Таваккул

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Эътимод ба Худо)
Макорими ахлоқ

Таваккул (арабӣ: التوکل) аз фазилатҳои ахлоқӣ ва манозили сайру сулук ба маънои вогузории корҳо ба Худо ва эътимод ба Ӯст ва ин ки Ӯро танҳо таъсиргузор дар вуҷуд бидонад. Қуръон таваккулро лозимаи имон донистааст. Аҳодис онро аз аркони имон муаррифӣ кардаанд. Бархе аз олимони ахлоқ, яксон будани ҳоли инсон қабл ва баъд аз ба даст овардани мол ва ё аз даст додани онро, нишонаи таваккул дар вуҷуди одамӣ донистаанд.

Болотарин мартабаи таваккул ин аст ки инсон ҳамаи умури худро ба Худо вогузор кунад ва дар баробари Худо иродае барои худ қоил набошад ва чизеро бипасандад, ки Худо барои ӯ рақам мезанад. Дараҷаи таваккули ҳар шахсе ба дараҷаи имону тавҳидбоварии ӯ вобастагӣ дорад.

Ба гуфтаи уламои ахлоқ, дар дини Ислом, таваккул бо кору талош ва тавҳиди афъолӣ мунофоте надорад; зеро асбоби зоҳирӣ, таъсири мустақил надоранд ва таъсири онҳо вобаста ба машияти Илоҳӣ ва дар тӯли қудрати Худост. Барои таваккул осоре ҳамчун кифояти ризқ, осон шудани корҳо ва иззат дар баробари ғайрихудо баён шудааст.

Мафҳум

Таваккул ба маънои изҳори нотавонӣ дар коре ва эътимод кардан ба дигарӣ аст.[1] Ба гуфтаи Муҳаммадмаҳдии Нароқӣ дар китоби Ҷомеъ-ус-саъодот, таваккул дар фарҳанги динӣ он аст, ки инсон танҳо Худовандро таъсиргузор дар ҳастӣ бидонад; аз ин рӯ танҳо ба Ӯ эътимод карда ва аз ғайри Ӯ қатъи умед мекунад ва умури худро ба Ӯ вомегузорад.[2]

Аллома Таботабоӣ низ таваккулро он донистааст, ки дар умур танҳо Худовандро муассир бидонем.[3] Шайхи Садуқ дар китоби Маъони-л-ахбор ҳадисе аз Паёмбари Ислом (с) нақл карда ки тибқи он таваккул он аст ки инсони бидонад махлуқот ҳеҷ суду зиёне барои ӯ надоранд ва фақат ба Худованд умедвор бошад ва аз ғайри Ӯ натарсад ва танҳо барои Ӯ кор кунад.[4]

Дар китоби Ахлоқ дар Қуръон омада ки ҳақиқати таваккул, «Эътимоди қалбӣ дар тамоми корҳо бар Худо ва сарфи назар кардан аз «мосиваллоҳ» (ҳарчи ғайри Худо) аст ва мунофоте бо истифода аз асбобу фаъолиятҳои ҷисмонӣ ва тадбири ақлонӣ надорад.»[5]

Робитаи таваккул бо тафвиз, ризо ва таслим

Таваккул бо тафвиз иртибот наздике дорад. Кулайнӣ дар китоби ал-Кофӣ, аҳодиси марбут ба тафвизу таваккулро дар як бахш ба номи «Боб-ут-тафвизи ила-л-Лоҳи ва-т-таваккули алайҳ» овардааст.[6] Абдурразоқи Кошонӣ (орифи машҳури шиӣ) таваккулро аз шохаҳои тафвиз донистааст[7] Ва ба гуфтаи Имом Хумайнӣ дар китоби Шарҳи чиҳилҳадис (Арбаъин ҳадис), тафовути таваккул ва тафвиз ин аст ки дар тафвиз инсон худро бидуни қудрат мебинад ва танҳо Худоро дорои таъсир дар умур медонад; аммо дар таваккул Худоро дар касби хайру манфиат вакили худ мекунад.[8]

Таваккул бо фазоили ахлоқии дигар ҳамчун ризо ва таслим низ дар иртибот аст. Аз назари урафо, мақоми ризо ва таслим бартар аз мақоми таваккул аст.[9] Дар мақоми таваккул, инсон Худоро вакили худ қарор медиҳад; аммо таъаллуқ ба умури дунявиро канор намегузорад; вале дар мартабаи ризо[10] ва таслим[11] ба он чи ки Худованд муқарар кардааст ризоят медиҳад; ҳарчанд мувофиқи майлаш набошад.

Аҳамият ва ҷойгоҳ

Вожаи таваккул ва ҳамрешаҳои он 70 бор дар Қуръон ба кор рафтааст.[12] Қуръон дар борҳо аз имон ва таваккул дар канори якдигар сухан ба миён оварда[13] ва дар мавориде таваккулро лозимаи имон донистааст.[14] Барои намуна дар ояти 2 сураи Анфол, муъминон касоне муаррифӣ шудаанд, ки танҳо бар Парвардигорашон таваккул доранд. Дар оёти мутаъаддиди дигар низ таъбири «و عَلی اللّهِ فَلْیتَوَکَلِ المُؤمنون» (муъминон ба Худо таваккул мекунанд), ба кор рафтааст.[15] Бинобар оёти Қуръон Худо мутаваккилонро дӯст дорад[16] ва касе ки бар Худо таваккул кунад Худо ӯро кифоят мекунад.[17] Бахше аз оёти таваккул (монанди оёти 49 ва 61 сураи Анфол ва ояти 51 сураи Тавба) дар мавзуи ҷиҳоду набард бо кофарон ё сулҳу барқарории равобити сиёсӣ бо онҳо ва низ нигоҳу рафтори мунофиқон нозил шудааст.[18]

Дар аҳодис низ таваккул муҳим дониста шуда ва ба он суфориш шудааст.[19] Бар асоси ривояте аз Имом Алӣ (а), таваккул дар канори тафвиз, ризо ба қазои Илоҳӣ ва таслим дар баробари фармони ӯ, аз аркони чоргонаи имон аст.[20] Ҳамчунин бинобари ҳадисе аз Имом Ризо (а) таваккул бар Худо аз аҷзои яқин аст.[21] Дар ҳадиси ҷунуди ақлу ҷаҳл аз Имом Содиқ (а), таваккул аз сипоҳёни ақлу зидди ҳирс муаррифӣ шудааст.[22]

Уламои ахлоқ таваккулро аз манозили сайру сулук[23] ва аз фазоили ахлоқӣ[24] донистаанд.

Маротиб ва дараҷот

Дар манобеи ахлоқӣ ва ирфонӣ маротибе барои таваккул зикр шудааст. Тибқи ин китобҳо таваккул ба лиҳози қуввату заъф се дараҷа дорад:[25]

Дараҷаи нахуст: дар ин дараҷа шахс ба гунае ба Худо эътимод дорад ки ба як вакил эътимод мекунад.[26] Мулло Муҳаммадмаҳдии Нароқӣ ин мартабаро заъифтарин дараҷаи таваккул донистааст.[27]

Дараҷаи дувум: дар ин дараҷа ҳоли таваккулкунанда нисбат ба Худо монанди ҳоли кӯдак нисбат ба модараш аст ки ҷуз ӯро намешиносад ва ба ғайр ӯ паноҳ намебарад ва ҷуз ӯ ба касе эътимод намекунад. Тафовути ин марҳала аз таваккул бо марҳалаи аввал ин аст ки ин ҷо мутаваккил (таваккулкунанда) фақат ба касе ки бар ӯ таваккул карда, тавваҷуҳ мекунад ва ҳатто ба худи таваккул низ тавваҷуҳ надорад.[28] Уламои ахлоқ дастёбӣ ба ин мартаба аз таваккулро махсус одамони хос медонанд.[29]

Дараҷаи сеюм: ба гуфтаи уламои ахлоқ дар ин дараҷа, мутаваккил худро ба монанди мурдае дар дастҳои мурдашӯ мебинад ки аз худ ихтиёре надорад ва танҳо ба ихтиёри ӯ ҳаракат мекунад.[30] Тафовути ин марҳала бо марҳалаи дувуми таваккул дар ин аст ки дар он марҳала мутаваккил дуову тазарруъро тарк намекунад; аммо дар ин ҷо мумкин аст мутаваккил ба сабаби эътимод ба анояти Парвардигор, дуову тазарруъ ба даргоҳи Ӯро низ тарк намояд.[31] Нароқӣ ин дараҷа аз таваккулро болотарин дараҷаи он шумурдаву дастёбӣ ба онро бисёр нодир донистааст. Ба бовари вай таваккули ҳазрати Иброҳим дар моҷарои партоби ӯ ба сӯи оташ аз ин навъ будааст.[32][Ёддошт 1]

Ба гуфтаи Нароқӣ дар Ҷомеъ-ус-саъодот, таваккули инсонҳо бо ҳам тафовут дорад ва ба мартабаи яқину тавҳиди онҳо вобаста аст. Ҳар андоза имон қавитар бошад, дараҷаи таваккули инсон ҳам болотар аст.[33]

Роҳи расидан ба мақоми таваккул

Муҳаммадмаҳдии Нароқӣ, роҳи ба даст овардани таваккулро тақвияти бовари инсон дар бораи тавҳид медонад; ба гунае ки ҳамаи умурро аз Худо бидонад ва ғайри Ӯро дар ҳеҷ коре дахил набинад.[34] Ӯ тафаккур дар хилқати худ ва таъаммул дар оёте аз Қуръон ки дар бораи таваккул аст ва мутолиаи саргузашти касоне ки ба Худо таваккул кардаандро низ суфориш кардааст.[35]

Аз назари Нароқӣ, нишонаи таваккул ин аст ки аз даст додани амвол ё ба даст овардани он тағйире дар ҳоли инсон эҷод накунад.[36]

Осори таваккул

Дар бархе аз оёти Қуръон ва ривоёт осоре барои таваккул зикр шудааст. Барои мисол дар ояти 3 сураи Талоқ омадааст, касе ки бар Худо таваккул мекунад, Худованд ӯро кифоят хоҳад кард. Дар бархе аз аҳодис низ бо истинод ба ин оят, чунин асаре барои таваккул баён шудааст.[37] Дар ҳадисе аз Имом Алӣ (а) омадааст: ҳар кас ба Худо таваккул кунад, сахтиҳо барояш осон мешавад ва асбоб барояш фароҳам мегардад.[38]

Уламои ахлоқ бо истинод ба ояти «وَ مَنْ يَتَوَكَّلْ عَلَى اللَّهِ فَإِنَّ اللَّهَ عَزيزٌ حَكيمٌ Ҳар шахсе ки бар Худо таваккул кунад [бидуни тардид пирӯз мешавад] зеро Худо тавонои шикастнопазир ва ҳаким аст»,[39] бар ин боваранд ки инсони мутаваккил дар баробари дигарон эҳсоси зиллат намекунад.[40] Ҳамчунин бар асоси ривояте аз Имом Ризо (а) ҳар кас ки мехоҳад қавитарин мардум бошад, бояд ба Худованд таваккул кунад.[41]

Робитаи таваккул бо кору кӯшиш

Ба гузориши Ғаззолӣ ва Муҳаммадмаҳдии Нароқӣ бархе таваккулро ба маънои даст рӯи даст гузоштану раҳо кардани кору кӯшиш мепиндоранд.[42] Файзи Кошонӣ дар ишкол ба ин дидгоҳ, гуфтааст: дар дини Ислом, таваккул бо кору талош мунофот надорад.[43]

Дар китоби Тафсири намуна омадааст ки эътимод бар асбобу иллатҳои зоҳирӣ бо тавҳиди афъолӣ носозӣ надорад; зеро асбобу иллатҳои зоҳирӣ қудрати мустақил надоранд ва таъсири онҳо дар доираи қудрату машияти Худованд аст.[44] Дар аҳодис низ, тавассул ба асбоби табиӣ дар канори таваккул, суфориш шудааст. Барои намуна аз Пайғамбар (с) нақл шудааст ки зонуи шутурро бибанду он гоҳ таваккул кун.[45]

Ҷалолуддини Балхӣ дар Маснавии маънавӣ, ин ҳадисро дар қолаби шеър даровардааст:[46]

Гуфт оре гар таваккул раҳбар аст,
Ин сабаб ҳам суннати Пайғамбар аст.
Гуфт Пайғамбар ба овози баланд,
Бо таваккул зонуи уштур бибанд
Рамзи ал-косиб ҳабибуллоҳ шинав
Аз таваккул дар сабаб коҳил машав.[47]

Эзоҳ

  1. Ибни Форс, Муъҷаму мақоис-ул-луғат, 1404ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.136
  2. Нароқӣ, Ҷомеъ-ус-саъодот, 1383ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.218 - 219 ва 226
  3. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.78
  4. Шайхи Садуқ, Маъони-л-ахбор, 1403ҳ.қ., саҳ.261
  5. Макорими Шерозӣ, Ахлоқ дар Қуръон, 1377ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.265 - 266
  6. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.63
  7. Кошонӣ, Шарҳи манозил-ус-соирин, 1379ҳ.ш., саҳ.98
  8. Имом Хумайнӣ, Чиҳилҳадис, 1388ҳ.ш., саҳ.217
  9. Ниг.: Кошонӣ, Шарҳи манозил-ус-соирин, 1379ҳ.ш., саҳ.94 - 98
  10. Имом Хумайнӣ, Чиҳилҳадис, 1388ҳ.ш., саҳ.217
  11. Тӯсӣ, Ахлоқи носирӣ, Нашри илмияи исломия, саҳ.80
  12. Моҳрӯзода, Робитаи таваккулу тавассул ба асбоб, саҳ.64
  13. Барои намуна ниг.: сураи Мулк, ояти 29; сураи Юнус, ояти 84; сураи Моида, ояти 23; сураи Шӯро, ояти 36; сураи Наҳл, ояти 99; сураи Анфол, ояти 2
  14. Ниг.: сураи Оли Имрон, ояти 122; сураи Моида, ояти 23; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.188
  15. Ниг.: сураи Оли Имрон, оёти 122, 160; сураи Моида, ояти 11; сураи Тавба, ояти 51; сураи Иброҳим, ояти 11; сураи Тағобун, ояти 13; сураи Муҷодала, ояти 10
  16. Ниг.: сураи Оли Имрон, ояти 159
  17. Ниг.: сураи Талоқ, ояти 3
  18. Ниг.: Мунтазирӣ, Диросотун фи вилоят-ил-фақиҳ, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.20, 721 ва 728; Хумайнӣ, Салосу расоил - Вилоят-ил-фақиҳ, бе то, саҳ.41; Ҷамъе аз муҳаққиқон, Ҷиҳод дар оинаи Қуръон, 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.96; Аллома Таботабоӣ, ал-Мизону фи тафсир-ил-Қуръон, 1417ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.99, 117 ва 306
  19. Барои намуна ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.63 - 65; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.68, саҳ.135, 138, 143, 147, 153
  20. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.47
  21. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.52
  22. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.21
  23. Кошонӣ, Шарҳи манозил-ус-соирин, 1379ҳ.ш., саҳ.94
  24. Нароқӣ, Ҷомеъ-ус-саъодот, 1383ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.220
  25. Ниг.: Ғаззолӣ, Эҳёу улум-ид-дин, 1406ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.278 - 288; Файзи Кошонӣ, ал-Маҳаҷҷат-ул-байзо, дафтари нашри исломӣ, ҷ.7, саҳ.408; Нароқӣ, Ҷомеъ-ус-саъодот, 1383ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.223
  26. Файзи Кошонӣ, ал-Маҳаҷҷат-ул-байзо, дафтари нашри исломӣ, ҷ.7, саҳ.408; Нароқӣ, Ҷомеъ-ус-саъодот, 1383ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.223
  27. Нароқӣ, Ҷомеъ-ус-саъодот, 1383ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.223
  28. Файзи Кошонӣ, ал-Маҳаҷҷат-ул-байзо, Дафтари нашри исломӣ, ҷ.7, саҳ.408; Нароқӣ, Ҷомеъ-ус-саъодот, 1383ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.223
  29. Ниг.: Файзи Кошонӣ, ал-Маҳаҷҷат-ул-байзо, дафтари нашри исломӣ, ҷ.7, саҳ.408; Нароқӣ, Ҷомеъ-ус-саъодот, 1383ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.223
  30. Файзи Кошонӣ, ал-Маҳаҷҷат-ул-байзо, Дафтари нашри исломӣ, ҷ.7, саҳ.409; Нароқӣ, Ҷомеъ-ус-саъодот, 1383ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.223
  31. Файзи Кошонӣ, ал-Маҳаҷҷат-ул-байзо, Дафтари нашри исломӣ, ҷ.7, саҳ.409; Нароқӣ, Ҷомеъ-ус-саъодот, 1383ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.223
  32. Нароқӣ, Ҷомеъ-ус-саъодот, 1383ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.223 - 224
  33. Нароқӣ, Ҷомеъ-ус-саъодот, 1383ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.229 - 230
  34. Нароқӣ, Ҷомеъ-ус-саъодот, 1383ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.231 ва 232
  35. Нароқӣ, Ҷомеъ-ус-саъодот, 1383ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.231 ва 232
  36. Нароқӣ, Ҷомеъ-ус-саъодот, 1383ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.232
  37. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.63-65
  38. Тамимӣ Омидӣ, Ғурар-ул-ҳиками ва дурар-ул-калим, 1366ҳ.ш., саҳ.197
  39. Сураи Анфол, ояти 49
  40. Ғаззолӣ, Эҳёу улум-ид-дин, 1406ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.260
  41. Фиқҳ-ур-ризо, 1406ҳ.қ., ҷ.1, 358
  42. Ғаззолӣ, Эҳёу улум-ид-дин, 1406ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.282; Нароқӣ, Ҷомеъ-ус-саъодот, 1383ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.226
  43. Файзи Кошонӣ, ал-Маҳаҷҷат-ул-байзо, дафтари нашри исломӣ, ҷ.7, саҳ.413
  44. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.297
  45. Табарсӣ, Мишкот-ул-анвор, 1385ҳ.қ., саҳ.319 - 320
  46. Мавлавӣ, Маснавии маънавӣ, 1363ҳ.ш., (Дафтари аввал) ҷ.1, саҳ.56 - 62
  47. Мавлавӣ, Маснавии маънавӣ, 1363ҳ.ш., (Дафтари аввал) ҷ.1, саҳ.57

Ёддошт


Сарчашма

  • Аллома Таботабоӣ, ал-Мизону фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Интишороти исломӣ, чопи панҷум, 1417ҳ.қ.
  • Ибни Форс, Аҳмад ибни Форс, Муъҷаму мақоис-ул-луғат, тасҳеҳ: Абдусалом Муҳаммад Ҳорун, Қум, Интишороти дафтари таблиғоти исломии ҳавзаи илмияи Қум, 1404ҳ.қ.
  • Имом Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Шарҳи чиҳилҳадис, Теҳрон, Муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ, 1388ҳ.ш.
  • Кошонӣ, Муллоабдураззоқ, Шарҳи манозил-ус-соирини Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ, тасҳеҳ: Алии Ширвонӣ, Теҳрон, аз-Заҳро, 1379ҳ.ш.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, тасҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1407ҳ.қ.
  • Мавлавӣ, Ҷалолуддин Муҳаммад ибни Муҳаммад, Маснавии маънавӣ, тасҳеҳ: Руйнолд Николсон, эҳтимом: Насруллоҳи Пурҷаводӣ, Теҳрон, Интишороти илмӣ ва фарҳангӣ, 1363ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Ахлоқ дар Қуръон, Мадрисаи Имом Алӣ ибни Абитолиб (а), 1377ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1374ҳ.ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1403ҳ.қ.
  • Моҳрӯзода, Тоҳира, Робитаи таваккулу тавассул ба асбоб, Номаи ҷомеъа, соли сездаҳум, №115, пойизи 1394ҳ.ш.
  • Мунтазирии Наҷафободӣ, Ҳусайналӣ, Диросотун фи вилоят-ил-фақиҳи ва фиқҳ-ид-давлат-ил-исломия, Қум, Нашри тафаккур, чопи дувум, 1409ҳ.қ.
  • Нароқӣ, Муҳаммадмаҳдӣ, Ҷомеъ-ус-саъодот, тасҳеҳ: Сайид Муҳаммади калонтар, Наҷаф, Матбаат-ун-наҷаф, 1383ҳ.қ./1963м.
  • Табарсӣ, Алӣ ибни Ҳасан, Мишкот-ул-анвори фи ғурар-ил-ахбор, Наҷаф, ал-Мактабат-ул-ҳайдрия, 1385ҳ.қ./1965м/1344ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизону фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1417ҳ.қ.
  • Тамимӣ Омидӣ, Таснифи Ғурар-ул-ҳиками ва дурар-ул-калим, тасҳеҳ: Мустафо Дироятӣ, Қум, дафтари таблиғот, 1366ҳ.ш.
  • Файзи Кошонӣ, Муҳаммад ибни Муртазо, ал-Маҳаҷҷат-ул-байзои фи таҳзиб-ил-эҳё, тасҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, Дафтари нашри исломии вобаста ба ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, бе то.
  • Хоҷа Насируддини Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Теҳрон, илмияи исломия, бе то.
  • Хумайнӣ, Сайид Мустафо, Салосу расоил - Вилоят-ил-фақиҳ, Теҳрон, Муассисаи танзиму нашри осори Имом Хумайнӣ, чопи аввал, [ бе то ].
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Маъони-л-ахбор, тасҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, Дафтари интишороти исломии вобаста ба ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1403ҳ.қ.
  • Шаъирӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Ҷомеъ-ул-ахбор, Наҷаф, матбааи ҳайдария, бито.
  • ал-Фиқҳ-ул-мансуби ила-л-Имом ар-Ризо алайҳиссалом, Машҳад, муассисаи Ол-ил-байт алайҳимуссалом, 1406ҳ.қ.
  • Ғаззолӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Эҳёу улум-ид-дин, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1406ҳ.қ./1986м.
  • Ҷамъе аз муҳаққиқон, Ҷиҳод дар оинаи Қуръон, Қум, Замзами ҳидоят, чопи аввал, 1428ҳ.қ.


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found