Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Үндана:Наҳравон

Аз wikishia
Наҳравон
КишварИроқ
ВилоятБағдод
ЗабонАрабӣ
Номи қадимҶисри Наҳравон
Соли таъсисДавраи Сосониён
Ҳодисаҳои муҳимҶанги Наҳравон


Наҳравон (форсӣ: نهروان) минтақае дар шарқи Даҷла дар Ироқ аст, ки миёни Бағдод ва Восит қарор дорад.[1] Ин минтақа ба се бахши Улё, Вусто ва Суфло тақсим мешуд, ки Қотул, Томарро ва Ҷисри Наҳравон ном доштанд.[2] Ҷанги Наҳравон, набарди Имом Алӣ (а) бо хавориҷ, дар соли 38 ҳиҷрӣ дар наздикии Ҷисри Наҳравон рух дод.[3]

Наҳравон дар чорфарсахӣ аз Бағдод қарор дошт[4] ва аз манзилгоҳҳои ҷодаи Хуросон буд.[5] Баъзе аз уламо ва донишмандони исломӣ[6] монанди Абулфараҷи Наҳравонӣ ба ин минтақа мансуб будаанд.[7]

Наҳравон дар асл номи наҳре буд, ки аз Даҷла ҷудо мешуд ва бахшҳое аз шарқи онро обёрӣ мекард.[8] Эҳдоси ин наҳр ба форсҳо дар давраи сосониён ва бахусус замони Шопури дуюм нисбат дода шудааст.[9] Рӯи он пулҳо ва садҳое сохта шуд[10] ва шаҳри Ҷисри Наҳравон низ дар канори яке аз ин пулҳо буд.[11]

Дар бораи сарчашмаи ин наҳр гузоришҳои мухталифе вуҷуд дорад; аз ҷумла сарчашмаи онро Озарбойҷон ё наздикии Томарро ва Ҳулвон донистаанд.[12] Баъзе манбаъҳо низ номи форсии онро Ҷӯравон донистаанд, ки пас аз вуруд ба забони арабӣ ба Наҳравон табдил шудааст.[13] Дар тақсимоти кунунии Ироқ, Наҳравон бахше аз шаҳристони Мадоин дар вилояти Бағдод аст.[14]

Эзоҳ

  1. ↑ Қазвинӣ, Осор-ул-билод ва ахбор-ул-ибод, саҳ.472; Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, ҷ.5, саҳ.325.
  2. ↑ Алавӣ Исфаҳонӣ, Мунтақилат-ут-толибия, саҳ.413.
  3. ↑ Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, ҷ.5, саҳ.325; Муҳаммадӣ Малоирӣ, Таърих ва фарҳанги Эрон, ҷ.2, саҳ.245 - 246.
  4. ↑ Истахрӣ Кархӣ, ал-Масолик ва-л-мамолик, саҳ.86.
  5. ↑ Алавӣ Исфаҳонӣ, Мунтақилат-ут-толибия, саҳ.413.
  6. ↑ Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, ҷ.5, саҳ.325.
  7. ↑ Қазвинӣ, Осор-ул-билод ва ахбор-ул-ибод, саҳ.472.
  8. ↑ Муҳаммадӣ Малоирӣ, Таърих ва фарҳанги Эрон, ҷ.2, саҳ.242 - 243.
  9. ↑ Муҳаммадӣ Малоирӣ, Таърих ва фарҳанги Эрон, ҷ.2, саҳ.245.
  10. ↑ Ҳамадӣ Малоирӣ, Таърих ва фарҳанги Эрон, ҷ.2, саҳ.245 - 246.
  11. ↑ Ҳамадӣ Малоирӣ, Таърих ва фарҳанги Эрон, ҷ.2, саҳ.245 - 246.
  12. ↑ Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, ҷ.5, саҳ.325.
  13. ↑ Муҳаммадӣ Малоирӣ, Таърих ва фарҳанги Эрон, ҷ.2, саҳ.244.
  14. ↑ «هیئة الاستثمار توجه باشغال المراکز الخدمیه فی محمع بسمایة السکنی», Сомонаи Загрос-Нюз.

Сарчашма

  • «هیئة الاستثمار توجه باشغال المراکز الخدمیه فی محمع بسمایة السکنی» (Ҳайати сармоягузорӣ ба ишғоли марказҳои хидматрасонӣ дар маҷмааи истиқоматии Бисмоя таваҷҷуҳ мекунад), Сомонаи Загрос-Нюз, санаи дарҷи матлаб: 14 августи 2022, санаи боздид: 7 ноябри 2026.
  • Истахрӣ Кархӣ, Иброҳим ибни Муҳаммад, ал-Масолик ва-л-мамолик, Бейрут, Дор-ус-содир, 2004.
  • ал-Ҳимйарӣ, Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, ар-Равз-ул-миътор фӣ хабар-ил-ақтор, таҳқиқи Эҳсон Аббос, Бейрут, Муассисат-у-Носир ли-с-сақофа, чопи дуюм, 1980м.
  • Ҳамавӣ, Ёқут ибни Абдуллоҳ, Муъҷам-ул-булдон, Бейрут, Дор Содир, чопи дуюм, 1995м.
  • Алавӣ Исфаҳонӣ, Иброҳим ибни Носир, Мунтақилат-ут-толибия, таҳқиқи Муҳаммадмаҳдӣ Хирсон, Қум, ал-Мактабат-ул-ҳайдария, 1377ҳ.ш.
  • Қазвинӣ, Закариё ибни Муҳаммад, Осор-ул-билод ва ахбор-ул-ибод, Бейрут, Дор содир, 1380ҳ.қ.
  • Муҳаммадӣ Малоирӣ, Муҳаммад, Таърих ва фарҳанги Эрон дар давраи интиқол аз асри сосонӣ ба асри исломӣ, Теҳрон, Тус, чопи дуюм, 1379ҳ.ш.