Қиёми Имом Маҳдӣ (аҷ)

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Қиёми имоми замон)

Қиёми Имом Маҳдӣ (аҷ) (форсӣ: قیام امام مهدی(ع)) ҳаракати дувоздаҳумин имоми шиаён пас аз зуҳур ба манзури барпоии адл дар ҷаҳон аст. Замони дақиқи қиём маълум нест. Бар асоси ривоёт, қиёми он ҳазрат, аз Масҷид-ул-ҳаром дар Макка оғоз мешавад ва ҳашт моҳ тӯл мекашад. Маҳалли аслии он Ироқ аст ва Имом (а) Суфёниро дар ин минтақа шикаст медиҳад.

Дар ривоёт аз 313 тан ба унвони ёрони хосси Имоми Замон (аҷ) ёд шуда аст, ки дар ин қиём иштирок мекунанд, аммо шумори ширкаткунандагон дар қиём бисёр бештар аз ин теъдод аст ва аксари қариб ба иттифоқашонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҳазрати Исо (а) низ дар ин қиём, Имом Маҳдиро ёрӣ медиҳад. Тибқи ривоёт бархе аз пайғамбарон ва авлиёи Худо ҳамчун Асҳоби Каҳф, Юшаъ ибни Нун (а), Муъмини оли Фиръавн, Салмони Форсӣ, Абудуҷонаи Ансорӣ ва Молик Аштари Нахаъӣ ҳам раҷъат мекунанд, то дар қиёми Имоми Замон (аҷ) ширкат кунанд.

Бархеҳо бо истинод ба ривоёт, бар ин боваранд, ки силоҳи Имом Маҳдӣ дар қиём, шамшер аст ва ӯ бо эъҷозе, ки Худо дар ин шамшер қарор медиҳад, душманонашро шикаст медиҳад. Гуруҳе дигар муътақиданд, ки силоҳҳои пешрафта аз кор меафтад ва ба ин тартиб, Имоми Замон бо шамшер пирӯз мешавад, аммо ба эътиқоди бархеи дигар, корбурди калимаи шамшер дар ривоёт, намодин ва ба маънои қиёми низомӣ аст.

Ҷойгоҳ ва аҳамият

Қиёми Имоми Замон (а), ишора ба иқдомоте аст, ки дувоздаҳумин имоми маъсум, пас аз зуҳури худ, барои барпоии адл дар ҷаҳон анҷом медиҳад.[1] Гарчи қиёми Имоми Замон (аҷ) бо зуҳури ӯ ба як маъно ба кор рафтааст,[2] аммо чунонки Худомуроди Салимиён, пажӯҳишгари шиа, гуфтааст, ин ду мавзӯъ бо ҳам тафовут доранд ва қиём дар марҳалае пас аз зуҳур рӯй медиҳад.[3]

Дар ривоёт, барои ишора ба қиёми Имоми Замон (аҷ), аз калимаи хуруҷ низ истифода шуда аст.[4] Дар ривояте аз китоби Хисол, навиштаи Шайхи Садуқ, қиёми Имоми Замон дар канори раҷъат ва рӯзи қиёмат аз айёмуллоҳ шуморида шуда аст.[5] Бино бар баъзе ривоёт, қиёми Имоми Замон (аҷ) ҳашт моҳ тӯл мекашад[6] ва ба ҳукумати ҷаҳонии Имом Маҳдӣ (аҷ) меанҷомад.[7]

Замон ва муддат

Замони дақиқи қиёми Имом Маҳдӣ (аҷ) равшан нест,[8] аммо бархе вижагиҳои замони қиём дар ривоёт баён шуда аст, аз ҷумла омада аст, ки дар солҳои фард, рӯзи Ошӯро ва шанбе рух медиҳад.[9] Ба бовари Сайидмуҳаммади Садр, нависандаи китоби Таъриху мобаъд-из-зуҳур, ба ҷуз ривоёти марбут ба рӯзи Ошӯро, дигар ривоёт дар ин замина санади заъифе доранд.[10]

Дар хусуси муддати қиём ҳам ривоят шуда аст, ки Имоми Замон ҳашт моҳ шамшер ба дӯш мегирад.[11]

Макон

Бар пояи бештари ривоёт, қиёми Имом Маҳдӣ (аҷ) аз Макка оғоз мешавад.[12] Аз ҷумлаи онҳо ривоёте аст, ки Кулайнӣ дар ал-Кофӣ ва Нуъмонӣ дар ал-Ғайба овардаанд.[13] Дар ривояте аз китоби Уюну ахбор-ир-Ризо, навиштаи Шайхи Садуқ, Таҳома, маҳалли қиём муаррифӣ шуда аст,[14] аммо гуфтаанд аз онҷо, ки Макка ҷузъе аз Таҳома аст, ба он Таҳома ҳам мегӯянд.[15]

Дар ривояти дигаре, деҳе ба номи Каръа дар Яман, ҷои қиём муаррифӣ шуда аст,[16] аммо нависандагони донишномаи Имом Маҳдӣ(а), онро ғайримуътабар дониста ва эҳтимол додаанд, ки қиёми Имоми Замон бо хуруҷи Ямонӣ дар ривояти мазкур иштибоҳ гирифта шуда бошад,[17] ё ин ривоёт ба ангезаи таъйиди ҳукумати Фотимиён ва ё тақвияти Маҳдиҳои дурӯғини шимоли Африқо ва ғарби ҷаҳони Ислом ҷаъл шуда бошад.[18]

Чунонки дар китоби донишномаи Имом Маҳдӣ (аҷ) омада, бар асоси ривоёт, даҳ ҳазор нафар дар Макка бо Имоми Замон (аҷ) байъат мекунанд ва ӯ сипоҳе ба Мадина мефиристад, ё бино ба ривояти дигаре, худ ба Мадина меравад ва сипас барои саркуби Суфёнӣ, роҳии Ироқ мешавад, ки маҳалли аслии набарди қиём аст.[19]

Дар ривоёт, аз фатҳи Рум, Дайлам, Ҳинд, Кобул ва Хазар ба дасти он ҳазрат сухан омада аст.[20] Низ омада аст, ки ҳазрати Исо (а) дар Байт-ул-муқаддас ба Имоми Замон (аҷ) мулҳақ мешавад.[21] Поёни қиём Кӯфа аст ва ин шаҳри маркази ҳукумати Имом Маҳдӣ (а) мешавад.[22]

Чигунагии оғоз

Тибқи ривоёт, Имом Маҳдӣ (аҷ) намози Хуфтанро дар Масҷид-ул-ҳаром мехонд ва пас аз он канори Каъба қиёмашро оғоз мекунад.[23] Ӯ меросӣ аз Расули Худо, ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с), аз ҷумла шамшер, зиреҳ, салла, зин, асо, ридоъ ва парчами Пайғамбар ба ҳамроҳ дорад[24] ва байни рукн ва мақом аз ёронаш байъат мегирад.[25]

Ба нақли Шайхи Садуқ, Имом Маҳдӣ ҳамроҳ бо 313 тан дар Масҷидул-ҳаром ҳозир мешавад ва бо ин оят суханонашро оғоз мекунад: «بَقِيَّتُ اللَّهِ خَيْرٌ لَكُمْ إِنْ كُنْتُمْ مُؤْمِنِينَ». Сипас бо баёни ҷумлаи «أَنَا بَقِيَّةُ اللَّهِ فِي أَرْضِهِ وَ خَلِيفَتُهُ وَ حُجَّتُهُ عَلَيْكُمْ» худро мисдоқи он муаррифӣ мекунад ва ҳангоме, ки адади ёронаш ба даҳ ҳазор тан расид, қиёмашро оғоз мекунад.[26]

Силоҳ

Бар асоси ривоёт, силоҳи Имоми Замон (аҷ) дар қиём «сайф» (шамшер) аст.[27] Барои ҳамин, баъзеҳо муътақиданд ҳангоми қиёми Имом Маҳдӣ (аҷ), силоҳҳои пешрафта ба амри Худо аз кор мемонад, гуруҳе мегӯянд ба иллати вуқуъи ҷангҳое қабл аз зуҳур, он силоҳҳо аз байн меравад ва ба бовари ҷамъе дигар, Худо дар шамшери Имом Маҳдӣ қудрати эъҷозгунае қарор медиҳад, ки бар дигар силоҳҳо бартарӣ меёбад.[28]

Дар муқобил, касоне бар ин боваранд ки калимаи «сайф» дар ин ривоёт киноя аз қудрат ва неруӣ низомӣ аст.[29] Бинобарин манзур ин аст, ки Имоми Замон (аҷ) аз тариқи муборизаи низомӣ бар душман пирӯз мешавад, на инки лузуман аз шамшер истифода мекунад.[30]

Ширкаткунандагон

Ҳамчунин бубинед: Асҳоби Имом Маҳдӣ (аҷ)

Бархе аз хусусиятҳои ширкаткунандагон дар қиёми Имоми Замон, аз ҷумла теъдод, хусусиятҳои фардӣ ва шахсиятҳои маъруфашон дар ривоёт баён шуда аст.

Теъдод

Шумори ёрони Имом Маҳдӣ (аҷ) дар бештари ривоёт, 313 тан, ба андозаи асҳоби Пайғамбар (с) дар ҷанги Бадр дониста шуда аст,[31] аммо ин теъдод дар ривоёти дигар, бештар аст, монанди даҳ ҳазор,[32] дувоздаҳ ҳазор ё понздаҳ ҳазор нафар.[33] Бар ҳамин асос, гуфта шуда аст, ки ширкаткунандагон дар қиём беш аз 313 нафар ҳастанд ва 313 тан, ёрони хос ва фармондеҳони сипоҳи ӯ ҳастанд.[34]

Вижагиҳои фардӣ

Дар ҳадисе аз китоби ал-Ғайба, навиштаи Нуъмонӣ, бештари ширкаткунандагони қиём ҷавон ва шумори андаке аз онон пир муаррифӣ шудаанд.[35] Ҳамчунин онон бисёр шуҷоъ, шабзиндадор, бисёр собитқадам ва нерӯманд тавсиф шудаанд.[36]

Шахсиятҳои маъруф

Бар асоси ривоёт, ҳазрати Исо низ Имоми Замонро дар қиём ёрӣ медиҳад.[37] Ҳамчунин гуруҳе аз авлиёи Худо, ки аз дунё рафтаанд раҷъат мекунанд. Бархе аз афроде, ки номашон дар ривоёт омада, иборатанд аз: Асҳоби Каҳф, Юшаъ ибни Нун, Муъмини оли Фиръавн, Салмони Форсӣ, Абудуҷонаи Ансорӣ ва Молик Аштари Нахаъӣ.[38]

Эзоҳ

  1. Салимиён, Дарсномаи маҳдавият, 1389ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.170 - 171.
  2. Садр, ал-Мавсуъат-ул-маҳдавийя, 1412ҳ.қ., ҷ.3 (Таъриху мобаъд-из-зуҳур), саҳ.195.
  3. Салимиён, Дарсномаи маҳдавият, 1389ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.172.
  4. Шайхи Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.377-378.
  5. Шайхи Садуқ, Хисол, 1362ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.108.
  6. Нуъмонӣ, ал-Ғайба, 1397ҳ.қ., саҳ.164, ҳадиси 5.
  7. Садр, ал-Мавсуъат-ул-маҳдавийя, 1412ҳ.қ., ҷ.3 (Таъриху мобаъд-из-зуҳур), саҳ.449.
  8. Садр, ал-Мавсуъат-ул-маҳдавийя, 1412ҳ.қ., ҷ.3 (Таъриху мобаъд-из-зуҳур), саҳ.207.
  9. Садр, ал-Мавсуъат-ул-маҳдавийя, 1412ҳ.қ., ҷ.3 (Таъриху мобаъд-из-зуҳур), саҳ.212 - 213.
  10. Садр, ал-Мавсуъат-ул-маҳдавийя, 1412ҳ.қ., ҷ.3 (Таъриху мобаъд-из-зуҳур), саҳ.213.
  11. Нуъмонӣ, ал-Ғайба, 1397ҳ.қ., саҳ.164, ҳадиси 5.
  12. Муҳаммадӣ Рейшаҳрӣ ва дигарон, Донишномаи Имом Маҳдӣ (аҷ), 1393ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.199.
  13. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.231, ҳадиси 3/ Нуъмонӣ, ал-Ғайба, 1397ҳ.қ., саҳ.313, 315.
  14. Шайхи Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.62 - 63.
  15. Муҳаммадӣ Рейшаҳрӣ ва дигарон, Донишномаи Имом Маҳдӣ (аҷ), 1393ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.199.
  16. Ирбилӣ, Кашф-ул-ғумма, 1381ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.469/ Файзи Кошонӣ, китоби ал-Вофӣ, 1406ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.467.
  17. Муҳаммадӣ Рейшаҳрӣ ва дигарон, Донишномаи Имом Маҳдӣ (аҷ), 1393ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.199.
  18. Муҳаммадӣ Рейшаҳрӣ ва дигарон, Донишномаи Имом Маҳдӣ (аҷ), 1393ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.199.
  19. Муҳаммадӣ Рейшаҳрӣ ва дигарон, Донишномаи Имом Маҳдӣ (аҷ), 1393ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.201.
  20. Нуъмонӣ, ал-Ғайба, 1397ҳ.қ., саҳ.235, ҳадиси 22.
  21. Салимиён, Дарсномаи маҳдавият, 1389ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.179.
  22. Салимиён, Дарсномаи маҳдавият, 1389ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.179.
  23. Муҳаммадӣ Рейшаҳрӣ ва дигарон, Донишномаи Имом Маҳдӣ (аҷ), 1393ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.200 - 201.
  24. Нуъмонӣ, ал-Ғайба, 1397ҳ.қ., саҳ.270.
  25. Шайхи Тӯсӣ, ал-Ғайба, 1411ҳ.қ., саҳ.454/ Муфид, Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.379.
  26. Шайхи Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.331.
  27. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.50, ҳадиси 13/ Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.321 - 322, ҳадиси 3/ Нуъмонӣ, ал-Ғайба, 1397ҳ.қ., саҳ.164, ҳадиси 5.
  28. Салимиён, Дарсномаи маҳдавият, 1389ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.176.
  29. Макорими Шерозӣ, Ҳукумати ҷаҳонии Маҳдӣ, 1380ҳ.ш., саҳ.251 - 253.
  30. Макорими Шерозӣ, Ҳукумати ҷаҳонии Маҳдӣ, 1380ҳ.ш., саҳ.251.
  31. Шайхи Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.654, ҳадиси 20 ва 21/ Нуъмонӣ, ал-Ғайба, 1397ҳ.қ., саҳ.314 - 315, ҳадиси 7,8,9/ Садуқ, ал-Хисол, 1362ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.649, ҳадиси 43/ Табарӣ, Далоил-ул-имомат, 1413ҳ.қ., саҳ.455/ Тӯсӣ, ал-Ғайба, 1411ҳ.қ., саҳ.477.
  32. Нуъмонӣ, ал-Ғайба, 1397ҳ.қ., саҳ.314, ҳадиси 2/ Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.654, ҳадиси 20.
  33. Сайид ибни Товус, ал-Малоҳим ва-л-фитан, 1398ҳ.қ., саҳ.64 - 65.
  34. Замонӣ, Ҳазрати Маҳдӣ, оинаи пайғамбарон, 1396ҳ.ш., саҳ.219/ Қироатӣ, Шарҳи дуои шарифи ифтитоҳ, 1392ҳ.ш., саҳ.111/ Самадӣ, Сираи Имом Маҳдӣ (а), 1393ҳ.ш., саҳ.190.
  35. Нуъмонӣ, ал-Ғайба, 1397ҳ.қ., саҳ.315 - 316, ҳадиси 10.
  36. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.52, саҳ.386.
  37. Сайид ибни Товус, ал-Малоҳим ва-л-фитан, 1398ҳ.қ., саҳ.83.
  38. Ҳурри Омилӣ, Исбот-ул-ҳудот, 1425ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.173.

Сарчашма

  • Замонӣ, Сайидҳасан, Ҳазрати Маҳдӣ, оинаи пайғамбарон, Қум, Бунёди фарҳангии ҳазрати Маҳдии Мавъуд, 1396ҳ.ш.
  • Ирбилӣ, Алӣ ибни Исо, Кашф-ул-ғумма фи маърифат-ил-аимма, бо муқаддимаи Ҷаъфари Субҳонии Табрезӣ ва ҳошияи Сайидҳошими Расулии Маҳаллотӣ, Табрез, Мактабату Баниҳошимӣ, 1381ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, тасҳеҳ ва таҳқиқ Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломийя, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Ҳукумати ҷаҳонии Маҳдӣ, Қум, Насли ҷавон, чопи даҳум, 1380ҳ.ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор-ил-ҷомеъа лидурари ахбор-ил-аиммат-ил-атҳор, тасҳеҳ ва таҳқиқи ҷамъе аз муҳаққиқон, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
  • Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршод фи маърифати ҳуҷаҷиллоҳи ала-л-ибод, тасҳеҳ ва таҳқиқи муассисаи Ол-ул-Байт, Қум, конгресси Шайхи Муфид, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
  • Муҳаммадӣ Рейшаҳрӣ, Муҳаммад ва дигарон, Донишномаи Имом Маҳдӣ (а) бар пояи Қуръон, ҳадис ва таърих, Қум, Дор-ул-ҳадис, 1393ҳ.ш.
  • Нуъмонӣ, Муҳаммад ибни Иброҳӣм, ал-Ғайба, тасҳеҳ ва таҳқиқи Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, нашри Садуқ, 1397ҳ.қ.
  • Садр, Сайидмуҳаммад, ал-Мавсуъат-ул-маҳдавийя, ҷ.3 (Таъриху мобаъд-из-зуҳур), Бейрут, Дор-ут-таъоруф, 1412ҳ.қ./1992м.
  • Сайид ибни Товус, ал-Малоҳим ва-л-фитан фи зуҳур-ил-ғоиб-ил-мунтазар, Қум, интишороти Разӣ, чопи панҷум, 1398ҳ.қ./1978м.
  • Салимиён, Худомурод, Дарсномаи маҳдавият, Қум, Бунёди фарҳангии ҳазрати Маҳдии Мавъуд, чопи дувум, 1389ҳ.ш.
  • Самадӣ, Қанбаръалӣ, Сираи Имом Маҳдӣ (а), Қум, Бунёди фарҳангии ҳазрати Маҳдии Мавъуд, 1393ҳ.ш.
  • Табарии Омулӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Далоил-ул-имомат, Қум, Беъсат, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
  • Файзи Кошонӣ, Мавло Муҳаммадмуҳсин, китоби ал-Вофӣ, таҳқиқи Зиёуддини Ҳусайнии Исфаҳонӣ, Исфаҳон, Мактабат-ул-имом Амирулмуъминини Алӣ (а), 1406ҳ.қ./1365ҳ.ш.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Камол-уд-дин ва тамом-ун-неъмат, тасҳеҳ ва таҳқиқ Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломийя, чопи дувум, 1395ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), тасҳеҳ ва таҳқиқи Маҳдии Лоҷвардӣ, Теҳрон, нашри ҷаҳон, чопи аввал, 1378ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Хисол, тасҳеҳ ва таҳқиқи Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, Ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, чопи аввал, 1362ҳ.ш.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Ғайба, тасҳеҳ ва таҳқиқи Ибодуллоҳ Теҳронӣ ва Алиаҳмади Носеҳ, Қум, Дор-ул-маъориф-ил-исломийя, чопи аввал, 1411ҳ.қ.
  • Қироатӣ, Муҳсин, Шарҳи дуои шарифи ифтитоҳ, Қум, Бунёди фарҳангии ҳазрати Маҳдии Мавъуд, 1392ҳ.ш.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Исбот-ул-ҳудот би-н-нусуси ва-л-муъҷизот‏, Бейрут, Аъламӣ, чопи аввал, 1425ҳ.қ.