Фатвои манъи иҳонат ба муқаддасоти аҳли суннат

Аз wikishia

Фатвои ҳаром будани иҳонат ба муқаддасоти аҳли суннат, фатвои оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ, дар бораи ҳаром будани иҳонат ба намодҳои аҳли суннат ва ҳамсарони Пайғамбари Ислом (с) аст. Ин фатво дар вокуниш ба тавҳини Ёсир ал-Ҳабиб рӯҳонии шиаи аҳли Кувайт ба Оиша ҳамсари Пайғамбар (с) ва истифтои ҷамъе аз уламои шиаи Арабистон содир шуда аст.

Фатвои ҳаром будани иҳонат ба муқаддасоти аҳли суннат дар расонаҳои арабӣ бозтоби фаровоне дошт. Ҳамчунин бархе аз шахсиятҳои динии шиа ва суннӣ, судури онро дар ростои ваҳдати мусулмонон арзёбӣ карданд.

Заминаҳо

Фатвои ҳаром будани иҳонат ба муқаддасоти аҳли суннат дар пай тавҳини Ёсир ал-Ҳабиб, рӯҳонии шиаи аҳли Кувайт, ба Оиша ҳамсари Пайғамбар (с) сурат гирифт. Ал-Ҳабиб чандин бори алайҳи Оиша ва Умар ибни Хаттоб, ки ҷойгоҳи вижае назди аҳл суннат доранд, сухан гуфта буд.[1]

Ӯ дар соли 2010 мелодӣ ҷашне ба муносибати солгарди вафоти Оиша ҳамсари Пайғамбари Ислом (с) дар Лондон баргузор кард ва суханони тавҳиномезе бар зидди ӯ матраҳ намуд.[2] Ин ҷашн аз шабакаи моҳвораии Ёсир ал-Ҳабиб бо номи Фадак пахш шуд.[3] Дар солгарди мунтасаб ба марги халифаи дувум низ маросими ҷашне баргузор кард. Ин барнома ҳам аз шабакаи моҳвораии ӯ пахш шуд.[4]

Пахши суханони ал-Ҳабиб хашм ва эътирози аҳли суннатро барангехт ва сабаби вокунишҳое дар ҷаҳони Ислом ба хусус кишварҳои суннинишин шуд ва мушкилоти зиёде барои шиаёни Кувайту Арабистон эҷод кард.[5] Абдулъазиз Олишшайх, муфтии Саъудӣ дар вокуниш ба суханони ал-Ҳабиб, муддаӣ шуд интишори мазҳаби ташайюъ дар кишварҳои арабӣ ва исломӣ мутаваққиф шуда ва суханони ал-Ҳабиб, инояте аз сӯи Худо буд, то ботини воқеии шиаён равшан шавад.[6]

Пас из ин иттифоқот, уламои шиаи Арабистон дар истифтое аз оятуллоҳ Сайидалӣ Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон хостори эъломи назари фиқҳии ӯ дар бораи «иҳонати ошкор ба Оиша ва истифода аз калимоти таҳқиромез ва тавҳин нисбат ба ӯ» шуданд.[7]

Матни фатво

Фатвои оятуллоҳ Хоманаӣ

«Иҳонат ба намодҳои бародарони аҳли суннат, аз ҷумла туҳматзанӣ ба ҳамсари Пайғамбари Ислом, Оиша ҳаром аст. Ин мавзух шомили занони ҳамаи пайғамбарон ва ба хусус Сайид-ул-анбиё, Пайғамбари Аъзам ҳазрати Муҳаммад (с) мешавад!». Таърихи бойгонӣ, рӯзномаи Рисолат, 11 меҳри 1389ҳ.ш., мутобиқ бо соли 2010 мелодӣ, саҳ.3.

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар посух ба истифтои уламои шиаи минтақаи Аҳсои Арабистон дар бораи иҳонат ба Оиша- ҳамсари Пайғамбар, дар 8 меҳри 1389ҳ.ш., мутобиқ бо соли 2010 мелодӣ фатво дод: «иҳонат ба намодҳои бародарони аҳли суннат, аз ҷумла туҳматзанӣ ба ҳамсари Пайғамбари Ислом (а), Оиша ҳаром аст. Ин мавзуъ шомили занони ҳамаи пайғамбарон ва ба хусус Сайид-ул-анбиё, Пайғамбари Аъзам ҳазрати Муҳаммад (с) мешавад!».[8]

Бозтобҳо ва вокунишҳо

Фатвои ҳаром будани иҳонат ба муқаддасоти аҳли суннат бо бозтобҳо ва вокунишҳое дар расонаҳо ва кишварҳои арабӣ ҳамроҳ шуд. Барои намуна, рӯзномаҳои «ал-Анбоъ/ الانباء» ва «ар-Раъй-ул-ом/ الرأی العام»-и чопи Кувайт, вебгоҳи «Муҳит/ محیط», рӯзномаҳои «ас-Сафир/ السفیر» ва «ал-Интиқод/ الانتقاد»-и Лубнон, рӯзномаҳои «ал-Ватан/ الوطن» ва «Уккоз/ عکاظ»-и Арабистон, рӯзномаи «ал-Ҳаёт/ الحیات» чопи Лондон, рӯзномаи «аш-Шуруқ/ الشروق»-и Миср ва вебгоҳи радио- телевизиони ин кишвар ва бархе шабакаҳои моҳвораии арабӣ онро гузориш карданд.[9]

Шабакаи ал-Ҷазира дар барномаи «Маовароъ-ул-хабар/ ماوراءَالخبر» бо ҳузури коршиносоне, ин фатво ва нақши он дар ваҳдат ва наздикии байни пайравони мазоҳиби мухталифи исломиро баррасӣ кард.[10]

Шахсиятҳои мухталиф дар кишварҳои арабӣ низ ба фатвои ҳаром будани иҳонат ба муқаддасоти аҳли суннат вокуниш нишон доданд. Аз ҷумла Аҳмади ат-Тайиб, Шайхи донишгоҳи ал-Азҳар, дар баёнияе эълом кард, ин фатво дар замони муносиб, барои ҷилавгирӣ аз шикоф ва бастани дарҳои фитна содир шуда ва баёнкунандаи алоқа ва иштиёқ ба ваҳдати мусулмонон аст.[11] Шахсиятҳои мазҳабии Лубнон ҳам зимни ҳимоят аз ин фатво, онро безараркунандаи тавтеъаҳои душманон қаламдод карданд.[12]

Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон, ин фатворо сабаби баста шудани роҳ бар касоне донист, ки қасди барҳам задани ваҳдати уммати исломӣ доранд.[13] Чаҳорумин конфаронси Тақриб дар маркази Исломии Лондон низ дар баёнияи поёнии худ аз фатвои оятуллоҳ Хоманаӣ ҳимоят кард.[14]

Бархе намояндагони аҳли суннат дар Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон низ дар баёнияе, ин фатворо мояи мубоҳот ва дилгармии аҳли суннати кишвари Эрон донистанд.[15] Уламои аҳли суннати устони Гулистон ҳам бо судури баёнияҳои ҷудогонае, судури фатвои оятуллоҳ Хоманаиро мунтабиқ бо тафаккур ва амалкарди эшон эълом карданд, ки иҷозати фитнагариро аз душманон салб мекунад.[16]

Ҷусторҳои вобаста

Оиша

Лаъни саҳоба

Ҳамсарони Пайғамбар (с)

Эзоҳ

  1. Ёсир ал-Ҳабиб, Охунди Лондонншин/ дирӯз дар шабакаи «Фадак», имрӯз дар «Савт-ул-итрат», хабаргузории Тасним.
  2. «Ривоятҳои ҷаълии шабакаҳои Салом, Фадак ва Аҳли Байт аз шиа», Машриқнюз.
  3. «Ривоятҳои ҷаълии шабакаҳои Салом, Фадак ва Аҳли Байт аз шиа», Машриқнюз.
  4. Ёсир ал-Ҳабиб, Охунди Лондонншин/ дирӯз дар шабакаи «Фадак», имрӯз дар «Савт-ул-итрат», хабаргузории Тасним.
  5. «Фатвое, ки фитнаи тафриқаи байни муслиминро хунсо кард», хабаргузории Форс.
  6. «Ривоятҳои ҷаълии шабакаҳои Салом, Фадак ва Аҳли Байт аз шиа», Машриқнюз.
  7. «Истиқболи густарда аз фатвои мақоми муаззами раҳбарӣ дар бораи ҳамсарони Пайғамбар (с)», хабар онлайн; «Истиқболи ҷаҳони Ислом аз истифтои ҷадиди оятуллоҳ Хоманаӣ», рӯзномаи Рисолат, 11 меҳри 1389ҳ.ш., саҳ.3.
  8. «Истиқболи ҷаҳони Ислом аз истифтои ҷадиди оятуллоҳ Хоманаӣ», рӯзномаи Рисолат, 11 меҳри 1389ҳ.ш., саҳ.3.
  9. «Ваҳдати исломӣ дар дидгоҳи раҳбари инқилоб ва таъсироти ҷаҳонии он», сайти Машриқ.
  10. «Ваҳдати исломӣ дар дидгоҳи раҳбари инқилоб ва таъсироти ҷаҳонии он», сайти Машриқ.
  11. «Истиқболи шайхи ал-Азҳар аз фатвои раҳбари инқилоб», сайти Хабар онлайн.
  12. «Гуруҳҳои мазҳабии Лубнон аз фатвои муҳимми раҳбари инқилоб ҳимоят карданд», хабаргузории Меҳр.
  13. «Таъкиди Сайидҳасан Насруллоҳ бар зарурати ҳифзи ваҳдати мусулмонон», Исно.
  14. «Ҳимоят аз фатвои раҳбарӣ дар бораи ҳаром будани тавҳин ба аҳли суннат дар конфронси тақриби Лондон», хабар онлайн.
  15. «Тақдири намояндаи Хош аз фатвои раҳбарӣ дар бораи ҳурмати намодҳои аҳли суннат», сайти Хабаронлайн.
  16. «Уламои аҳли суннати устони Гулистон: шиа ва суннӣ ҳар навъ тавтеаи душманони Исломро хунсо мекунанд, мақоми муаззами раҳбарӣ мунодии ваҳдати ҷаҳони Ислом аст», хабаргузории Эсно.

Сарчашма

  • «Ёсир ал-Ҳабиб; Охунди Лондонншин/ дируз дар шабакаи Фадак, имрӯз дар Савт-ул-итрат», хабаргузории Тасним, таърихи дарҷи матлаб: 23 дейи 1392ҳ.ш., таърихи боздид: 1 баҳмани 1399ҳ.ш.
  • «Ал-Куваит: илғоу ҷинсийяти раҷул-уд-дин аш-шиъи Ёсир ал-Ҳабиб», Бибисии арабӣ, таърихи дарҷи матлаб: 29 шаҳривари 1389ҳ.ш., таърихи боздид: 25 дейи 1399ҳ.ш.
  • «Фатвое, ки фитнаи тафриқаи байни муслиминро хунсо кард», хабаргузории Форс, таърихи дарҷи матлаб: 20 меҳри 1389ҳ.ш., таърихи боздид: 24 дейи 1399ҳ.ш.
  • «Уламои аҳли суннати устони Гулистон: шиа ва суннӣ ҳар навъ тавтеаи душманони Исломро беасар мекунанд, мақоми муаззами раҳбарӣ мунодии ваҳдати ҷаҳони Ислом аст», Эсно, таърихи дарҷи матлаб: 20 меҳри 1389ҳ.ш., таърихи боздид: 1 баҳмани 1399ҳ.ш.
  • «Ҳимоят аз фатвои раҳбарӣ дар бораи ҳаром будани тавҳин ба аҳли суннат дар конфронси тақриби Лондон», Хабаронлайн, таърихи дарҷи матлаб: 12 меҳри 1389ҳ.ш., таърихи боздид: 4 баҳмани 1399ҳ.ш.
  • «Истиқболи шайхи ал-Азҳар аз фатвои раҳбари инқилоб», сайти Хабаронлайн, таърихи дарҷи матлаб: 12 меҳри 1389ҳ.ш., таърихи боздид: 1 баҳмани 1399ҳ.ш.
  • «Тақдири намояндаи Хош аз фатвои раҳбарӣ дар бораи ҳурмати намодҳои аҳли суннат», сайти Хабаронлайн, таърихи дарҷи матлаб: 13 меҳри 1389ҳ.ш., таърихи боздид: 1 баҳмани 1399ҳ.ш.
  • «Истиқболи ҷаҳони Ислом аз истифтои ҷадиди оятуллоҳ Хоманаӣ», рӯзномаи Рисолат, 11 меҳри 1389ҳ.ш.
  • «Ривоятҳои ҷаълии шабакаҳои Салом, Фадак ва Аҳли Байт аз шиа», Машриқнюз, 21 шаҳривари 1392ҳ.ш., таърихи боздид: 25 дейи 1399ҳ.ш.
  • «Ваҳдати исломӣ дар дидгоҳи раҳбари инқилоб ва таъсироти ҷаҳонии он», сайти Машриқ, таърихи дарҷи матлаб: 20 мурдоди 1395ҳ.ш., таърихи боздид: 2 баҳмани 1399ҳ.ш.
  • «Гуруҳҳои мазҳабии Лубнон аз фатвои муҳими раҳбари инқилоб ҳимоят карданд», хабаргузории Меҳр, таърихи дарҷи матлаб: 10 меҳри 1389ҳ.ш., таърихи боздид: 1 баҳмани 1399ҳ.ш.