Ҳокими шаръ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Хокими шаръ)

Ҳокими шаръ (форсӣ: حاکم شرع) фақиҳи ҷомеъушшпроите аст, ки дар низоҳоъҳо ва ихтилофҳои байни мусулмонон қазоват мекунад. Ба ӯҳда гирифтани мансаби ҳокими шаръ воҷиби кафоӣ аст ва бар ин асос агар як фақиҳ дар бораи мавзӯъе ҳукме содир кард, фақиҳи дигарӣ наметавонад бо он мухолифат ва муъориза кунад. Фақиҳон дар давраи ғайбати Имоми Замон, ба ниёбат аз имоми маъсум мансаби ҳокими шаръро ба ӯҳда мегиранд.

Дар бораи маҳдудаи ихтиёроти ҳокими шаръ ихтилофи назар вуҷуд дорад; бархе аз фақиҳон ихтиёроти ҳокими шаръро ба мавориди мушаххасе чун сарпарастии ятимон ва тасмимгирӣ дар бораи амволи ашхоси ғоиб маҳдуд мекунанд, ва дар муқобил, гурӯҳе ихтиёроти ҳокими шаръро монанди ихтиёроти маъсумон медонанд.

Барои исботи ҳокимияти шаръии фақиҳон ба ривоёте истинод шудааст ки уламоро ворисони анбиё, аминони Паёмбар ё ҷонишинони ӯ муаррифӣ мекунанд. Ҳамчунин далели ақлӣ (ҳифзи билод ва назми умури динӣ ва дунёии бандагон) ва иҷмоъ ҳам барои исботи ҳокими шаръ будани фуқаҳо баён шудааст.

Мафҳумшиносӣ

Ҳокими шаръ фақиҳи ҷомеъушшароите аст, ки дар низоъҳо ва ихтилофҳои байни муъминон қизоват мекунад.[1] Бар ин асос фақиҳи ҷомеъушшароит илова бар судури фатво ба унвони марҷаъи тақлид, вазифаи судури ҳукм ба унвони ҳокими шаръро низ дорад[2] ва бар ӯҳда гирифтани ҳокимияти шаръӣ воҷиби кифоӣ аст.[3] Табаият аз ҳукми ҳокими шаръ воҷиб аст.[4] Ин истилоҳ аз замони Алломаи Ҳиллӣ ба китобҳои фиқҳӣ роҳ ёфтааст.[5]

Имом Хумайнӣ пас аз Инқилоби исломии Эрон таъбири ҳокими шаръро барои қозиҳое ба кор бардааст, ки дар манотиқи мухталифи Эрон машғул ба қизоват будаанд.[6]

Далоили ҳокими шаръ будани фақиҳон

Дар китобҳои фиқҳӣ далоили мухталифе барои ҳокими шаръ будани фақиҳон дар асри ғайбат матраҳ шудааст.[7] Ин далоил ба ривоёте иттико кардаанд, ки уламоро ворисони анбиё,[8] аминони Паёмбар[9] ё ҷонишинон ӯ[10] муаррифӣ мекунанд.

Илова бар далоили муттакӣ ба ривоёт, далоили ақлӣ низ барои исботи ҳокими шаръ будани фақиҳон дар давраи ғайбат баён шудааст; ба бовари фақиҳон ҳамон ақле ки ба зарурати насби имом тавассути Худованд барои ҳифзи билоду назми умури динӣ ва дунёии бандагон ҳукм мекунад, ҳамчунин ҳукм мекунад, ки лозим аст имом дар замони ғайбаташ ҷонишин дошта бошад.[11] Барои исботи ҳокимияти шаръии фақиҳон дар асри ғайбат, ба иҷмоъ ҳам истинод шудааст.[12]

Ихтиёрот

Фақиҳон дар бораи маҳдудаи ихтиёроти ҳокими шаръ ихтилофи назар доранд. Бархе аз онҳо ихтиёроти ҳокими шаръро танҳо дар мавориде медонанд, ки дар Қуръон ё ривоёт баён шудааст; монанди умури марбут ба ятимон ва амволе, ки соҳибонашон дар дастрас нестанд.[13] Бархе дигар муътақиданд ихтиёроти ӯ ҳамон ихтиёроти имомон аст.[14]

Бар пояи назари нахуст агар дар мавриде шак вуҷуд дошт, асл ин аст, ки он мавриди машкук, аз вилоят ва ҳукумати ҳокими шаръ хориҷ аст;[15] аммо тибқи назари дуввум, вилояти марҷаъи тақлид тамоми умури мусулмононро дар бар мегирад, ба ҷуз мавориде, ки далели хоссе онро аз ин маҳдуда хориҷ карда бошад. Бинобар ин дар мавориди машкук, ҳокими шаръ вилоят дорад.[16]

Таорузи ду ҳокими шаръ

Ба бовари фақиҳон, аз он ҷо ки ҳамаи фуқаҳои ҷомеъушшароит ҳоким шаръ ҳастанд, дар сурате, ки яке аз онҳо дар бораи масаълае ҳукме содир кунад, мухолифат бо ҳукми ӯ барои дигар фақиҳон ҷоиз нест ва ҳатто ҳаром аст; чароки аввалан ҳокими шаръ будан воҷиби кифоӣ аст ва агар шахсе онро ба дурустӣ анҷом диҳад, монанди дигар воҷибҳои кифоӣ мухолифат бо он шахс ҷоиз нест, сониян муоризаи дигар мароҷеъи тақлид бо ҳукми ҳокими шаръ мумкин аст муҷиби ихтилоли низому эҷоди низоъ шавад, ки қатъан Худованд ба он ризоят надорад.[17]

Эзоҳ

  1. Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ, 1387ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.198 - 199
  2. Кошифулғито, ан-Нур-ус-сотеъ, 1381ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.389 - 395; Раҳмони Ситоиш, Расоилу фи вилоят-ил-фақиҳ, 1425ҳ.қ., кулли китоб
  3. Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳийя, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.236; Рӯҳонӣ, Фиқҳ-ус-Содиқ, 1412ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.169; Қумӣ, ад-Далоил, 1423ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.357 - 356
  4. Садр, ал-Фатов-ал-возиҳа, 1403ҳ.қ., саҳ.632
  5. Қофӣ, «Ҳоким (1)», саҳ.423
  6. Имом Хумайнӣ, Саҳифаи нур, 1389ҳ.ш., ҷ.11, саҳ.378; ҷ20, саҳ.285; ҷ.18, саҳ.36; ҷ.14, саҳ.466; ҷ.16, саҳ.398
  7. Барои намуна ниг.: Ҳаким, Наҳҷ-ул-фақоҳат, Қум, саҳ.299 - 303
  8. Кошифулғито, ан-Нур-ус-сотеъ, 1381ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.350; Баҳронӣ, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, 1405ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.564; Раҳмони Ситоиш, Расоилу фи вилоят-ил-фақиҳ, 1425ҳ.қ., саҳ.116
  9. Кошифулғито, ан-Нур-ус-сотеъ, 1381ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.354; Баҳронӣ, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, 1405ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.566; Раҳмони Ситоиш, Расоилу фи вилоят-ил-фақиҳ, 1425ҳ.қ., саҳ.118
  10. Кошифулғито, ан-Нур-ус-сотеъ, 1381ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.355; Баҳронӣ, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, 1405ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.566; Раҳмони Ситоиш, Расоилу фи вилоят-ил-фақиҳ, 1425ҳ.қ., саҳ.118
  11. Кошифулғито, ан-Нур-ус-сотеъ, 1381ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.343; Ҳайдарӣ, Вилоят-ул-фақиҳ, таърихуҳо ва мабониҳо, 1424қ, саҳ.221
  12. ниг.: Баҳронӣ, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, 1405ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.563; Кошифулғито, ан-Нур-ус-сотеъ, 1381ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.348; Раҳмони Ситоиш, расоъли фии влоиҳолФқиаҳ, 1425ҳ.қ., саҳ.115; Ҳайдарӣ, Вилоят-ул-фақиҳ, таърихуҳо ва мабониҳо, 1424қ, саҳ.220
  13. Ҳайдарӣ, Вилоят-ул-фақиҳ, таърихуҳо ва мабониҳо, 1424қ, саҳ.226 - 228; Кошифулғито, ан-Нур-ус-сотеъ, 1381ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.341, саҳ.379; Мароғӣ, ал-Ановин-ул-фиқҳийя, 1417қ, ҷ2, саҳ.562 - 569
  14. Кошифулғито, ан-Нур-ус-сотеъ, 1381ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.341, саҳ.379; Мароғӣ, ал-Ановин-ул-фиқҳийя, 1417қ, ҷ2, саҳ.562 - 569
  15. Ҳайдарӣ, Вилоят-ул-фақиҳ, таърихуҳо ва мабониҳо, 1424қ, саҳ.226 - 228; Кошифулғито, ан-Нур-ус-сотеъ, 1381ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.341, саҳ.379; Мароғӣ, ал-Ановин-ул-фиқҳийя, 1417қ, ҷ2, саҳ.562 - 569
  16. Кошифулғито, ан-Нур-ус-сотеъ, 1381ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.341, саҳ.379; Мароғӣ, ал-Ановин-ул-фиқҳийя, 1417қ, ҷ2, саҳ.562 - 569
  17. Кошифулғито, ан-Нур-ус-сотеъ, 1381ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.389 - 390

Сарчашма

  • Баҳронӣ, Юсуф ибни Аҳмад, ал-Ҳадоиқ-ун-нозирати фи аҳком-ил-итрат-ит-тоҳира, Қум, таҳқиқу тасҳеҳи Муҳаммадтақии Ереванӣ, Қум, Дафтари интишороти исломии вобаста ба Ҷомеъаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, 1405ҳ.қ.
  • Имом Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Саҳифаи нур, Теҳрон, Муассисаи нашри осори Имом Хумайнӣ, 1389ҳ.ш.
  • Кошифулғито, Алӣ ибни Муҳаммадризо ибни Ҳодӣ, ан-Нур-ус-сотеъи фи-л-фиқҳ-ин-нофеъ, Наҷаф, Матбаат-ул-одоб, 1381ҳ.қ.
  • Қофӣ, Ҳусайн, «Ҳоким (1)», Донишномаи ҷаҳони Ислом, ҷ.12, Теҳрон, Бунёди доиратулмаорифи исломӣ, чопи аввал, 1387ҳ.ш.
  • Қумӣ, Сайид Тақӣ, ад-Далоилу фи шарҳи мунтахаб-ил-масоил, Қум, Китобфурӯшии Маҳаллотӣ, 1423ҳ.қ.
  • Мароғӣ, Сайид Мирабдулфаттоҳ ибни Алии Ҳусайнӣ, ал-Ановин-ул-фиқҳийя, Қум, Дафтари интишороти исломии вобаста ба Ҷомеъаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, 1417қ.
  • Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ мутобиқи мазҳаби Аҳли Байт, Қум, Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, чопи дуввум, 1394ҳ.ш.
  • Раҳмони Ситоиш, Муҳаммадкозим, Расоилу фи вилоят-ил-фақиҳ, Қум, интишороти Дафтари таблиғоти исломии Ҳавзаи илмияи Қум, 1425ҳ.қ.
  • Рӯҳонӣ, Сайид Содиқ, Фиқҳ-ус-Содиқ, Қум, Дор-ул-китоб - мадрисаи Имом Содиқ алайҳиссалом, 1412ҳ.қ.
  • Садр, Сайид Муҳаммадбоқир, ал-Фатов-ал-возиҳа, Бейрут, 1403ҳ.қ.
  • Ҳайдарӣ, Муҳсин, Вилоят-ул-фақиҳ, таърихуҳо ва мабониҳо, Бейрут, 1424ҳ.қ.
  • Ҳаким, Сайид Муҳсини Таботабойӣ, Наҳҷ-ул-фақоҳат, Қум, интишороти 22 баҳман.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайнуддин ибни Алӣ, ар-Равзат-ул-баҳийяи фи шарҳ-ил-лумъат-ид-димишқийя, Шарҳи Султонулъуламо, Қум, интишороти Дафтари таблиғоти исломии Ҳавзаи илмияи Қум, 1412ҳ.қ.