Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Фирор аз хумс

Аз wikishia

Фирор аз хумс (форсӣ: فرار از خمس) ба бахшиш ё интиқоли мол бо ҳадафи напардохтани хумс гуфта мешавад.[1] Ба бовари баъзе фақеҳон, агар ин интиқол сурию шаклӣ бошад ва соҳиби мол пас аз поёни соли хумсӣ молро бозпас гирад, хумси он ҳанӯз воҷиб аст; зеро дар воқеъ моликият ба таври ҷиддӣ интиқол наёфта ва мол дар ҳукми дороии пешин боқӣ мемонад.[2]

Фақеҳон дар бораи ҳолате ки интиқоли мол воқеӣ бошад, аммо бо қасди фирор аз хумс анҷом шавад, ихтилофи назар доранд. Гурӯҳе, аз ҷумла Соҳиби Ҷавоҳир ва Шайх Ансорӣ, маҳзи доштани қасди фирорро барои соқит шудани хумс кофӣ надониста, пардохти онро лозим мешуморанд.[3] Ҳамчунин ба фатвои Имом Хумайнӣ, ҳиба ба ҳамсар ё фарзанд бо ангезаи фирор аз хумс, боиси соқит гардидани хумс намешавад.[4] Дар муқобил, баъзе фақеҳон монанди Сайид Муҳаммадризо Гулпойгонӣ ва Муҳаммадтақии Баҳҷат, дар сурате ки бахшиш ё интиқол дар ҳадди шаъни урфии гиранда бошад, пардохти хумсро лозим намедонанд.[5] Сайид Абулқосими Хӯӣ низ меъёрро урфӣ будан ва мазаммат нашудани шахс аз ҷониби урф дар чунин тасарруфот донистааст.[6] Ба фатвои Муҳаммадтақии Баҳҷат, тағйири соли хумсӣ ва ё харидани асбобу анҷоми хона барои фирор аз хумс ҷоиз аст.[7]

Дар фиқҳ, дар бораи қасди фирор аз закот низ дидгоҳҳои мухталифе вуҷуд дорад.[8] Ба гуфтаи Соҳиби Ҷавоҳир, аксари фақеҳони пас аз Шайх Тӯсӣ дар мавориде монанди табдили тангаи тилло ба сабика, бовар доштаанд дар ин фарз закот воҷиб нест.[9] Дар муқобил, Сайид Муртазо, фақеҳони пеш аз давраи Шайх Тӯсиро қоил ба лозим будани пардохти закот дар ин фарз донистааст.[10]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Беҳбаҳонӣ, «درس خارج فقه», Сайти Мадрасаи фақоҳат.
  2. Беҳбаҳонӣ, «درس خارج فقه», Сайти Мадрасаи фақоҳат; Систонӣ, «استفاده از مال یا بخشش آن به جهت فرار از خمس», Сайти расмии Дафтари Оятуллоҳ Систонӣ.
  3. Наҷафӣ, Маҷмаъ-ур-расоил, саҳ.528; Шайх Ансорӣ, Ҳошия бар Сирот-ун-наҷот, саҳ.204.
  4. Хумайнӣ, Истифтоот, ҷ.1, саҳ.405.
  5. Баҳҷат, Истифтоот, ҷ.3, саҳ.124; Гулпойгонӣ, Маҷмаъ-ул-масоил, ҷ.1, саҳ.350.
  6. Хӯӣ, Ҳошия бар Сирот-ун-наҷот, ҷ.1, саҳ.190.
  7. Баҳҷат, Истифтоот, ҷ.3, саҳ.124.
  8. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, ҷ.15, саҳ.184 - 185.
  9. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, ҷ.15, саҳ.184 - 185.
  10. Сайид Муртазо, ал-Интисор, саҳ.219.

Сарчашма

  • Беҳбаҳонӣ, Муҳаммадалӣ, «درس خارج فقه» («Дарси хориҷи фиқҳ»), Сайти Мадрасаи фақоҳат, санаи сабт: 19 ноябри 2023, санаи боздид: 5 июни 2024.
  • Баҳҷат, Муҳаммадтақӣ, Истифтоот, Қум, Дафтари ҳазрати Оятуллоҳ Баҳҷат, чопи аввал, 1428ҳ.қ.
  • Гулпойгонӣ, Сайид Муҳаммадризо, Маҷмаъ-ул-масоил, Қум, Дор-ул-Қуръон-ил-карим, чопи дувум, 1409ҳ.қ.
  • Наҷафӣ, Муҳаммад Ҳасан, Маҷмаъ-ур-расоил, Машҳад, Муассисаи Соҳиб-уз-замон алайҳиссалом, 1415ҳ.қ.
  • Наҷафӣ, Муҳаммад Ҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи Шароеъ-ил-ислом, Дор-ул-эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, Бейрут, чопи ҳафтум, 1404ҳ.қ.
  • Сайид Муртазо, Алӣ ибни Ҳусайн, ал-Интисор фи-л-инфиродот-ил-имомия, Қум, Ҷомеаи мударрисин, чопи аввал, 1415ҳ.қ.
  • Систонӣ, Сайид Алӣ, «استفاده از مال یا بخشش آن به جهت فرار از خمس» («Истифода аз мол ё бахшиши он ба ҷиҳати фирор аз хумс»), Сайти расмии Дафтари Оятуллоҳ Систонӣ, санаи боздид: 5 июни 2024.
  • Хӯӣ, Сайид Абулқосим, Ҳошия бар Сирот-ун-наҷот, Қум, Мактаби нашри Мунтахаб, чопи аввал, 1416ҳ.қ.
  • Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Истифтоот, Қум, Дафтари интишороти исломӣ вобаста ба Ҷомеаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, чопи панҷум, 1422ҳ.қ.
  • Шайх Ансорӣ, Муртазо, Ҳошия бар Сирот-ун-наҷот, Қум, Конгресси ҷаҳонии бузургдошти Шайхи Аъзам Ансорӣ, чопи аввал, 1415ҳ.қ.