Ҳамим

Аз wikishia

Ҳамим (арабӣ: حمیم) ба маънои ҳарорати шадид аст, ки дар Қуръон ба маънои оби ҷӯшоне аст, ки ба дӯзахиён хӯронда мешавад ва низ шахси наздик ба инсон, ба кор рафтааст. Ин калима бист маротиба дар Қуръон омадааст.[1]

Назари муфассирон дар бораи "ҳамим"

Муффасирон ва қуръонпажӯҳон бар ин боваранд, ки ҳамим дар Қуръон ду маъно дорад:

  • Оби доғу ҷӯшон,[2] ки ба аҳли ҷаҳаннам хӯронда мешавад.[3] Ояти 57 сураи Сод: «هَذَا فَلْیَذُوقُوهُ حَمِیمٌ وَ غَساقٌ»,[4] «Ин оби ҷӯшонда аст, бихӯред!» ва ояти 4 сураи Юнус: «وَ الَّذِينَ كَفَرُوا لَهُمْ شَرَابٌ مِنْ حَمِيمٍ وَ عَذَابٌ أَلِيمٌ بِمَا كَانُوا يَكْفُرُونَ»,[5] «Ва касоне ки кофир шуданд, барояшон шаробе аз ҳамим (оби ҷӯш) ва азоби бисёр дардноке аст..», бар ин маъно далолат доранд. Фахри Розӣ дар китоби «Мафотиҳ-ул-ғайб» аз бархе нақл кардааст, ки мақсуд аз ҳамим дар ин оёт, миси зубшуда аст.[6]
  • Шахсе, ки ба инсон наздик аст (қариб). Ояти 101 сураи Шуаро: «وَ لَا صَدِيقٍ حَمِيمٍ»,[7] «На дӯсте ва на қарибе дорад!» ва ояти 10 сураи Маориҷ: «وَ لَا يَسْأَلُ حَمِيمٌ حَمِيمًا»,[8] «Аз қариб ва дӯсти самимие аз дӯсташ намепурсанд», бар ин маъно далолат доранд. Муффасирон, ҳамимро дар ин оёт, ба маънои қариб,[9] қариби дилсӯз ва меҳрубон;[10] қарибе, ки пайгири масоил ва мушкилоти инсон аст[11] ва қариби ҳимоятгар[12] донистаанд.

Маънои ҳамим дар китоби ат-Таҳқиқ

Ба гуфтаи Ҳасан Мустафавӣ, нависандаи китоби «ат-Таҳқиқу фи калимот-ил-Қуръон-ил-карим», ҳамим чанд маъно дорад: "ҳарорати шадид", "сиёҳ шудан", "наздикӣ ва ҳузур", "навъе садо" ва "қасд", ки ҳамаи ин маъонӣ ба ҳарорати шадид бармегарданд. Ба унвони мисол агар ба бархе чашмаҳо ҳамим мегӯянд ба хотири вуҷуди оби дорои ҳарорат, дар он чашмаҳо аст ва агар ба касе, ки ба инсон наздик аст ҳамим гуфта мешавад, ба хотири муҳаббат ва алоқаи шадид ба ӯст.

Ҳамчунин агар дар бораи ангишт ба кор бурда мешавад, ба сабаби он аст, ки чӯб бо ҳарорати шадид ва оташ сиёҳ шуда ва табдил ба ангишт[13] шудааст. Бинобар ин, ҳамим ба маънои чизи ҷӯшу бо ҳарорат аст, хоҳ ҳарорати моддие монанди оби ҷӯш бошад ва чи ҳарорати маънавие монанди дӯст ва валийи инсон.[14]

Эзоҳ

  1. Қаршӣ, Қомуси Қуръон, 1371 ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.184.
  2. Роғиби Исфаҳонӣ, ал-Муфрадот, 1412 ҳ.қ., саҳ.254/ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372 ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.643, ҷ.4, саҳ.492/ Шайх Тӯсӣ, ат-Тибён, бе то, ҷ.10, саҳ.244/ Табарӣ, Ҷомеъ-ул-баён, 1412 ҳ.қ., ҷ.30, саҳ.9/ Мароғӣ, Тафсир- ул-Мроғӣ, бе то, ҷ.30, саҳ.13/ Замахшарӣ, ал-Кашшоф, 1407 ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.150.
  3. Ҷурҷонӣ, Ҷалоъ-ул-азҳон, 1377 ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.154.
  4. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374 ҳ.ш., ҷ.19, саҳ.320.
  5. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374 ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.221.
  6. Розӣ, Мафотиҳ-ул-ғайб, 1420 ҳ.қ., ҷ.31, саҳ.17.
  7. Ибни Ҷавзӣ, Зод-ул-масир, 1422 ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.343.
  8. Табарӣ, Ҷомеъ-ул-баён, 1412 ҳ.қ., ҷ.29, саҳ.46.
  9. Табарӣ, Ҷомеъ-ул-баён, 1412 ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.56/ Ибни Ҳоим, ат-Тибён, 1423 ҳ.қ., саҳ.322/ Замахшарӣ, ал-Кашшоф, 1407 ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.37/ Шуббар, Тафсир-ул-Қуръон-ил-азим, 1412 ҳ.қ., саҳ.532.
  10. Роғиби Исфаҳонӣ, ал-Муфрадот, 1412 ҳ.қ., саҳ.255/ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372 ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.531/ Суютӣ, ад-Дурр-ул-мансур, 1404 ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.91/ Олусӣ, Рӯҳ-ул-маъонӣ, 1415 ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.313.
  11. Анделусӣ, ал-Муҳаррар-ул-ваҷиз, 1422 ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.236/ Анделусӣ, ал-Баҳр-ул-муҳит, 1420 ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.138/ Табарсӣ, Ҷавомеъ-ул-ҷомеъ, 1377 ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.163.
  12. Шайхи Тӯсӣ, ат-Тибён, бе то, ҷ.8, саҳ.37 ва ҷ.10, саҳ.117/ Олусӣ, Рӯҳ-ул-маъонӣ, 1415 ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.313.
  13. Мустафавӣ, ат-Таҳқиқ, 1360 ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.287.
  14. Мустафавӣ, ат-Таҳқиқ, 1360 ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.288.

Сарчашма

  • Қуръони Карим.
  • Олусӣ, Сайидмаҳмуд, Рӯҳ-ул-маъонӣ фи тафсир-ил-Қуръон-ил-азим, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмийя, 1415 ҳ.қ..
  • Ибни Ҷавзӣ, Абдурраҳмон ибни Алӣ, Зод-ул-масир фи илм-ит-тафсир, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-арабӣ, 1422 ҳ.қ.
  • Ибни Манзур, Лисон-ул-араб, Бейрут, Дор-ул-фикр - Дору содир, 1414 ҳ.қ.
  • Ибни Ҳоим, Аҳмад ибни Муҳаммад, ат-Тибён фи тафсири ғариб-ил-Қуръон, Бейрут, Дор-ул-ғарб-ил-исломӣ, 1423 ҳ.қ.
  • Анделусӣ, Абуҳаён, ал-Баҳр-ул-муҳит, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1420 ҳ.қ.
  • Анделусӣ, Ибни Атийя, ал-Муҳаррар-ул-ваҷиз фи тафсир-ил-китоб-ил-азиз, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмийя, 1422 ҳ.қ.
  • Ҷурҷонӣ, Ҳусайн ибни Ҳасан, Ҷалоъ-ул-азҳон ва ҷалоъ-ул-аҳзон, Теҳрон, донишгоҳи Теҳрон, 1377 ҳ.ш.
  • Розӣ, Фахриддин, Мафотиҳ-ул-ғайб, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1420 ҳ.қ.
  • Роғиби Исфаҳонӣ, Ҳусайн ибни Муҳаммад, ал-Муфрадот фи ғариб-ил-Қуръон, Димишқ, Дор-ул-илм, 1412 ҳ.қ.
  • Замахшарӣ, Маҳмуд, ал-Кашшоф ан ҳақоиқи ғавомиз-ит-танзил, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-арабӣ, 1407 ҳ.қ.
  • Суютӣ, Ҷалолиддин, ад-Дурр-ул-мансур, Қум, Маръашии Наҷафӣ, 1404 ҳ.қ.
  • Шуббар, Сайид Абдуллоҳ, Тафсир-ул-Қуръон-ил-азим, Бейрут, Дор-ул-балоға, 1412 ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Ҷавомеъ-ул-ҷомеъ, Теҳрон, донишгоҳи Теҳрон ва маркази мудирияти ҳавзаи илмияи Қум, 1377 ҳ.ш.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Носири Хисрав, 1372 ҳ.ш.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Ҷомеъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дор-ул-маърифат, 1412 ҳ.қ.
  • Турайҳӣ, Фахриддин, Маҷмаъ-ул-баҳрайн, Теҳрон, Муртазавӣ, 1375 ҳ.ш.
  • Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, бе то.
  • Қаршӣ, Сайид Алиакбар, Қомуси Қуръон, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломийя, 1371 ҳ.ш.
  • Мароғӣ, Аҳмад ибни Мустафо, Тафсир-ул-Мароғӣ, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, бе то.
  • Мустафавӣ, Ҳасан, ат-Таҳқиқ фи калимот-ил-Қуръон-ил-карим, Теҳрон, бунгоҳи тарҷума ва нашри китоб, 1360 ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломийя, 1374 ҳ.ш.