Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Үндана:Ояти 9 сураи Бақара

Аз wikishia
Ояти 9 сураи Бақара
Маълумот дар бораи оят
Воқеъ дар сураиБақара
Шумораи оят9
Ҷузъ1
Мавзуънифоқ
Дар бораиФиребкории мунофиқон нисбат ба Худованд ва муъминон
Оёти муртабитОяти 142 сураи Нисо


Ояти 9 сураи Бақара (форсӣ: آیه ۹ سوره بقره) ба фиребгарии мунофиқон нисбат ба Худо ва муъминон ишора дорад[1] ва баён мекунад, ки онон дар ҳақиқат худро фиреб медиҳанд, аммо ба ин ҳақиқат огоҳ нестанд.[2] Ин мазмун дар ояти 142 сураи Нисо низ такрор шудааст.[3]

Ба гуфтаи муфассирон, оятҳои 8 то 20 сураи Бақара дар бораи мунофиқон нозил шуда[4] ва ба хусусиятҳое монанди имони зоҳирӣ,[5] фиребгарӣ, фасодкорӣ ва сафеҳ будани онҳо[6] пардохтааст. Мақсуд аз фиреб додани Худо дар ояти 9 Бақара, фиреби Пайғамбари Ислом (с) дониста шуда, ки дар ниҳоят ба фиреби Илоҳӣ бармегардад.[7] Мунофиқон бо изҳори имон ва анҷоми аъмоли зоҳирӣ, зимни ҳифзи ҷони худ, барои кофирон ҷосусӣ мекарданд.[8]

Баъзе муфассирони шиа муътақиданд мунофиқон тамоми тавони худро барои фиребгарӣ ба кор мегиранд.[9] Ба гуфтаи Абдуллоҳи Ҷаводии Омулӣ, мунофиқон ба сабаби ноогоҳӣ аз мақоми Худо ва муъминон, гумон мекунанд метавонанд Худоро фиреб диҳанд, ба ҳамин далел дучори риёкорӣ мешаванд;[10] дар ҳоле ки Худо ононро ба ҳоли худ вогузошта,[11] то дар асaри фиребгарӣ аз роҳи рост бероҳа шаванд[12] ва ҳақиқати инсонии хешро аз даст диҳанд.[13]

Эзоҳ

  1. ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.1, саҳ.93.
  2. ↑ Ризоии Исфаҳонӣ, Тафсири Қуръони Меҳр, ҷ.1, саҳ.176.
  3. ↑ Ҷаводии Омулӣ, Тасним, ҷ.2, саҳ.255.
  4. ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.1, саҳ.55.
  5. ↑ Ризоии Исфаҳонӣ, Тафсири Қуръони Меҳр, ҷ.1, саҳ.173.
  6. ↑ Ризоии Исфаҳонӣ, Тафсири Қуръони Меҳр, ҷ.1, саҳ.180 - 181.
  7. ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, ҷ.1, саҳ.134; Ҷаводии Омулӣ, Тасним, ҷ.2, саҳ.254.
  8. ↑ Ҷаводии Омулӣ, Тасним, ҷ.2, саҳ.248; Шайхи Тӯсӣ, ат-Тибён, ҷ.1, саҳ.69.
  9. ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.1, саҳ.93.
  10. ↑ Ҷаводии Омулӣ, Тасним, ҷ.2, саҳ.254.
  11. ↑ Шайхи Тӯсӣ, ат-Тибён, ҷ.1, саҳ.69; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, ҷ.1, саҳ.134; Ҷаводии Омулӣ, Тасним, ҷ.2, саҳ.256.
  12. ↑ Шайхи Тӯсӣ, ат-Тибён, ҷ.1, саҳ.69; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, ҷ.1, саҳ.134.
  13. ↑ Ҷаводии Омулӣ, Тасним, ҷ.2, саҳ.256.

Сарчашма

  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи якум, 1374ҳ.ш.
  • Мударрисӣ, Сайид Муҳаммадтақӣ, Мин ҳуда-л-Қуръон, Теҳрон, Дор Муҳибб-ил-Ҳусайн, чопи якум, 1419ҳ.қ.
  • Ризоии Исфаҳонӣ, Муҳаммадалӣ, Тафсири Қуръони Меҳр, Қум, Пажӯҳишҳои тафсир ва улуми Қуръон, чопи якум, 1387ҳ.ш.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, таҳқиқи Муҳаммадҷавод Балoғӣ, Теҳрон, Носири Хусрав, чопи сеюм, 1372ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи панҷум, 1417ҳ.қ.
  • Ҳасан ибни Алӣ, ат-Тафсир-ул-мансуб ила-л-Имом ал-Ҳасан ал-Аскарӣ, таҳқиқи мадрасаи Имом Маҳдӣ, Қум, мадрасаи Имом Маҳдӣ, чопи якум, 1409ҳ.қ.
  • Ҷаводии Омулӣ, Абдуллоҳ, Тасним, Қум, Исро, чопи ҳаштум, зимистони 1390ҳ.ш.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, таҳқиқи Аҳмад Қасир Омилӣ, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи якум, бетаърих.