Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Үндана:Уммидардоъ

Аз wikishia
Уммидардоъ
Номи комилХайра духтари Ҳадради Асламӣ
КунияУммирумон, Уммимуҳаммад
Маҳалли зиндагӣМадинаШомот
Санаи вафотСоли 30ҳ.қ.
Шаҳри вафотШомот
Маҳалли дафнҚабристони Боб-ус-сағир
ХешовандонАбудардоъ (шавҳар)
Шинохташуда бароиРовии ҳадис


Уммидардоъ (арабӣ: أم الدرداء) аз асҳоби Пайғамбар (с) ва ровиёни ҳадис буд, ки ба унвони зане бофазилат, хирадманд, соҳибназар ва аҳли ибодат шинохта мешуд. Вай ривоётеро бевосита аз Пайғамбар (с) ё ҳамсараш Абудардо нақл кардааст ва баъзе тобеин низ аз ӯ ҳадис ривоят кардаанд. Мавзуоти аҳодиси ӯ шомили таъсири манфии шурби хамр, ҷойгоҳи хушхулқӣ дар тарозуи аъмол ва аҳамияти дуо барои дигарон будааст.

Уммидардоъ дар соли 30 ё 31 ҳиҷрӣ, дар давраи хилофати Усмон, дар Шом даргузашт.

Тавсиф ва ҷойгоҳ

Уммидардоъ аз саҳобаи Пайғамбар (с) ва аз ровиёни аҳодиси ӯ ба шумор меравад.[1] Ӯро аз занони бофазилат, соҳибназар, хирадманд ва аз аҳли ибодат донистаанд.[2] Номи аслии ӯро Хайра духтари Абуҳадради Асламӣ гуфтаанд.[3] Кунияи машҳури ӯ Уммидардои Кубро аст[4] ва ба унвони модари Дардо ва Билол низ шинохта мешавад.[5] Бо ин ҳол номҳои дигаре мисли Карима,[6] Салома,[7] ва кунияҳое ҳамчун Уммирумон[8] ва Уммимуҳаммад низ барои ӯ сабт шудааст.[9]

Нақл шудааст, ки Уммидардоъ аз машғулияти беш аз ҳадди ҳамсараш - Абудардо, ба ибодат ва тарки дунё нохурсанд буд. Салмони Форсӣ ки бо Абудардо паймони бародарӣ дошт, бо огоҳӣ аз ин мавзуъ, ӯро қонеъ кард, то миёни ибодат ва ҳуқуқи оиладорӣ ва бадани худ тавозун барқарор кунад.[10] Баъзе ривоёт ишора доранд, ки ин иқдоми Салмон мавриди тасдиқи Пайғамбар (с) қарор гирифт.[11]

Уммидардоъ ва ҳамсараш аввал сокини Мадина буданд,[12] ки баъдҳо ба Шом муҳоҷират карданд ва то охири умр дар он ҷо монданд.[13] Уммидардоъ ду сол, пеш аз Абудардо дар Шом ва дар замони хилофати Усмон ибни Аффон аз дунё рафт.[14] Оромгоҳи мансуб ба ӯ дар қабристони Боб-ус-сағири Димишқ қарор дорад,[15] ҳарчанд баъзе ин қабрро мансуб ба Уммидардоъи Суғро медонанд.[16] Абудардо низ дар соли 32 ҳиҷрӣ[17] ё 33 вафот ёфт.[18]

Ровиён ва ривоятҳои нақлшуда аз Уммидардоъ

Уммидардо аз Пайғамбар (с):

Ҳангоме ки шахс барои бародари динии худ дар набудани ӯ дуо кунад, мустаҷаб хоҳад шуд. Ҳар дуое, ки кунад, фариштае мегӯяд, ки он дархост ба ту ҳам ато мешавад.

Ибни Асир, Усуд-ул-ғоба, 1424ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.316.



Уммидардоъ ривоёте бевосита аз Пайғамбар (с) ё бо воситаи ҳамсараш Абудардо нақл кардааст.[19] Муҳаддисоне аз тобеин чун Абдуллоҳ ибни Бобоҳ, Маоз ибни Анас ва Талҳа ибни Убайдуллоҳ,[20] Сафвон ибни Абдуллоҳ, Маймун ибни Миҳрон, Зайд ибни Аслам ва Уммидардоъи Суғро (ҳамсари дигари Абудардо),[21] аз ӯ ривоят нақл кардаанд.[22]

Байни се[23] то панҷ ҳадис ба Уммидардоъ нисбат додаанд.[24] Аҳодиси нақлшуда аз ӯ дар мавзуоте чун норозигии Худо аз шаробхор ба муддати чил рӯз, зарурати риояи иффат аз ҷониби занон, аҳамияти хушхулқӣ дар санҷиши аъмол ва истиҷобати дуо барои дигарон, ки дар наудани онҳо анҷом мешавад, мебошад.[25]

Эзоҳ

  1. Нишобурӣ, ал-Мунфарадот ва-л-ваҳадон, саҳ.88.
  2. Ибни Абдилбарр, ал-Истиъоб, ҷ.4, саҳ.1935.
  3. Аҳмад ибни Ҳанбал, ал-Асомӣ ва-л-куно, саҳ.36; Ибни Ҳиббон, ас-Сиқот, ҷ.3, саҳ.116.
  4. Аҳмад ибни Ҳанбал, ал-Асомӣ ва-л-куно, саҳ.36; Ибни Ҳиббон, ас-Сиқот, ҷ.3, саҳ.116.
  5. Абунуъайми Исфаҳонӣ, Маърифат-ус-саҳоба, ҷ.4, саҳ.2102.
  6. Ибни Ҳиббон, ас-Сиқот, ҷ.3, саҳ.116.
  7. Зириклӣ, ал-Аълом, ҷ.2, саҳ.328.
  8. Ибни Касир, ат-Такмил, ҷ.4, саҳ.338.
  9. Абунуъайми Исфаҳонӣ, Маърифат-ус-саҳоба, ҷ.4, саҳ.2102.
  10. Бухорӣ, Саҳеҳ-ул-Бухорӣ, ҷ.2, саҳ.693; Ибни Абишайба, ал-Мусаннаф, ҷ.19, саҳ.377.
  11. Бухорӣ, Саҳеҳ-ул-Бухорӣ, ҷ.2, саҳ.693.
  12. Зириклӣ, ал-Аълом, ҷ.2, саҳ.328.
  13. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, ҷ.9, саҳ.396.
  14. Ибни Абдилбарр, ал-Истиъоб, ҷ.4, саҳ.1935.
  15. Ибни Асокир, Таърихи Димишқ, ҷ.2, саҳ.418.
  16. Нававӣ, Таҳзиб-ул-асомӣ ва-л-луғот, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, ҷ.2, саҳ.228.
  17. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, ҷ.4, саҳ.357.
  18. Абунуъайми Исфаҳонӣ, Маърифат-ус-саҳоба, ҷ.4, саҳ.2102.
  19. Ибни Абдилбарр, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.1935.
  20. Ибни Асокир, Таърихи Димишқ, ҷ.69, саҳ.114.
  21. Ибни Абдилбарр, ал-Истиъоб, ҷ.4, саҳ.1935.
  22. Нишобурӣ, ал-Мунфарадот ва-л-ваҳадон, саҳ.88.
  23. Ибни Ҷавзӣ, Кашф-ул-мушкил, Дор-ул-ватан, ҷ.4, саҳ.490.
  24. «ام‌الدرداء الکبری.. الفقیه و معلمةالقرآن», вебгоҳи ал-Иттиҳод.
  25. Ибни Асир, Усуд-ул-ғоба, ҷ.7, саҳ.316.

Сарчашма

  • Аҳмад ибни Ҳанбал, ал-Асомӣ ва-л-куно, таҳқиқ: Абдуллоҳ ибни Юсуфи Ҷадиъ, Кувайт, Мактаба Дор-ул-Ақсо, чопи аввал, 1406ҳ.қ.
  • Бухорӣ, Муҳаммад ибни Исмоил, Саҳеҳ-ул-Бухорӣ, Димишқ, Дор Ибни Касир, чопи панҷум, 1414ҳ.қ.
  • Зириклӣ, Хайруддин ибни Маҳмуд, ал-Аълом, Бейрут, Дор-ул-илм л-ил-малоин, чопи понздаҳум, 2002.
  • Ибни Абдилбарр, Юсуф ибни Абдуллоҳ, ал-Истиъоб фи маърифат-ил-асҳоб, таҳқиқ: Алӣ Муҳаммад Биҷовӣ, Бейрут, Дор-ул-ҷабил, чопи аввал, 1412ҳ.қ.
  • Ибни Абишайба, Абдуллоҳ ибни Муҳаммад, ал-Мусаннаф, Риёз, Дору кунузи Ашбилия ли-н-нашр ва-т-тавзеъ, чопи аввал, 1436ҳ.қ.
  • Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳаммад, Усуд-ул-ғоба фи маърифат-ис-саҳоба, таҳқиқ: Алӣ Муҳаммад Авза ва Одил Аҳмад, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, чопи дувум, 1424ҳ.қ.
  • Ибни Асокир, Алӣ ибни Ҳасан, Таърихи Димишқ, таҳқиқ: Умар ибни Ғаромаи Амравӣ, Бейрут, Дор-ул-фикр ли-т-тибоа ва-н-нашр, 1415ҳ.қ.
  • Ибни Касир, Исмоил ибни Умар, ат-Такмил ф-ил-ҷарҳ ва-т-таъдил ва маърифат-ис-сиқот ва-з-зуъафо ва-л-маҷоҳил, таҳқиқ: Шодии Оли Нуъмон, Яман, Маркази Нуъмон барои таҳқиқот ва мутолиоти исломӣ, чопи аввал, 1423ҳ.қ.
  • Ибни Саъд, Муҳаммад, ат-Табақот-ул-кубро, таҳқиқ Алӣ Муҳаммад Умар, Қоҳира, Мактабат-ул-хонҷӣ, чопи аввал, 1421ҳ.қ.
  • Ибни Ҳиббон, Муҳаммад, ас-Сиқот, Ҳайдарободи Даккан, Доират-ул-маориф-ил-усмония, чопи аввал, 1393ҳ.қ.
  • Ибни Ҷавзӣ, Абдурраҳмон ибни Алӣ, ал-Мушкил аз ҳадис-ис-саҳеҳайн, таҳқиқ Алӣ Ҳусайни Баввоб, Риёз, Дор-ул-ватан, бетаърих.
  • Нававӣ, Муҳйиддин Яҳё, Таҳзиб-ул-асомӣ ва-л-луғот, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, бетаърих.
  • Нишобурӣ, Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ, ал-Мунфарадот ва-л-ваҳадон, таҳқиқ: Абдулғаффори Бандорӣ ва Саиди Зағлул, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, чопи аввал, 1408ҳ.қ.
  • «أم الدرداء الكبرى.. الفقيهة ومعلمة القرآن» (Умм-уд-дардо-ил-кубро.. ал-фақеҳу ва муаллимат-ул-Қуръон), Сайти ал-Иттиҳод, санаи дарҷи матлаб: 19 декабри 2013, санаи боздид: 26 ноябри 2024.