҳои болои боми Каъба ишора дорад.[2] Дар ин воқеа аз сарнагунии бархе бутҳои муҳим, монанди бути Ҳубал ёд шудааст.[3] Албатта дар бораи ҷузъиёти ин воқеа ихтилофоте вуҷуд дорад. Тибқи баъзе нақлҳо, ибтидо Алӣ (а) хост то Пайғамбар (с)-ро бар дӯши худ бигузорад, аммо натавонист. Аз ин рӯ, Алӣ (а) пояшро рӯи дӯши Пайғамбар (с) гузошта боло баромад[4] ва бутҳоро аз болои Каъба ба замин андохт. Дар гузориши дигаре, аз пешниҳоди аввалияи Имом Алӣ (а) барои боло рафтани Пайғамбар (с) бар дӯши ӯ сухан ба миён омадааст, ки ҳазрати Муҳаммад (с) ба Алӣ (а) ёдовар шуд, чунин коре аз ӯҳдаи ҳеҷ касе намебарояд.[5] Ба гуфтаи Ҷобир ибни Абдуллоҳ, ин масъала ба сабаби сангинии бори рисолат будааст.[6] Дар ин бора сабабҳои дигаре ҳам зикр шудааст.[7] Бар асоси нақли дигаре, Пайғамбари Акрам (с) аз ибтидо ба Алӣ (а) дастур дод, ки аз дӯши ӯ боло равад.[8] [Ёддошт 1]

Дар бораи чигунагии фаромадани Имом Алӣ (а) аз боми Каъба нақлҳо мухталиф аст. Бар пояи бархе аҳодис Имом Алӣ (а) худро аз боми Каъба, ки баландии девораш дар он замон чиҳил зироъ [Ёддошт 2] буд,[9] ба поён партофт, аммо осебе надид.[10] Бино ба ҳадисе, Пайғамбар (с) ба Алӣ (а) фармуд: Ҷабраил туро аз болои Каъба ба поён фаровард.[11] Бар асоси гузорише аз Умар ибни Хаттоб, пас аз он ки Имом Алӣ (а) бутҳоро ба зер афканд, Пайғамбар (с) ба ӯ фармуд, поён фаро ва Алӣ монанди парандае, ки ду бол дорад ба поён фаромад ва Умар орзуи чунин мавқеиятеро мекарда, мегуфтааст, Худое, ки Алӣ Ӯро мепарастад, нагузошт, ки Алӣ ба замин афтад.[12]

Бар пояи бархе ривоёт, Пайғамбар (с) дар ин моҷаро ояти «وَ قُلْ جَاءَ الْحَقُّ وَ زَهَقَ الْبَاطِلُ إِنَّ الْبَاطِلَ کاَنَ زَهُوقًا»[13]-ро қироат мекард.[14] Аз ин рӯ, моҷарои касри асном сабаби нузули ин оят дониста шудааст.[15] Ҳамчунин бар пояи ривояте, ки Ибни Шаҳрошуб нақл кардааст, ояти «وَ رَفَعْناهُ مَكاناً عَلِيًّا»[16] дар ин моҷаро нозил шудааст.[17]

Моҷарои касри асном дар кутуби шиа[18] ва аҳли суннат[19] нақл шудааст. Абдуллоҳ ибни Аббос,[20] Ҷобир ибни Абдуллоҳи Ансорӣ[21] ва Абумарям[22] ин моҷароро ривоят кардаанд. Аллома Аминӣ дар ал-Ғадир, феҳристе аз уламои аҳли суннат, ки ин воқеаро гузориш кардаанд, ҷамъоварӣ кардааст.[23]

Фазилатшуморӣ

Ба дӯш гирифтани Имом Алӣ (а) тавассути Пайғамбари Ислом (с) аз фазилатҳои инҳисории Алӣ (а) дониста шудааст.[24] Ин моҷаро дар китобҳои фазилатнигорӣ[25] ва дар сурудаҳои шоирон[26] омадааст.

Ҳазрати Муҳаммад (с) пас аз ин воқеа, ҳазрати Иброҳим (а)-ро аввалин бутшикан ва Имом Алӣ (а)-ро охирин бутшикан муаррифӣ кард.[27] Дар бархе ривоёт низ аз Алӣ (а) ба унвони «косир-ул-асном» (шиканандаи бутҳо) ёд шудааст.[28] Ҳамчунин Ибни Ҷавзӣ, олими аҳли суннат (ваф. 654ҳ.қ.), дар китоби Тазкират-ул-хавос зимни нақли қавлҳои мухталиф дар бораи номгузории Имом Алӣ (а), қавлеро нақл кардааст, ки бар асоси он номе, ки модари Имом Алӣ (а) бар ӯ гузоштааст, Ҳайдар будааст ва аз он ҷиҳат, ки барои шикастани бутҳо аз дӯши Пайғамбар (с) боло рафтааст «Алӣ» (баландмартаба) ном гирифтааст, бо ин ҳол Ибни Ҷавзӣ худ бар ин назар аст, ки номи Алӣ (а)-ро модараш ҳангоми таваллуд бар ӯ ниҳодааст.[29]

Истинод ба моҷарои касри асном дар шӯрои шашнафара

Имом Алӣ (а) ба моҷарои касри асном ифтихор мекард[30] ва мегуфт: ки ман касе будам, ки бар муҳри набувват (аломате, ки дар миёни ду китфи Пайғамбар (с) нақш баста буд ва ба пайғамбарии ӯ ишора дошт) пой ниҳодам.[31] Ӯ дар шӯрои шашнафара, ки барои таъйини халифаи пас аз Умар ибни Хаттоб баргузор шуд, аз ҳозирон эътироф гирифт, ки фарди дигаре ба ғайр аз худаш чунин фазилате надоштааст.[32] Ҳамчунин гуфта шудааст, ки Умар ибни Хаттоб орзӯ мекард, ки эй кош ба ин ифтихор ноил мегашт.[33]

Замон

Дар бештари манобеъ замони ин воқеа зикр нашудааст ва танҳо ба вуқуъи шабона[34] ва махфиёнаи он[35] басанда шудааст. Бо ин ҳол, дар бархе манобеъ замони он, лайлат-ул-мабит[36] (шабе, ки Пайғамбар (с) аз Макка хориҷ шуд ва Алӣ (а) барои фиреби душманони ӯ дар бистараш хобид) ё Фатҳи Макка[37] зикр шудааст. Аллома Маҷлисӣ дар Биҳор-ул-анвор, ривояте аз Имом Содиқ (а) нақл кардааст, ки ин воқеа дар рӯзи наврӯз иттифоқ афтодааст.[38]

Дар китоби Донишномаи Амирулмуъминин баъд аз баррасии ривоёти мутааддид, эҳтимоли ин ки ин моҷаро дар лайлат-ул-мабит рух дода бошад, қавитар дониста шудааст.[39] Ҳамчунин Аллома Маҷлисӣ ин эҳтимолро матраҳ кардааст, ки шикастани бутҳо чандин бор рух додааст.[40]

Натоиҷ

Бар асоси бархе ривоёт, шикастани бутҳо ба дасти Имом Алӣ (а) сабаб шуд, ки баъд аз он мушрикон бутҳоро дар хонаи Худо қарор надиҳанд.[41] Дар бархе манобеи аҳли суннат, ин моҷаро далеле бар зарурати нобуд кардани васоили анҷоми гуноҳ дониста шудааст.[42]

Дар ашъор

Моҷарои бутшикании Имом Алӣ (а) дар ашъори форсӣ ва арабии шоирони шиаю суннӣ мунъакис шудааст. Аз ҷумла дар шеъри Муҳаммад ибни Идриси Шофеӣ аз уламои аҳли суннат омадааст:

قیل لی قل فی علی مدحاً
مدحه یخمد ناراً مؤصدة
قلتُ لا أقدر فی مدح امرءٍ
ضلَّ ذو اللبَّ إلی أن عبَده
و النبی المصطفی قال لنا
لیلة المعراج لمّا صعده
وضع الله بکتفی یده
فاحس القلبُ أن قد برده

وَ علیّ واضع أقدامَه

[43][Ёддошт 3]
Туркии Шерозӣ:
Алӣ фотеҳи ғазваи Бадру Хандақ
Алӣ корфармои теғи ду пайкар
Алӣ ҷонишини билофасли Аҳмад
Худоро валӣ, Мустафоро бародар
Алӣ он ки бо теғ дар ҷанги Хандақ
Бурид аз тани Амр ибни Абдувуд сар
Алӣ он ки бигрифту барканд аз ҷо
Ба бозӯи марде дароз ҳисни Хайбар
Алӣ он ки гар теғи тезаш набудӣ
Набудӣ ба ҷои мактаби дини довар
Пайи касри асном дар Каъба рӯзе
Ки бинҳод поро ба дӯши Паямбар
Ба маъно назар кард бо чашми ҳақбин
Сари хешро дид аз арш бартар

Эзоҳ

  1. Аллома Ҳиллӣ, Наҳҷ-ул-ҳақ, 1982м., саҳ.223.
  2. Шуштарӣ, Эҳқоқ-ул-ҳақ, 1409ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.162.
  3. Ҳасконӣ, Шавоҳид-ут-танзил, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.453–454; Ибни Шаҳрошуб, Маноқиб, 1379ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.135.
  4. Насоӣ, ас-Сунан-ул-кубро, 1421ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.451; Абияъло, Муснад, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.251 - 252.
  5. Баҳронӣ, ал-Бурҳон, 1415ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.579 - 580.
  6. Ибни Шаҳрошуб, Маноқиб, 1379ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.135.
  7. Садуқ, Маъонӣ-л-ахбор, 1403ҳ.қ., саҳ.350–352; Баҳронӣ, ал-Бурҳон, 1415ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.576–578.
  8. Ибни Шаҳрошуб, Маноқиб, 1379ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.136, 141.
  9. Ибни Шаҳрошуб, Маноқиб, 1379ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.141.
  10. Ҳокими Нишобурӣ, ал-Мустадраку ала-с-саҳиҳайн, 1422ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.398.
  11. Баҳронӣ, ал-Бурҳон, 1415ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.580.
  12. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.38, саҳ.77 ба нақл аз манобеи аҳли суннат
  13. Сураи Исро, ояти 81.
  14. Ҳокими Нишобурӣ, ал-Мустадраку ала-с-саҳиҳайн, 1422ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.398; ҷ.3, саҳ.6.
  15. Ҳасконӣ, Шавоҳид-ут-танзил, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.453–454; Ибни Шаҳрошуб, Маноқиб, 1379ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.135.
  16. Сураи Марям, ояти 57.
  17. Ибни Шаҳрошуб, Маноқиб, 1379ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.135.
  18. Барои намуна ниг.: Ибни Шаҳрошуб, Маноқиб, 1379ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.135–142; Шуштарӣ, Эҳқоқ-ул-ҳақ, 1409ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.162 - 168.
  19. Ибни Абишайба, ал-Мусаннаф, 1429ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.146–147; Ибни Ҳанбал, Муснад, 1416ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.73–74; Базор, Муснади Базор, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.21–22; Насоӣ, ас-Сунан-ул-кубро, 1421ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.451; Абияъло, Муснад, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.251 - 252; Табарӣ, Таҳзиб-ул-осор, Муснади Алӣ ибни Абитолиб (а), бе то, саҳ.236 - 240; Ҳокими Нишобурӣ, ал-Мустадраку ала-с-саҳиҳайн, 1422ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.398, ҷ.3, саҳ.6.
  20. Ибни Шаҳрошуб, Маноқиб, 1379ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.136, 141.
  21. Ҳасконӣ, Шавоҳид-ут-танзил, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.453; Ибни Шаҳрошуб, Маноқиб, 1379ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.135.
  22. Барои намуна: Ибни Абишайба, ал-Мусаннаф, 1429ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.146–147; Ибни Ҳанбал, Муснад, 1416ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.73–74; Базор, Муснади Базор, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.21–22; Насоӣ, ас-Сунан-ул-кубро, 1421ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.451; Абияъло, Муснад, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.251 - 252.
  23. Аминӣ, ал-Ғадир, 1416ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.18–24.
  24. Насоӣ, ас-Сунан-ул-кубро, 1421ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.451; Насоӣ, Хасоису Амир-ил-муъминин, 1424ҳ.қ., саҳ.96; Бастӣ, китоби ал-Маротиб, 1421ҳ.қ., саҳ.124.
  25. Ибни Шаҳрошуб, Маноқиб, 1379ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.135–142; Шуштарӣ, Эҳқоқ-ул-ҳақ, 1409ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.162 - 168.
  26. Бикрӣ, ал-Анвор, 1411ҳ.қ., саҳ.148; Ҳурри Омилӣ,Исбот-ул-ҳидоят, 1425ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.424.
  27. Ибни Шозон, ал-Фазоил, 1363ҳ.ш., саҳ.97.
  28. Ибни Шозон, ар-Равза, 1423ҳ.қ., саҳ.31.
  29. Ибни Ҷавзӣ, Тазкират-ул-хавос, 1418ҳ.қ., саҳ.15.
  30. Ибни Шаҳрошуб, Маноқиб, 1379ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.136; Ибни Шозон, ал-Фазоил, 1363ҳ.ш., саҳ.85.
  31. Ибни Шаҳрошуб, Маноқиб, 1379ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.136.
  32. Табарсӣ, ал-Эҳтиҷоҷ, 1403ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.138; Баҳронӣ, Ҳилят-ул-аброр, 1411ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.329.
  33. Ибни Шаҳрошуб, Маноқиб, 1379ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.136.
  34. Ҳокими Нишобурӣ, ал-Мустадраку ала-с-саҳиҳайн, 1422ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.398; Ибни Шаҳрошуб, Маноқиб, 1379ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.141.
  35. Ибни Ҳанбал, Муснад, 1416ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.73–74; Базор, Муснади Бзор, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.21–22; Абияъло, Муснад, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.251.
  36. Ҳокими Нишобурӣ, ал-Мустадраку ала-с-саҳиҳайн, 1422ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.6.
  37. Ибни Шаҳрошуб, Маноқиб, 1379ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.135, 140.
  38. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.56, саҳ.138.
  39. Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Донишномаи Амиралмӯъминин, 1389ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.223.
  40. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.56, саҳ.138.
  41. Ибни Шозон, ал-Фазоил, 1363ҳ.ш., саҳ.97.
  42. Табарӣ, Таҳзиб-ул-осор, Муснади Алӣ ибни Абитолиб (а), бе то, саҳ.238 - 240.
  43. Шофеӣ, Девон, 1414ҳ.қ., саҳ.93.

Ёддошт


Сарчашма

  • Абияъло, Аҳмад ибни Алӣ, Муснаду Абияъло ал-Мавсилӣ, таҳқиқи Ҳусайн Салим Асад, Димишқ, Дорулмуъминин лилтурос, чопи дувум, 1410ҳ.қ.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Наҳҷ-ул-ҳақ ва кашф-ус-сидқ, таълиқи Айнуллоҳ Ҳасании Урмавӣ, Бейрут, Дорулкитобиллубнонӣ, 1982м.
  • Аминӣ, Абдулҳусайн, ал-Ғадир фи-л-китоби ва-с-суннат ва-л-адаб, Қум, маркази ал-Ғадир лиддиросотил-исломия, 1416ҳ.қ.
  • Базор, Аҳмад ибни Амр ибни Абдухалил, ал-Баҳр-уз-захор (Муснади Базор), таҳқиқи Маҳфузурраҳмон Зайнуллоҳ, Бейрут, муассисаи улуми-л-Қуръон, 1409ҳ.қ.
  • Бакрӣ, Аҳмад ибни Абдуллоҳ, ал-Анвор ва мифтоҳ-ус-сурури ва-л-афкор фи мавлид-ин-набӣ-л-мухтор, Қум, Разӣ, 1411ҳ.қ.
  • Бастӣ, Исмоил ибни Аҳмад, Китоб-ул-маротиб фи фазоили Амир-ил-муъминин ва Сайид-ул-васийин (а), таҳқиқи Муҳаммадризо Ансории Қумӣ, Қум, далели мо, 1421ҳ.қ.
  • Баҳронӣ, Ҳошим ибни Сулаймон, ал-Бурҳон фи тафсир-ил-Қуръон, таҳқиқи воҳиди таҳқиқоти исломии бунёди беъсат, Қум, муассисаи беъсат, 1415ҳ.қ.
  • Баҳронӣ, Ҳошим ибни Сулаймон, Ҳилят-ул-аброр фи аҳволи Муҳаммад ва Олиҳи-л-атҳор (а), Қум, муассисаи алмаъорифул-исломия, 1411ҳ.қ.
  • Ибни Абишайба, Абдуллоҳ ибни Муҳаммад, ал-Мусаннаф ли Ибни Абишайба, таҳқиқи Усома ибни Иброҳим ибни Муҳаммад, Қоҳира, Форуқилҳадиса лилтабоъати ваннашр, 1429ҳ.қ.
  • Ибни Ҳанбал, Аҳмад ибни Муҳаммад, Муснад-ул-имом Аҳмад Ибни Ҳанбал, таҳқиқи Шуайб ал-Арнаут ва Одил Муршид, Бейрут, муассисатуррисолат, 1416ҳ.қ.
  • Ибни Ҷавзӣ, Юсуф ибни Ҳисом, Тазкират-ул-хавос, Қум, маншуроти ал-Шарифил-Разӣ, 1418ҳ.қ.
  • Ибни Шаҳрошуби Мозандаронӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, Маноқибу оли Абитолиб (а), Қум, Аллома, 1379ҳ.қ.
  • Ибни Шозон, Шозон ибни Ҷабраил, ал-Фазоил, Қум, Разӣ, чопи дувум, 1363ҳ.ш.
  • Ибни Шозон, Шозон ибни Ҷабраил, ар-Равза фи фазоили Амир-ил-муъминин Алӣ ибни Абитолиб (а), таҳқиқи Алӣ Шукрчӣ, Қум, мактабатул-амин, 1423ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор-ил-ҷомеъа лидурари ахбор-ил-аиммат-ил-атҳор, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
  • Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Муҳаммад ва дигарон, Донишномаи Амирулмуъминин бар пояи Қуръон, ҳадис ва таърих, Қум, муассисаи илмӣ ва фарҳангии Дорулҳадис, 1389ҳ.ш.
  • Насоӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Хасоису Амир-ил-муъминин Алӣ ибни Абитолиб, таҳқиқ: Донӣ ибни Мунир Оли Заҳавӣ, Бейрут, алмактабатулъасрия, 1424ҳ.қ.
  • Насоӣ, Аҳмад ибни Шуайб, ас-Сунан-ул-кубро, Бейрут, муассисатур-рисолат, 1421ҳ.қ.
  • Омилии Баёзӣ, Иброҳим ибни Сулаймон, ал-Авзон ва-л-мақодир, Бейрут, бено, 1381ҳ.қ.
  • Роғиби Исфаҳонӣ, Ҳусайн ибни Муҳаммад, Муфрадоту алфоз-ил-Қуръон, таҳқиқи Сафвон Аднон Довудӣ, Бейрут, Дорулқалам, 1412ҳ.қ.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таҳзиб-ул-осор ва тафсил-ус-собит ан Расулиллоҳ (с) мин-ал-ахбор, Муснаду Алӣ ибни Абитолиб, таҳқиқи Маҳмуди Муҳаммадшокир, Қоҳира, матбаъатулмаданӣ, бе то.
  • Табарсӣ, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Эҳтиҷоҷ ала аҳли-л-лаҷоҷ, таҳқиқи Муҳаммадбоқири Хирсон, Машҳад, нашри Муртазо, 1403ҳ.қ.
  • Ҳасконӣ, Убайдуллоҳ ибни Абдуллоҳ, Шавоҳид-ут-танзил ли қавоъид-ит-тафзил, таҳқиқи Муҳаммадбоқир Маҳмудӣ, Теҳрон, Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, 1411ҳ.қ.
  • Ҳокими Нишобурӣ, Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, ал-Мустадраку ала-с-саҳиҳайн, таҳқиқи Мустафо Абдуқодир Ато, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, чопи дувум, 1422ҳ.қ.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Исбот-ул-ҳидоят би-н-нусуси ва-л-муъҷзот, Бейрут, Аъламӣ, 1425ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Маъонӣ-л-ахбор, таҳқиқи Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, дафтари интишороти исломӣ, 1403ҳ.қ.
  • Шофеӣ, Муҳаммад ибни Идрис, Девон, Бейрут, Дорулкутубилъарабӣ, 1414ҳ.қ.
  • Шуштарӣ, Нурулло, Эҳқоқ-ул-ҳақ ва изҳоқ-ул-ботил, Қум, китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, 1409ҳ.қ.


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found