Ноқаи Солеҳ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Шутури ҳазрати Солеҳ)

Ноқаи Солеҳ (шутури Солеҳ) муъҷизаи ҳазрати Солеҳи пайғамбар аст, ки дар Қуръон аз он ба “Ноқатуллоҳ” (арабӣ: ناقة الله шутури Илоҳӣ) таъбир шудааст. Ин шутур ба дархости мушрикон ва бо эъҷози Илоҳӣ аз даруни кӯҳ берун омад.

Бар асоси ривоёт, Худованд бо ноқаи Солеҳ, қавми Самудро имтиҳон кард ва оби наҳр, як рӯз ба ин ноқа ихтисос дошт ва мардум дар рӯзи баъд метавонистанд аз об истифода кунанд ва ҳаққи ҳеҷ тааррузе ба ин шутурро надоштанд. Аммо бо гузашти замон, иддае ноқаро аз байн бурданд ва дигарон низ ба-дон ризоят доданд. Дар натиҷа азоби Илоҳӣ нозил гашт ва ҳамаи мушрикон нобуд шуданд.

Нишонаи Илоҳӣ

Ноқаи Солеҳ шутури модае буд, ки бо муъҷизаи Илоҳӣ ва дар таъйиди ҳазрати Солеҳ офарида шуд.

Қуръон дар чанд оят аз ноқаи Солеҳ ёд карда ва дар умуми маворид аз он ба «Ноқатуллоҳ» таъбир мекунад. Изофаи ноқа ба Аллоҳ изофаи ташрифӣ[Ёддошт 1] дониста шудааст, ки нишонаи аҳамияти ин ноқа аст. Аҳамияти ин ноқа ба далели наҳваи хосси халқи он буда, ки бо муъҷизаи хосси Илоҳӣ офарида шуда ва василаи имтиҳони қавми Самуд гаштааст.

Қуръон ин ноқаро нишона ва далеле аз тарафи Парвардигор муаррифӣ мекунад: “قَدْ جاءَتْکمْ بَینَةٌ مِنْ رَبِّکمْ هذِهِ ناقَةُ الله لَکمْ آیةً”, “Далели равшане аз тарафи Парвардигоратон барои шумо омада. Ин ноқаи Илоҳӣ барои шумо муъҷизае аст”.

Хилқат

Қуръон аз тариқаи ба вуҷуд омадани ин ноқа, суҳбате ба миён наёварда ва танҳо ба нишона будани он ишора мекунад. Бо ин ҳол, ривоёти исломӣ ҷузъиёти бештаре аз ин муъҷиза зикр кардаанд. Солеҳ пас аз даҳҳо сол таблиғи худопарастӣ дар миёни қавми худ ва имон наёвардани умуми мардум, ба онон чунин пешниҳод медиҳад: «агар мехоҳед, дархосте аз ман кунед, то аз Худои худ бихоҳам ва Ӯ низ иҷобат кунад ва ё агар мехоҳед, ман аз худоёни шумо чизе бихоҳам, пас агар худоёни шумо хостаи маро посух доданд, ман аз миёни шумо меравам. Зеро ҳам ман шуморо хаста кардам ва ҳам шумо маро хаста кардед!».

Бар асоси ин ривоёт, қавми Самуд пешниҳоди Солеҳро пазируфтанд ва пас аз омода кардани муқаддамот, Солеҳ аз якояки бутҳо хоҳони ҷавоб шуд, аммо ҷавобе нашунид.

Навбат ба дархост аз Худои Солеҳ расид. Ҳафтод нафар аз бузургони қавм ҳамроҳи Солеҳ назди кӯҳе рафтанд. Сипас аз Солеҳ чунин хостанд: «дар ҳамин соат як шутури мода, сурхмӯй, пурмўй, ки даҳмоҳа бордор бошад ва... аз даруни кӯҳ берун биовар!» Солеҳ гуфт: «Он чи хостед бо ин ки бар ман сахт аст, вале бар Парвардигорам осон хоҳад буд!» Сипас Солеҳ ин хостаро аз Худованд дархост кард.

Кӯҳ бо садои баланде шикофта шуд. Сипас шутуре бо ҳамон мушаххасот аз даруни кӯҳ берун омад. Дар ин ҳол қавм дубора дархост кард, ки шутур, бачаи худро ба дунё биоварад. Шутур бачаи худро ба дунё овард. Дар ниҳоят, теъдоди андаке аз ин ҳафтод нафар имон овараданд ва ҳақиқати амрро ба мардум гуфтанд.

Имтиҳони қавми Самуд

Ноқаи Солеҳ бо муъҷизаи Илоҳӣ ба вуҷуд омад. Вуҷуд ва ҳаёти ин муъҷизаи Илоҳӣ, далели муҳкаме барои муъминон буд. Солеҳ ва муъминон аз шири он низ мехӯрданд. Худованд хоҳони нигаҳдорӣ ва ҳифзи ин ноқа буда ва тасреҳ мекунад, ки ин ноқа, барои имтиҳон ва озмоиш аст: «Мо ноқаро барои имтиҳон ва ибтилои онҳо фиристодем».

Бар асоси оёти Қуръон, қавми Самуд дар баробари ноқа, ду масъулият доштанд:

  • «Солеҳ гуфт: ин ноқа (муъҷизаи ман) аст, оби наҳрро як рӯз ноқа бихӯрад, як рӯз шумо, камтарин озоре ба он нарасонед, ки азоб, дар рӯзи бузург шуморо фаро хоҳад гирифт!».
  • «Ин модашутури Худо, бароятон нишонае аст. Раҳояш кунед, то дар замини Худо бичарад ва ҳеҷ осебе ба ӯ нарасонед, ки азоби дардоваре шуморо фаро хоҳад гирифт!».

Куштани ноқа ва азоби Илоҳӣ

Ноқаи Солеҳ бо ин ки муъҷизаи бузург буд, аммо қавми Самуд ба дастуроти Худованд пойбанд намонданд ва шутурро куштанду ба Солеҳ чунин гуфтанд: «эй Солеҳ, агар пайғамбар ҳастӣ он чиро ба мо ваъда медиҳӣ биовар». Дар ниҳоят азоби Илоҳӣ шомили онон шуд. Бар асоси оёти Қуръон, онҳо бо пай бурдан ба қатъияти азоб, пушаймон шуданд, аммо фоидае барояшон надошт ва ҷуз муъминон, ҳама ҳалок шуданд.

Хатои як фарду азоби қавм
Яке аз оёти Қуръон куштани ноқаро ба як фард истинод медиҳад: «Ёрашонро нидо доданд ва ӯ шамшер баргирифту он (шутур)-ро пай кард». Аз бархе ривоёт низ ҳамин матлаб ба даст меояд. Аммо оёти дигар, куштани ноқаро ба ҳамагон истинод дода ва ба табаи он азоби Илоҳӣ низ шомили ҳамаи онҳо шуд: «فَعَقَرُواْ النَّاقَةَ وَ عَتَوْاْ عَنْ أَمْرِ رَبِّهِمْ»; «Пас онҳо, модашутурро пай карданд ва аз фармони Парвардигорашон сар боз заданд».

Ин таъбири мутафовит, барои тазаккур ба ин нукта дониста шудааст, ки агарчӣ бархе афрод ин қатлро анҷом доданд, вале дигарон низ ба он розӣ буда ва онро таъйид карданд.

Имом Алӣ (а) дар сухане ба ин оят истинод карда, мефармояд: «Эй мардум, ризояту норизоӣ (бар амале) муҷиби ваҳдати подош ва кайфари мардум мегардад (яъне; омилон ва касоне ки розӣ ба он амаланд, дар кайфар ё подош шариканд) ноқаи «Самуд»-ро як нафар бештар накушт, аммо азоб ва кайфари он, ҳамаи қавми Самудро фаро гирифт, зеро ҳама ба амали ӯ розӣ буданд, Худованди Субҳон мефармояд: «Шутури модаи Самудро як нафар дасту по бурид, аммо азоби он тамоми қавми Самудро гирифт, зеро ҳамагӣ бар он розӣ буданд!».

Дар ривояте дар китоби Кофӣ омада, ки фарде ба номи Қудор ӯро кушт ва қавми Солеҳ ҷамъ омаданду ҳама ба ноқа зарбае заданд ва гӯшташро тақсим карданду ҳама аз он хӯрданд. Солеҳ ба онон се рӯз муҳлати тавба дод, пас аз он азоб нозил шуд.

Ёддошт


Эзоҳ

Сарчашма


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found